Хафасозии ғайрати ҷавонон бар суди кист?

javononimillat141Ва оё ҷавонон нерӯи пешбарандаи миллатанд?

Aгар ба рӯзгори ҷавонони иддае аз мамолики дунё назар кунем, мебинем, ки воқеъан онҳо қувваи бузург ва пешоҳанги ҷомеъаи худанд. Мо шиори "Ҷавонон нерӯи бузургу пешбарандаи миллатанд" дорем, вале шояд тибқи ин шиор ҷавонони Ғарб зиндагӣ мекунанд.

Ва ҳамин шиор ҳам тақлидӣ аст. Акнун биёем сари мақсад. Чаро ҷавонони тоҷик дар назди сафорати Узбакистон дар Бишкек эътироз баён намуданд? Магар он ҷавононе, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ доранд, чунин корро наметавонанд анҷом бидиҳанд? Ё мо ҷавонони тоҷик дар ватани хеш ҳаққи эътироз надорем? Кӣ садди роҳи мо мешавад? Тезу тунд шудани муносибатҳои байни Тоҷикистон ва Узбакистон (ба айби дуввумӣ) аз як тараф сардӣ ва бадбиниро миёни ду халқи бародар эҷод кунад, аз сӯи дигар он ба иқтисод ва пешрафти Тоҷикистон зарари манфӣ расонидааст. Ҳамин аст, ки тоҷикон дар манотиқи мухталифи дунё ба майдон баромада, эътироз мекунанд.

Бархе дар Қирғизистон, иддае дар Британия, чанд тане дар Олмону ҳам дар Амрико садои эътироз баланд кардаанд. Вале тоҷик дар ватани аслии худ - Тоҷикистон ҳанӯз ҳам дар хоби ғафлат аст ва ё ҳаққи хешро барои дифоъи манофеъи миллӣ овоз баланд кардан, бар алайҳи бедодиҳои кишвари ҳамсоя ба майдон баромада эътироз кардан, гӯё фаромӯш кардааст. Аз ҷумла нақш ва ҷойгоҳи ҷавонони мо дар ин росто хеле камранг ба назар мерасад, мисле ки ҷавонони беҷуръату тафаккурашон шахшудае дорем.

Чаро имрӯз мо ҷавонони тоҷик рӯҳияи эътирозгарӣ, озодипарастӣ ва ба қавле инқилобӣ надорем? Ҳадди ақал дар ҳимояи миллат ва манфиатҳои миллиамон бояд боҷасорат ва ғаюр бошем. Сукут аломати ризо аст. Хомӯшии мо бар суди мардум ва хостаҳои он нест. Ба ҳама мушкилҳо сабр дорем. Ҳатто агар ҳуқуқҳои мо поймол ҳам бишавад, сар боло намекунем. Он ҳаққеро, ки Қонуни асосии кишвар бароямон додааст, аз он истифода кардан наметавонем. Ё ҷуръат надорем, ё сахт метарсем, ё касе имконамон намедиҳад? Дар муқобили беадолатӣ ва қонуншикании ҳатто як мансабдори маҳал ва раҳбари мутаккабири идорае хомӯшем?! Барои ҳаққи хеш мубориза карданро бояд омӯхт. Он маънии зиндагии мост. Касе аз дигар ҷо омада ҳаққу ҳу¬қуқҳои моро дифоъ нахоҳад кард ва хостаҳои моро дар бағаламон нахоҳад гузошт. Қонун ҳаст, давлат барои мо ҳақ қойил шуда ва барои ба даст овардани ҳаққи ҳалол талош бояд, кӯшишу ҷаҳд бояд. Ҳама рӯз мебинему мешунавем ва мехонем, ки ҷавонони зиёд аз мамолики Ғарбу Шарқ баҳри дифоъ аз ҳаққи хеш эътироз мекунанд ва пиёда кардани хостаҳояшонро аз масъулин талаб менамоянд. Дар оғози соли 2009 як гурӯҳ ҷавонони тоҷик дар назди сафорати Русия дар Британияи Кабир ҳамойише созмон дода, аз кушта шудани шаҳрвандони тоҷик аз ҷониби саркалҳо ва миллатгароёни русӣ садои эътирози хешро баланд намуданд. Агар чунин як ҷунбише дар Тоҷикистон аз номи кулли ҷавонони кишвар таъсис меёфт ё роҳпаймоии густурдае барои дифоъ аз ҳаққи муҳоҷирони кориамон роҳандозӣ мешуд, на танҳо ба боло рафтани нақши ҷавонон дар ҷомеъа мусоидат мекард, балки эътибори Тоҷикистон ҳам фикр мекунам дар минтақа боло мерафт. Ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар рӯҳбаланд мешуданд, ки дар Ватан мардум аз онҳо пуштибон аст.

