Бадбахт кардани духтарон гуноҳ аст

Khushunat_012"Маро ба писари холаам, ки муддати 5 соли охир дар шаҳри Маскав кору зиндагӣ мекард, ба шавҳар доданд. Дар базми арусии мо дастурхони пурнозу неъмат густурданд ва одамони зиёде ҷамъ омада, бо суруду рақс базм барпо карданд. Модарам аз ин базму пайвасти хешон хеле розӣ буд ва қаноатмандона мегуфт: - Агар духтарам ба хонаи як бегона мерафт, кӣ медонад, аҳволаш чи мешуд, аммо ин ҷо хонаи хоҳари худам.

Шавҳари холаам одами хубе ҳаст ва онҳо зиндагии ором ва таъминоти беҳтаре доранд. Ба ҳамин асос онҳо дар ҳолатҳои мушкил ба модарам ёрӣ мерасонданд.

Мо пас аз 40 рӯзи базми арусӣ ба Маскав омадем. Шавҳарам на дар Душанбе ва на дар Маскав ба ман таваҷҷӯҳи зиёд нишон намедод ва аз ман канораҷӯӣ мекард. Рости гап, ин рафтори шавҳарам маро ба ҳайрат оварда буд, вале ӯ ба назар хушҳолу розӣ менамуд.

Пас аз як ҳафтаи зиндагӣ дар Маскав рӯзе шавҳарам ба ман гуфт, ки ба тарабхона меравем. Мо ба тарабхонае рафтем, як муддат бо ҳам нишастем ва баъд шавҳарам берун баромаду дигар барнагашт. Мани сарсахт бе доштани ягон ҳуҷҷату суроғаву пул будам ва ба болои ин забонро намедонистам. Ман хеле интизор шуда, ба гиря афтодам. Ҳамин вақт ба назди ман як марде омад, ки ба забони форсӣ сӯҳбат мекард ва худро афғонистонӣ муаррифӣ кард. Вай мушкили маро шунида, ваъда дод, ки ёрӣ мерасонад. Пас аз чанде ин мард маро ба хонааш овард ва хабар дод, ки маро аз шавҳарам ба ивази 700 доллар харидааст. Ман ба гиря даромадам ва хоҳиш кардам, ки озодам кунад, то биравам. Аммо он мард маро ваҳшиёна лату кӯб карда, ба номӯсам таҷовуз кард. Вай муддати 20 рӯз бо ман хуфту хоб кард ва пас аз ин маро ба мардони дигар пешниҳод мекард. Ҳамин тавр ин мард ба ивази пул маро рӯзу шаб ба дигарон пешниҳод мекард ва аз ин ҳисоб пул ҷамъ мекард. Аммо дар ҳалатҳои "бекорӣ" ман маҷбуран хонаи ӯро ба тартиб дароварда, либосҳояшро мешустам ва барояш хӯрок мепӯхтам.

Муштарии охирине, ки маро шабона ба хонааш овард, як марди тоҷике буд, ки соли 1992 аз Тоҷикистон муҳоҷират карда буд. Он мард, пас аз он ки саргузашти мушкили маро шунид, бароям иҷоза дод, ки ба хонаамон занг бизанам. Ман бо ёрии ин марди тоҷик ба Душанбе баргаштам"…

Падару модар (Муҳаббат номи шартии ин духтари 19 - сола аст)  духтарашонро дар фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе истиқбол гирифтанд. Аммо дар чеҳари Муҳаббати пешинаи зебову хушҳол осоре аз таровату хушҳолӣ боқӣ намонда буд. Вай хеле коҳида ва пажмурда ба назар мерасид, дигар ба одаму олам бовар надошт…

Муҳаббат дар сӯҳбат ба ман гуфт, ки майли хонадор шудан ба писархолаашро надоштааст, вале модараш он қадар ҷангу ҷанҷол ва шӯру мағал бардоштааст, ки ӯ ноилоҷ ба ин ҳамхонагӣ розӣ шудааст. "Агар ӯ ҷабран маро ба писари холаам намедод, шояд ба ин рӯз гирифтор намешудам. Акнун ман барои як умр доғдор шудам…" - аз ҳарду бари рӯйи Муҳаббат ашк ба замин мерехт.

Хотиррасон мекунам, ки дар моддаи 5 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон навишта шудааст: "Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд".

Аз нақли Муҳаббат равшан мешавад, ки модараш ба ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ дастдарозӣ карда, ба хотири хоҳишҳои шахсиаш духтарашро ба коми бадбахтӣ тела додааст. Ин амалро дар истилоҳи имрӯзӣ хушунати хонаводагӣ меноманд.

