Дар интизори «ёди ёри меҳрубон»

kitobkhona_1ё "афсонаҳо"-и пири хирадманд

Ҳамеша устодон аз мо барои нарафтан ба китобхонаҳо гила мекунанд. Воқеъан гилаи ишон бар ҷост, зеро мо аксаран кам ба китобхонаҳо рӯ меорем. Шояд яке аз сабабҳо он аст, ки дар донишгоҳ бо интернет дастрасӣ дорему аксари матолиби заруриро ба ин тариқ дастрас мекунем ва хеле аз китобҳоро тариқи ёру ошно ҳам пайдо мекунем. 

Аммо дарёфти китобҳои публитсистӣ ва бадеъӣ осон нест, аз ин рӯ як рӯзи истироҳат рӯ сӯи Китобхонаи миллӣ овардем. Хостам бо пешниҳод кардани шиноснома аз сабабе, ки аз моҳи сентябри имсол узви ин китобхона нашуда будам дар ҳудуди 2 соати вақти доштаам китоберо мутолиа кунам.

Бидуни узв шудан, чун иҷозат нашуд ва хондани ин китоб ҳатмӣ, ки буд, ночор узви китобхона шудам. Ҳафтаи дигар аниқтараш 20- ноябр соати 12:30 барои мутолиаи китоби "Публитсистикаи Турсунзода"-и профессор Асадулло Саъдуллоев боз ба китобхонаи Фирдавсӣ рӯ овардам, толорҳои пур аз хонанда бойиси хурсандиам шуд. Вале бархе муштариён аз он ки китобҳои лозимиашонро пайдо накардаанд, рӯҳафтода шуда баромада мерафтанд. Ман ном ва рақами китобро аз феҳраст дарёфт намуда, назди китобдор рафтам. Бояд мунтазир мешудам то китобро бароям дастрас кунанд. Баъди интизории тӯлонӣ, зеро вақти доштаам барои китобхонӣ ҳамин қадар буд, дубора назди китобдор рафтам. Ӯ гуфт, ки чунин китоб як дона будаву он лаҳза онро пайдо кардан натавонистаанд. Дар ин вақт як ҳамсабақамро дидам, ки машғули китобхонӣ буд, наздаш рафта он китобро пурсон шудам, гуфт, ки рӯзи гузашта дар инҷо ҳамин китобро хонда буда, аммо имрӯз ба ӯ низ "ин китоб нест" гуфтаанд. Рақами китоби "Ёди ёри меҳрубон"-и Мирсаид Миршакарро навишта, боз мунтазир нишастам. Ҳамон аҳвол такрор ёфт, дақиқаҳо гузашт, ҳатто соате аз байн гузашт, лекин аз китобу китобдор дараке набуд.   Ин даъфа холаи китобдор гуфт, ки "Китобҳо дар лифт дармондаанд, мунтазир шавед"

-Хола охир як соат гузашт боз чӣ қадар интизор шавам?

-"Намедонам ин аз мо вобаста нест". Соати 14:30 аз китобхона бо дили ғамин баромадам. Боз куҷо, ба кадом китобхона равам? Охир вақте дар китобхонаи бузурги Тоҷикистон як китобро наёбам, чи гила аз китобхонаҳои хурд. Дар бораи хизматрасонии кормандони китобхона чанде аз хонандагон ва донишҷӯёнро пурсон шудам, ки шояд дигар рӯзҳо хуб бошад, мутаассифона аксарашон бар он назар буданд, ки мо метавонем китобҳои лозимиро дастрас намоем, аммо баъд аз интизории тӯлонӣ. Шаҳлои Ҷамшедзода, як донишҷӯи донишгоҳ мегӯяд, ки китобхона ҳам хуб аст ва ҳам бад. Хубиаш дар он аст ки аз ин китобхона имкони дастрас намудани китобҳои даркорӣ ҳаст, аммо то бегоҳ бояд интизор шуд. Масалан, ман соли гузашта бори охир ба ин китобхона рафта будам аз шароити хизматрасониашон қаноатманд нестам аз ин лиҳоз дигар ба онҷо рафтан намехоҳам. Кӯшиш мекунам адабиёти фармудаи омӯзгоронро аз худи эшон ва ё аз китобхонаи фалсафаи Донишгоҳи миллӣ дастрас намоям. Хуб мебуд агар китобҳоро бо шиноснома барои ба хона бурдан медоданд.

Солҳои пеш чунин буд, ки бо шиноснома китобҳоро барои хондан дар хона медоданд, аммо баъзеҳо онҳоро барнамегардонданд, аз ин лиҳоз ба хона додани китобҳоро манъ кардаанд. Шояд дар китобхона хондани китоб лаззати дигар дорад, лекин агар барои як китобро дастрас кардан як соат мунтазир бошӣ, чӣ лаззат мебахшад дар китобхона мутолиа кардани китоб. Мақсади мо ҳам равшанӣ андохтан сари чанд мушкили китобхона аст, ки бояд масъулини он аз пайи ислоҳ кардан бишаванд.

