ШУМО БА ТЕЛЕФОНИ ҲАМРОҲ ЗАРУРАТ ДОРЕД?

"Навқаламони Миллат" инро аз донишҷӯёни

факултаи журналистикаи ДМТ пурсиданд.

Пайрав, донишҷӯйи курси 2-юми факултаи журналистика:

-Доштани телефони мобилӣ аз як ҷиҳат хуб аст, аз тарафи дигар барои мо душвор аст, чунки барои он маблағи зиёд сарф мешавад. Дар гурӯҳи мо 70 нафар донишҷӯ телефон доранд, ғайр аз 2 нафар.Нуриддин, донишҷуйи курси 3 факултаи журналистика:-Ман дар як моҳ 20 сомонӣ сарф мекунам, барои он ки 10 сониягӣ гап намезанам

Раҳимова Уғулой, донишҷӯи курси 3:

-Дар гурӯҳамон 82 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд. Ҳамаи онҳо телефони ҳамроҳ доранд, ғайр аз ман. Дар вақти танаффус ба ҷойи дарс хондан ҳар гуна мусиқиҳои гӯшхарошро бо садои баланд монда, диққати ҳамаро ба худ ҷалб мекунанд. Гӯё, ки онҳо аз фармони Вазири маорифи ҶТ огаҳӣ надошта бошанд.

Мирзоев Ҳомид, донишҷӯи курси 4:

-Ба фикри ман доштани телефони ҳамроҳ хуб аст, аммо аз ҷиҳати иқтисодӣ на. Дар гурӯҳи мо 12 нафар донишҷӯ таҳсил мекунанд, 11 нафари онҳо телефон доранд. Зуҳро надорад, Фотима дорад, чунки онҳо дугониканд.

Наврӯз Ҷобиров, донишҷӯи курси 2:

-Барои ман телефони мобилӣ лозим нест, умуман гирифтан намехоҳам, чунки сади роҳи хонданам мегардад. Дар гузашта доштам, айни ҳол надорам. Агар лозим шавад, аз телефонҳои рафиқонам ё аз таксафон истифода мебарам.

Баҳромова Фарзона, донишҷӯи курси 2:

-Баъзеҳо зиндагиро бе телефон тасаввур карда наметавонанд, аммо ман ниёз надорам. Аз тарафи дигар шавқ надорам. Аслан ман аз ноҳияи Роштқалъаи вилояти Бадахшони кӯҳӣ ҳастам, дар хобгоҳ иқомат дорам. Агар ба ман лозим шавад, аз таксафон истифода мебарам.

Ёров Хушбахт, донишҷӯи курси 3:

-Ба фикри ман дар ҳоли ҳозир телефон барои мардум лозим аст, лекин барои донишҷӯ зарурат надорад. Барои он ки харҷи зиёдатиро бар дӯшиӯйи донишҷӯ меорад.


Таҳияи
Шабнам ва Заррина
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97