1 миллиону 115 ҳазор тонна картошкаатон куҷо шуд, ҷаноби вазир?

Иқтисод 04.04.2014 15:19

Qosim Rahbarovich-aДар ҳоле ки агар талаботи солонаи Тоҷикистон 800 ҳазор тона бошад.

Агар як миллион тонна картошка дар захирагоҳҳо боқист, вориди бозор кунед, то нархи бозор пойин биравад. Агар надоред, лутфан тавҷеҳ бидиҳед, чаро бо вуҷуди ҳосили беш аз якмиллионӣ дар ҳасостарин лаҳза нархи картошка ба гуфтаи расонаҳои зер 80% боло рафтааст?!

«Нархи картошка дар Душанбе дар як ҳафтаи гузашта 80% боло рафт. Тоҷирон болоравии нархро бо камбуди картошка дар Покистон иртибот медиҳанд, зеро ин кишвар аз содиркунандагони асосии картошка ба Тоҷикистон ба шумор меравад. Пас як миллион тонна ҳосили рекордии соли гузашта куҷо шуд?

Хабарнигори радиои «Озодӣ» бо тоҷирону нозирони нарх ва ҳамчунон сокинони пойтахт сабаби болоравии нархи картошка дар Тоҷикистонро таҳқиқ намуд».

Манбаъ: http://www.ozodi.org/content/price-of-potato-hiked-up-in-tajikistan/25316027.html

«Парвоз-и нархи картошка ва ҳисоботи осмонӣ-и Қосими Раҳбар

Нархи як кило картошка дар бозорҳои пойтахти Тоҷикистон аз 2,5 сомонии як ҳафтаи қабл то ба 4,5 сомонӣ боло рафтааст. Бархе аз тоҷирони бозори «Саховат»-и шаҳри Душанбе сабаби гарон шудани нархи картошкаро ба коҳиши воридот аз Покистон рабт доданд.

Ба қавли онҳо, ба далели интихоботи раёсати ҷумҳури Афғонистон воридоти картошка аз Покистон кам шудааст. Аммо тоҷирони бозори Шоҳмансур дар суҳбат ба хабарнигори Озодагон болоравии нархи картошкаро мавсимӣ гуфтанд. Як савдогари ин бозор гуфт, картошка кам мондааст. Картошкаро барои тухмӣ зиёд мехаранд ва як сабаби гарон шуданаш ҳам ҳамин ҳаст. Ҳамасола дар ҳамин мавсим нархи картошка боло меравад. Ба наздикӣ боз арзон хоҳад шуд.

Картошка баъд аз ғалладонагӣ, дувумин маҳсулоти серистеъмол дар Тоҷикистон мебошад ва онро нони дувум ҳам меноманд. Гароншавии нархи ин навъи маҳсулот дар ҳолест, ки Қосими Раҳбар, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеи ҳукумат дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка хабар дода буд.

Ӯ аввали соли равон таъкид карда буд, супориши президенти кишвар барои расондани истеҳсоли солонаи картошка ба 1 миллион тонна бори аввал иҷро гардид. Дар соли 2013 як миллиону 115 ҳазор тонна картошка истеҳсол шуд,-таъкид дошта буд Қосими Раҳбар.

Бар асоси иттилои расмӣ, талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка камтар аз 800 ҳазор тонна арзёбӣ мешавад».

Манбаъ: http://www.ozodagon.com/15542-parvoz-i-narhi-kartoshka-va-isoboti-osmon-i-osimi-rabar.html

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97