«Дар орзуи филмноманавис»

dar-orzui-padar1ё алвидоъ синамои тоҷик, моро ҳаваси синамои туркон аст

Шом фаро расида буд. Ман ҳамроҳ бо як ошноям аз назди бозорчаи маҳаллаи 1-уми майи шаҳри Кӯлоб гузор доштем. Чашмам ба ду писарбачае афтод, ки бесаброна чизеро интизор буданд. Сипас сабаби интизориашонро пурсон шудем.

Дар ҷавоб гуфтанд, ки мо ин ҷо фурӯшандаро интизорем, то қисмати 39-уми филми туркии "Ҳомиён"-ро дастрас намоем. Пурсидем, ки фурӯшанда кай расида меояд, гуфтанд, ки соати 21. Мо ҳам баробар бо ин ошноҳои мухлиси филми туркӣ интизори омадани фурӯшанда шудем. Ва он наворро дарёфт карда дар хона бо завқ тамошо кардем.

Имрӯзҳо мардуми зиёд ба мисли ин ду ошно наворҳои видеоии силсилафилмҳои туркии амсоли "Ҳомиён", "Меҳвари ҳақиқат", "Рӯ ба сӯи маърифат"- ро харидорӣ намуда, ба фурӯш баромадани қисматҳои нави онҳоро ҳатто то дили шаб назди дӯконҳои фиттафурӯшӣ интизорӣ мекашанд. Ҳатто дар шабакаи 1-уми телевизиони Тоҷикистон филми "Рӯ ба сӯи маърифат" ба маърази тамошои мардум гузошта шудааст. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки филмҳои истеҳсоли синамогарони турк фазои Тоҷикистонро забт кардаанд. Ончунон меҳру муҳаббати мардум нисбати ин филмҳо зиёд шудааст, ки метарсам тифлони зиёди тоҷик Наҷиб- саркору Йигит, Нурбонуву Менду   ва Барқу Эмрэ номгузорӣ хоҳанд шуд. Ба андешаи ман имрӯз аз Хатлон то Бадахшон ва аз Рашт то Зарафшон хонае нест, ки дар он филмҳои туркиро тамошо накунанд.

Бояд зикр намуд, ки на танҳо филмҳои истеҳсоли Туркия, балки филмҳои узбакию афғонӣ кайҳост "меҳмон"-и нохондаи хонаву дари тоҷик гаштаанд. Мо ин ҷо сари мавзӯъи синамои нави туркӣ ҳарф хоҳем гуфт. Замонҳои пеш ва дар даврони шӯравӣ ҳам кишвари моро равияи пантуркизм фаро карда буд, ки то ҳол асараш боқист. Ба гунаи мисол метавонем калимаҳои зиёди туркии дар забони тоҷикӣ роҳ ёфтаро мисол биоварем. Алҳол бошад, барои таъсир расонидан ба шуур ва тафаккури тоҷикон ҷанги идеологиро бо наҳве дигар, истифода аз синамо ва тарғиби филмҳои ахлоқӣ пеш гирифтаанд. Ва ба воситаи паҳн кардани ин филмҳо расму ойин ва урфу одатҳои хешро тарғиб менамоянд. Аламовараш ҳамин аст, ки ҳамаи ин филмҳо дар дубляжхонаҳои Тоҷикистон нарезондаву начаконда тарҷума ва пешниҳоди миллионҳо мардуми Тоҷикистон мешаванд, ки ин ба тафаккури насли ҷавони миллат беасар нест.

Ростӣ, ман чун як тоҷик худро хеле нороҳат ҳис мекунам, вақте мардуми мо перомуни ҳаёт ва кору бори туркҳо сари ҳар қадам сухан мегӯянд. Ва оё боре аз худ пурсидаем, ки чаро чунин аст? Ин албатта ба ҳама аёну равшан аст. Синамои бечораи тоҷик дар як сол қариб 3-4 филм ба навор мегирад, ки онҳо ҳам дар як сифати паст таҳия мешаванд ва ҷавобгӯйи хостаҳои мардум ва инъикосгари суннатҳои ҳамидаву волои миллати мо нестанд. Ҳунармандон аз он шиква мекунанд, ки ягон шахси ватандӯсту фарҳангшинос нест, ки ба синамои тоҷик сарпарастӣ намояд.

