ДУРӮҒ ДАР ТИҶОРАТ САВДОИ ДИН АСТё тоҷир бояд айби молашро ба харидор бигӯяд

Рӯзе ман дар маркази савдои "Шоҳмансур" шоҳиди воқеаи аҷибе шудам. Як муштарие пойафзор мехарид. Аз фурӯшанда нархи пойфзорро пурсид. Фурӯшанда онро 25 сомонӣ гуфт. Харидор боз пурсид, ки борро аз куҷо мегиред. Фурӯшанда гуфт, ки аз роҳи дур. Харидор гуфт, ки онро дар яклухтфурӯшии бозори "Корвон" дар 15 сомонӣ нахарида будааст. Зеро гумон доштааст, ки хубтару арзонтарашро меёбад.

Вале мутаассифона, дигар вақти ба он ҷо бозгаштану он пойафзорро бо нархи арзонтар харидан надорад. Сафаре ба дигар самт дар пеш дорад. Бинобар ин маҷбур аст, ки онро бо ҳамин нархи гарон бихарад. Ва харидори бечора он пойфзорро бо маблағи 25 сомонӣ харид.

Дурӯғ гуфтан дар ҳамаи корҳо ҳаром ва гуноҳ мебошад, хусусан дар аҳком ва масоили динӣ, ки бар Ҳақ таъоло дурӯғ гуфта шавад, чунончи ҳалолҳои Худо муайянкардаро ҳаром гуфтан ва баръакс ҳаромҳои Худо муайянкардаро ҳалол гуфтан. Аллоҳ таъоло мефармояд: "Ва шумо набояд аз пеши (хеш) худ ба дурӯғ чизеро ҳалол ва ё ҳаром карда ва ба Худо нисбат диҳед, то бар Худо дурӯғ бандед, ки онон ки бар Худои худ дурӯғ бастаанд, ҳаргиз рӯи растагориро нахоҳанд дид". (Сураи Наҳл, 166)

Ҳеҷ гоҳ шахси мусалмон муомилоти худро ба дурӯғ омехта насозад, хусусан дар тиҷорат ва савдо. Масалан, нархи асосии молро дурӯғ гӯяд, ки онро ба ин пул харидам, дар ҳоле ки воқеият чунин нест. Ё дар сифату тозагии матоъ агар дурӯғ гӯяд. Ё ин, ки ҷиҳатҳои хуби маводи тиҷориро ошкор намуда ва нуқсонҳои онро пинҳон созад. Ин ҳама корҳо дурӯғ, фиреб ва хиёнат ба шумор мераванд ва Ислом пайравони худро аз ин корҳо наҳй кардааст.

Асосгузори мазҳаби мо, яъне мазҳаби ҳанафӣ Имоми Аъзам ба мо ростиву растагориро таълим медиҳанд. Масалан, дар сарчашмаҳо дар бораи ӯ чунин қиссаеро меоранд. Имоми Аъзам дар замони худаш аввалҳо тоҷир будааст. Як рӯз Имом Абӯҳанифа ба сафар мебарояд ва ба шогирдаш молеро нишон дода нуқсонашро мегӯяд:

- Вақте, ки инро мефурӯшӣ ҳатман харидорро аз ин камбудӣ хабардор кун. Абӯҳанифа ба сафар меравад ва шогирдаш молҳои ӯро ба савдо мебарорад ва он молеро, ки нуқсон дошт, мефурӯшад, вале аз гуфтани айби он фаромӯш мекунад. Пас аз чанд муддат Абӯҳанифа бармегардад ва аз шогирдаш суол мекунад, ки он молро, ки нуқсон дошт, фурӯхтӣ ва айбашро ба харидор гуфтӣ? Гуфт, ки молро фурӯхтам, вале гуфтани айбашро фаромӯш кардам. Имом Абӯҳанифа хеле ғамгин шуда шогирдашро танбеҳ медиҳад ва баъд он маблағеро, ки аз фурӯши он маҳсулоти иллатдор ба даст омада буд, ба нодорон ва камбағалон тақсим менамояд.

Расули акрам (с) мефармояд: "Касе моро хиёнат кунад, аз мо нест". Ба фикри ман дурӯғ дар тиҷорат ин камтар аз хиёнат нест. Асосан, дурӯғгӯӣ яке аз сифатҳои мунофиқон мебошад, чи тавре, ки Расули Худо (с) мефармояд: "Чаҳор хислат ҳаст, ки ҳаргоҳ дар касе ҷамъ шавад он шахс мунофиқи холис аст. Чун амин шумурда шавад хиёнат кунад ва чун сӯҳбат кунад, дурӯғ гӯяд ва чун паймон бандад фиребсозӣ ва ғадр кунад ва чун даъво кунад дашном диҳад".

Бинобар ҳамин шахси мусалмон бояд дар ҳама ҳолату ҳама замонҳо новобаста аз шароити иқтисодӣ ва дар ҳама ҷо аз дурӯғ гуфтан бипарҳезад, ки он чи тавре, ки гуфта шуд, соҳибашро дар дунё беобурӯ карда, рӯзи қиёмат низ шармсор месозад.


Неъмонова Шабнам, донишҷӯи
факултаи журналистикаи ДМТ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97