ё бесавод гуфтани донишҷӯён оё аз рӯйи инсоф аст?
Матлаби Бобо Назар Ғафор "Дар дарахтони чаканпӯш ё ғалатҳои машҳур" (Миллат, №45 10.11.2010.) чанд андешаро дар тафаккури мо ба вуҷуд овард.
Аввалан, мӯҳтавои ин мақола мақоли халқии "Уштурро гуфтам ғамза кун, полезро вайрон карду рафт" ва пасон, латифаи тоҷикие, ки мӯйсафеде дар хоб бо ҳамсинни хеш ҷанҷол мекунаду дар рафти муноқиша ба риши ӯ даст мезанад ва аз дарди сахте бедор шуда қабзаи риши худро дар даст мебинад, дар зеҳни мо бедор намуд.
Журналистика ҷузъи филология аст ва беҳуда нест, ки онҳоро дар маҷмӯъ суханшиносӣ мегӯянд. Аз ин ҷост, ки таъсис ёфтани факултаи журналистика тақозои замон буда, дар ин замина имконпазир мегардад, ки омӯзиши илми сухан ба таври комил сурат бигирад.
Мо мехоҳем, ба ин нукта такя намоем, ки шумо "Факултаи нодаркори журналистика" мегӯед.
Аммо дар ҷойи дигар "ҳамкасбон" гуфтаед ва маълум аст, ки ба журналистон ишора мекунед.
Агар ба таври мушаххас нодаркории факултаи журналистикаро шарҳ медодед, мо ҳам дар ин ҳол метавонистем бо асосҳои худ изҳори назар мекардем, вале, мутаассифона, зерсарлавҳае гузоштеду дигар аз фаъолияти рӯзноманигорӣ ҳар¬фе назадаед. Ҳамин қадар мегӯед, ки "Ман таваҷҷӯҳ ҳам накардаам, ки дар факултаҳои журналистика чӣ фанҳои тахассусӣ меомӯзанд…"
Ба маълумоти шумо, факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ягона аст, зеро дар ягон донишгоҳу донишкадаи дигари ҷумҳурӣ чунин факулта вуҷуд надорад.
Ва шумо "таваҷҷӯҳ" накардаед, вале дигарон таваҷҷӯҳ кардаву дарёфтаанд, ки факултаи журналистика асосҳои қавии бунёдиву амалӣ дорад ва ин ҷо тамоми фанҳои тахассусии лозима омӯзонида мешаванд. Ҳамчунин, барои фарохии донишу ҷаҳонбинӣ фанҳои умумии гуманитариву табиӣ таълим дода мешаванд.
Идомаи ҷумлаи шумо "…вале аз навиштаҳояшон чунин рӯшан бар меояд ки ишон саводи дурусти иҷодкорӣ надоранд, ба ибораи дигар, асосҳои фанҳоеро, ки барои навиштани чизи дурусти возеҳу рӯшан мусоидат мекунад, наяндухтаанд (ё шояд ин ҳама ба гузиниши фориғултаҳсилин ба кор вобаста ҳам ҳаст)".
Ин, ки шумо ба қоидаҳои Имлои забони тоҷикӣ (Бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон 3 сентябри соли 1998 тасдиқ гардидааст) риоя намекунед, масъалаи дигар аст, (ҳарчанд аз мавзӯъ берун нест), вале вақте шогирдону хатмкардаҳои факултаро ба бесаводӣ муттаҳам мекунед, асоси воқеӣ надорад ва аз ин рӯ, қобили қабул нест.
Дар факултаи журналистика асосҳои фанҳоеро, ки барои навиштани чизи дуруст мусоидат мекунанд, таълим медиҳанд ва он, ки мегӯед: "саводи дурусти иҷодкорӣ надоранд" иллати дигаре дорад, барои ин факултаи журналистикаро "нодаркор" гуфтан аз рӯйи инсоф нест.
