Анҷумане муҳим, вале ғайритоҷикӣ

anjuman

Ё чанд пешниҳод дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ

Имсол бори сеюм бо кӯшишу талошҳои Созмони ҷамъиятии "Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ" рӯзҳои 29 - 31 октябри соли равон дар кишвар анҷумани "Ҷавонони рақамии Осиёи марказӣ (DYCE)" баргузор гардид, ки дар он ҷавонон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Афғонистон ва Ирон иштирок намуданд.

 

Ба қавли созмондиҳандаи   ин анҷуман мақсад аз баргузории чорабинии мазкур тарғиби фанновариҳои муосири иттилоотию иртиботӣ дар байни ҷавонон ва истифодабарии технологияҳои ҷадид дар ҳалли масоили иҷтимоиву иқтисодии ҷомеа мебошад. Анҷуман дар бинои филиали тоҷикистонии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов, дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки воқеан он дар сатҳи хуб гузашт.

СОЗМОНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

Дар ҳар давру замон дар ҷомеа як қишри намуна ё худ зиёиён, яъне онҳое ки дорои зарфияти назарраси илмиву фарҳангӣ ҳастанд, барои рушди ҷомеа ва баланд бардоштани фарҳанги мардум ҳамчун намуна дониста мешаванд, ки таърихан дар ҷомеаи тоҷик чунин ашхос ҳамеша ҳузур доштанд ва онҳо рисолати хешро иҷро намуда, ин масъулиятро ба қишри пешқадами миллат супоридаанд. Гузаштагон ин вазифаи бошарафро ба тамоми сахтиҳои замони худ нигоҳ накарда иҷро мекарданд ва дар замони имрӯз низ иҷрои ин вазифа заҳмати зиёдро талаб мекунад, чун тарғиби фарҳанги бегона дар шароити кунунӣ хеле назаррас аст. Дар расми ифтитоҳи анҷумани "Ҷавонони рақамии Осиёи марказӣ", ки дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гардид, қисмати беши ҷавонони тоҷик буданд, бидуни узрхоҳӣ бо забони тоҷикӣ ҳарф назадани созмондиҳандагони ин чорабинӣ барои мо хеле нигаронкунанда буд. Аз чӣ сабаб буд, ки дар як маросими бошукӯҳе, ки дар он аз нисф зиёди ширкатдоронаш ҷавонони тоҷик буданд, ба хотири эҳтироми забони давлатии кишвари мизбон як ҳарфе бо забони тоҷикӣ гуфта нашуд. Аз зумраи он мисоли муҳим яке ҳамин эҳтиром ба забон аст, ки ба назари эътибор гирифтани он дар вақти фаъолияти хеш аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои ояндаи ҷомеа чизи асосӣ мебошад.

Чанде пеш дар бобати фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ яке аз муҳаққиқони ҷавон Шералӣ Ризоев дар мақолаи хеш чунин қайд карда буд: "Агар рисолати ташкилотҳои ҷамъиятӣ, хусусан ташкилотҳое ки ба ҷавонон сари кор мегиранд, ташвиқи арзишҳои шаҳрвандӣ ва миллӣ бошад, пас дар худи онҳо арзиши дуввум қариб дида намешавад ва барои онҳо ин фаҳмиш комилан бегона аст. Ба назари мо, агар хоҳем, ки дар кишвар ҷомеаи шаҳрвандии фаъол ба вуҷуд ояд, пас пеш аз ҳама бояд қисмати маънавии он, яъне ҳувият ва шинохти миллиро дар мадди аввал гузорем. Зеро агар дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳувияти миллиро ташаккул дода натавонем, пас дар масъалаҳои арзишҳои мил¬лӣ барои мо ба ягонагӣ расидан мушкил мегардад".

