МО МЕТАВОНЕМ ҲАТТО ҲАВОПАЙМО БИСОЗЕМ, АГАР…

Иқтисод 11.08.2008 16:06

Чоруқдарон, доҳӣ ва парчами Ҳинду Австрия

Шаҳраки Чоруқдарон имрӯз ҳолати даҳ-дувоздаҳ сол пешинаро надорад. Панҷараҳои қади роҳ ранг карда шудааст, дарвозаи даромади шаҳракро навиштаҷоти зебо оро медиҳад, рамзи шаҳр, ки ба рақами панҷи римӣ монанд асту ифодагари фулузи ванадий аст, дар пештоқи даромадгоҳи шаҳрак ва биноҳои коргоҳи азими ин маконро зеб медиҳад. Дар асрҳои миёна барои сокинони шаҳри Хуҷанд ин мавзеъ ҷои дурдаст ҳисоб мешуд.

Азбаски замини ин ҷо санглох буд, то омада расидан ба ин мавзеъ чоруқи кас медарид. Ин ҷоро аз ҳамон сабаб Чоруқдаррон номида буданд. Аммо имрӯзҳо барои ба ин ҷо омадан чархҳои автомобил роҳат мекунаду бо гузашти чанд дақиқа масофаи беш аз 20 километра аз шимоли Хуҷанд паси сар мешавад. Роҳи навсохтаи чиниҳо корро осон кард. Шаҳрак дар доманаи кӯҳи Мевагул қарор дорад. Замони шӯравӣ дар ин ҷо Комбинати фулузоти нодири Ленинобод, ки махсулоташ барои саноати киштисозӣ ва ҳавопаймосозӣ хеле зарур буд, фаъолият мебурд. Комбинати овозадор мардуми ин маҳалро, ба қавле мехӯронду мепӯшонд. Сокинони ин мавзеъ намояндагони миллатҳои гуногун: тоҷику русу тотор, арманиву қирғизу узбак ва ғайра буданд. Он солҳо ин коргоҳ фулузҳои нодирро, аз қабили ванадий ва титану ғайраҳо истеҳсол мекард. Кор ба қавле дар ҷӯш буд.

Пошхӯрии иттиҳоди шӯравӣ, вазъи носолими иқтисодии солҳои 90-уми асри гузашта водор сохт, ки аксари сокинону мутахассисони металургаш бо Комбинати фулузоти нодири Ленинобод ва шаҳраки Чоруқдарон видоъ гӯянд. Дигар талаботи зиёд ба маҳсулоти комбинат дар ҳудуди Иттифоқи Шӯравӣ боқӣ намонда буд. Комбинат аз кор монд. Рахти сафар бастани мутахассисонро гоҳо шарҳ мегуфтанд, ки минбаъд комбинат корашро идома дода наметавонад, сокинони таҳҷоӣ аз ӯҳдаи истеҳсоли фулузи нодир ва коркарди маъданҳо баромада наметавонанд. Барои ин дасти тавонои русҳо ва дигар халқҳо зарур аст. Аммо акси ҳолро вақт исбот кард.

Маркази шаҳраки Чоруқдарон. Дар мобайни майдон ҳайкали Владимир Илич Ленин гузошта шудаасту он ранги зардчатоб дорад. Дар тарафи рости муҷассамаи доҳӣ болои ҷодаҳои оҳанин парчами серангаи Ҳиндустону сурху сафеди Австрия ва дар байн бошад, парчами Тоҷикистон овезон аст. Шояд, ин гуна манзараро замони шӯравӣ дар ин ҷо касе ҳатто дар хобаш ҳам намедид. Он замон гирду атрофи доҳиро парчами сурхи 15 ҷумҳурӣ оро медоду халос. Дар пушти муҷассама бинои боҳашамати клуби шаҳрак қомат афрохтааст. Дафтари кории маъмурияти Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи Комбинати фулузоти нодири Ленинобод низ дар паҳлӯи ҳайкали Ленин қарор дорад. Ин бино имрӯз бо пластик оро дода шудааст ва дар мобайни иншооти бо усули меъмории замони Сталин сохташуда фарқ карда меистад.

Дуюним сол ин ҷониб Комбинати фулузоти нодири Суғд аз сари нав ба кор даромад. Боз кӯраҳои маъдангудозӣ тасфон гаштанду боз мардум бо ҷои кор таъмин шуданд. Ҳоло комбинат дар се баст корро ба роҳ мондаасту қариб 600 нафарро бо ҷои кор таъмин мекунад. Умуман, дар шаҳрак се ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Комбинат боз манбаъи даромади сокинони шаҳр гардид. Музди меҳнати моҳона ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 сомониро дар бар мегирад.

