Таҳаввулот дар тафаккур набошад, компютер ҳам кумак намекунад

(вокуниш ба мақолаи Ҷаҳонгири Рустам ва Эраҷ Давлатов "Низоми кредитӣ моро меғавҷад ё монеа барои омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи Кӯлоб, "Миллат № 51, 21 декабри соли 2011)

Nizomi_KREDITIМусаллам аст, ки ҳар таҳаввулоте дар ҷомеа рух бидиҳад, ҳатман боиси норизогии як қисмати аҳолӣ мегардад. Вале вобаста аз тағйирёбии муносиботи ҷомеа бар хилофи афкори аққалият дигаргуниҳо давра ба давра ва бо зарурати хоса ворид шуда истодаанд. Агар ҷомеаи инсонӣ якранг, бе дигаргунӣ мемонд, ҳаёт низ қатъ мегардид.

Бо шикаст хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин чизе, ки аз дигаргуншавии муносибот дар ҷомеа дарак медод, ин пайдоиши сохтори хусусӣ буд. Корхонаҳои тиҷоратии хусусӣ, ки онҳоро кооперативҳо ном мебурданд, чун барои мардуме, ки дар доираи арзишҳои коммунистӣ тарбия ёфта буд, таассуроти мухталифро ба миён овард. Вале бо гузашти якчанд сол нигоҳи мардум ба сохтори хусусӣ куллан тағйир ёфта, аксарияти аҳолӣ соҳаи соҳибкориро ҳамчун асоси воқеии рушди ҷомеа арзёбӣ мекунанд.

Бо воридшавии дигаргуниҳо дар соҳаҳои мухталиф бозори хидматрасониҳои таълимӣ низ тағйир ёфт. Дар баробари муассисаҳои таълимии давлатӣ мактабу гимназия, литсею коллеҷҳо, донишкадаву донишгоҳҳои хусусӣ пайдо шуданд, ки дар шароити муносибатҳои бозаргонӣ барои сохторҳои давлатӣ рақобати ҷиддиро ба миён оварданд. Барои дарёфти бештари довталабон муассисаҳои таълимии хусусӣ истифодаи технологияи муосир ва пешқадами таълимро ба роҳ монда дар муддати на он қадар тӯлонӣ дар бозори хидматрасониҳои маърифатӣ мақоми вижаро касб карданд.

Дар раванди пайвастшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати мустақил зарурати воридшавӣ ба фазои ягонаи таълимӣ низ ба миён омад, ки аз тарафи роҳбарияти давлат ва хусусан Вазорати маориф иҷрои як қатор чорабиниҳоро тақозо мекунад. Дар рафти сафарҳои кории худ ба кишварҳои Аврупо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои илмӣ-таълимии Иттиҳоди Аврупо гуфтугуҳои судманд ороста, мавзӯи эътирофи дипломҳо ва дигар мадорики таълимиро баррасӣ карда, ҷонибдории вижаро дарёфтааст. Ягона талаботе, ки метавонад раванди эътирофи барномаҳои таълимии ҷумҳурии моро дар дигар кишварҳо тезонад, ин ворид намудани низоми кредитӣ (воҳидии) таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар мебошад. Вале, мутаассифона, бар хилофи кушишу пофишориҳои сарвари давлат доир бо назардошти дастовардҳои кишварҳои пешрафта даровардани тағйиротҳои ҷиддӣ дар раванди таълиму тарбия, то ҳол ашхосе ҳастанд, ки бо ҳар роҳу васила монеаҳои сунъӣ эҷод карда, муваффақияти ин равандро зери шубҳа мемонанд.

Албатта бо воридсозии ҳамагуна низоми нав хатогӣ ва каҷравиҳо зиёд ба назар мерасанд. Хусусан вақте ки бо гузаштани аксари донишгоҳҳо ба низоми воҳидии таълим устодони бевиҷдон тамаъҷӯӣ карда, барои супоридани рейтингҳо аллакай аз моҳҳои аввал сар карда, аз донишҷӯён ришва гирифтанд ва ин норизогии ҷиддиеро ба миён овард.

Ин ҳолати ногуворро дида, устодони поквиҷдоне, ки солиёни дароз дар соҳаи маориф кор карда, бо низоми анъанавӣ одат кардаанд, қотеъона талаб доранд, то дар системаи ҷорӣ ягон тағйирот ворид карда нашавад. Ин ашхос чунин мешуморанд, ки яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани одоби насли наврас, ин маҳз таъсири унсуру идеологияи бегона, ки низоми воҳидии таълим низ қисме аз ин идеология мебошад, маҳсуб меёбад. Вале дар асл, бо тағйирёбии муносибот дар ҷомеа ҷавонони ҳозира, хусусан онҳое, ки дар муассисоти таълимӣ таҳсил мекунанд, муқаддасоту арзишҳои хоси ба замони нав мувофиқи худро доранд. Дар пасманзари он тағйиротҳои сиёсӣ-иқтисодӣ ва фарҳангие, ки дар солҳои 90-и асри гузашта ва аввали асри ҷорӣ рух додаанд, тафаккур, нукоти назар, эҷоди ангеза (мотиватсия), рафтор ва арзишҳои маънавии ҷавонон низ дигаргун шудаанд. Дар раванди фардишавӣ (индивидуализатсия), ки солҳои қаблӣ хоси ҷавонони Ғарбу Амрико буд, ҷавонони мо низ ғута зада, нисбат ба арзишҳои маънавӣ назари бо омилҳои моддӣ асосноккардашудаи худро доранд.

