Дар миёни чор дарё тахтабанданд, кӯдакон

Аз мадрасаҳои динии кишварҳои исломӣ бозгардонии навҷавонони тоҷик, пешгирӣ аз «оворагардӣ»-и онҳо дар кӯчаю бозорҳо, ҷилавгирӣ аз рафтани ноболиғон ба масоҷид аз зумраи тадбирҳои қатъии сохторҳои кор бо ноболиғон мебошад, ки дар ҷомеа афкори гуногунро ба бор овардааст.

Аслан чунин ба назар мерасад, ки дар вазъи ба амал омадаи ҳаёти иҷтимоии кӯдакон, ки паёмадҳои аз ин ҳам вазнинро метавонад ба бор оварад, худи мақомоти намояндагии ҳокимият сабабгоранд, ки аз марҳилаи аввали бунёди ҷомеа шаҳрвандӣ воқеъбин набудаанд. Ҳисоботи носаҳеҳ оид ба вазъи феълии муассисаҳои таълимӣ, таъини ашхоси нолоиқ ба вазифаҳои масъул дар  мақомоти маҳаллӣ, мушкилоти молӣ барои ба таҳсил фаро гирифтани насли наврас дар муассисаҳои таълимию тарбиявии вилоят, нодории иқтисодии хонаводаҳо ва дигар нуқсу иллатҳо оқибат ба он оварда расонид, ки имрӯз аз шаҳрванди оддӣ то масъули мақомоти иҷроияи хоқимияти давлатӣ ҳама ба як овоз мегӯянд, ки сатҳи таълим дар мактабҳои вилояти Хатлон ба талабот ҷавобгӯй нест. Аслан дарку иқрори вазъи воқеии рӯзгори наврасон моро ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти онҳо наздик месозад.

Мушкили аввал: Ҷалби ноболиғони оворагарду бозорнишин ба мактаб

Имрӯз иддае аз наврасону ҷавонон аз таълим дар мактабҳо дар канор монда, ба оворагардию тиҷорат дар бозорҳову сари роҳҳо машғуланд. Воқеият чунин аст, ки агар аз як ҷониб мушкили иҷтимоии хонаводаҳо бойиси аз таълим дар канор мондан, ба мошиншӯиву савдогарӣ машғул шудани наврасон гашта бошад, аз ҷониби дигар саҳлангориҳои дар низоми таълим ҷой дошта ва ноумедии волидайн аз таълими хуб гирифтани фарзандон сабаб мешавад, ки саробонҳои хонавода он қадар таваҷҷӯҳ надоранд, ки фарзандони онҳо хонда, соҳиби касбу кор шаванд. Дар ҳоле ки масъулини сохторҳои кор бо ноболиғон бо гузаронидани рейдҳои махсус мехоҳанд, аз оворагардию фаъолиятҳои тиҷории ноболиғон дар бозорҳо ҷилавгирӣ кунанд, аммо Фирӯза Шарифова сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва саёҳии вилояти Хатлон пешниҳоди дигар дорад. Ба гуфтаи мавсуф дар кишварҳои пешрафтаи дунё, ки буҷаи солонаашон беш аз миллиард долларро ташкил медиҳад,  ноболиғон берун аз вақти таълим ба фаъолияти тиҷоратӣ машғул мешаванд, аммо дар шароити вазнини иқтисодие, ки мо қарор дорем аз чӣ бошад барои ба тиҷорат машғул шудани ноболиғон монеаҳо эҷод мекунанд. Бояд баръакс барои рушду такмили маҳорати кӯдакон бурсҳои иловагӣ ҷудо карда шавад, то наврасони оилаҳои камбизоат буда дар соатҳои фориғ аз дарс барои хонаводаи худ маблағ биёранд. Ба гуфти Фирӯза Шарифова ҳанӯз чанд сол қабл бо ташаббуси раёсати онҳо ва Иттиҳодияи ҷамъиятии «Мурод» ноболиғони душвортарбия ва берун аз таҳсил мондаро  бо корҳои музднок таъмин карда буданд. Аз ин рӯ бояд мо масъулини мақомоти дахлдор роҳҳои  ҷалби ноболиғонро ба ҳаёти солим оқилона баррасӣ намоем.