Барои ба кор даровардани комбинат пеш аз ҳама пайдо кардани харидори маҳсулот лозим буд. Баъди ҷустуҷӯи зиёд ва истифодаи воситаҳои гуногуни мизоҷкобӣ ин коргоҳ ҳам харидор ва ҳам ширкати дастраскунандаи ашёи хомро пайдо кард. Ҳоло корхона якчанд намуди омехтаи металҳои гуногунро истеҳсол мекунад. Аз ҳама бештар имрӯзҳо дар ин ҷо ферротитан истеҳсол мекунанд. Ферротитан омехтаи оҳану титан аст, ки барои корхонаҳои маъданобкунӣ ва металургӣ аҳамияти зиёд дорад. Ферротитанро ба дег ҳангоми об кардани оҳан ҳамроҳ мекунанд, онро ба пӯлод табдил дода, устувор мегардонад. Ашёи хомро ба ин коргоҳ ширкати Stork Handelsges MBH, ки дар Австрия сабт шудаву муассисаш як ҳиндуст, дастрас мекунад.

Дар кунҷи шаҳрак коргоҳ ва сехҳои он қарор доранд. Дар яке аз сехҳо тарзи кор ба кофтани деги суманак монандӣ дорад. Дар ҳарорати баланд алюминийро ба дег рехта об мекунанду сипас онро ба хокаи алюминий табдил медиҳанд. Дар дасти коргарон кафлезҳои дасташ дарози оҳанин болои деги ҷӯшони алюминий гаштугузор карда, моеъи тафтаи дохилашро бод мекашанд. Хокаи аз алюминий тайёршаванда барои гудохтани маъдани фулузот лозим аст.

Дар сехи дигар дар қолабҳои калон-калони чӯянини даврашакл, ки ғафсии деворашон қариб 10 сантиметр мебошад, маъдани оҳану титан рехта шуда, болои он боз чанд сарпӯши калони чӯянӣ гузошта мешавад. Бо аробачаҳои болои релс маъдани дар қолаб рехташуда ба тафдон дароварда мешавад. Ҳарорати дохили тафдон зиёда аз ҳазор дараҷа мешавад. Расо баъди як дақиқаи гудозиш қолабро аз танӯраи тафсон мегиранд. Ферротитан дар дохили қолаб об шуда тайёр гаштааст. Бо домкоб ва оҳани махсус фулузи тайёршударо аз қолаб мекӯчонанд.

Омири кулли Комбинати фулузоти нодири Суғд Маҳмудxон Холиқов мегӯяд, ки соли 2005-ум давоми сол корхона ҳамагӣ 74 тонна металл истеҳсол мекард. Ҳоло бошад, дар як моҳ 200 тонна маҳсулот омода мегардад. Соли 2009-ум дар як моҳ истеҳсолотро боз 50 тонна зиёд мекунем.

Дар як қисмати корхона сехи дигаре, ки аз замони шӯравӣ мондааст, таxдид мегардад. Дар ин сех низ нақша доранд, ки маъдангудозӣ кунанд.

Роҳбари сехи кимиёвӣ-маъдангудозии корхона Илҳом Орифов мегӯяд, ки айни замон корхона ашёи хомро барои якуним сол захира карда мондааст ва маҳсулоти тайёрро то охири ҳамин сол фурӯхтаанд.

Мушкилот

Мушкилоти дараҷаи якум барои Комбинати фулузоти нодири Суғд қатъи нируи барқ дар зимистон аст. Бе нируи барқ ба кор даровардани тафдонҳои маъдангудозӣ ғайриимкон аст. Ҳоло ферротитан аз ашёи хоми ба кишвар дохилшаванда ҳосил карда мешавад. Маҳмудҷон Холиқов мегӯяд: -Аз ин ба иқтисодиёти кишвар фоидаи калон намемонад. Дар масофаи 16-17 километр дуртар аз Чоруқдарон кони санги сафед, квартс мавҷуд аст. Танҳо ин намуди санг аз як кон барои 65-сол фаъолият бурдани коргоҳ кифоят мекунад. Дар асл дар минтақа 4 кони квартс пайдо карда шудааст. Квартсро гудохта аз таркиби он омехтаи пӯлоду кремнийро гирифтан мумкин аст. Омехтаи пӯлоду кремний барои маъдангудозӣ чизи зарурист. Мо конашро дорем, аммо барои истеҳолотамон омехтаи пӯлоду кремнийро аз кишварҳои хориҷа мехарем. Агар ин маҳсулотро худамон тайёр кунем, ҳам фоидааш зиёд мешаваду ҳам ба давлат молиёти бештар месупурдем.

