КВН таҳқир

KVN_tahqirМаро андешае водор месозад, ки дигар дар ҷустуҷӯи хатоҳо ё дар танқиди хеш накӯшем, ин ҳам ҳамон ҳувияти миллӣ ва ҳиси ватандӯстист, ки ман нисбати ватани азизи худ Тоҷикистон  дорам.

Аммо суъоле чанд маро ба андеша машғул медорад, ки чаро имрӯз донишҷӯёну аҳли адаб ва ё сиёсатмадорону равшанфикронамон дар ҷустуҷӯи хатои якдигар ва эрод гирифтан аз сухани ҳам мекӯшанд, ва ё гоҳе афроде ҳам пайдо мешаванд, ки ватану миллати худро танқиду тавҳин мекунанд.

Албатта дар ҳар давру замон дар ҷомеъа хатоӣ буд ва ҳаст ва ё шахсияте бехатову бекамбудӣ шуда наметавонад, чунки бехато танҳо зоти поки Ӯст.

Чуноне Мавлои Рум мефармояд:

Вуҷуди хок аз санге ҷудо нест,

Сиришти оҳан аз санге ҷудо нест.

Хатоҷӯён хатои худ биҷӯед,

Дар олам бехато ғайр аз Худо нест.

Бутпарастон аз кори мо дар ҳайратанд

Рӯзе мақолаеро бо унвони "Андешаҳои бебунёд" дар сомонаи интернетии "Ховар" хондам, ки профессор Атахон Сайфулоев ба чанд андешаи Шоири халқии Тоҷикистон Мӯъмин Қаноат эрод гирифтааст, ки гӯё шоир дастовардҳои даврони истиқлолияти миллиро нодида гирифта ва бо комёбиҳои сиёсии дохиливу хориҷии кишвараш хати бутлон кашида бошад. Дар ҳоле, ки ҳадафи шоири номвар тамоман чизи дигар буд.

Ё бо далеле, ки шоир дар даврони Шӯравӣ дар васфи Ленин шеърҳо сурудааст ё дар шеърҳояш Ленинро мадҳу ситоиш кардааст.

Шоири тавоно ба хатоҳои кардаи худ дар даврони Шӯравӣ иқрор аст.

Масалан, дар масъалаи шеърҳое, ки дар васфи Ленин эҷод кардааст, мегӯяд вақте ҳақиқату воқеъиятро шинохт он ҳама мисраъҳои ба истилоҳ лениниро aз дафтари шеъраш пок кард.

Ҷое дигар шоир мегӯяд дар ҷавонӣ аз куҷо медонистам, ки дар замони Шӯравӣ ё дар сиёсати пеш гирифтаи он давлати абарқудрат чӣ иштибоҳе шуда аст ва аз сиёсати ғалати он вақтаи Шӯравӣ маълумоте надоштааст.

Дар сурате ки Атахон Сайфулоев дар ибтидои солҳои 90- уми асри рафта ҳангоми пошхӯрии Шӯравӣ ба ҳайси раиси Идораи тeлeвизиён ва радио шуда кор мекард ва барномаи барандохтани муҷассамаи Ленинро гаштаву бар гашта, такрор ба такрор ба воситаи оинаи нилгун ба мардум нишон медод ва миёни ҷомеъа шӯр меандохт, ки яке аз сабабҳои сар задани муноқишаҳои дохилӣ аз касофати ҳамон муҷассамаи Ленин буд, ки Тоҷикистони ободи моро ба ноамнӣ ва ҷанги бародаркуш овард. Ҳол он ки баркандани муҷассамаи Ленин дар ватани азизи худаш сару садоеро баланд накард.

Монанди оне, ки бархе ҳамватанони мо ҳатто барои баркандани муҷассамаи Сталин дар ватанаш Гурҷистон ба ғазаб меоянд. Хушбахтона Ленину Сталин дар Тоҷикистон зода нашудаанд, вагарна иддае онҳоро чунон парастиш мекарданд, ки бутпарастон бутро.