Агар заминеро, ки ҳар сол онро истифода набарем, кишт накунем ва дона накорем, он пур аз алафҳои бегонаю зараррасон мешавад. Агар он заминро хуб нигоҳубин кунем, ҳар сол кишт карда дона бипошем ва обаш бидиҳему нигаҳбонаш бошем, ҳеҷ як алафи бегона намерӯяд. Синамо ҳам ба мисли ҳамин замин аст. Замоне, ки худ ин заминро алафҳои талху нодаркоре мешинонем, чун филми "Беҳуда хорам мекунӣ" (аз номаш маълум аст, ки чи филмест!) ва силсилафилме мисли "Дар орзуи падар", ки хислатҳои неки тоҷикиро як сӯ гузошта, қаҳрамонаш як янгаи бадрӯ хоҳари шавҳарашро аз ҷанозаи бародар меронад. (Дар бораи ҳусну қубҳи ин филм матлаби алоҳидае дорем) дигар чӣ ҷойи сухан гуфтан аст. Пас, бояд ба гуноҳи худ иқрор шавем, ки наметавонем, на филмноманависӣ метавонему на ба филми хуберо рӯйи саҳна овардан қудрат дорем. Агар сахт гӯянд филмноманависони мӯҳтарами мо ва ҳам киносозону ҳунармандонамон меранҷанд. Ана ҳамин оҷизиву нотавонии мо сабаб шуда, ки дар замини зархезу биҳиштосои мо алафҳои бегона сар боло кардаанд.

Ҳар кас, ки надонад ҷойи хар бастани хеш,

Ҳам гардани хар бандаду ҳам гардани хеш.

Бояд тазаккур дод, ки санъати волову дилнишин зуд бар қалби мардум ҷой мегирад, аз тамошояш мардум зери таассурот қарор мегиранд. Мардум аз синамо адаб меомӯзанд, худро ба қаҳрамонҳои он монанд мекунанд ва ғайра, яъне аз филми хубро дидан манфиати бисёр аст.

Перомуни ин мавзӯъ бо якчанд ҳамсолонамон, ки ҳамеша қисмҳои ин киноҳоро бесаброна интизорӣ мекашанду тамошо мекунанд, сӯҳбат кардем.

Шаҳбози Рустам, як донишҷӯ бар ин назар аст, ки барои ӯ дӯстдоштатарин филмҳо филмҳои туркӣ мебошанд. Ӯ мегӯяд: "Ман ҳамеша киноҳои туркиро тамошо мекунам. Филмҳои хубанд, қаҳрамонони филмҳои туркӣ суханони пуртаъсир ва ибратбахш мегӯянд. Он филмҳо мояи ибратанд. Мо метавонем аз ин филмҳо адаб омӯзем, ахлоқ ёд гирем ва монанди қаҳрамонҳои он ватандӯст шавем. Дар кинои тоҷик бошад, албатта ҳамаашро дар назар надорам, гапҳои пучу ҷумлаҳои тумтароқ истифода мешавад, ки аз тамошои филмҳои тоҷикӣ пушаймон мешавӣ. Масалан, дар филми "Беҳуда хорам мекунӣ" найфурӯшии Беҳрӯзро мебинию дилат аз чунин "ҳунарманд"-у чунин "кино" батамом сард мешавад.

Қурбонбӣ Мирзоева, як дигар донишҷӯ мақсад гузоштааст, ки то охирин қисми ин филмҳои туркиро тамошо накунад, худро роҳат ҳис намекунад. Вай мегӯяд: "Ман як тан тамошобини филмҳои туркӣ мебошам. Ақидаи ман ҳамчун як тамошобин ҳамин аст, ки имрӯз синамои турк бисёр шӯҳратманд аст. Бояд гуфт, ки синамо низ ба ҷавонон ва ҷомеъа таъсири ҷиддӣ мерасонад. Филмҳои туркӣ аз нигоҳи ман бисёр тарбиявӣ ва ба ҳаёти имрӯзаи мардуми мо наздик ҳастанд. Филмҳои туркӣ аз ҳаёти имрӯза ва он корҳои баде, ки аз тарафи баъзе ашхос содир мешавад, рӯи саҳна меоянд. Нисбати синамои тоҷик бошад, чунин гуфтаниам, филмҳое, ки пештар ба навор гирифта мешуд, қобили қабули тамошобинон буд. Имрӯз бошад, филмҳои тоҷикӣ ба ман маъқул нестанд ва онҳо дар сатҳи баланд ва ҷавобгӯи талаботи мардум офарида нашудаанд. Дар филмҳои муосир бештар тақлидкорӣ ба назар мерасад. Мо то кай тақлид мекунем ва оё худ наметавонем мустақилона кор кунем? Бояд гуфт, ки филмҳое, ки дар замони шӯравӣ ба монанди "Қисмати шоир", "Марги судхӯр" ва дигарҳо офарида шуд, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардошта буданд. Имрӯз чӣ? Ҳунармандонамон ба Русияву дигар кишварҳо ба мардикорӣ рафтанд. Орзуи ман ҳамин аст, ки синамои тоҷик рушду такомул ёбад."

