Тӯйи духтари 15 сола ё бозӣ бо сарнавишт

Дар Гипрозем бори дуюм духтари 15-соларо тӯй карданд

Tuy arusu domod

Дар маҳаллаи Гипрозем тӯй барпо шуд. Ин овоза дар ҳама ҷо ғулгӯла барпо кард. Аммо мутаассифона он баҳсҳои рӯшанфикрони ҷомеаро ба бор наовард. Имрӯз дар кишвар шумори талоқ афзудан дорад. Аксарияти духтарони таҳсилнодида дар миёни роҳ зору ночор мондаанд. Аммо боз ҳам никоҳхои барвақти сурат мегиранд ва аслан касеро аз ин парво нест. Агар чунин нест, пас чӣ гунна шуд, ки як духтари 15 сола дар давоми як моҳ ду бор тӯй барпо кунад ?!

 

 

Мушкили ҷомеа ва ё мушкили журналистон?!

Ба хотири фаҳмидани сарнавишти завҷҳои ҷавони 15 ва 13 сола, ки ба гузоришии радиои "Озодӣ" дар маҳаллаи Гипроземи пойтахт дар чанд ҳафтаи пеш баргузор шудааст, ба суроғи онҳо афтодем. Чун ба хонаи он наварӯси 15 сола расидем, дидем, ки тӯй аст. Бале, хонандаи азиз, мо ҳам мисли шумо, дар ҳайрат афтодем, ки наход чанд шабонарӯз боз ин тӯйи гӯшношунид идома дошта бошад.

Арӯси 15 сола бо домоди баркамол пеши тахт буд. Ҳамсояҳо низ меҳмони ин арӯсӣ буданд. Чун аҳли маросим аз хабарнигор будани мо воқиф шуданд, шӯриданду садо баланд карданд, ки ин ҷо тӯи қонунӣ ҷараён дорад ва ҳеч касе эътироз надорад.

Яке аз занони меҳмон, ки аз дигарон баландтар фарёд мезад, гуфт, ки "ман 13-сол дар ин территория зиндагӣ дорам, ин духтар шароит надорад, отааш "инвалид ", очааш " хонашин" ба ҷои ин, ки ин духтар бероҳа шавад, хубтараш ин, ки оила барпо кунад, ва ин ҷо ҳеч кас ҳеч чиз гуфта наметавонад, агар шумо журналист бошед, ин дарди моро дарк кунед ва ёрдам кунед, на ин ки моро танқид кунед"…

Вале магар мушкилоти ин хонаводаро, ки танҳо марбут ба як оила, як маҳалла ва ҳатто як шаҳр нест, балки аз кули ҷомеаи мост, журналистон халқ кардаанд? 

Хандадор набуд, гиряовар буд

Tuy2Дарвоқеъ манзараи ин арӯсӣ чандон шабеҳи суруру шодӣ набуд, балки ҳузновартар аз маросими азо буд. Дар миёни ҳамсояҳои некхоҳ, тамошогарон ҳам зиёд буданд, ки ба ин арӯсӣ бо истеҳзо дида медӯхтанд. Аммо мо ҷузъе аз онҳо набудем, балки омада будем, то омилони мушкилофаринро шиносоӣ кунем ва дар миёни ҷомеа онро матраҳ бисозем. 

Тӯйи аввал дари бахтро ба рӯи ин арӯсаки 15 сола боз накард, балки ба ҷойи ба хонаи бахт рафтан, арӯси 15 сола ва ҷавони 13 соларо то дари милисахона овард. Барои фаҳмидани ҷузъиёти тӯйи аввал ба суроғи гузориши Шаҳлои Гулхоҷа, хабарнигори радиои "Озодӣ" меравем: 

Арӯсии ду ноболиғ сокинони "Гипрозем"-ро ҳайратзада кард

"Дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе "тӯйи арӯсӣ"-и духтари 15-сола ва навраси 13-сола баргузор шудааст.