ВАЗОРАТИ МАОРИФ РАҲНАМОИ ҶАВОНОН Ё…

Яке аз вазифаҳои вазорати маорифи кишвар ин ба роҳ мондани таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ва роҳнамоии онҳо ба омӯзиши илму маърифат ва аз худ намудани касбҳои гуногун мебошад, ки иҷрои онро дар доираи муассисаҳои таълимии хеш дар мактабҳои миёнаву касбӣ ва мактабҳои олӣ ба роҳ мемонад. Ҳамзамон соли 2010 - ро эълон намудани "Соли маориф ва фарҳанги техникӣ" аз ҷониби Президенти кишвар вазифа ва масъулияти ин вазоратро бештар бояд намуда бошад, яъне имсол баҳри омӯзиши илму техника ва баланд бардоштани фарҳанги истифода аз технологияи муосири комуникатсионӣ ба наврасону ҷавонон зиёдтар бояд мусоидат мекард. Дар ин росто аз ҷониби вазорати маориф як қатор корҳо анҷом дода шудаанд ва ҳамзамон анҷумани "Ҷавонони рақамии Осиёи марказӣ" як қа¬дами муфид дар ин самт мебошад. Лекин иштирок надоштани ягон намоянда аз ин мақомот ҳади ақал дар рӯзи кушодашавӣ ин чорабинии ҷавонон ва истифода накардани ин фурсатҳое, ки метавонистанд аз вазъи истифодаи технологияи комуникатсионӣ дар ҷомеа ва роҳҳои дастраси ва истифодаи технологияи дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ бохабар шаванд, ки дар он чорабинӣ ҷавонони пешқадами соҳаи технологияи комуникатсионӣ иштирок доштанд, то андозае бе таваҷҷӯҳи онҳо нисбати масъалаи фарҳанги техникӣ дар Тоҷикистонро нишон дод.

Масъалаи камбуди неруи барқ дар фасли сармо дар минтақаҳои кишвар барои ҳама як чизи маълум аст, ки бо дарназардошти он ва ба хотири монеъа эҷод накардан нисбат ба омӯзиши дарсҳои компутерӣ ба хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар хуб мешавад, агар ин маҷмӯъи дарсҳо дар замони мавҷуд будани неруи барқ ба роҳ монда шаванд. Яке аз омили дигари паст будани фарҳанги техникӣ дар кишвар ин хеле суст паҳн шудани истифодаи интернет, набудани марказҳои интернетӣ дар деҳот, ба шабакаи интернет пайваст набудани мактабҳо ва ба шогирдони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ ба таври бояд таълим надодани фанни Асосҳои компутер мебошад. Ва хуб мешуд агар ширкатҳои операторони мобилии кишвар ҳамон ташаббуси ширкати мобилии Tcell - ро, ки имсол дар оғози соли хониш ба якчанд мактабҳои шаҳри Хуҷанд 3G Modem - и ба интернет пайваст шударо тақдим карданд, идома медоданд. Масалан, дар арафаи Соли нави мелодӣ ҳар як операторои мобилии кишвар ба як қисми мактабҳои миёнаи кишвар барои пайваст шудан ба шабакаи интернет мусоидат мекарданд, дар солҳои наздик ин масъала то ҷое ҳалли худро меёфт.

ТЕЛЕВИЗИОН ВА ОМӮЗИШ

Барои баланд бардоштани фарҳанги истифодаи технологияи комуникатсионӣ ва кор бо интернет дар шароити кунунӣ бо истифода аз телевизион ба роҳ мондани омӯзиши фанни компутер аз фойида холӣ нест. Зеро мушкилоти бештари дуруст роҳандозӣ нашудани омӯзиши компутер дар деҳотҷойҳо ин умуман набудани муаллими фанни информатика ё набудани неруи барқ ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, дар ҳолати ба хулосаи дуруст омадани Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳар ҳафта ду ё се маротиба ним соат ё як соат тариқи телевизион ба роҳ мондани барномаи омӯзиши технологияи компутерӣ як андоза мушкилоти баланд бардоштани фарҳанги техникиро ҳал менамуд. Маъмулан ҳар бегоҳ аҳли хонавода, яъне волидайн ҳамроҳи фарзандон сари як хон гирд меоянд, ки барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ин бисёр як фурсати муносиб мебошад. Дар ин ҷода ҳамкории вазорати маориф ва Кумитаи телевизион ва радио лозим аст, то барномаи таълимии мазкур диққатҷалбкунанда ва босифат бошад.

