«Агроинвестбонк» ва деҳқони сарсони Суғд

Иқтисод 24.07.2008 17:53

Ҳангоми ҷашни Наврӯз зиёд мегӯянд: Соле, ки накӯст аз баҳораш пайдост. Аммо баҳори имсола барои кишоварзони вилояти Суғд нобоб омад. Гарчанде ки дар чандин кӯчаю маҳаллаҳо суманак пухтанду онро бо умеди он, ки сол сербориш ояд, кафча заданд, лек аз осмон қатраҳои ҳаётбахш кам ба замин рехт. Имсол нафароне, ки солҳои пешин аз серборишӣ бибиҳои суманакпазро таъна зада мегуфтанд, ки борони зиёд аз сабаби кафчазанию дегкобии шумост, хомӯш монданд. Сол камбориш омад. Сардиҳои зимистони гузашта дар баробари он, ки бузҳои наслдиҳандаро бачапарто кард, ба соҳаи кишоварзӣ низ таъсири манфӣ расонид. Дар тамоми ҳудуди вилоят 16 ҳазор гектар ғалладона бар асари сармои зимистони гузашта талаф гашт. Зимистони гузашта одамон хунук хӯрда бошанд, хунукиҳо ризқи мардумро хӯрд. Ин миқдор ғалла барои мардум баробари дон коҳ дошт, ки хӯроки чорво мегашт.

Дар вилояти Суғд чандин ноҳияи калони пахтакор аз ҷумла Зафарободу Масчоҳ, Спитамену Бобоҷон Ғафурову Ашт асосан обро барои заминҳои кишт аз пойгоҳҳои обкашӣ, ки бо қувваи барқ кор мекунанд, то мазраи кишт меоранд. Бӯҳрони барқии баамаломада, аз оғози мавсими кишт кори деҳқононро вазнин карду киштукорро қафо партофт. Агар ҳар сол 20-уми апрел пойгоҳҳои обкашӣ мунтазам ба гардиш даромада, обро ба анбору ҷӯйборҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷорӣ кунад, пас имсол санаи 16-уми май ин кор амалӣ гардид. Фарқият як моҳ аст. Дар ин сурат мазмуни мақоли "як рӯзи баҳор пур кунад анбор", сӣ маротиба коҳиш ёфт. Пас, саволе ба миён меояд, ки сӣ рӯзи гумшудаи баҳор чӣ миқдор анборҳоро холӣ карда бошад?

Фасли баҳор дар вилоят нақша доштанд, ки дар майдони ҳафтоду шаш ҳазору 570 гектар пахта мекоранд. Бино бар набудани об кишт дар майдони наздик ба 70 ҳазор гектар гузаронида шуд. Аз ин ҳафтод гектар дар 10 фисади замин пунбадона неш назад. Сабаби инро мутахассисон ҳамоно камбориш омадани сол ва гум шудани намии замин мегӯянд. Кор чунин сурат гирифт, ки ноҳияи дар пахтакорӣ овозадори Масчоҳ 87 фисад, ноҳияи Зафаробод 88,7 фисад нақшаи кишти пахтаро иҷро карда тавонистанду халос.

Дар водии Зарафшон зироати тамоку кишт карда мешавад. Аммо бино бар он, ки бозори ин зироат аз даст рафтааст, имсол дар Панҷакент ба ҷои 296 гектар танҳо ба 72 гектар замин тамоку кишт карда шуду халос. Гуфтан мумкин аст, ки акнун равоқи болохонаҳои сокинони ин минтақаро камтар ҳамелҳои овехтаи тамоку оро медиҳад.

"Агроинвестбонк" -

кӯзаи наву оби хунук

Имсол деҳқонони вилоят низ дар баробари хоҷагиҳои тамоми ҷумҳурӣ ба тарзи нави сармоягузорӣ ворид гаштанд. Акнун маблағро барои деҳқон бонкҳо медиҳанд. Бояд давоми сол аз бонкҳо кишоварзони вилоят 106 миллион сомонӣ маблағ гирифта истифода баранд. То ин дам беш аз 60 миллион сомонӣ ба хоҷагиҳо дастрас карда шуд. «Кӯзаи наву оби хунук.» Буданд ҳолатҳое, ки дар ҳуҷҷатгузорӣ нофаҳмиҳо сар зад. Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима, гирифтани маблағи даркорӣ барои харидани сӯзишворӣ, ба тартиб даровардани техникаи киштукор аз масъалаҳое буданд, ки барои ҳалли онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ саргардонӣ доштанд.

Баъди гузаронидани кишт масъалаи таъмини озуқавории пахта ва дигар зироатҳо ба миён омад. Дар ҳамин асно нархи нуриҳои минералӣ ва дигар доруҳо баланд шуданд. Барои харидани ин озуқаворӣ аз бонк маблағ гирифтан лозим аст. Дар ҳамин мавриди сарнавиштсоз масъулини бонк сару садо баланд кардад, ки бонк ба хоҷагӣ маблағ намедиҳад ва ё дигар нофаҳмӣ сар мезанад. "Амонатбонк" маблағҳои талабкардаро саривақт ба деҳқонон дастрас карда тавонист. Аммо "Агроинвестбонк" барои саривақт додани маблағ монеа пеш овард. Баъзе ҳуҷҷатҳо тахт набудаанд. Барои додани пул гарав талаб карданд. Дар вилоят сарварони хоҷагиҳое ҳастанд, ки манзили истиқоматиашонро ба бонк гарав гузошта буданд, аммо дар ин ҳолат низ "Агроинвестбонк" аз дастрас кардани маблағ худдорӣ кардааст"- мегӯяд сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобоҷон Домуллоев.

