Пушт ба Шарқу рӯ ба Амрико моро куҷо мебарад?

student_tj

Дар ҳоле ки теъдоди азими донишҷӯён аз кишварҳои шарқӣ ба вижа мусулмонӣ аз сӯйи давлат бозхонда мешавад, теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар Амрико рӯ ба афзоиш аст.

Тибқи гузориши солонаи роҳнамоии шогирдон аз кишварҳои хориҷа "Open Doors 2010" (Дарҳои Боз 2010), ки онро Пажӯҳишгоҳи таҳсилоти байналмилалӣ (IIE) бо дастгирии Бюрои масоили таҳсилот ва фарҳанги Департаменти давлатии ИМА ба табъ расонидааст, дар давоми соли таҳсилотии 2009-10 теъдоди 288 нафар донишҷӯ ба муассисаҳои таҳсилоти олии ИМА қабул шудаанд.

Афзоиши теъдоди донишҷӯён дар Амрико

Шумораи донишҷӯёни қабулшуда дар барномаҳои таълимии ИМА, ки пас аз хатми он дипломи дараҷаи магистрӣ ё докторӣ мегиранд, нисбат ба солҳои қаблӣ 17% афзудааст ва шумораи шаҳрвандони дар барномаҳои таълимии ИМА қабулшуда, ки пас аз хатми он дараҷаи бакалаврро мегиранд ба 11% зиёд шудааст. Теъдоди донишҷӯён дар барномаҳое, ки пас аз хатми он дараҷаи илмӣ дода намешавад, ба 70% коҳиш ёфтааст.

Донишгоҳҳои Амрикоро ҳам чиниҳо «забт» кардаанд

Имсол гузориши "Open Doors" нишон медиҳад, ки шумораи умумии донишҷӯён аз кишварҳои хориҷа дар коллеҷу донишгоҳҳои ИМА 3% афзудааст, ки ин теъдоди 690 923 нафарро дар соли таҳсилии 2009-2010 ташкил мекунад.

Дар қиёс бо солҳои қаблӣ, ин нишондоди баландтарини қабули донишҷӯёни хориҷӣ дар ИМА мебошад. Имсол қабули донишҷӯён аз Чин 30% афзудааст, ки ин миқдор шумораи 128 000 нафарро ташкил мекунад ё ин ки 18% шумораи умумии донишҷӯёни байналмилалиро шаҳрвандони Чин ташкил мекунанд ва дар ин амал Чин пешсаф аст. Донишҷӯён аз Ҳинд 2% зиёд шудаанд, ки ин тақрибан 105 000 нафарро ташкил мекунад. Донишҷӯёни Ҳинд миқдори 15%-и тамоми донишҷӯёни хориҷиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии ИМА намояндагӣ мекунанд.

Чаро тоҷикон рӯ ба Амрико меоранд?

Ба гуфтаи Эми Мак-Голдрик, Директори минтақавии ИМА оид ба маориф "Таҳсилот дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба хотири сифат ва эътибори дараҷаи илмиаш писанди донишҷӯёни Тоҷикистон аст. Омили дигар ин аст, ки дастрасӣ ба идораҳои машваратии ИМА дар Тоҷикистон васеътар буда, онҷо оид ба таҳсилот дар ИМА маълумоти ҳамаҷониба ва дақиқро пешниҳод мекунанд".

Аз Бозор Собир, шоири муҳоҷири Амрико, ки дар яке аз Донишгоҳҳои ин кишвар аз забони тоҷикӣ дарс мегӯяд, дар мавриди хубиву бадии рӯ овардани донишҷӯёни тоҷик ба Амрико суол мекунам.

Бозор Собир падидаи рӯ овардани ҷавонон барои таълим дар донишгоҳҳои Амрикоро мусбат арзёбӣ мекунад, вале мегӯяд, мутаассифона дар Амрико фақат бойбачаҳо ё фарзандони сарватмандону пулдорон имкони таҳсил доранд.

Аз бобати хатароти ношӣ аз таҳсил дар Амрико аз устод суол кардам, ки дар посух шунидам, ки мегуфт: "Хуб аст, он ҷо таълимот бисёр дар сатҳи олист. Агар донишҷӯёни тоҷик ин ҷо таҳсил кунанд, дастоварди хубест."

Боз ҳам аз устод мепурсам, ки "Оё мумкин аст, ки ин ҷавонони навхат бар доми он саҳюнистоне, ки ҳамеша аз фитнаву хатароташон Шумо дар мусоҳибаҳоятон бо расонаҳо мегӯед, биафтанд ва барои фардои кишвар дарди сар эҷод кунанд"? Ӯ бо каме таваққуф, аммо гуфт: "…ин ҳам мумкин аст. Аммо он ҷо сатҳи таълим хеле олист. Ва рафтани донишҷӯён ба Амрико барои саводомӯзиашон зиёд кӯмак мекунад".

Аз Умед, як донишҷӯи тоҷик, ки дар соли ахири Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва мехоҳад барои идомаи таҳсил ба Амрико биравад, пурсидам, ки чаро дар сар ҳавои Амрикоро дорад(?), гуфт: "Аввал барои омӯзиши забон, ва такмили ихтисос ва ғанӣ сохтани ҷаҳонбини худ мехоҳам Амрико биравам. Дуввум, он ҷо ҳам имкони таҳсил кардан ва ҳам пул кор кардан ҳаст."