Мусаллам аст, ки мардум сабабгори асосии коҳиш ёфтани маънавиёти насли ояндаро аз сатҳи пасти таълим дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ медонанд. Аммо ҳолдонҳо чунин андеша доранд, ки барои содир шудани як рафтори ношоиста аз ҷониби наврас ё ҷавони аз таълиму тарбия дар канор монда беш аз сад омил сабаб шуда метавонад, ки аз ин танҳо як иллати он ба талабот ҷавобгӯй набудани сифати таълим мебошад. Аслан дар шароити иқтисодию иҷтимоие, ки мардуми мо доранд, набояд сифати тадрис дар макотиби кишвар ба ин ҳадд коҳиш ёфта бошад. Аммо муттаассифона чунин аст.

Ҳикоятмоҳ Ҳакимова, муовини раиси вилояти Хатлон андеша дорад, ки «агар дар таълиму тарбияи насли наврас пеш аз ҳама дар оила диққати ҷиддӣ надиҳанд, мо масъулини сохторҳои кор бо ноболиғон ва соҳаи маориф дар таълиму тарбияи наврасон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда наметавонем. Мутаассифона, имрӯз падару модарон ба чорвои хона аҳамияти ҷиддитар медиҳанд, магар ин ки ба таълиму тарбияи фарзандони худ. Аз ин рӯ дар ҳамин марҳалае, ки мо қарор дорем, бештар кардани масъулияти волидайн дар таълими фарзандон як роҳи асосии ҳалли ин мушкилӣ мебошад»

Мушкили дуввум: Ҷинояткориҳои ноболиғон

Тибқи омори расмӣ дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар қаламрави вилояти Хатлон 67 ҳодисаҳои ҷинояткорӣ аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Дар давоми сол дар натиҷаи ҳар рейд  теъдоде аз наврасони ноболиғ боздошт мешаванд, ки аз мактаб дар канор монда, ба кору рафторҳои ба синну солашон номуносиб  машғуланд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки бештари ноболиғоне, ки даст ба ҷиноят мезананд, аз фарзандони оилаҳое мебошанд, ки ба тарбияи фарзандон диққати хосса надодаанд. Фарзандони  онҳо аз кӯчаю бозор ба олами ҷиноят ворид мешаванд. Алъон, ки омори воқеии наврасони аз мактаб дар канор мондаро рӯи даст надорем, касе гуфта наметавонад, ки сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон коҳиш меёбад ё на? Гарчанде дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ содиршавии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта чаҳор баробар кам арзёбӣ шудааст, вале  дар ҳамин сол ноболиғони хатлонӣ ҷиноятҳое содир кардаанд, ки шояд назираш дар ягон шаҳру вилояти кишвар ва ҳатто давлатҳои ҳамсоя рух надода бошад. Дар мисоли мурофиаи судии гурӯҳи ҷиноятпеша, ки бо ҷурми сӯйиқасд ба куштори шаҳрванд, буд, ки аксари аъзои ин гурӯҳро ноболиғон ташкил менамуданд. Мушкили ҷомеъи мо дар пешгирии ҷиноятҳо дар байни ноболиғон ин аст, ки кори сохторҳои марбута барои пешгирӣ аз ҷинояткорӣ натиҷабахш нест. Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки бештари наврасони ҷиноят содир кардаин ноболиғне ҳастанд, ки бояд дар синфҳои 10-11 таҳсил мекарданд, аммо дар асоси кадом як қароре онҳоро аз таҳсил баъди синфи 9-ум маҳрум сохтаанд. Ҳамин руҷӯъи аз меъёр зиёди раисбачаҳои деҳотӣ ба мактабҳои шаҳр боиси  сол то сол пайдо шудани мушкили ҷойи нишаст дар макотиби шаҳр мебошад.  Агар воқеъбинона назар кунем мебинем, ки ҳуқуқҳои наврасони сустхонро поймол карда, онҳоро аз мактаб меронанд?

Мушкили саввум: Ноболиғону ҷавонон дар мактабҳои динии кишварҳои исломӣ

Баъди эроду таъкидҳои Сардори давлат оид ба ғайрирасмӣ ба мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ба таҳсил рафтани наврасон акнун сохторҳои марбута дар такопӯ афтодаанд. Иддае аз нафарони масъули соҳаи маориф теъдоди афроди ғайрирасмӣ дар мадрасаҳои кишварҳои исломӣ дар таҳсил қарор доштаро аз вилояти Хатлон то ба 200 нафар медонанд. Дар ҳамин ҳол манбаҳои сохторҳои қудратии кишвар теъдоди толибилмони тоҷикистонии мадрасаҳои кишварҳои исломиро беш аз 300 нафар меҳисобанд. Акнун дар назди сохторҳои марбутаи кишвар вазифаи бозпас овардани наврасону ҷавононе мебошанд, ки бидуни иҷозаи расмии Тоҷикистон дар мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷа таҳсил доранд, истодааст. Дар баробари бозпас овардани наврасону ҷавонон аз таълимгоҳҳои динии хориҷ инчунин ҳукуматдорон мехоҳанд ба масҷид рафтани наврасону ноболиғонро дар дохили кишвар ҳам маҳдуд намоянд.

