«ХОКИ ВАТАН» ЗИЁН ДОРАД

Нос. Барои шиносоии ин калима ҳеч гуна луғате лозим нест, зеро аминам, ки ҳар нафаре ин сатрҳоро мехонад, бо чӣ будани ин мавод ошноӣ доранд. Дар назар надорем, ки ҳамаи хонандаи мо нос мекашаду чӣ таъму мазза доштани онро медонад, балки гуфтанием, ки ин хокаи махмуркунандаро ҳар нафари мо дидаасту ҳадди ақал як ё якчанд бор бӯи тезу дилбеҳузуркунандаи он ба машомаш расидааст.

Агар бигӯем ки нос як чизи ифлосу бадбӯст, шояд ба иззати нафси баъзеҳо расида бошем, биноан ба хотири эҳтироми шахсиятҳои носкаш, ки эшон ҳам шаҳрвандони комилҳуқуқи кишвари мо ҳастанд, дар ин матлаб паҳлӯи нос, шартан, калимаҳое чун "бадбӯй", "ифлос", "ҳаром" ва ғайраро намегузорем. Ва ҳар гоҳ ягон ҷову макони аз касофати носкашҳо олудаи ифлосӣ гаштаро мебинем, ҳатман ба кашандаи он, ба он носкаши кӯчаву роҳу роҳравҳоро чиркину палид сохта беихтиёр эҳсоси нафрат пайдо мешавад ва хоҳу нохоҳ бар носкашҳои беадаб дашном медиҳем. Ҳастанд афроде, ки бо носкашҳо вақте онҳо дар зери забонашон нос доранд, сӯҳбат намекунанд ва аз гуфтугӯ бо онҳо худро канор мегиранд, ё кӯшиш мекунанд, ки ҳарчӣ зуд аз ҳамсӯҳбати нос дар даҳон доштаи хеш халос шаванд.

Чӣ зарурат дорад, ки одамон нос мекашанд? Суду зиёни нос дар чист? Пеш аз ҷавоб гуфтан ба ин суолот, аввалан дар бораи як макони истеҳсоли нос мехоҳем ҳикоя кунем, зеро бе зикри ин нукта ҷавоби суолҳо пурра намешавад…

"Носи Каленин". Аз дилхоҳ марди носкаши Душанбе бипурсем ҳатман ба таърифу тавсифи носе, ки он дар шаҳраки Калинин, воқеъ дар қисмати шимоли пойтахт истеҳсол ва фурӯхта мешавад, сухан мегӯяд. Дар воқеъ, чи хосият ва бартариву афзалият дорад носи Калинин?

"Ака, носи куҷо аз ҳама дида зӯрай?"- мепурсем аз як носкаш. "Ман 35 сол боз аз 14 солагиам ин тараф нос мекашам, вале аз носи Каленин зӯртару сахттарашро надидам",- гуфт марди носкаши собиқадор, ки Садриддин ном доштааст. Аз Садриддин мепурсем, ки то шаҳраки Калинин чӣ хел рафтан мумкин ва коргоҳи нос дар куҷост? Садриддин посухам дод, ки дар маршруткаи 12 мешинӣ ва тарафи посёлкаи Каленин раҳакӣ мешавӣ, дар Каленин, ки расидӣ аз ронанда хоҳиш кунед, ки дар назди хонаи носфурӯш биистад. Роҳ пеш мегирем сӯи "корхонаи" истеҳсоли нос, ки он дар манзили як нафар бошандаи шаҳраки Калинин ҷой гирифта будааст. Дар назди хонаи соҳиби "носи Каленин" ду писарбача лаби роҳ истодаанд, ҳар мошине ки он ҷо қарор мегирад, мисли носкашҳо даст пеши даҳан бурда, ба ронандагон ишора мекунанд, ки талабгорони нос агар бошанд, ҳамин ҷост манзили умеди эшон. Агар ронанда худ хостори харидани нос бошад ё мусофиронаш ин хоҳишро дошта бошанд, бачаҳои чолоки сари роҳ истода тайёранд дар хидмати онҳо бошанд ва кори онҳо ҳам ҳамин роҳбаладӣ то хонаи носфурӯш ё зуд рафта нос оварда ҳаққи хешро изофа кардану бо нос таъмин кардани мизоҷон аст. Қариб аксари бачаҳои хонаҳои гирду атрофи носфурӯш ҳар рӯз аз саҳар то бегоҳ корашон ҳамин аст.