Шумо ғалатфаҳмиҳо мекунед, ки ин падидаи хубест, лекин оғози суханатон ҳадафи шуморо бозгӯ мекунад ва он ба идомаи навиштаҳоятон мутобиқ нест.
Чунин шурӯи матлаби шумо: "Филологҳо рафтанд, фазои журналистика холӣ шуд" даъвои беасосест. Барои мо хушоянд нест, ки чунин бигӯем. Дар асл воқеияти фазои журналистика, махсусан матбуоти тоҷик, гувоҳӣ медиҳад, ки фазои журналистика холӣ нест. Он журналистони тоҷик, ки факултаи журналистикаро хатм кардаанд, баҳри комилии фазои иттилоотии кишвар талош меварзанд ва муваффақ ҳам ҳастанд.
Замоне ки дар журналистикаи тоҷик хатмкардагони факултаҳои филология фаъолият доштанд, аз имрӯз, ки "дегу кафлез"-и журналистика ба дасти журналистонест, таълими касбӣ дидаанд, фарқи зиёд дорад.
Шумо "ғалатҳои машҳур" мегӯед ва зеби "дарахтони чаканпӯш" телевизионҳо ҳастанд; мутаассифона, имрӯз журналистон дар телевизиони тоҷик мақоми боризе надоранд ва ба маълумоти шумо, сабаби ин "саводи дурусти иҷодкорӣ надоштан" нест!
Дар маҷмӯъ, "мардуме, ки маълумоти бунёдии олии журналистӣ" доранд, ба касби худ содиқанд, вале демократияву ошкорбаёнӣ ва фаъолияти соҳибкориву дигару дигар имрӯз ба майдони журналистика ҳамаро роҳ додааст ва дар натиҷа гуногунандешиву ғалатфаҳмӣ рӯйи кор омадааст.
Имрӯз он филологҳое, ки чун рӯзноманигор шӯҳратманд буданду ба онҳо таъни номуваффақӣ зада мешуд, метавонанд аз он халос шаванд; майдон барои онҳо низ ҷой дорад.
Басо хуб аст, ки дар бораи ғалатҳои журналистон ҳарф мезанед, аммо дар ин маврид сухан гуфтан барои хонанда писанд намеояд, чунки пеш аз ислоҳ кардани ғалате ё ин ки дарк кардани хатоҳои дигарон худ бояд ислоҳ шуда бошед ва дар оғози навиштаам овардани латифа ба ҳамин хотир аст.
Ба назари мо, ислоҳи ғалатҳо бештар ба дӯши забоншиносон гузошта шудааст, вале Шумо ба ҷойи он, ки тарзи дурусти ин калимаҳоро ба хонанда ё аниқтараш ба журналистон пешниҳод намоед, якчанд ғалати дигарро пешниҳод намудаед.
Метавонем барои исботи фикр калимаҳои; "иҷод" ба ҷойи эҷод, "грамар" ба ҷойи грамматика, "яънӣ" ба ҷойи яъне, ва монанди инҳо истифода намудед.
Ба фикри мо ин омил бо таъсири забони паҳлавӣ рӯйи кор омадааст, зеро калимаҳои мазкур ба фонди забони тоҷикӣ ворид нашудаанд. Дар муошират низ кор фамуда намешавад, аз ин рӯ истифодаи он дар матбуот ҷоиз нест.
Дар ҷойи дигар "йунон" навиштед, ки ин ҳам то ҳол ба имлои забони тоҷикӣ ворид нашудааст, бинобар ин истифодаи ин бе маврид аст.
Хулас, масъалаҳое, ки шумо дар ин мақола баррасӣ кардаед танҳо як қатор "профессорон" дарк мекунанду халос, зеро назарияи журналистика ба чунин шакл навиштанро қабул надорад, (оммафаҳм будани навиштаҷот, яке аз талаботҳои муҳими касби рӯзноманигорист), чунки хонандаи ин танҳо шахсони зиёӣ нестанд ва набояд танҳо барои як табақаи мардум навишт.
Зоҳидҷон САИДОВ, донишҷӯи факултети журналистикаи ДМТ