Чанд рӯз аст, ки суҳбати аксар сокинони шаҳраки низомии пойтахт, мавсум ба "Гипрозем", дар атрофи як тӯйи ғайриодӣ мечархад. Бархе агар бо нақли ин қисса гиребони тавба бигиранд, иддае дигар мегӯянд, бо дидани тӯи арӯси 15-сола ва домоди 13-сола ба даҳшат омадаанд.

Як сокини ин шаҳрак, ки худро Мурод муаррифӣ кард ва шоҳиди бевоситаи ҳамин маросими хурсандӣ буд, мегӯяд, пас аз тамошои чунин манзара то ҳанӯз ба худ наомадааст. Ин мусоҳиби мо гуфт, "Шумо бовар мекунед, аввал ба ин кӯдак фатта (либоси арӯсӣ)-и дароз пӯшондаанд. Баъд аз чанде куртаи тоҷикӣ пӯшиду аз ҳамон дурӣ таъзимкунон аз назди мардум гузаронданд. Рақсу бозиро намегӯед, падару модараш боз фахркунон рақс мекарданд. Тӯйро дар як ошхона гузаронданд ва то 10-и шаб хурсандӣ доштанд. Ҳатто одам чӣ гуфтанашро ҳам намедонад."

Аммо ба нақли шоҳидони ин маросим, кормандони ҳифзи ҳуқуқи Душанбе дар ҳоле аз ин издивоҷ пешгирӣ карданд, ки навхонадорон мехостанд дар маркази шаҳри Душанбе бар Парчами миллӣ гул гузоранд ва баъдан ба саёҳати шаҳр бароянд. Модари Зумради 15-сола мегӯяд, чун аз боздошти "навхонадорон" дарак ёфт, дарҳол барои озод кардани онҳо шитофт. Ӯ чунин қисса мекунад, "ба мо хабар доданд, ки домоду арӯсро ба шуъбаи милиса бурдаанд. Рафтам, ки духтарам бо ҳамон фаттааш дар "отдел" (шӯъбаи милиса) аст. Гуфтанд, ки арӯсу домод ноболиғанд. Гиряву зорӣ кардам, гуфтам, ки бо қарз тӯяшонро доир кардам. То ҳанӯз аз ҳамсояҳо 400 доллар қарздорам. Ман медонистам, ки духтарам хурд аст, лекин ҳарду онҳо гуфтанд, ки агар тӯяшонро накунам, худро мекушанд. Маҷбур шудам розӣ шавам. Ба ман гуфтанд, ки бояд ҷарима супорам, вале ман пул надорам. Худам ва шавҳарам ҷое кор намекунем, зиндагиямон бе ин ҳам вазнин аст."

Модари Зумрад гуфт, онҳо 10 соли пеш аз Кӯлоб ба шаҳри Душанбе кӯчидаанд ва дар шароити баде ба сар мебаранд. Духтарашро низ ба гуфтаи худаш ӯ аз ночорӣ ва аз тарси он ки бероҳа нашавад, ба шавҳар додааст. Ба гуфтаи ӯ, барои барпо кардани маросими тӯй ҳамсояҳо кумак кардаанд.

Зумрад, ки ҳамсолонаш дар синфи 9-ум таҳсил мекунанд, дар сӯҳбат бо мо гуфт, боре ҳам пушти мизи мактаб нанишаставу ҳарферо намешиносад. Вай бо Суннатуллои 13-сола дар бозори Қурғонтеппа шинос шуда, ҳамдигарро дӯст доштаанд ва қарор карданд бо ҳам издивоҷ кунанд. Аммо ба гуфтаи Зумрад, модари "домод", ки ба ин тӯй мухолиф будааст, аз қазия хабардор шуда, шавҳаршавандаи ӯро бо ҷанҷол раҳо кардаву ба зодгоҳаш Қӯрғонтеппа бурдааст.

Зумрад мегӯяд, "тӯямон хуб гузашт. Дар тӯи мо аз тарафи домод танҳо апааш иштирок дошт. Лекин рӯзи баъд хушдоманам ба хона омада, бо мо ҷанҷол бардошт ва гуфт, ба писари ноболиғаш шавҳар кардаам. Ман медонам, ки ҳоло  хурд ҳастам, чун шароит надоштем, мактаб нарафтам. Барои ёд гирифтани дӯзандагӣ ҳам пул надорем."