Дар замони имрӯз мушкилоти ба кори иҷборӣ ҷалб кардани одамон дар шаклҳои гуногун зоҳир мешавад, ки як намуди он ба таври зӯрӣ ҳамсар кардани фарзандон ба касонест, ки онҳо хоҳиши хонадор шудан бо ӯро надоранд. Бисёр ҳолатҳое шудааст, ки чунин хонаводаҳо базудӣ аз ҳам мепошанд ва зану шавҳари ҷавон, ки гоҳе бесарнавишт мешаванд, ба дасти қаллобону одамҷалобон меафтанд. Дар чунин ҳолатҳо муштзӯрону шарафдуздон одамони бечораро бо мақсади баҳракашӣ ба кори маҷбурӣ; танфурӯшӣ, хидматрасонии бепул, дар арсаҳои кишоварзӣ, сохтмон, тавлиди хишт, корҳои сангин - дар иқтисоди ғайрирасмӣ истифода мебаранд. Аммо қисми зиёди қурбониёни тиҷорати шаҳвонӣ асосан занону духтарон ҳастанд. Бори вазнин бар дӯши кӯдакони синни то 18 сола аст, ки аз 40 то 50%-и қурбониёни кори маҷбурӣ аз ҳисоби онҳост.

news-6QVplL6pG7Имрӯз қариб ҳамаи кишварҳо ба мушкилоти фурӯш ва истисмори инсон, фаъолияти террористӣ ва тундгароӣ гирифтор ҳастанд ва ин падидаҳо хосияти байналмлалӣ ва мутташакил касб кардааст. Акнун ҷинояткорони имрӯзӣ ба таври рӯзафзун имкониятҳои дарёфти маълумот, шароити техникии пешрафта доранд ва онҳо дар амри фурӯши одамон, истисмори онҳо ва созмон додани гурӯҳҳои мутташакили миллӣ ва фаромиллӣ ба ҳамдигар ёрӣ мерасонанд. Имрӯз ҳуқуқҳои қурбониёни бозори одамфурӯшӣ дар ҳама шакл ва дар ҳама ҷои дунё поймол карда мешавад. Намудҳои фаъолияти фурӯш ва истисмори инсон афзоиш ёфта, дар баробари он ҳамчунин дуздӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиду найранг, киро кардани одамон барои истифода дар амалҳои террористӣ ва тундгароӣ ва амалҳои дигари монанд ба инҳо афзоиш меёбад.

Гузашта аз ин, ба тасдиқи мутахассисони омӯзиши бозори одамфурӯшӣ ин мушкилот дар солҳои ахир ба оҳистагӣ аз кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ - Филиппин, Индонезӣ, Таиланд, Малайзӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ кӯчида Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро фаро гирифтааст.

Чаро чунин шудааст, ки тамаддуни ҷаҳонӣ ба марзи нобудӣ расидааст? Чаро ҳукуматҳо дар мубориза бар зидди чунин одамоне ва амалҳои зидди башарӣ, ки инсонияти онҳоро маҳкум мекунад, оҷиз аст? Ва ин гуна амалҳои даҳшатбор то ба кай ва чи қадар вақт идома меёбад? Ба назари мо, ин пурсишҳое ҳастанд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва тамаддуни башарӣ ҷавобҳои асоснокеро ба онҳо интизоранд.

ТОҶИКИСТОН ДАР МУБОРИЗА БО ИН ПАДИДАҲО

Табиист, ки Тоҷикистон ҳам чун кишварҳои дигар дар баробари мубориза бо амали террористон, тундгароёни мазҳабӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, ҳамчунин бо гурӯҳҳои мутташаккили фурӯш ва истисмори инсон рӯ ба рӯст ва дар амри аз байн бурдани онҳо мубориза мебарад. Ногуфта намонад, ки бархе аз ширкатдорони амалҳои дар боло номбурда касонеанд, ки ба хушунати хонаводагӣ, хиёнати хешу наздикон, ҳамкорон ва гоҳи дигар ҷомеа гирифтор шудаанд.

Кишвари мо Тоҷикистон дар мубориза бо ин амалҳои зишти замони нав санадҳои муҳимме қабул карда ва барои пешгирӣ аз ин ҷиноёт корҳоеро анҷом додаст. Порлумони Тоҷикистон "Созишнома ба муқобили ҷинояткории мутташакили трансмиллӣ" ва санадҳои дигари ҳамроҳ ба он: "Протокол дар бораи огоҳ намудан ва пешгирӣ аз фурӯши одамон, махсусан занон ва кӯдакон ва ҷазо барои он", "Протокол ба муқобили интиқоли ғайриқонунии муҳоҷирон ба воситаи роҳҳои заминӣ, обӣ ва ҳавоӣ", "Эъломияи ҳуқуқи башар", "Эъломияи байнулмилалӣ дар бораи барҳам додани ҳамаи намудҳои қонуншиканӣ дар баробари занон", "Эъломияи музди баробар дар ивази кор барои занону мардон", "Эъломияи ҳуқуқи кӯдак", "Эъломия дар бораи аз миён бардоштани кори маҷбурӣ", "Протокол дар иртибот ба мақоми гуреза", "Эъломия дар бораи мубориза бар зидди азобу шиканҷа ва дигар шаклҳои ғайриинсонӣ ва паст кардани шаъну шӯҳрати инсон ва шаклҳои муносибат ва ҷазодиҳӣ" ва чанде дигарро қабул кардааст.

