Илтимос! «Хати парвоз»-ро дигар кунед, аз баҳри «ҷӯра..» бигзаред!

yosefposter_1ё хоҳише аз филмноманависон ва масъулини телевизионҳои кишвар

Дар рӯзномаи "Миллат" (аз 1 декабри соли 2010) таҳти номи "Дар орзуи филмноманавис" бо имзои Ҷаҳонгири Рустам навиштае ба чоп расидааст.  

 

Ҷаҳонгир ҳам мисли ман донишҷӯй аст ва дар он матлабаш фикрҳои ҷолиберо пешниҳод кардааст. Дар ҳақиқат имрӯз шавқу ҳаваси мардум ба тамошои филмҳои туркӣ хеле зиёд аст. Масалан, банда ҳамон силсилафилмҳои туркии "Ҳомиён", "Роҳ ба сӯи маърифат" ва "Меҳвари ҳақиқат"- ро тамошо кардам, ки хеле ҷолибу диданӣ ҳастанд, вале филми "Беҳуда хорам мекунӣ"- ро то охир тамошо накардам, маъқулам наомад. Ва ҳаваси тамошояшро накардам.

Ҳамон филми "Дар орзуи падар"- ро ҳам аз ночорӣ тамошо кардам, чун дар хона будам ва дигар ҳеч барномаи ҷолибе аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвар набуд, ҳамон филмро тамошо кардам. Бояд бигӯям, ки дар ин филм ҳодисоти сиёсии кишвар, воқеъоти даврони ҷанги дохилӣ инъикос ёфтаанд. Яъне офарандагони филм кӯ¬шиш кардаанд, ки ба филм тобиши сиёсӣ бидиҳанд. Ба андешаи ман ҳодисоти мудҳиши замони ноамниҳои кишварамон якҷониба акс ёфтаанд. Бардошти мо ҳамин гуна мешавад, ки дар он замон ҷониби дигари силоҳбадастон дар озори мардум даст надошт, ғорат намекард, содиқона силоҳ бар даст хидмат мекарданд, вале ин ба ҳақиқат рост намеояд. Падарам нақл мекунад, ки солҳои ҷавониашон филмҳоеро дар бораи корномаҳои Чапаев, Стаханов, Павлик Морозов (ҳамон пионери 10 солаи советӣ, ки қаҳрамониаш ҳамин буда падари худро барои се-чор гову гӯсфанд доштан кулак хондаву ба қатл расонидааст), Ленину Фрунзе тамошо кардаву лаззат мебурдааст ва бо ному корномаи онҳо фахр мекардааст. Вале ин филмҳо ба фаромӯшхонаи таърих рафтаанд. Синаморо бояд сиёсӣ накунем, он бояд бозгӯи воқеъияти ҷомеъа бошад. Ба ҳодисоти ҷомеъа яктарафа нигаристан кори хуб нест, насли бузурги мо дар даврони Шӯравӣ ба ҳама ҳодисаҳои ҷомеъа аз дидгоҳи идеологияи коммунистӣ менигаристу баҳо медод. Шукр имрӯз замони демократия ва озодбаёнӣ ҳаст. Нависандагон бояд ҳақиқатнигор ва ҷасуру боирода бошанд, рисолати доштаашонро беғараз ва бо нигоҳи тоза иҷро кунанд. Замоне, ки мегуфтанд "нависанда бояд, ки дар рӯзгор, ки марше сарояд, нависад шиор" гузашт. Нависандаи соҳибном ва пуровоза Расул Ҳамзатов дар китоби хеш "Доғистони ман" менависад, ки агар ба гузашта аз тӯфангча тир холӣ кунед, оянда ба шумо аз тӯп тир холӣ хоҳад кард. Воқеъан чаро як нависандаи тоҷики мо натавонистааст, ки китобе хубу хонданӣ чун Расул Ҳамзатов бинависад, масалан китобе бо номи "Тоҷикистони ман". Биёем сари мавзӯъ. Бубинед, ҳамон филми иронии "Ҳазрати Юсуф" дар ҷомеъаи тоҷик чӣ ғулғулае афканда буд. Аз вазир то фақир, аз деҳқон то раис, зану мард, кӯдаку мӯйсафед ҳар ҳафта қисматҳои ҷадиди он филмро бесаброна интизорӣ мекашиданд. Аксҳои ҳунарманди иронӣ Мустафо Замонӣ, ки нақши Ҳазрати Юсуфро бозида буд, ҳама ҷоро пур кард. Мардумро қариб суратпараст кард, ишқи он филм ва ҳунари волои санъатварони иронӣ, хосса офарандаи нақши асосӣ. Саҳнаҳои ҷолиби он филм мардумро ба риққат меовард, ҳатто як ҷӯраам гуфт, ки дар рӯзи ҷанозаи бибиам он қадар нагириста будам, ки ҳангоми дидани манзараи мулоқоти Ҳазрати Юсуф бо бародараш Бани Ёмин гириста будам. Ана инро синамои асил мегӯянд. Вале дар куҷо дидаед, ки мардум акси Нозимӣ, Шоҳназар ё Меҳрубон қаҳрамонони филми "Дар орзуи падар"- ро суроғ карда бошанд. Ҳатто ба бепадар будани Меҳрубон раҳми кам касон меомад, зеро самимият камтар эҳсос мешуд. Аз ин ҷост, ки дар бораи муваффақ будани филмҳои истеҳсоли кишварамон мо ин ҷо бо ҳарорат сухан гуфтан наметавонем. Ва мусаллам аст, то рӯзе, ки филми хубу дидание филмноманависону филмсозону ҳунармандони мо рӯи саҳна наоваранд, дар ин бора хоҳанд гуфту аз тариқи матбуот хоҳанд навишт, аз ин рӯ набояд хотири касе озурда шавад. Филмҳои туркӣ андеша ва тафаккури мо ҷавононро заҳролуд нахоҳад кард, зеро онҳо ҷанбаи тарбиявӣ доранд ва ҷавонони огоҳи тоҷик зери таассуроти мафкураи туркгароӣ қарор нахоҳанд гирифт. Баъзан филмсозони мо ҳам бо тақлиди нозебо ба синамогарони туркиву иронӣ кӯшиши филмҳое офаридан мекунанд, вале беҳтар аст, ки ин корро накунанд, то ба ҳамон ҳикояти зоғу кабк монанд нашавад. Зоғе ҳаваси роҳ рафтану хиромидан чун кабкро мекунад, вале ба он муваффақ намешавад ва роҳравии хешро ҳам гум мекунад. Албатта вақте филмҳои ҷолибу дидание надорем, мардум рӯ меорад ба тамошои филмҳои туркиву иронӣ. Ҳатто ба андешаи ман ҳамин киносозони Афғонистон дар ин соҳа аз мо пештар рафтаанд. Як чизи дигарро ба масъулини Кумитаи радио ва телевизион, ба сарварони шабакаҳои телевизион расонидан мехостам, ки ҷанобони мӯҳтарам Асадулло Раҳмонов, Муҳаммад Ғойиб ва Лутфуллоҳи Давлат Шумо аз аҳли зиё ҳастед ва аз таърихи миллат хуб огаҳед, илтимос аз пахши филмҳои камрангу забонзадае чун "Ҷӯра-шикорчӣ", "Хати парвоз", "Чор кас аз Чоркӯҳ" ва амсоли инҳо даст бикашед. Аз он ки моҳе як бору ду бор ин филмҳоро ба намоиш мегузоред, мо хаста шудаем, безор шудаем. Бовар кунед, шояд дигар касе ҳаваси тамошои ин филмҳоро надорад. Илтимоси бародаронаи ман чун як тамошогар ва ихлосманди телевизиони кишвар ҳамин аст, ки "Хати парвоз"- ро дигар кунед, аз баҳри ин "Ҷӯра.." бигзаред. Медонам, ки филмҳои хуб надорем ва аз маҷбуриву ночорӣ ин корро мекунед, вале ин филмҳо, ки ном бурдам аз аҳамияти хеле кам бархӯрдоранд, чизи омӯхтание надоранд. Илтимос моро ҳам бифаҳмед, хаста шудаем. Ба ҷойи ин филмҳои кӯҳнаву аҳамияти замонии хешро гум карда, барномаҳои наву ҷолиб таҳия ва пешкаш намоед.