Мо дар ғайбати ҳам, дигарон дар андешаи Моҳу Миррих

Ҳамватанони азиз, албатта дар ҷустуҷӯ ва пайдо намудани нуқсу хатои якдигар будан кори чандон баде нест, ба шарте ин кор беғаразона, ислоҳ талабона ва бо алфози хуб бошад, на таҳқиромезу муғризона монанди он ки шоире дар даврони Шӯравӣ каме ба хатоӣ роҳ дода ё каме лағжидааст ва амсоли ин ва мо бигирему суханвари миллатро носазо бигӯем, ки ин амал ба ҳеч ваҷҳ қабул нест.

То ба кай дар пайи ҷустуҷӯи гуноҳи ҳамдигар мекӯшем. Дар асри 21 чун ба кишварҳои дигар нигоҳ мекунем, онҳо барномаҳои парвоз ба сӯйи сайёраҳои дигарро таpҳрезӣ намудаанд, дар андешаи фатҳи Моҳу Мирриху Зӯҳраанд. Аммо мо ба ҷуз айби якдигарро ҷӯстан коре дигар надорем, ё худ мардуми мо мисле, ки ба тундгӯиву сухани сахт гуфтан одат кардаанд.

Ҳузнангезтар аз ин он аст, ки дар таҳқири ватани хеш рӯзе мақолаеро дар як ҳафтанома зери унвони "Душанбе барои ман бегона шудааст", ки аз забони устод ва адиби муъосири тоҷик Бозор Собир ҳикоят менамуд, мутолиа намудам ва шӯришеро дар вуҷудам эҳсос кардам, хусусан пас аз хондани чунин ҷумлаҳои таҳқиромез "Душанбе пеш бӯйи атр мекард, ҳозир бӯйи г..." Барои чунин шахсияте мисли Бозор Собир зебанда набуд, ки чунин суханҳои нохушу нофорам бигӯяд.

Муҳаббатро зи моҳӣ бояд омӯхт!

Ки аз обаш бурун орӣ, бимирад.

Ё худ дар яке аз сомонаҳои интернетии (youtube) ба ҳамагон маъруф  барномаи КВН-ро, ки донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Маскав баргузор намуданд вa дар он Сӯҳроб Саъдулоев, Рустам Назаров, Азиз Мансуров, Мадина Сиразова, Фаридун Муҳаммадиев, Алишер Имонов, Дилшод Собитов, Султон Мубoракқадамов ва Мунир нақш бозидаанд, тамошо кардам. Дар аввал хурсанд шудам, ки тоҷикони ман ҳам дар чунин барномаҳо ширкат мекунанд, ки ҳатман сабаби фахри миллат мешавад. Аммо афсӯс, акси ин ҳолро дидам. Ин чӣ барнома буд, фақат танқиди миллати хеш, то он дараҷа, ки бовари кас намеояд. Худи ҳамин шахсиятҳо як ба ҳамон коментарияҳое, (nazariyahoe) ки тамошогарон дар ( Youtube) навиштаанд, ворид шуда бубинанд ва бихонанд, хеле хуб мешуд. Oн қадар "раҳматнома"- ҳое ба суроғи падару модарашон омадааст, аз ин фарзандҳои бемаъниашон. Наход дар як барномае, ки чандин миллатҳо ва миллион мардумон онро тамошо мекунанд, мо дар он миллати худро таҳқир созем.

Тоҷике, ки миллати худро масхара мекард

Дардноктар аз ин он аст, ки имрӯз афроде пайдо шудаанд, ки дар берун аз марзи ватан қарор доранд вa аз тоҷикияти худ ор ва ҳазар мекунанд, ба андешаи онҳо миллати тоҷик зиндагиашро аз ҳисоби кишварҳои хориҷӣ пеш мебарад, агар ба маъоши Тоҷикистон ё дар Тоҷикистон бошанд, рӯзгорашон пеш намеравад.