Дастиёрони носиҳо. Парвиз, хонандаи синфи 6, яке аз кормандони ба истилоҳ "корхонаи" истеҳсоли нос ва тарғибгари ашаддии носи Калинин (ҳеч корманди шӯъбаи рекламаи нашрияҳо чунин кордону чаққону зирак ва муваффақ нест, мисли Парвиз!) мегӯяд, ки ҳар рӯз 10- 15 сомонӣ кор мекунад. "Ин ҳам саҳар аз соати 7:30 то 11:30 ва баъзан то 12, баъд ба мактаб меравам. Ба пул он қадар зарурат надорам, ҳама чизам таъмин аст, вале барои баъзе чизҳо пул лозим мешавад, ки аз хона намедиҳанд. Барои ҳамин дар ин ҷо кор мекунам", - гуфт Парвиз. Сӯҳроб, дигар писарбача, ки ӯ ҳам шуғлаш ҳамин фурӯши нос будааст ба сӯҳбати мо шарик мешавад: "Ман як рӯз 25 сомонӣ кор кардам. Ҳар рӯз даромад ҳар хел мешавад. Ман ҳам то соати 12 дар ҳамин ҷо кор мекунам, баъд мактаб меравам". Яке сӯҳбати мо бо Парвиз тафсиду ба гап даромад: "Як рӯз, ба фикрам 4-рӯз пеш буд, Садриддини ҳофиз бо як мошини "Tayota-Camry"-и сиёҳ, носхарӣ омад, як сомонӣ дод дар 20 дирам нос овардам, гуфт мондагиша худат гир. Як рӯзи дигар як мардак омад, 5-сомона дод, дар 1 сомонӣ нос овардамаш, гуфт 4-сомонаш аз худат. Бисёриҳо 50-дирам медиҳанд, ҳар кас ҳар хел ҳиммат дорад". Соат ба 12 наздик мешавад. Сӯҳробу Парвиз "корхонаро" тарк мегӯянд, ҷои онҳоро як гурӯҳи дигари иборат аз панҷ нафара, ки ҷузвдони мактабӣ ба пушт доранд, ишғол мекунанд.

Тавлидкунандаи "хоки ватан". "Носи Каленин"-ро акаи Абдуманнон истеҳсол мекардааст. Ба мо муяссар нагардид, ки бо худи акаи Абдуманнон ҳамсӯҳбат шавем. Абдуҳаннон, писари акаи Абдуманнон, ки сари дӯкони носфурӯшӣ нишаста буд, ба суолҳои мо бо дили нохоҳам ҷавоб мегуфт: "Ин касб ба мо аз бобоямон мерос мондааст. Зиндагиамонро аз пушти носфурӯшӣ мегузаронем. Маҳсулотамонро ҳам чакана ба савдо баровардаему ҳам яклухт. Аз яклухташ дида, чаканааш фоидаовартар аст. Чунки як кило нос10 сомонӣ қиммат дошта бошад, пас 1 кило носро агар чакана фурӯшем аз 10 сомонӣ зиёдтар мешавад. Дар як рӯз то 5-6 кг савдо мекунем". Аз Абдуҳаннон суол мекунем, ки носро кӣ тайёр мекунад? "Асосан падарам тайёр мекунанд",- мегӯяд мусоҳиби мо. Боз суол мекунем, ки сирри муваффақ шудани шумо дар бозори нос дар чист ва носи Калинин аз чӣ тайёр мешавад ва дар таркибаш чӣ дорад, ки ин қадар миёни мардуми носкаш маъруфият ва талабгорони зиёд дорад? "Носи мо ҳам,- мегӯяд Абдуҳаннон,- мисли носи дигар ҷойҳо аз обу оҳак ва тамоку тайёр мегардад, ки оҳаку тамокуро мо аз бозор мехарем. Ман нос намекашам, барои ҳамин намедонам, ки носи мо аз дигар носҳо чӣ фарқ дорад. Шумо носкаш нестед?"- мепурсад аз мо Абдуҳаннон. Гуфтам, мутаассифона не, вагарна медонистем, ки чаро носи Калинин аз носи дигар манотиқ бартарӣ дорад ва ҳам хушбахтона аз истеъмоли ин маводи таркибаш ифлос мо то имрӯз дурӣ ҷустаем. Охирин суолро ба Абдуҳаннон додем: "Оё нос ба саломатии носкаш зарар дорад? Худи ту сари тағораи пури нос шишта, ҳеч бӯйи бад ва изҳори нохушӣ эҳсос намекунӣ?" Ӯ ба таърифу тавсифи носи худ пардохт: "Боре шунидаед, ки ягон нафар аз кашидани нос бемор шуда бошад? Агар нос зарар медошт ин мӯйсафедҳои 70 сола, ки аз кӯдакиашон нос мекашанд, ба ягон беморӣ гирифтор мегардиданд. Фақат ба дандонҳо каме зарар дорад, ки агар баробари туф кардани нос, даҳону дандонро бишӯед, ҳеч дигар зиёну зараре намебинед. Дар хусуси ман, ки сари тағора нишастаам, ҳеч бадиеро эҳсос намекунам, зеро носи мо камтар бӯй дорад…" Аз мусоҳибам ташаккур гуфтаму тарки манзили ӯ намудам. Дар рӯи роҳ интизори нақлиёт будем, ки марде тахминан 50 сола, дар даст шаш халтаи носи 50-дирама аз дӯкони Абдуҳаннон берун омад. Аз ӯ мепурсем, ки барои чӣ шумо нос мекашед? Ҳайратзада шуд ва аввал чӣ ҷавоб гуфтанашро надонист ва пас аз андак хомушӣ гуфт: "Тарки одат амри маҳол гуфтаанд. Ҷавон будам, ҷӯраҳоям як-ду бор маҷбур карданд, ки нос кашам, ана ҳамин хел одат шуд. Дигар даст кашидан наметавонам, зеро камтар хумор дорад. Вагарна ҳеч кайфияте надорад, ҳеч роҳате ҳам намеорад… ҳайронам, ки чаро онро мекашам?". Аз як нафари дигар суол кардам, ки барои чӣ ин қадар носи бисёр гирифтед? Мегӯянд агар нос хушк шавад, дигар онро кашида намешавад? Ин танҳо барои худам нест. Барои баъзе ёру рафиқон ҳам мебарам. Носи дигар мавзеъро чун таги забон мепартоӣ забонатро мезанад, ё оҳаки бисёр дорад ё ин ки хокистараш кӯҳна аст, барои ҳамин ҳар гоҳ, ки аз наздикии маҳалаи Каленин гузарам, ҳатман аз ин нос мехарам.