Ҷиҳати ҳамоҳангсозии фаъолияти ин мақомот 4 январи соли 2005 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №5 Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон таъсис дода шуд. Дар ин асос 27 майи соли 2005 гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъсис шуд ва он аз 21 июн то 19 июли соли 2005 дар Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият кард. Дар ҳамон замон тавассути сохторҳои мухталифи қудратии Аморот 10 гурӯҳи занону духтарон, ҳамагӣ 50 нафар, ки аз онҳо 43 нафар маҷбуран ва 7 нафар бо ихтиёри худ дар Аморот ба танфурӯшӣ машғул буданд, ба ватан баргардонида шуданд.

Назар ба омори расмӣ, дар соли 2005 вобаста ба ҷиноёти ба фоҳишагӣ ҷалб намудан, ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷаллобӣ- дар соли 2004 - 116 ҷиноят ва дар соли 2005 - 172 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла дар вилояти Суғд: соли 2005 - 83 ҷиноят (соли 2004 - 52), дар вилояти Хатлон - соли 2005 - 12 ҷиноят (соли 2004 - 23), дар шаҳри Душанбе - соли 2005 - 55 ҷиноят (соли 2004 - 36) ва ноҳияҳои тобеи марказ - соли 2005 - 18 ҷиноят (соли 2004 - 6) ба қайд гирифта шудааст.

РОҲИ МУБОРИЗА КАДОМ АСТ?

Коршиносони байналмилалӣ мегӯянд, мубориза бо падидаи одамфурӯшӣ, ғуломгардонӣ ва хушунат хеле мушкил аст. Вале барои коҳиш додани он, тавре мисолашро дар Тоҷикистон мебинем, таваҷҷуҳи бештари ҳукуматҳо барои ҳамкорӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум барои шинохтани қонун ва ҳуқуқхои худ хеле муҳим аст. Агар ҳукуматҳо талоши бештар бикунанд, ҳамон қадар сатҳи густариши ин падидаҳо дар кишварҳо камтар ва мардум аз гирфторӣ бештар эмин мемонад.

Як заминаи дигари муборизаи муассир бо ин падидаҳо фаъолияти пурсамари Созмонҳои ғайриҳукуматист. Мо дар Тоҷикистон мисоле дорем, ки СҒҲ "Модар" беш аз 12 сол аст дар ин замина кор мекунад ва таҷрибаи хубе касб кардааст. Ин созмон дар солҳои нахустини фаъолияташ гурӯҳи духтарони ноболиғеро, ки дар шаҳри Душанбе гирифтори хушунат ва мавриди суъистифодаи ҷинсӣ қарор гирифта буданд, ошкор карда, ба онҳо паноҳгоҳ дод ва ниҳодҳои давлатиро аз ин кор огоҳ кард. Баъдтар ин созмон ҳамкорияшро бо ҳукумат бештар кард ва дар амри пешгирӣ аз ин падидаҳои номатлуб хидмати арзандае анҷом дод.

Ҳукумати Тоҷикистон иродаи сиёсиашро дар мавриди муқобила бо хариду фурӯши одамон нишон медиҳад, ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ, дар навбати худ, шумораи бозҷӯӣ ва зиндонӣ кардани одамфурӯшонро афзоиш додааст.

Тавре дида мешавад, Ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ин падидаҳои шум қонун ва қарорҳои муҳим қабул кардааст ва дар роҳи мубориза дастовардҳое низ дорад. Ба гуфтаи мутахассисон, агарчи падидаи одамфурӯшӣ дар кишвари мо хеле кам шудааст, вале ҳанӯз ҳам одамфурӯшон ба воситаҳои фиребу найранг ва дуздиву зуроварӣ ба кори иҷборӣ ва фаъолияти ғайримашруъ водор мекунанд.

Аммо ҳар яки мо метавонем, барои ҷилавгирии раванди номатлуб ба ҷомеа кӯмак бикунем, ҳади ақал хоҳар, духтар, модар ва дугонаи худро ба роҳи рост ҳидоят намоем. Зеро калиди хушбахтии хонавода дар дасти зан - модар амонат аст ва ба ин амонат набояд хиёнат кард.

Дар рӯзи Модар даст ба дуо мебарам, ки ҳашт дари биҳишт бар рӯйи Модари тоҷик  боз шавад!

Шаҳнози КОМИЛЗОДА, журналист

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97