Дар ҳамин ҳол, рӯзноманигор Аъзамшоҳи Ширговадӣ, ки бевоиста шоҳиди баргузории маросими хонадоршавии ин ду ноболиғ будааст, бо таассуф мегӯяд, ҳар нафаре, ки номус дорад, наметавонад дар қиболи чунин ҳодисаҳо хомӯширо ихтиёр кунад. Ин хабарнигори тоҷик мегӯяд, "ҳар нафаре, ки ин ҳодисаро мешунавад барояш даҳшат аст, аммо ин воқеият аст. Вақте мебинӣ домод на бештар аз 1-у ним метр қад дорад, ҳар як марди бономусро сар то по ларза фаро мегирад, ки ҷомеаи мо то кадом ҳад пойин омадааст."

Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунҳои Тоҷикистон издивоҷ аз синни 18-солагӣ иҷозат дода шудааст. Дар сурати нақзи қавонин волидайн тибқи моддаи 168-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ҷарима хоҳанд шуд ва ё то 5 сол ба маҳкама кашида мешаванд.

Қиёмиддин Миралиев, сардори шӯъбаи сиёсати иҷтимоии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон мегӯяд, дар шакли ҷарима таъин кардани ҷазо як роҳи хуби ҳалли масъала мебошад. Ӯ гуфт, "зеро дар шароити имрӯзае, ки шаҳрвандон дар кишвар доранд ва бо назардошти маърифати нокомили ҳуқуқии онҳо амалисозии ҷазоҳои сахт аз ҳадди имкон дур аст. Зеро имрӯз бояд бо назрдошти мафкураи аҳли ҷомеа ҷазоҳои ҳаммонандро тарҳрезӣ намуд. Чун дар давлатҳои рушдкарда низ бо вуҷуди баланд будани дараҷаи маърифтанокии мардум чунин навъи ҷазоҳо маъмул гардидаанд. Фикр намекунам, таъини ҷарима ба чунин волидайн сабук аст."

Ба гуфтаи Қиёмиддин Миралиев, дар сурате ки волидайн барои издивоҷи бармаҳали фарзандон такроран мусоидат мекунанд, ин ҷинояти вазнин хоҳад шуд ва онҳо ба маҳкама кашида мешаванд. Аммо соҳибназарон мегӯянд, таъини танҳо ҷарима ба чунин волидайн метавонад баръакс барои бештар шудани чунин издивоҷҳо мусоидат кунад."

Тӯйи дуюм

Tuy1Вале чаро боз дубора тӯй барпо шуд? Ва домод ҳам акнун иваз шудааст. Кунҷковии мо бештар шуда буду дар ин ҳангом базми арӯсӣ ба поён расид ва арӯсро ба хона дароварданд, мо низ онҳоро ҳамроҳӣ карда, вориди хона шудем. Хона чӣ, ки он мисоли анборхона буд. Дар тасаввури мо, ки аз деҳоти дурдаст, ба шаҳри азиму зебои Душанбе чанд сол боз омадаем, зиёд ҳайратбарангез буд. Наход дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо, боз дар маркази пойтахтамон одамон дар ҳамчунин ҷойе  зиндагӣ доранд. Боз волидон духтари худро низ дар ҳамон "хона" барои як ҷавоне, ки ҳеч касро надорад, ба занӣ додааст ва аз ин ба баъд он ҳамсарони ҷавон ҳамроҳи ин волидон зиндагӣ хоҳанд кард.

Хостем аз забони худи арӯс бифаҳмем, ки то куҷо ба ин арӯсӣ ризоият додааст. Вале ӯ нахост дар ин бора чизе бигӯяд. Ӯ мисли тифлон саргарми тамошои ороишу куртаи зебои арӯсии худ буд. Шояд ин куртаи зебои арӯсӣ ӯро ин қадар шефта гардонида, ки ҳатто ба он фикр ҳам намекард, ки бари ӯ дар тахти арӯсӣ домод ба чӣ шаклу шамоилу синну сол аст ва чӣ касест, навраси 13 сола ва ё навҷавони бекасу кӯй. Ӯ имрӯз маликаи маҳфил буд ва ҳама ба ӯ таваҷҷуҳ доштанд, ба ҳамон духтараки назарногире аз маҳаллаи нонамоёну фақире, ки ҳатто дар ҳеч ҷое сабт нашудааст. На ӯ, на маҳаллаи ӯ ва на хонаи ӯ.