Не ин хатост! Онҳо ғурури миллӣ надоранд, ғурурашонро куштаанд ё фурӯхтаанд, миллатро беқадр ва масхара кардаанд. Мисли оне, ки тоҷике бо номи Ҷовид Қурбонов бо гурӯҳи "Наша Раша" ҳамкорӣ карда, доимо ҳаммиллатони хешро- тоҷиконро таҳқир мекунанд. Ҷовиде, ки аминам номаш дар саҳфаи миллати хеш бо некӣ ёд нахоҳад шуд, ё ҷовид нахоҳад монд.

Инчунин дар бисёре аз филмҳои русӣ ба офарандагони нақши ҷавони тоҷик менигарем, мебинем он нақш инъикоскунандаи зиндагонии миллатеанд, ки намояндагонаш доим ба корҳои ифлос банданд. Масалан, дар филми "Бригада" Фарҳод ном ҷавони тоҷик ба фурӯши маводи мухaддир машғул аст, ё дар филми "Қандаҳор" (Qanдahor) нақши як тоҷике, ки шахси миёнаравро иҷро мекунад, хеле манфӣ ҷилва мекунад.

Магар чунин кор, чунин бархӯрд бо як мардуме, ки фарҳангу тамаддуни чандҳазорсола дорад дуруст аст? Магар ҷойиз аст, ки як бехабару муғриз ё нотавонбине чанд мо авлоди Сино, Хайём, Форобӣ, Имом Бухориву Саъдии Шерозӣ, Сайидову Донишро ба танзу масхара мегиранд. Магар надидаанд ё хабар надоранд, ки шеъри бобои оламшинохтаи мо Ҳазрати Шайх Саъдӣ дар сақфи дарвозаи Созмони миллали муттаҳид бо чандин забонҳо тарҷума ва нигошта шудаaст?! Мо бояд худро шиносем ва қадр кунем. Мо бояд фурӯхтаву харида нашавем.

Дар шоми Ватан шамъ бояд афрӯхт!

Банда дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Мисри Араб қарор дорам ва каме бошад ҳам аз зисту зиндагонии ин мардум огаҳам, ки қисми зиёди ин мардумро табақаи нодору фақир ташкил медиҳад. Ҳатто зиёда аз як миллион аҳолии ин шаҳр аз фақру набудани шароит ва надоштани ҷои зист қабристонҳоро маскани истиқомат қарор додаанд. Аммо ҳуввияту ифтихори миллӣ доранд. Дар ин хусус боре аз донишҷӯдухтаре, ки дар соли охири факултаи журналистика (хабарнигорӣ) мехонд, суол кардам: Ӯ ҳеч шиквае накарду хоҳиши зиёде кард, ки ҳар гоҳе ба ватанат бармегардӣ аз вайрониҳову камбудиҳое, ки дар Миср дидӣ, ҳеҷ магӯ, то сафи сайёҳони кишвари мо каму коста нашавад. Чун ин суханонро шунидам, ашк аз чашмонам ҷорӣ шуд, ба чунин  ҳувияти миллӣ ва дӯстдориву муҳаббате, ки он донишҷӯдухтар нисбати ватанаш дошт, аҳсант хондам.

Аммо, афсӯс имрӯз мо ба ҷои он ки дар шоми ватани хеш шамъе равшан намоем, баръакс дар нафрин ва мазаммати торикии oн кӯшидаем.

Бо умеди ислоҳи камбудиҳо ва кӯшишҳо баҳри ободии Ватан ба ҳама тавфиқ мехоҳам.

Гирям аз он, ки ду се, бешарафе,

Ба сарам санг биборанд, ки ман дам назанам.

Гирям аз он, ки ту танҳоиву ман танҳотар,

Ватанам, о Ватанам, о Ватанам!

 Умедҷони Шокирӣ,

донишҷӯйи Донишгоҳи қоҳираи

Ҷумҳурии Мисри Араб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97