Дар ибтидои соли равон дар Душанбе гурӯҳе аз донишҷӯёни факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ бо мақсади кӯмак ба НБО-и "Роғун" таҳти шиори ''Мо худамон Роғунро месозем'' ба майдон баромада буд. Чунин рӯҳияи миллатхоҳиро дар қалби ҷавонон ҷой карданд ва маблағи муайяне аз номи донишҷӯёни донишгоҳ барои бунёди Роғун ҷамъ оварда шуд. Вале барои идомаи роҳ монеъ шуданд.

Агар имрӯз мо кореро барои миллат карданием, агар саҳме дар фардои дурахшони кишвари хеш мехоҳем бигузорем, набояд дар мадди назар манофеъи шахсӣ ва ё гурӯҳеро дошта бошем. Ҷавононро бояд ба фикр кардан сари масоили миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумиллӣ омода кард. Ман бо баланд кардани садои хеш ва бо истифода аз қалам ният надорам миллату давлати хешро сиёҳ кунам ва ҳеҷ гоҳ намехоҳам ин навоқисе, ки дар умури тарбияти ҷавонони кишвар ҳаст ва гирифтори сад мушкил будани онҳоро бар дӯши масъуле бор кунаму масъулиятро аз шонаҳои насли худ пойин афканам. Не, мо ҷавонон бояд аз худ гузаштагӣ нишон диҳем, дар ободии давлат саҳм дошта бошем. Ва давлатмардон ҳам бояд ба қадри нируи бузургу созандаи мо бирасанд. Шароитҳои хубу муфарраҳ барои донишомӯзӣ, кору эҷод ва зиндагии мо муҳайё бисозанд.

Рӯҳияи ватанхоҳиву миллатдӯстӣ, хидмат кардан ба Ватанро дар зеҳни мо, дар андешаи мо бояд бо иқдомоти амалӣ бедор кард, на бо суханҳои пурэҳсосу оташин. Ҳуқуқ ва озодиҳое, ки Қонуни асосӣ барои мо кафолат додааст, бояд дар амал пиёда шаванд, на ин ки рӯйи сафҳаи он бимонанд. Озодӣ ва демократия ба ҳам тавъаманд, агар яке набошад, дигаре ҳам аз байн меравад. Ва албатта зери мафҳуми озодӣ мо қонунмандӣ, давлатдорӣ ва соҳибҳуқуқ будани мардум, ба хусус ҷавононро дар назар дорем. Давлат ва масъулини ниҳодҳои марбута муваззафанд, ки ҳаққамонро бароямон бидиҳанд.

Бубинед, ҷомеъаи коммунистӣ наслеро тарбият кард, ки намояндагони он ҷомеъа имрӯз дар кишвари демократӣ зиндагӣ доранд, вале то ҳол орзуи баргаштан ба сохти Шӯравиро   мекунанд. Мо бояд ҷомеъае бисозем ва мардумро чунон тарбият намоем, ки барои зистан дар он ҷомеъа ҳамеша завқманд бошанд. На рӯҳафтодаву дилшикаста аз ҷомеъа бошанд, балки ифтихор аз зиндагӣ, аз Инсон буданро дошта бошанд.

Вагарна ҳар нируе метавонад ғайрату шӯри ҷавонии ҷавонони моро бар нафъи худ суистифода кунад.

Ман ҷавонам ва мисли ҷавонмард мехоҳам зиндагӣ дошта бошам, озоду сафарозу сарбаланд ва соҳиби ҳаққу ҳуқуқҳои хеш бошам. Бале, ман озодам, вале мисле ки маҳкумшуда бошам, зеро дар қиболи ноадолатиҳои як нафар мансабдори худӣ, бар алайҳи фишорҳои давлати ҳамсоя, бар алайҳи куштори ҷавонони ҳамхуну ҳамватани хеш наметавонам озоду бебок назди сафорати дар Ватани ман будаи он мамолик бо овози баланд бигӯям:

Бас кунед, бадхоҳӣ ба Тоҷик ва куштори Тоҷиконро!

Ин гуна озодӣ моро тарсу кардааст. Ман мисли барги сабзеам, ки тирмаҳ норасида зард шудаам.

Ҳамзаи ДАВЛАТ, донишҷӯи ДМТ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97