Аммо ӯ имрӯз мехоҳад шод бошад. Шодтар аз ҳама каси ин шаҳри азим. Ӯ мисоли духтарбачаҳо саргарми "бозии тифлона", саргарми «лоқбозӣ» буд. Мисле ки хушбахти ҷаҳон фақат ӯ бошад.  

Падари дар панҷаи фақр ноилоҷ

Падари арӯс, ки дар яке аз он кунҷи ҳуҷраи танг сигор мекашид, пеши мо омаду худро Сафарзода Темурхон муаррифӣ кард ва гуфт, бачаҳо, чизе ки мехоҳед ман бароятон мегӯям ва тайёр ҳастам, ки ҳатто он мақолаеро, ки менависед, омада номи онро худам интихоб кунам.

Аз ин падар, ки дардашро ниҳон дармекашад, суол мекунем, ки чаро шумо нахостед, ки духтаратон ба ҷои он, ки бармаҳал шавҳар кунад, аввал ҷое таҳсил бикунаду касб биомӯзад?

Дуди сигор сӯи фалак афканду гуфт:

- Ин гуна дуруст мебуд, вале касе, ки ягон ҳуҷҷат надорад, чи хел ӯро дар мактаб қабул мекунанд. Мо пеш дар Кӯлоб зиндагӣ мекадем ва чун зиндагии мо ба сахтӣ мегузашт, мо ба ин шаҳр кӯчидем ва чанд сол мешавад, ки дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунем. Чун саломатии ман хуб нест, ман ягон ҷо кор карда наметавонам, танҳо аз он пули нафақа, ки дар як моҳ 150 сомонӣ мегирам, зиндагӣ мекунем. Ман худам ҳеч кас надоштам, вале интернатро бо баҳои хубу аъло хатм кардам ва ҳамчунин маълумоти олӣ ҳам дорам, вале ҳеч кас аз илми ман суроғ намегирад. Касе, ки сухан надонад, ӯ хом аст ва илме, ки ман дорам, шояд ҳеч кас надорад. Вале ман ба ин кор, ки духтарам шавҳар мекунад, ҳеч кор надорам. Ин коро занам кардааст.

- Чӣ гуна шумо ба ин кор розӣ набудед, ки аз ҳамин рӯз ба баъд домод бо шумо зиндагӣ мекунад ва шумо бо ӯ чӣ гуна дар зери як сақф зиндагӣ хоҳед кард?

- Ман ӯро чун фарзанд қабул мекунам.

Мо бо падари арӯс дар гуфтугӯ будем, ки боз ҳам ҳамон ҳамсояи баландовоз дар миёни суҳбати мо даромад: "Мо аз он, ки ин духтар бо ин бача хушбахт мешавад, умед дорем ва ин ба назари ман кори хуб аст ва чун бача ҳам ҳеч кас надорад ва дар интернат калон шудааст, ӯ зиндагиро мефаҳмад ва бачаи хуб ҳам аст, агар ман ҳам духтар медоштам, ба шавҳар медодам. Зеро ба дарду ҳоли мо ҳеч кас намерасд ва ҳатто роҳи моро ҳам аз чор тараф бастаанд ва ҳатто хӯрдани обро низ барои мо иҷоза намедиҳанд. Барои он ки шароит надорем, бачаҳои худамонро ба мактаб дода наметавонем"…

Аз модари арӯс суол мекунем, ки чӣ боис шуд, ки сарнавишти духтари навҷавонаш чунин ранг гирифт?!

