Сирки Маскав дар Тољикистон

Vladimer vasilevСирк яке аз воситаҳои тафреҳии ҷаҳонӣ мебошад, ки дар тамоми дунё онро чун беҳтарин ва лаззатбахштарин барнома қабул доранд. Бинобар ин дар Тоҷикистон, дар ҳар як ид кормандони Сирки давлатӣ барномаҳои худро пешкаши тамошобинон мегардонанд. Барои миллати мо ин қадамҳои нек хеле муҳим ва зарурӣ маҳсуб мешаванд. Ин барномаҳо ба фикру андешаи ҷавонони мо низ таъсири мусбӣ мерасонанд. Ба ғайр аз ин дар ин барномаҳобештар ҷавонон нақш мебозанд. Раиси сирки тоҷик Ҷамолиддин  Муҳиддинов барои пешбарии ин барномаҳо кӯшишҳои  худро дареғ намедорад. Дар барномаҳои пешкашгардидаи сирк гимнастикҳо, акрабатикҳо ва масхарабозон бо ҳунарҳои худ хотири тамошобинонро болида  мегардонанд.  Бо омадани сирки калони давлатии Маскав боз ҳам бинои сирки давлатии тоҷик пур аз мухлисон гардид. Барномаҳои онҳо аз 23-уми феврал то 17-уми март  баргузор гардиданд. Дар ин барномаҳо беҳтарин бозингарони сирки Маскав, Владмир Василев, артист Виктор Шешмур, Владмир Пахон  бозӣ карданд. Чун мо дар сирки калони Маскав ширкат доштем, бароямон хеле ва хеле писанд омад. Ва аз он хурсанд будем, ки дар давлати мо бароямон бисёр имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар ин бора бо коргардони сирки Тоҷикистон  Иззатулло Бахтиёр ҳамсуҳбат гардидем:

Оё Шумо аз омадани ин бозигарони Маскав хушҳол будед ва онҳоро чи хел истиқбол гирифтед?

Бале мо хеле хушҳол шудем. Чун баъд аз 25 сол сирки калони шаҳри Маскав ба шаҳри мо омаданд, мо онҳоро хеле хуб истиқбол гирифтем ва барои  омадани онҳо  қариб 1 моҳ тайёрӣ дидем. Чун теъдоди ҳайвоноте, ки бо худ оварданд, хеле зиёд буд барои онҳо ҷой тайёр кардем. Ва тамошобинони мо низ аз барномаҳои онҳо хеле лаззат бурданд, вале чизе, ки ба назар мерасад, иштироки тамошобинон дар ҳар ду сирк ҳам маҳаллӣ ва ҳам Маскав як намуд буд.

Оё байни бозингарони  сирки Маскав ва Тоҷикистон робита аст?

Бале, бозингарони мо ба барномаҳои онҳо пеш аз омаданашон низ диққати ҷиддӣ доштанд, барномаҳои онҳоро тамошо мекарданд. Чун бозингарони онҳо таҷрибаи зиёдтар доранд, омадани онҳо ба ҷавонони мо низ таассурот бахшид. Ҳамаи бозингарони мо чун ҷавонон мебошанд аз онҳо хеле чизҳоро ёд гирифтанд. Ва онҳо худро хеле хушбахт ҳис мекарданд. Ба ғайр аз бозингарони Маскав инчунин аз қирғизистон ва Япония низ меҳмон доштем. Ва мо ба онҳо барномаи ду соатаи худро нишон додем, барои онҳо барномаҳои мо хеле писанд омад.

Баъд фаҳмидани фикру андешаи коргардонҳои тоҷикмо бо ҳунарманди шинохтаи сирки калони Маскав Виктор Василович, ки ҳамчун масхарабоз нақш мебозад, ҳамсуҳбат шудем.

Дар Тоҷикистон шуморо чи тавр пешвоз гирифтанд?

Дар Тоҷикистон бисёр ҳам одамони хуб ва бо тарбия будаанд, ки мо аз чунин рафторашон бисёр ҳам шод шудем ва боз мехоҳем, ки ба ин шаҳри афсонавӣ дубора баргардем.  

Дар тӯли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумо бори нахуст ба Душанбе сафари ҳунарӣ доштед?

Не, ин якум маротиба мебошад, ки мо дар Тоҷикистон ҳузур дорем. Ба мо Тоҷикистон ва меҳмоннавозии халқи тоҷик хеле писанд омад ва дар ҳар як намоише, ки мо то 17-уми март доштем ҳар рӯз аз рӯзи дигар хуштару хуштар мегузашт, чунки дар ҳар як намоиш моро халқи бофарҳанги тоҷик бо иқболу шукуҳ мепазируфтанд. Ва мо бо як руҳи болида барномаҳои худро ба анҷом расонидем ва мо ҳатто хаста шавии худро ҳис намекардем. Чунки тоҷикон моро бо шукӯҳу шаҳомати хоса пешвоз мегирифтанд.  

Мо хушҳол аз он будем, ки меҳмони Тоҷикистон ва бо халқи тоҷик будем.

Ин оғози некро оё минбаъд идома додани ҳастед?

Албатта мо кӯшиш мекунем, ки боз ба Тоҷикистон бо ҳунарҳои нав ба нави худ вориди ин шаҳри зебою тинҷу ором  ва халқи меҳмонавози ӯ гардем.