Чун мавриди зикр аст бояд бигӯям, ки аз ҳудаву беҳуда ба намоиш гузоштани силсилафилмҳои равоншод Борис Кимёгаров "Рустам ва Сӯҳроб", "Достони Сиёвуш", "Коваи оҳангар", инчунин аз зиёд пешниҳод кардани филмҳои "Қисмати шоир" ва "Абуалӣ ибни Сино" худдорӣ намудан беҳтар аст. Зеро ҳарчӣ зиёд пешкаш шуд, беқадр мешавад, дар назарҳо нохуб ҷилва мекунад. Қасам ба номи Худо ин ҳамаро чун як тоҷик ва мухлиси телевизион аз сари дилсӯзӣ мегӯям, боқӣ ихтиёр Шуморост.

Боре дар як маҳфиле дар хонаи як дӯст 19-20 нафар нишаста будем, ки аз тариқи телевизиони Тоҷикистон филми "Достони Сиёвуш" пешниҳод гардид. Касе аз нишастагон ҳаваси диданашро накард ва қарор додем, ки аз тариқи ДВД филми иронии "Асҳоби Каҳф"- ро бубинем. Хонандаи азизи рӯзномаи дӯстдоштаам "Миллат" аминам, ки бандаро ба асолатбохтагӣ ва безорӣ аз арзишҳои миллӣ гунаҳкор нахоҳӣ кард. На, ҳаргиз ин тавр нест, мо ба "Шоҳнома" ва муаллифи ин шоҳасари безавол Ҳакими Тӯсӣ эҳтиром дорем, гоҳ- гоҳ дар вақтҳои бекорӣ онро мутолиа мекунем, зеро "Шоҳнома" шиносномаи миллати ориёист, он таърихи гузаштагони мост, вале тамошои як филм 20 сол боз гаштаву баргашта бигузор он филм аз "Шоҳнома" таҳия шуда бошад ҳам ва бигузор коргардонаш марди бузурге чун Кимёгаров буда бошад ҳам, оқибат дилбазан мешавад. Ин буд чанд андешаву пешниҳоди банда, ки пас аз мутолиаи матлаби Ҷаҳонгири Рустам "Дар орзуи филмноманавис" дар зеҳнам омад ва иншо намудам. Албатта медонам, шояд ҳамсолонам андешаҳои дигар дошта бошанд ва ман омодаам афкори онҳоро низ бишнавам. Дигар қазоват аз туст, хонандаи азизи нашрияи "Миллат".

Фирдавси РУСТАМ, донишҷӯи факултаи журналистикаи ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97