Модар шиква аз шароити бади рӯзгор мекунад ва мегӯяд, ки набудани шароит боис шуд, то духтари 15 солаи худро ба шавҳар бидиҳад. Ӯ гуфт, ки «ман дигар ҳеч гапи мегуфтанӣ надорам».

Боз ҳам исрор мекунем, ки ин роҳи ҳалли мушкил нест, ояндаи ӯ чӣ мешавад, охир ӯ ҳанӯз кӯдак аст ва ҳоло намедонад, ки зиндагӣ чӣ аст?

Модари арӯс дар ҷавоб мегӯяд: - Худо аст, чизе Худо медиҳад, мо ба он қаноат мекунем.

Вале, магар шавҳар додани кӯдак, боз он ҳам бар иловаи мушкилоти печдарпечи хонаводае, ки бесарпаноҳ аст ва дар ҳамчунин ҷое ба сар мебаранд, сарборӣ нест магар?

Чаро модар ин азобро барои духтараш, ки ҳанӯз кӯдак аст, раво дид? Мушкил чист, ғами пур кардани шикам, ё чизи дигар аст?

Чаро мо ба сарнавишти худ ва атрофиён, ҳатто азизони худ ин қадар саҳлангорӣ мекунем? Кӯдак бозича, ки нест.

Мардум чӣ мегӯянд?!

Сад саволи беҷавоб дар зеҳн, мо аз он "хона" берун шудем, хаставу парешон. Ин ҳодисе, ки дар ҳамагӣ чанд чақрим дуртар аз ҷои иқомати мо иттифоқ афтодааст, моро шигифтзада кардааст.  Фикр кардем, ки бетаҷрибагӣ ва ҷавонии мо қобили таҳаммули ҳамчунин ҳодисаро надорад. Ва рафтем ба суроғи мардум.

Аз як марди калонсоли сокини ин маҳалла асли масъаларо суол мекунем, ки мегӯяд:

- Ин шармандагист, вале намедонам, ки ҳукумат ба куҷо нигоҳ мекунад, наход духтараке, ки танҳо 15 сол дорад, дар як ҳафта ду бор ба шавҳар барояд, магар ин бадбахтӣ нест, ман замоне аз кор меоям аз гузаштан аз пеши ин хонаҳо метарсам. Ва инҷо шабҳо чи гапҳое намешавад. Шабе нест, ки дар ин ҷо "шапошапӣ" нашавад.

Ҳамин ҳангом буд, ки аз хонаи тӯйдор як бачае берун омад, ва ҳамсояҳо шухӣ карданд, ки "ин домоди сеюм аст чӣ?, садои ханда баланд шуд…

Вале чӣ сабаби ин ҳама масхарабозиву хандахаришҳост? Магар танҳо фақр ва волидон гунаҳкоранд, ё гунаҳкорони дигари ин вазъ ҳам ҳастанд?!

Аз яке аз он ҳамсоязанон, ки аз дур назора дошту дар тӯйхона набуд, дар бораи аҳволи ин оила савол кардем. Ӯ гуфт, ки "ман ба инҳо кор надорам ва намехоҳам, ки чизе дар бораи онҳо бигӯям, вале аз он хурсандам, ки як нафар аз роҳи каҷ берун шуд  ва ин ба бурди маҳаллаи мост. Ва дуогӯям, ки бо он бача зиндагӣ кунад."

Арӯси 15 сола танҳо духтари фақир дар ин маҳалла нест

TuyФақр. Нодорӣ. Бечорагӣ. Оворагӣ ва билохира аз мактаб дур мондан ин духтари 15 соларо ғуломи бозии тақдир кардааст. Агарчӣ зани ҳамсоя аз ин арӯсӣ хушбин аст, ки ин духтари 15-сола акнун ба роҳи рост ҳидоят мешавад, он чи моро нигарон кардааст, ин аст, ки модари арӯс мушкилоташро аз фақр ва надоштани шароит вобаста медонад, аммо қадами баъдии ин хонавода чӣ хоҳад буд. Маълум аст, ки духтари ноболиғи онҳо қаҳрамоние нишон надодааст, ки аз раиси ҷумҳур сар карда то раисони бонку шаҳрҳову ҳизбҳо саховатмандони ихтиёрӣ барояш хонаву мошину мукофоти пулӣ тақдим бикунанд то онҳо аз панҷаи бечорагӣ наҷот ёбанд. Домод ҳам бекасу кӯй будаву хонае ҳам надорад. Ин оилаи ҷавон акнун бар сари хонаводаи гирифтори мушкил бор аст. Акнун чӣ хоҳад шуд?! Қадами баъдӣ аз набудани шароит чӣ хоҳад буд?! Боз чӣ гуна "сюрприз"-е дар роҳ аст, ки сокинони маҳаллаи Гипроземро мутаҳайир бикунад?!