Оё нос ҳам маводи мухаддир аст? Барои ба ин суол посух гирифтан мо бо муовини сардори Маркази миллии мониторинги нашъамандии Вазорати тандурустӣ Шарапов Асадулло ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ дар мавриди истифодаи нос ва зарари он ба инсон чунин посух дод: "Албатта, нос ба шумори маводи мухаддир дохил намешавад. Чунки он аз никотин иборат аст. Ин мавод ба ҳолати ҷисмонӣ на, балки ба ҳолати рӯҳӣ вобастагӣ дорад. Аз вай даст кашидан мумкин аст.

Тадқиқотҳое, ки дар солҳои охир гузаронида шуданд, дар ин маврид нишон медиҳанд, ки нос маводи зараровар буда, ба ҳар гуна бемориҳо оварда мерасонад. Аз қабили бемории саратон. Аслан нос аз тамоку ва пайвастагиҳои он иборат аст. Он ба забон, даҳон ва дандонҳо сахт зараровар аст. Таъсири нос ба луоби даҳон ва дигар узвҳо омада мерасад. Нос дар натиҷаи ҳамарӯза, ки он "серёзная оболочка" ном дорад, дар қисмҳои забон, аз ҷумла, ҳуҷайраҳои қабати болоии забон ҳар гуна тағйиротҳо пайдо мекунад, ки онро бо забони русӣ "мутатсия" мегӯянд. Боз тағйиротҳо дар ҷиҳати генетикии ҳуҷайраҳо ба миён меояд, ки сабаби ҳар гуна бемориҳо мегардад, аз ҷумла ба бемории сактаи дил. Дозаи нос аз дозаи сигор ва нӯшокиҳои спиртӣ пасттар аст. Сигор на танҳо ба шахси сигоркаш, балки ба шахсони дар гирду атроф буда зарар дорад. Инчунин сигор ба узвҳои роҳи нафас, аз қабили шуш ва бронхҳо зараровар аст. Яке аз хусусиятҳои нос дар он аст, ки вай танҳо ба шахси носкаш зарар дорад. Шахсоне, ки ин маводро истифода мебаранд, дар муддати 1 дақиқа ё 3 дақиқа дар хуни онҳо таъсир мекунад ва рагҳои хунгарди системаи асабашон васеъ мегардад. Онҳо муваққатан як мавриди муайян ҳам хотирашон хуб мешавад, ҳам ба як ҳолати гуворо меоянд. Ҳуҷайраҳо ва рагҳои хунгарди бадани инсон ба ин мавод вобаста аст. Истифодаи нос оҳиста-оҳиста ба паст шудани гардиши хун оварда мерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат ба узвҳои бадан-дил ва майнаи сар таъсири манфӣ мерасонад. Истифодаи нос бештар дар байни ҷавонон маъмул аст."

Нос кай мамнӯъ мешавад? Носкашӣ танҳо ба саломатӣ не, балки аз ҷиҳати эстетикӣ ҳам хуб нест. Дар ҷамъият нос кашидан, якум аз рӯйи маданият шумурда намешавад, баъд гирду атрофро ифлос мекунанд, ки ба одамони гирду атроф он қадар хуш намеояд. Кашидани сигорро дар мамлакатҳои Мисру Араб, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ кардаанд. Гап дар сари он аст,чаро ки кашидани сигорро манъ кардан мумкин будаасту кашидани носро не? Шояд ба ин суол масъулин посух бигӯянд?


Заринаи Мухторзода,
Ёқуби Саид
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97