Созмони байналмилалии "Транспаренси интернэшнл" бар он аст, ки фасод ё худ коррупсия ҳамаи соҳаҳои хидматрасонии тиббии Тоҷикистонро фаро гирифтааст. Сарфи назар аз он ки мавҷудияти порахӯрӣ таърихи тӯлонӣ дорад, насли аз 35-40 сола болои тоҷик хеле хуб дар хотир доранд замонеро, ки ҳама гуна ёрии тиббӣ ройгону бо кайфияти боло расонида мешуд. Аммо имрӯз, вазъияти хидматрасонии тиббиро пеши назар оварда, гумон меравад, ки ҳатто оддитарин ёрии тиббӣ ҳеч гоҳ дар роҳи ризои Худо набуду нахоҳад шуд.
Тибқи қонунҳои ҷорӣ ёрии тиббӣ феълан дар ҷумҳурии мо ройгон аст. Аммо!... кӣ бо боварии том гуфта метавонад, ки фаразан аз 10 маротиба муроҷиат кардан ба беморхонаву табобатхонаву шифохона… ҳадди ақал як маротиба ройгон табобат гирифтааст? Ё ҳеч не чанд маротиба сӯзандоруи ройгон қабул кардааст?
Дар як нишасти хабарӣ, ки бо ибтикори Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, чанде пештар бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бо коррупсия баргузор гардида буд, зимни баррасии вазъи фасодзадагии соҳаи тандурустӣ Шерхон Салимзода, директори Агентии мазкур иброз доштанд, ки: "Гарчанде Васоити ахбори омма моро танҳо дар дастгир намудани духтурону муаллимон муттаҳам мекунанд, вале Агентии мо аз аввали фаъолияти худ то имрӯз ҳамагӣ 3 ҳолати ҷинояти хислати коррупсионидоштаи табибонро ошкор кардаасту халос". Дар идомаи ҳамин баҳс як бонуи хабарнигор суол гузошт, ки чи гуна дар ин муддат ҳамагӣ 3 табиб пора гирифтаасту халос, дар ҳоле ки мегӯяд ин бону: "Аз худи ман чандин маротиба ҳангоми коруфтода шудан ба беморхонаҳо барои ин ва ё он хидмати тиббӣ расонидан, пул талаб кардаанд?" Дар посух ба ин суол Шерхон Салимзода гуфтанд, ки дар ҳақиқат ин мушкилӣ ҷой дорад, лекин заъфи нируи назораткунандаи Агентӣ даст намедиҳад, ки ҳамаи ин ҷиноятҳо ошкор гардад.
Агарчӣ "тухмдузд ҳам дузд асту шутурдузд ҳам дузд", аммо он маблағе, ки табибон барои расонидани хидмати тиббӣ аз беморон талаб мекунанд, дар истилоҳоти Агентии мубориза бо коррупсия "тамаъҷӯӣ, мукофот" унвон гирифтааст, на пораву ришва. Ана ҳамин "мукофоту тамаъҷӯии" табибон боис гаштаву аксари беморон аз муроҷиат намудан ба бемористон ҳарос доранд, қисми зиёди занони ҳомила, баъд аз шунидани гаронии нархи таваллудхона, таваккал бар Худо карда, момодояи ҳамсояро бар сари болини худ мехонанд. Барои ин гуфтаҳо далелу бурҳон фаровон аст, вале ҳоҷати овардани мисол нест, зеро он чи ки аён аст, ҳоҷат ба баёнаш нест.
Мукофот талаб кардану тамаъҷӯӣ намудани табибонро сабаб чист; аждаҳонафсии онҳо, маоши кам, ё ҳар ду?
Бо ин суол ба чанд нафар духтур муроҷиат намудем. Як ҳамшираи шафқат аз Маркази ташхиси беморон, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд: "Ҳоло моҳонаи ман, 250 сомонӣ аст. Ба ҳама маълум аст, ки бо 250 сомонӣ дар ин шабу рӯз зиндагӣ кардан ҳеч имкон надорад. Ҳамин норасоии маош аст, ки мо маҷбур мешавем дасти тамаъ сӯи бемор дароз намоем. Агар ҳамин ҳоло ман ҳади ақал 700 сомонӣ маош бигирам, қасам ёд мекунам, ки 1 сомонии беморро намеситонам".
Воқеан Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 наметавонист, ки ба ҳар корманди тиб маоши баланд диҳад. Зеро буҷаи ин ниҳод соли гузашта 255 миллиону 449 ҳазор сомониро ташкил медод, ки ин миқдор маблағ кифоят намекунад, агар ҳади ақал барои ҳар кадом корманди тиб то 700 сомонӣ моҳона муқаррар шавад. Саид Ҳафизов, сардори раёсати иқтисод ва ба нақшагирии буҷаи соҳаи тандурустӣ мегӯяд: "Гарчанде маблағгузорӣ ба ин соҳа сол аз сол меафзояд, вале ҳоло ҳам норасоии маблағ ҳали худро наёфтааст".
Ахиран Ҳукумати ҶТ бо мақсади ҳал намудани вазъи кунунии соҳаи тандурустӣ, қароре қабул намуд, ки тибқи он хидматрасонии тиббӣ пулакӣ гардонида мешавад.
Ҳанӯз соли 2005, ҳангоме, ки масъалаи пулакӣ кардани хидмати тиббӣ баррасӣ мешуд, олими соҳаи тиб, профессор, Подабон Зоиров гуфта буд, ки дар ин қарор манфиатҳои қишри нодори ҷамъият ба назар гирифта нашудааст. Хушбахтона, дар соли 2005 ин қарор аз ҷониби ҳукумат ба имзо нарасида буд. Аммо кунун, ки қарор қабул гардидааст, оё манфиатҳои қишри нодори ҷамъият сарфи назар шуданд? Ё ин ки аҳолии ҷумҳурии мо сар то сар қудрати расман пардохтани ҳаққи хидматрасонии тиббиро доранд?
Ҳоло муҳим нест, ки бидонем ин қарор аз кай ҷорӣ карда мешавад, вале муҳим он аст, ки бидонем дар сурати расман пулакӣ шудани хидмати тиббӣ оё ду хазина: яке давлатӣ, дигаре шахсӣ (ҷебаки акаи духтур) ба кор намедорояд? Агар чунин шавад, дар ин сурат қарори мазкур бар болои алангаи "мукофотҳо" равған намерезад?
Ёқуби САИД