Аммо Наргис Ширинбекова роҳбари Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ» иброз медорад, ки барои пешгирӣ аз будубоши ноболиғон дар масҷиду бозорҳо дар мадди аввал мебояд, шароити алтернативии фарҳангию маънавиро барои онҳо таъмин намуд. Агар барои кӯдак вақту соати таълимро самаранок истифода бурда, баъди мактаб волидайн дарстайёркунии онҳоро дар хона зери назорати ҷиддӣ бигиранд, ҳамчунин ноболиғон рӯзе як соат дар ягон маркази фарҳангӣ ё варзишӣ ҷалб карда шаванд, онҳо дигар вақт намеёбанд, ба он корҳое машғул шаванд, ки имрӯз моро ба ташвиш овардааст.

Дур марав, гургат мехӯрад

Хурдсолтарин ҳамсӯҳбати мо халтафурӯш- нӯкари мизоҷони бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа навраси тахминан 14 солае буд, ки бо сабаби эҳтиёт аз фишори мақомот аз ифшои номаш худдорӣ кард гуфт, ки  ман аз оилаи камбизоат мебошам. Бинобар мушкили зиндагӣ дар як вақт ҳам дар мактаби миёна таҳсил мекардаму ҳам баъди соатҳои фориғ аз дарс ба модарам, ки дар бозор зирра мефурӯхт кӯмак менамудам. Вақтҳое мешуд, ки то аз бозор ба хона мерасидем, аллакай ними шаҳр дар хоб буд. Дар мактаб бошад ҷойи нишаст намерасид, омӯзгорон хуб дарс намегуфтанд. Мо ҳам дар хона китоб намехондем, чунки аз бозор сахт монда шуда меомадему ба ҷойгоҳи хоб медаромадем. Баъди хатми синфи 9-ум қисме аз ҳамсолони моро дар мактаб дигар роҳ надоданд. Зеро ҷойи нишаст, ки намерасид хонандагонро барои синфи 10-ум ба гуфте «гулчин» карданд. Маро бидуни ихтиёр танҳо бо сабаби онки донишам суст буд, аз хондан дар мактаби миёна озод карданд. Акнун як сол боз дар бозор аз субҳ то шом кор мекунам. Гоҳҳо аз ҳисоби даромадам ба сайру тамошо мебароям. Дилам мехоҳад, ки ба театр, клубҳои варзишӣ ё ягон маркази таълимӣ рафта, ягон соат фароғат кунам, аммо дар Қӯрғонтеппа чунин ҷойҳоро наёфтам. Чанде қабл бо маслиҳати як дӯстам намозхониро шурӯъ кардам. Акнун тамоми намозҳоямро дар масҷид мехонам,китобҳои мусулмонӣ ва дискҳои амри маъруфи муллоҳоро харидорӣ мекунам. Акнун он ҳама орзуҳои прокурор, профессор ё депутат шудан дигар маро ба ҳаяҷон намеорад. Зеро ҳуқуқи то синфи 11 хондани моро дигарон соҳиб шудаанд. Ба монанди ман дар ин шаҳр зиёданд бачаҳое, ки аз «имтиҳон»-и директори мактаб нагузаштаанд.

Чора чист, роҳ куҷост?

Аз дасти мақомоти маҳалӣ ҳатто наврасон ҳам ба дод омадаанд. Маориф иддае аз  онҳоро иҷборан аз макабҳо хориҷ мекунад. Дар атроф маркази фарҳангие нест, ки ноболиғ вақти худро дар он ҷо сипарӣ кунад. Волидайн вақти зиёдатие надоранд, ки дар хона нишаста, фарзандонро назорат кунанд. Мақомоти кор бо ноболиғон бошад ноболиғонро дар кӯчаю бозорҳо пайгирӣ мекунанд. Акнун муллои маҳалла ҳам, ки гоҳ гоҳ барои тарбияи насли наврас ба мардум амри маъруф мекард, хомӯширо авлотар медонад. Зеро аз омадани ноболиғон ба масҷид ба мулло дарди сар эҷод мешавад. Пас насли ояндасози миллат, чӣ кор бикунад ин кӯдакони ҳайрон сар бар куҷо зананд?

Ҷамолиддин Усмониён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97