Дар ҳамин ҳол як тан сокини шаҳри Кӯлоб, ки худро Эраҷ Давлатов муаррифӣ намуд, бар ин назар аст, ки ин филмҳо ба мардум, аз ҷумла ба насли наврас таъсири манфии худро мегузорад. Вай мегӯяд: "Масалан, силсилафилми туркии "Ҳомиён", ки зиёда аз 90 дар сади мардуми мо мухлиси ин филм мебошанд, харидорӣ намуда тамошо мекунанд. Аз барои ин филм шуда, ҳатто хондани намоз ҳам аз ёдашон мебарояд. Аз ҳама нанговараш он аст, ки иддае аз ҳамватанони тоҷики мо худро ба қаҳрамони асосии ин филм- Йигит якҷо намуда акс мегиранд. Рӯзе аз назди як гурӯҳи духтароне, ки дар назди донишгоҳ сӯҳбат мекарданд, гузаштам, ки ногаҳ овози духтаре ба гӯшам расид, ки айнан чунин мегуфт: "Йигитҷонро дӯст медорам. Кош бо ман бошад. Кош имкон мешуд то ба назди ӯ мерафтам". Бо ин суханон гуфтанӣ нестам, ки ман ин филмҳоро тамошо намекунам. Албатта тамошо мекунам, вале суханҳои муассиру мақбулро ба худ мегирам, ки онҳо характери тарбиявӣ дошта, хазинаи луғавии инсонро бой месозанд. Ба воситаи рӯзномаи дӯстдоштаам "Миллат" ба духтароне, ки шефтаи ҳусну ҷамоли Йигит гаштаанд, мегӯям, ки Йигит ҳеҷ гоҳ ба аёдати шумо намеояд ва шуморо низ қабул намекунад. Ин рафтори шумо ба шаъну шарафи бонуи тоҷик зебанда нест".

Рустами Набот, як рӯзноманигор бар ин назар аст, ки шояд бо гузашти чанд соле ин филмҳо таъсири худро ба мафкураи ҷомеа расонанд. Ӯ мегӯяд: "Замоне, ки филмҳои туркиро тамошо мекунӣ, дар онҳо сухан аз худову расул зиёд аст. Инчунин туркҳо дар филмҳояшон аз оятҳои Қуръон истифода мебаранд, ки тамошобин метавонад дарси ахлоқ биомӯзад. Чаро ин дар филмҳои тоҷикӣ нест? Чаро мо наметавонему дасти кӯтоҳ дорем? Аз он рӯзе, ки ин филмҳо фазои Тоҷикистонро пур кардааст, ҳамаҷо мардум сари ин мавзӯъ сухан мегӯянд ва чунин андеша доранд, ки аз киносозони тоҷик ҳамон туркҳо дида хубтаранд, ки чунин филмҳои баландмазмун ва ахлоқӣ меофаранд. Дар филмҳои тоҷикӣ фақат шикасту рехти зиндагӣ, бева мондани бонуи точик, таҳқиру таҷовуз дида мешаваду халос. Дар филмҳои туркӣ бошад, дар вақти тамошояш меҳру муҳаббат ва умед ба зиндагии нав дида мешавад, бо вуҷуди он ки баъзе гурӯҳҳои ифротгаро ҳастанд, ки ҳадафашон ноамн кардани ҷомеа мебошад. Масалан, дар вақти тамошои қисмати 24-уми силсилафилми "Ҳомиён" Йигит бо ҳамон гурӯҳи хурди худ гурӯҳҳои калонро шикаст медиҳад, ки дар ҳайрат мемонӣ. Ин аст ватандӯстӣ, ин аст хидмат дар милиса ва ифтихор аз ватан. Ман пешниҳод дорам, ки он маблағҳое, ки барои баъзе чорабиниҳои нодаркор ва камманфиат истифода мешаванд, барои рушди синамои тоҷик сарф шаванд, то киносозони мо ҳам филмҳое офаранд, ки ифтихори номи тоҷик ва Тоҷикистон бошанд, эҳсоси ватандӯстии мардумро баланд бардоранд, ҳисси худшиносии моро боло бубаранд. Зеро синамо аз ҳама санъати таъсирбахштарин барои афкор ва андешаи мардум аст"

Мо ҳам бар ҳамин андеша ҳастем, ки ба ҷойи вақти беҳударо дар офаридани филмҳои каммазмун ва беаҳамият сарф кардан филмсозону филмноманависони мо бояд асарҳои баландмазмуну ғояҳои волои инсонӣ доштаро ҷуста, пайдо карда, филмҳои диданӣ ва ҷиддӣ ва азизи ҳар хонадони тоҷикро эҷод намоянд. Бошад, ки рӯзе наворҳои филмҳои истеҳсоли киносозони ватаниро ҳам мисли филмҳои туркӣ мардуми мо дар дӯкону мағозаҳо шабу рӯз биҷӯянд, ҷавонони тоҷик барои дарёфти навори филми тоҷикие то нимашаб дар дари дӯконҳои фиттафурӯшӣ навбат бипоянду аз тамошояшон лаззат бубаранд.

Ба ҳамон рӯз мерасида бошем?!

Ҷаҳонгири РУСТАМ, донишҷӯи соли 5-уми ДДК

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97