Ойпарӣ Носирова, яке аз дӯстдорони китоб, мегӯяд, ки китобро бисёр дӯст медорам, махсусан дар зали хониши китобхона хондани китоб бароям писанд аст. Аммо фаъолияти зали хониш маро қаноатманд намекунад, хеле бад аст вақте барои хондани китоб он ҷо меравед, вақти зиёди хешро дар интизорӣ мегузаронед. Чанд маротиба, ки ба ин китобхона рафтам, ин ҳолатро зиёд мушоҳида намудам ва дигар намехоҳам ба онҷо рафтан. Ин интизориҳои тӯлонӣ меҳри маро ба хондани китоб дар зали китобхона кам кард. Як нукта лозим ба ёдоварист, ки чанде қабл барои дарёфти чанд китобе рӯзе ба китобхонаи ба номи "Лоҳутӣ" рафта будам. Китобҳои лозим будаамро дастрас намуда аз он ҷо берун шудам., ки дар роҳ пире нуронӣ аз ман пурсид, ки духтарам барои хондани китоб омадӣ? Ҷавоб гуфтамаш, ки бале. Ва аз китобхонии ҷавонони даврони шӯравӣ пурсидамаш гуфт, ки он вақтҳо бархе аз китобхонаҳо, хосса ҳамин китобхонаи ба номи Ҳаким Фирдавсӣ шабу рӯз фаъолият мекард ва толорҳои он ҳамеша пур аз одам буд, мардум ба китобхонӣ шавқи беандоза дошт ва қисми зиёди вақти донишҷӯён, аҳли илм ва унвонҷӯён дар китобхонаҳо ва ба китобхонӣ мегузашт, аммо имрӯз толорҳои китобхонаҳо қариб беодаманд, донишҷӯён кам ба китобхонаҳо мераванд, шавқу завқи китобхонӣ дар онҳо мурдааст.

Барои дониш¬ҷӯй бояд китобхона, хонаи дуюмаш бошад. Мардум ҳатто дар дохили автобусу троллейбус китобу рӯзнома мехонд. Яъне ҳеч фурсати худро зоеъ намекарданд, вақтро беҳуда намегузарониданд. Ин ҳамаро аз он пири хирадманду китобдӯст мешунидаму гумон мекардам, ки ӯ бароям афсона мегӯяд. Воқеъан, чаро мо ҷавонон камтар китоб мехонем? Чаро ба қавли он марди хирадманд завқу шавқу шӯру ҳаваси донишандӯзӣ ва мутолиаи китоб дар мо ботамом мурдааст? Ҳамакнун бояд гуфт, ки имрӯз дастрасии ҷавонон ва бархе аз мардум ба навгониҳои техникӣ, бахусус интернет корашонро саҳлу сода сохтааст ва онҳо метавонанд китобҳои даркориашонро аз интернет пайдо кунанд, лекин дар ҳамин маврид ҳам мушкиле низ пешорӯи ҷавонон ҳаст, ки он ҳам бошад кам будани сомонаҳои интернетӣ бо забони тоҷикӣ мебошад, ҳамчунин бештари иттилооте, ки дастрас менамоем, бо забони русианд, болои ин боз ҳамин кам балад буданамон ба забони русӣ мебошад, ки ин мушкили мо донишҷӯёнро дучанд афзун менамояд. Дар ҳамин маврид ҳам китобдори китобхонаи "Лоҳутӣ" мегӯяд, ки аъзои китобхонаи мо каманд ва теъдоди бештари китобҳо низ бо забони русианд аз ҳамин лиҳоз донишҷӯён кам ба ин ҷо меоянд. Шояд ҷавонон низ ҳавсалаашон барои китобхонӣ кам гардидааст, бо сабаби пайдо шудани интернет ва дигар технологияи муъосир, аммо даст кашидан аз китобхониву ба китобхона нарафтан хеле таассуфовар аст. Мо ҳам бояд мисли ҷомеаи мутамаддин ҳамеша ба пеш гом занем ва гомамон устувор бошад, аз пайи забономӯзӣ бошем, алъон имкониятҳои хеле фаровон барои мо дастрас мебошанд. Ба ин дар ҳоли ҳозир мо кам аҳамият медиҳем, вале пас аз гузашти чанд соле мо пушаймон хоҳем шуд, ки он вақт пушаймонӣ суде надорад.

Фархундаи ФУРҚАТДУХТ, донишҷӯи ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97