СОҲИБИ АЛИФБОИ ЭЛЕКТРОНӢ ШУДЕМ

Солҳои охир бо сурати баланд рушд кардани технологияи муосири коммункатсионӣ имкон дода, ки дар худ васоити таълим, иттилоот ва дигар воситаҳои омӯзишиву тарбиявии ба инсон лозимаро ҷой диҳад. Ва чунин замина пайдо гардид, ки омӯзиши ҳама гуна фанҳо бо воситаи дастгоҳҳои шунавоӣ ва намоишдиҳӣ ба роҳ монда шаванд. Дар ин чорабинии зикршуда кору заҳмати устоди яке аз донишгоҳҳои Тоҷикистон бобати кор карда баромадни DVD - алифбои тоҷикӣ муаррифӣ гардид, ки он писанди аксари ширкатдорони анҷуман гардид. Воқеъан алифбои электронии омода шуда як воситаи муҳимест барои дар сатҳи хуб ба роҳ мондани таълими кӯдакон ба омӯзиши алифбои тоҷикӣ. Зеро аз таҷрибаҳо низ маъ¬лум аст, ки инсонҳо бо воситаи дидану шунидан дар зеҳнҳои худ бештар маълумотро кашида хеле вақт дар хотирот онро нигоҳ медоранд. Барои ҳамин ҳам аз ҷониби вазорати маориф дар фурсатҳои кӯтоҳ дида баромадани ҷанбаҳои методӣ, забонӣ ва паҳлӯҳои дигари ин масъала лозим аст, то ин мавод дастраси кулли мардум шавад.

СОМОНАҲОИ ТОҶИКӢ БОЯД БОШАНД

Яке аз мушкилоти дуруст истифода бурда натавонистани интернет аз ҷониби аҳолии кишвар ин надонистани забони русӣ ё дигар забонҳои маъруф, масалан инглисӣ мебошад, ки балад набудан ба забони русӣ ё инглисӣ истифода кардан аз интернетро душвор ва ё ғайриимкон мегардонад. Агар дигар хел гӯем, мардум асосан интернетро ба хотири гирифтани маълумоти тоза, гуфтугӯ бо дигарон, дарёфти маводу матолиби илмӣ, навиштани мактуб ва кам нафарон барои муносибатҳои иқтисодӣ истифода мебаранд. Ва чун аксари мардум дар кишвари мо ғайр аз забони модарии хеш дигар забонҳоро намедонанд, барои онҳо ворид шудан ба шабакаи интернет мушкилиҳои зиёдеро пеш меоварад, ки дар натиҷа вақт беҳуда мегузарад ва ҳамчунин бидуни ягон манфиат аз он берун мешаванд. Дар фосилаи кӯтоҳ ташкил кардани як феҳрасти сомонаи тоҷикие, ки дар он дигар сомонаҳои тоҷикӣ; фарҳангӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва ғайра барои мардум ҷойгир шуда бошад, хеле муҳим буда, бо ин роҳ метавон то ҷое фарҳанги техникӣ ва ҷаҳонбинии мардуми хешро боло бурд.

Хулоса, бо баргузор шудани ин анҷуман иштирокдорони он бо ҳам робитаи дӯстӣ барқарор карда, донишу малака ва фарҳанги технологии хешро баланд бардоштанд, ба дарёфти ғояҳои нав расида, чанде аз роҳҳои ҳалли мушкилоти соҳаҳои иттилоот, иҷтимоъ, фарҳанг ва технологияро барои худ кашф карданд.

Шӯҳрат САИДОВ

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97