Маҳз чунин ҳолат зарурат ва оҷилан ворид кардани низоми нави таълимӣ ва тарбиявиеро, ки бо назардошти хусусиятҳои ҷомеаи имрӯза таҳия шудааст, ба миён овардааст. Маҳз низоми кредитӣ ё дурусташ воҳидии таълим, ки онро саҳван "низоми қарзӣ" тарҷума мекунанд, чунин мушкилотро аз байн мебарад ва таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи дунё нишон медиҳад, ки беҳтарин шакли ба танзим даровардани муносиботи таълимдиҳанда ва таълимгиранда буда, бо фароҳам овардани шароит барои мустақилияти бештари таълимгирандагон, ба тайёр кадани мутахассисини касбии халлоқ (эҷодкор ва навовар) мусоидат мекунад.

Вазифаҳои асосие, ки низоми воҳидии таълим ба миён мегузорад, чунинанд:

1. Таъмини ягонагии ҳаҷми маълумот;

2. Ташкили шароит барои дараҷаи баланди фардияти (индивидуализатсия) таълим;

3. Пурзӯр намудани нақш ва нафъи кори мустақилонаи таълимгиранда;

4. Муайян кардани дастовардҳои воқеии таълимгирандагон тавассути тартиби судманди назорати раванди таълим.

Дар ин ҳолат муаллим бештар вазифаи роҳбалад, роҳнамо ва машваратчиро ба уҳда мегирад. Агар мантиқан фикр кунем, дар он доираи вақте ки барои дарс ҷудо шудааст, бигузор 80-90 дақиқа бошад, бар хилофи саъйю кушиш ва маҳорати баланд устод имкон надорад, маводи таълимиро пурра ба шогирдон диҳад. Бинобарин ин ҷо вазифаи донишҷӯ ҳамчун тадқиқотчӣ ва навовар муҳим гашта, дар қатори мутахассиси хуб гардидан, малакаҳои мустақилият дар қабули қарорҳо низ такмил меёбанд.

Аксари онҳое, ки мухолифи ин низом ҳастанд, мавқеи худро бо он асоснок мекунанд, ки ин чизи барои мардуми мо бегона аст ва ҷорӣ кардани он хатарзо аст. Таҷрибаи наздики 50 солаи истифодаи низоми мазкур дар Ҷумҳурии Исломии Ирон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин нишон медиҳад, ки ин низом хоси ҳама ҷомеаҳо, навобаста аз сохтори сиёсӣ буда, барои тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб беҳтарин шароитро фароҳам меорад. Агар мо дастовардҳои ҷаҳони мутараққиро моли бегона гуфта, қабул накунему интизори дарёфти роҳҳои алтернатив шавем, гумон аст, ки қафомонии бе ин ҳам якчанд даҳсолаи худро аз кишварҳои муваффақ кам кунем.

Дигар гуруҳи мухолифони ин низом дар он ақидаанд, ки бо ҷорӣ кардани системаи ягонаи тестӣ, ки имтиҳону санҷишҳои анъанавиро аз байн мебарад, обрӯ ва мақоми устод коҳиш меёбад. Аксарияти чунин ашхосро устодоне, ки дар байни донишҷӯён бо сахтгирии худ дар санҷишу имтиҳонот "шуҳрат" касб кардаанд, ташкил мекунанд. Муаллими асил обрӯро набояд ба хотири санҷишу имтиҳон, балки бо дарси хуб, аз ҳама муҳиммаш, муносибати хуб бо шогирдон ба даст орад. Дар низоми воҳидии таълим ба донишҷӯ имконият дода мешавад, ки устодро интихоб кунад ва муаллиме, ки тарзу усули дарс гуфтани ӯ ба талаботи таълимгиранда ҷавобгӯ нест, шояд бе шогирд монад.

Инчунин устодони соҳибтаҷрибае ҳастанд, ки танҳо аз сабаби дуруст дарк накардани моҳияти ин низом сафҳои мухолифини низоми воҳидии таълимро пурра мекунанд. Умед аст, ки бо гузашти вақт чунин устодон аз бартариҳои ин низоме воқеан ҳам судманд, ҳам барои устод ва ҳам барои шогирд огаҳӣ пайдо карда, бо ду даст онро тарафдорӣ мекунанд.

Ва ниҳоят қисмати асосӣ ва нисбатан калонтари монеасозони воридшавии низоми воҳидии таълим дар муассисаҳои таълимӣ ашхосе ҳастанд, ки дар пасманзари афтодарӯҳии худ даъвои онро доранд, ки пеш аз он ки мо ба низоми ҷорӣ тағйирот ворид созем, бояд ба дараҷаи донишгоҳҳои аврупоӣ, ки куллан бо таҷҳизот муҷаҳҳазанд, бирасем. Ба ақидаи мо, низоми воҳидии таълим аз таҳаввулот дар тафаккур оғоз меёбад. То он вақте ки мо моҳияти низоми воҳидии таълимро ба пуррагӣ дарк накунем, ягон хел технологияи муосири иттилоотӣ ва иртибототӣ ба мо имкон намедиҳад, ки сатҳи дониши мутахассисони ватаниро каме ҳам бошад, ба дараҷаи кишварҳои мутараққӣ расонем.

Низоми воҳидии таълим, ва умуман ислоҳоти соҳаи маориф бо назардошти хусусиятҳои замони муосир дар қатори дигар принсипҳои давлати ҳуқуқбунёд, ки талоши бунёди онро дорем, яке аз рукнҳои асосии ҷомеаи демократӣ буда, мақсади асосии он тайёр кардани на танҳо мутахассисони дараҷаи баланд, балки шаҳрвандони содиқ, кордон ва поквиҷдон аст ва гуноҳ аст, агар мо онро дастгирӣ накунему монеа эҷод созем.

Додарбек Сайдалиев, досент, номзади илмҳои сиёсӣ, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97