Барои аз квартс ҷудо кардани омехтаи пулоду кремний тафдонҳои замонавӣ сохтан лозим аст. Барои сохтмони бинои корхонаи нав аз тарафи Бонки аврупоӣ хатти қарзӣ боз карда шудааст. Дар кори сохтмони бинои нави коргоҳ аз 150 то 200 нафар коргарони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин мешаванд. Агар корхона ба истифода дода шавад, пас 400-450 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд. Имрӯзҳо нархи омехтаи пӯлоду кремний дар бозори ҷаҳонӣ боло меравад. Маҳмудҷон Холиқов мегӯяд, болоравии арзиш ба он маъност, ки талабот ба ин маҳсулот зиёд мешавад, чунки нархаш бештар мегардад. Сохтмони бинои нави корхона аз 15 то 18 моҳ тӯл мекашад. Вақте ки ин корхона сохта мешавад, дар қаламрави тамоми собиқ Иттиҳоди шӯравӣ ягона корхонае буд, ки бо технологияи муосир омехтаи пӯлоду кремнийро истеҳсол мекард

Вале имрӯз маълум нест, ки чаро Ҳукумати ҷумҳурӣ барои истифодабарии кони квартс иҷозат надодааст. Ин масъаларо чанд сол боз меомӯзанду иҷозати истифодабариро намедиҳанд. Агар ин иҷозатнома дода шавад, 400- 450 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз мардикорӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ наҷот ёфта, дар ватан назди зану фарзандонаш истода кор мекунад. Маҳмудҷон Холиқов мегӯяд, ки масъала ҳалли худашро пайдо хоҳад кард, аммо барои ин фурсати зиёд лозим аст.

Барои корхонаи навбунёд мутахассисон лозиманд. Замони шӯравӣ ҳамин гуна андеша ҷой дошт, ки гӯиё аз сокинони таҳҷоӣ мутахасисони металурги шоиста ба воя намерасанд. Аммо имрӯзҳо сари дастгоҳҳо сокинони таҳҷоӣ паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам истода заҳмат мекашанд, маъдангудозӣ мекунанд. Ба ҳар ҳол мутахассиси дипломдор зарур аст. Айни замон 18 нафар дар Институти металургияи кӯҳии шаҳри Чкаловск таҳсил доранд. Ҳамаи онҳо сокинони Чоруқдарон мебошанду аз ҳисоби комбинат таҳсил мекунанд. Имсол боз ҳашт нафари дигар барои таҳсил фиристода шудаанд.

Замина фароҳам шудааст

Омехтаи ҳосилшудаи оҳану титанро дар комбинат бо истилоҳи илми кимиё лигатура мегӯянд. Баъди аз қолаб рехтан баъзе дуруштиҳо ба ферротитан боқӣ мемонад. Дар марҳилаи ниҳоии фулузи рехташуда аз шлакҳо тозакорӣ карда мешавад. Хӯлаҳои калон-калонро занон бо болға зада мешинаканд. Дар сехи охирин хӯлаҳои маъдани гудохташуда, ки аллакай он ранги титану оҳанро гирифтааст, ба халтаҳо ҷой карда мешаванд. Ферротитанро бо ҳаҷми чормағз ва ё каме калонтар карда дар халтаҳои сафед ҷойгир мекунанд. Ҳар халта 1-тонна вазн дорад. Рӯи халтаи сафед бо ранги сурх рамзи комбинат ва ширкати австриягӣ кашида шудааст. Бо қатор ин маҳсулот ба Аврупо фиристода мешавад. Ин маҳсулот барои сохтани ҳавопаймо ва киштиҳо масраф мегардад. Дар сехи резакунӣ асосан занон фаъолият доранд. Ин ҷо ҳам барои сӯҳбат кардан мувофик ҳасту ҳам барои кор кардан. Донаҳои ба қанд монанду зарди титанро мечинанд, дар баробари кор бо ҳамдигар сӯҳбат мекунанд. Яке аз сӯҳбатҳои сарикорӣ оид ба таҳлили рӯзи металургҳо буд. Он рӯз аксари коргарон тӯҳфаҳои идона гирифтанд.

Моҳи гузашта дар шаҳри Қайроқум, ки шаҳраки Чоруқдарон тобеъи он аст, рӯзи металургҳо ҷашн гирифта шуд. Дар чанд соли охир чорабинии мутантан бо консерту садои мусиқӣ ва намоишҳои саҳнавӣ бори аввал ба ифтихори рӯзи металлургҳои тоҷик баргузор гашт. Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Қайроқум ба минбар баромада суханҳои табрикотӣ гуфтанд. Ҳозирон каф кӯфтанду роҳбарон ба коргарони фаъоли соҳаи металлургия ифтихорнома ва тӯҳфаҳо супориданд. Дар чандин сол шояд бо ҳамин баҳона маъдангарони вилоят якҷо ҷамъ шуданд. Ин ид дидорбинии металургҳо ҳам буд.

Ба хотири металургҳо баргузор гаштани иди бошукӯҳ дарак аз он медиҳад, ки соҳа аз яхи бекорӣ ва сукут фармадаасту дар дегҳояш маъданҳои гуногун об карда мешавад. Шояд, рӯзе расад, ки гӯем тамоми элементҳои кимиёвии ҷадвали Менделеев дар худи Тоҷикистон истеҳсол ва коркард мешавад. Ва шояд он рӯз ҳам дур нест, ки мо худ ҳавопаймо бисозем.


Ислом Раҳимов, «Миллат»
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97