Tsirk-v-Dushanbe-ne-rabotaeСирки давлатии Масква таҷриба ва анъанаҳои бой дорад. Оё он метавонад барои тарбияи артистони ҷавони Сирки Тоҷик мактаби таҷрибаомӯзӣ гардад?

Албатта метавонад, мо дар Тоҷикистон як муддати кӯтоҳ ҳастем, агар вақтамон мешуд мо ба артистони сирки тоҷик ҳунарамонро дареғ намедоштем. Агар моро даъват кунанд мумкин, ки омада ба қадри имкон ба онҳо ҳунари худро омӯзонем, лекин ин маротиба мо дар Тоҷикистон як муҳлати кӯтоҳ ҳастем, ки дар ин муддат ҳеҷ  таҷриба омӯзонидани мо имкон надорад.

Дар ин ҷо назари яке аз тамошобине, ки дар ҳар ду сирк ҳам маҳаллӣ ва ҳам сирки Маскав иштирок дошт пешкаш менамоем.

Маҳина Саидмамадова донишҷӯйи соли 2-юми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо:

Ман чун донишҷуй ҳастам, бароям барномаҳои сирки, маъқул ҳастанд ва ман чун  дар деҳа калон шудам бо омадани ин шаҳри зебои фарҳангӣ  ин чизҳои аҷиб маро боз ҳам хушҳол мегардонанд. Аз ин сабаб ман дар ин сол ду маротиба дар Сирк ҳамчун тамошобин ташриф овардам. Ман фақат мехостам, фарқияти ин барномаҳоро аз назари худам шарҳ диҳам. Аввалаш ин, ки ҳар ду барномаҳо ҳам сирки Тоҷикистон ва ҳам сирки Маскав барои ман маъкул шуданд. Вале як чизро бояд қайд кунам, ки дар сирки давлатии Маскав ҳама ҳунармандони ботаҷриба ва босалиқа нақш бозиданд, вале дар сирки Тоҷикистон ман ба ғайр аз шахсони ботаҷриба толибаҳои мактабро медидам ки, нақш бозиданд ва барои ман шахсан гимнастикҳои онҳо хеле маъқул шуд. Дар сирки Маскав ин чунин ҳайвонҳо низ дар саҳна бисёр ба назар мерасид. Аслан барои ман ҳар ду барнома хеле маъқул шуданд ва ман баъд аз тамошои ин барнома худамро хеле хушбахт ҳис кадам.

Назари шумо оиди сирки Маскав чист?

Маҳина Воҳидова ба ман сирки Маскав умуман маъқул шуд, лекин бисёртар барномаи сагҳои бозингар ба ман бештар писанд омад, чунки онҳо чунон нақши худро олӣ мебозиданд, ки одамон аз ин лаззат мебурданд, дар он ҷо агар хато накунам 40 намуди сагҳо буданд, яке аз дигар зеботар, ҳамин ҳам диққати маро ба худ ҷалб намуд. Ва боз ногуфта намонад тӯтии онҳо ҳам ба ман маъқул шуд.

Солеҳов Сӯҳроб сирки Масква ҳунармандонашон бисёр ҳам хуб нақши худро бозиданд, чунки собиқаи корӣ доранд. Ва боз ба ман масхарабозии онҳо маъқул шуд,  ин чунин  хирсони онҳо дигараш бошад он қадар шавқовар набуд азбаски бозиҳои онҳо бо ҳамроҳии ҳайвонҳояшон бисёр ҳам кам буд, онҳо бо худ ҳайвонҳои бисёр оварданд, лекин бозиҳояшон бо онҳо кам буд. Акрабатикҳояшон низ хуб нақш бозиданд, вале вақте ки ҳунармандони мо дар саҳна машқ мекарданд ба онҷо ҳунармандони сирки Масква даромаданд ва диданд, ки онҳо машқ менамоянд  ҳайрон шуда пурсиданд, ки инҳо кистанд мо дар ҷавоб гуфтем, ки ҳунармандони тоҷик чунки ҳунармандони мо ҳамааш толибаҳои мактабҳои миёна ҳастанд. Онҳо дар ҳайрат монда ба мо офарин гуфтанд ва баҳои баланд ҳам гузоштанд, чунки ба  ҷавониашон нигоҳ накарда чунин  ҳунару маҳорат доранд. Онҳо гуфтанд, ки шумо аз мо бақувваттар ҳастед, фақат ба мо лозим аст, ки аз дохили Тоҷикистон бароем.

Авғонова Фируза ба ман сирки Маскав маъқул шуд ва мехостам, ки чунин барномаҳо барои кӯдакони мо тоҷикон бисёртар ташкил кунанд ва боз аз дигар давлатҳо бозингаронашонро таклиф намоянд, барои он ки насли навраси мо ҳам чунин намоишҳоро бояд бинад ва тасаввурот дошта бошад. Ба ман раққосаҳои онҳо бисёртар писанд омад баъди ҳар як намоиш онҳо баромада раққосӣ мекарданд ва махсусан ман онҳоро бесаброна интизор мешудам, мехостам бинам, ки ин маротиба чӣ хел мерақсида бошанд. Ва инчунин хирсони онҳо ҳамон намоише ки дар он ҷо хирс чанд маротиба таъзимкунон медаромаду мебаромад, ин саҳна ба ҳама чунон маъқул  шуд, ки чунин садои ханда дар тамоми намоиш набуд ба фикри ман.  

Таҳияи Замира Сулаймонӣ ва Ноила Воҳидова

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97