Ва ҳам ба ғайр аз ин духтари зебо боз духтарони дигар низ дар он манзилҳои ҳамшафати онҳо ҳастанд, ки на мехонанд ва на шароит доранд. Ҳоли онҳо чӣ мешавад? Кӣ медонад, шояд онҳо ҳам ба ӯ пайравӣ кунанд, ва дар ин синни кӯдакӣ шавҳар бикунанд. Дили касе ба онҳо намесӯзад, вале барои ғайбаткунии бархе аз занони бекору "хонанишин" "хабарсоз" хоҳад буд.

Ӯ сокини ин шаҳр нест!

Пас аз моҷарои тӯйи аввал ва барпойии тӯйи дуввум хостем бифаҳмем, ки чӣ гуна мешавад, ки Қонуни пуровозаи танзими расму ойинҳо дорему дар ҳар ноҳия чӣ миқдор мағзу мавиз дар дастархони маросимҳои мардум сарф мешавадро ҳисобу китоб ҳам мекунем. Пас масъулон чи гуна аз баргузории ҳамчунин тӯи пуровоза бехабар мондаву аз он ҷилавгирӣ накардаанд.

Бо Нарзуллои Муҳаммадюсуф масъули бахши дин дар ноҳияи Сино тамос гирифтем, ки ӯ баргузории ҳамчунин тӯйеро дар каламрави таҳти назараш комилан дар суҳбатҳои аввал рад кард, ва пас аз овардани далелҳо аз пайи таҳқиқи масъала шуд. Бори дигар зимни тамос ба мо ӯ таъкид кард, ки саволи мо ба ҷойи лозимӣ равон нашудааст. Ва мо бояд ин масъаларо аз нозирони минтақавӣ пурсуҷӯ кунем, зеро ин афрод сокинони ноҳияи Сино нестанд.

Шояд расман ин арӯси 15 сола сокини ноҳияи Сино нест, аммо ӯ 10 сол ба ин ҷониб ин ҷо зиндагӣ дорад ва тӯйяшро низ ҳамин ҷо баргузор кардааст. Ва дар чанд соли пеш аз ҳолати ногувори зиндагӣ дар ин маҳалла «Миллат» дар мақолае бонги изтироб зада буд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ин мавзеъҳо аҳвол бигиранд. Аммо натиҷа надод. Акнун шояд ҳукуматҳои маҳаллӣ аз аҳволи ин қишри ҷомеа хабар бигиранд. Бо камоли таассуф нозири минтақавӣ ба тамоси телефонии мо посух надод.

Бетараф набош!

Аммо ҳар он ки дил дорад, имон дорад, мусулмони воқеист, бо ҳам чораи ин гуна падидаҳои манфиро бояд биандешед. То миллати сарбаланди мо боифтихор ва боғурур зиндагӣ кунад. Агар модари ин арӯси навҷавон аз илму савод бохабар мебуд, фақри молӣ ба ӯ коргар намешу. Ҷомеаи мо гирифтори фақри маънавист.

Ин ҷо мо танҳо аз ҳоли яке аз бошандагони он маҳала бохабар шудем, вале дигарон, ки медонад, чӣ зиндагие дар ин маҳаллаи фақирон доранд. Чӣ мехӯранд, чӣ мепӯшанд ва чӣ кор мекунанд. Шояд танҳо барои ҳаст будан, меҷанганд?! 

Замира Сулаймонӣ

Рашид Қосимӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97