Кашолкорӣ дар додани маблағ сабаби дар тамоми ноҳияи Спитамен, ки яке аз навоҳии пахтакор ба шумор меравад, кам шудани таъмини замин бо нуриҳо шудааст. Хоҷагии ба номи Абдуғафур Самадов, ки яке аз хоҷагиҳои бонуфузи ҷумҳурист мумкин аст, ки имсол ҳосилро аз даст диҳад. Сабаб он аст, ки ин дам озуқаи лозимаро заминҳои пахтаи ин хоҷагӣ надидааст. Мутобиқи технологияи кишоварзӣ озуқадиҳӣ то санаи 20-уми июл фоидаовар аст. Агар он аз якуми август дертар монад, нурии пошидашуда, ба барги пахта таъсир мерасонаду ба ҳосилнокӣ ҳеч асар карда наметавонад. Пахта дер мепазаду танҳо моҳҳои ноябр - декабр мешукуфад.

Сарвари идораи кишоварзии вилоят дар ин маврид мегӯяд, ки ин таҷриба соли аввал амалӣ гашт. Албатта соли нахустин камбудиҳо мешавад. Аммо мо умед дорем, ки сол аз сол кишоварзон таҷриба меомӯзанду минбаъд нофаҳмиҳо байни онҳо ва бонкҳо сар намезанад.

Гарчанд, ки дар пахтакорӣ оғози сол мушкилӣ пеш омад, лекин дар боғдорӣ ҳосили дилхоҳ ба даст омад, мегӯяд сардори идораи кишоварзии вилоят. Ҳосили зардолу ва дигар меваҳо фаровон гашт. Содирот аз ин ҳисоб дар нимсола баробари 41 миллиону 733 ҳазор доллари амрикоӣ гашт. Боз дар назар аст, ки ба маблағи наздик панҷ миллион доллар содирот карда шавад. Нишондиҳандаҳои гузаронидани кишти баҳорӣ ва маҳсулоти обчакориро мутахассисони кишоварзӣ қаноатбахш ҳисоб карданд.

АННАЗИР

Дар ҳар сурат маҳсулоти стратегии Тоҷикистон пахта боқӣ мемонад. Чанд сол пештар дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод тухми нави пахтаи ба ном АННАЗИР парвариш мегардид. Ихтироъкори он селектсионери тоҷик Назир Иброҳимзода буд. Ин навъи пахта бо роҳи гардолудкунӣ парвариш карда мешуд. Технологияи хоси парвариш ҳам дошт. Масофаи байни қаторҳо 90 сантиметр буда, ҳангоми гулкунии ғуза соати 4-и субҳ ба таври дастӣ гардолуд карда мешуд. Ду сол пештар ҳар як ниҳоли пахтаи Анназир аз 90 то 120-донагӣ кӯрак баста буд. Дар маҳиннахӣ ва ҳосилнокиаш ин навъи пахта метавонист, ки ба деҳқонон давои дарди сар гардад. Бо ҳукми тақдир ин олими тоҷик аз олам гузашту кори онро писараш идома медиҳад. Алҳол маълум нест, ки навъи бо гардолудкунӣ ихтироъкардаи олими тоҷик барои кишоварзони кишвар самарабахш буда метавонад ё не.

Умед ба

пахтаи Туркия

Ҳоло дар ҳудуди вилояти Суғд дар майдони 500 гектар тухми пахтаи туркиягии Флора кишт карда шудааст. Мутахассисон мегӯянд, ки ин навъи пахта ба нигоҳубини зиёд ниёз надорад. Агар камобӣ шавад, шона ва гулашро намепартояд. Барги бехи он қайчибарг аст ва барои сарчинкунӣ ҳоҷат нест. Ин навъи пахта имрӯзҳо дар вилоят парвариш мешаваду деҳқонон аз он умеди калон доранд.

Сардори Раёсати кишоварзии вилояти Суғд Бобоҷон Домуллоев дар робита ба кам гаштани майдони кишти пахта гуфт, ки дар вилоят баробари нишондиҳандаҳои соли гузашта пахта ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Дар вилояти Суғд захира кардану омода сохтани хӯроки чорво коҳиш ёфт. Яъне ба қадри лозим хӯроки чорво захира карда нашуд. Ин хоҳ - нохоҳ ба боло рафтани арзиши гӯшт дар бозорҳо мусоидат мекунад. Танҳо як дарза коҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 7-8 сомонӣ расидааст.

Пахта кам кишт гашт. Дар заминҳои аз киштмонда дуюмбора зироат коштанӣ ҳастанд. Фасли тирамоҳ маълум мекунад, ки чӣ қадар пахта рӯёнида мешавад. Агар пахта ба қадри лозима чида шавад, пас гуфтан мумкин аст, ки равғану кунҷора фаровон мешавад. Агар ҳосили дилхоҳ ҷамъ нагардад, як илоҷи кор аст. Он ҳам бошад, баҳори навро интизор шудан!


Ислом РАҲИМОВ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97