Насим, яке аз шарикдарсони Умедро суол мекунам, ки "оё дар сар хаёли идомаи таҳсил дар Амрикоро надорад?" Нохудогоҳ ва бо шодмонӣ гуфт: "Бале! Чаро?!" Зиёд исрор кард, ки барояш бигӯям, чаро ин суолро аз ӯ мекунам, шояд фикр мекард, ки паёме барояш дорам, ки ҳамин ҳоло роҳии Амрико, кишвари афсонаву хаёлот мешавад. Бе ин ки иқрор кунам, ки чаро аз ӯ ин суолро мекунам, мепурсамаш, ки чаро мехоҳад барои таҳсил Амрико биравад? Мегӯяд: "Мехоҳам ҷаҳонбинии худро бештар кунам ва бубинам, ки одамон дар он сӯ чи гуна зиндагӣ доранд ва ғайраҳо…" Аммо ростӣ ба "ва ғайраҳо"-и ӯ сарфаҳм нарафтам, аммо машвараташ додам, ки беҳтар аст кӯшиш ба харҷ бидиҳад, ки тавассути ягон барномаи кутоҳмуддати ошноӣ бар зиндагии амрикоиён аз Амрико боздид кунад…

Аммо Аминҷон, донишомӯзи синфи 9 -уми як литсей дар ноҳияи Восеъ, ҳам дар посух ба суоли мо, ки гуфтем мехоҳад, дар куҷо таҳсил дошта бошад, гуфт, ки "дар хориҷ аз кишвар". Чун хостем аз кишваре, ки мехоҳад таҳсил бикунад, ном бубарад, гуфт: Русия! (дуввумин кишваре, ки имрӯз ҳар сеяки тоҷик баъд аз номи Тоҷикистон аз он ном мебарад.)

Ва ё Туркия! (кишварре, ки шояд бар асари таъсири филмҳои туркӣ, ки бештар аз ҳаёти мактабӣ ва донишгоҳӣ қисса мекунанд ва имрӯз тавассути наворҳо миёни мардум нуфуз касб мекунад, сари забони ин насли оянда қарор гирифтааст.)

Гуфтамаш: Магар намехоҳӣ барои таҳсил ба Амрико биравӣ?

Гуфт: Амрико ҳам мешавад!...

Дар ҳамин ҳол ҷаноби Кенет Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон мегӯяд: "Ба ҳам омадани донишҷӯёни амрикоӣ ва тоҷик дар муассисаҳои таълимии ИМА ба ҳамаи донишҷӯён малакаи пурарзиш медиҳад, ки ин малака дар солҳои минбаъда барои пешбурди гуфтугӯи тамаддунҳо ва марзҳо ҷиҳати ҳаллу фасл намудани проблемаҳои глобалӣ кӯмак хоҳад кард. Мо хушҳол аз онем, ки дар донишгоҳҳои ИМА теъдоди зиёди донишҷӯёни Тоҷикистонро мебинем".

Дар хабарномаи Сафорати Амрико омадааст: Марказҳои ИМА оид ба таълим ва таҳсилот, ки дарТоҷикистон мавҷуданд (www.educationusa.info/tajikistan) ба таври фаъол таҳсилотро дар макотиби олии ИМА тавассути пешниҳод намудани иттилооти ройгон, дақиқ, беғараз, ҳамаҷониба, воқеънигорона ва бамаврид оид ба муассисаҳои таълимӣ дар ИМА ва роҳнамоӣ намудани шахсони ба меъёрҳо ҷавобгӯ барои истифодаи беҳтарин аз ин имкониятҳо, ташвиқ менамояд.

Суолҳои мо дар мавриди ин ки оё тамоми муҳассилини тоҷик дар Амрико бо роҳи қонунӣ таҳсил мекунанд? Ва оё рафтани донишҷӯён барои таҳсил дар Амрико ба таври расмӣ ва бо ризоияти ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст? Ва дигар суолоте, ки доштем, мухотаберо, ки фавран дар ҳоли омодасозии матлаб баин суолҳо посух бигӯяд, пайдо накардем. Имкони гирифтани посухи фаврӣ низ дар ин замина на аз Сафорати Амрико ва на аз Вазорати маорифи Тоҷикистон даст надод.

Аз ин рӯ ин суолҳоро барои стратегҳои давлати Тоҷикистон матраҳ мекунем, ки посух биҷӯянд, ки рӯ ба "Амрико" ва пушт ба шарқ овардани "соҳибдилон" чӣ паёмаде хоҳад дошт? Бад ё нек?!

А.Мирзо

P.S. Пас аз он ки давлати Тоҷикистон эълом кард, ки барои ҷилавгирӣ аз экстремизму терроризм гурӯҳе аз донишҷӯён аз Миср, ба вижа Донишгоҳи Ал - азҳар ба ватан бозпас оварда шудаанд, хабаргузориҳо аз қавли садорати Донишгоҳи байналмилалии АЛ- АЗҲАР- и Мисри Араб иддаъоеро, ки гӯё ин донишгоҳ "террористу экстремист" тайёр мекунад, бо шеваи тунде такзиб карда, ба ин амал ва гуфтаҳои Тоҷикистон эътирози шадид кардааст.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97