«Сафедорак» муҳимтар аз «Талко» воқеъ шуд!

Иқтисод 19.02.2014 19:13

Ё зимистон поёни дунё нест

Safedorak 1Мавсими боридани барф ва сардиҳои фасли зимистон айёми дилсардию ноумедиҳо набуда, балки фурсати санҷишу корнамоиҳо дар ҳаёти шахсии ҳар фарди ҷомеъа ва давлату миллат низ мебошад.

Аз баски Тоҷикистон кишвари куҳистон аст, мардуми шарифи ин сарзамин аз итобу душвориҳои фасли зимистон наҳаросида, ҳар мавсимро бо сарбаландӣ ва мардона пушти сар мекунанд.

Одатан мавсими зимистон айёми нисбатан камфаъолиятию бекории бархе аз одамон ва ё гуруҳу табақаҳои ҷудогона аст, аммо барои аксарияти афрод ва ҷомеъаю мамлакатҳои пешрафтаи олам тафовуте дар кору фаъолияти мавсимӣ вуҷуд надорад.

Акнун, ки замона талаботи иқтисоди бозаргонӣ ва сармоядориро дорад, моро низ зарур аст, ки аз ҳар лаҳзаю фурсати тамоми чор фасли солро самаранок истифода бубарем.

Ҷойи кор ва маоши хуб манбаи асосии некуаҳволии шаҳрвандон буда, бо ҷойи кор, маоши хуб, саодатмандию осоиштагии кулли тоҷикистониёнро таъмин кардан, маром ва ваъдаи ҳукумату давлати мо мебошад.

Чун соли гузашта дигаргуниҳое дар бахшҳое аз ҳаёти мо рух дод, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва таъйини ҳайати нави ҳукумат ва вазорату мақомот аз ҷумлаи дигаргуниҳои ҳаёти кишваранд, ки мардум аз он умедвориҳое доранд. 

Аз ҷумла сокинони кули деҳоти ҷумҳурии азизамон бо такя ва боварӣ ба сухарониҳои президенти кишвар итминон доранд, ки дар ин ҳафтсоли муҳлати навбатии президенти тозаинтихоб, бахусус вазъи зиндагӣ ва шароиту имкониятҳои деҳот боз ҳам хубтару беҳтар хоҳад гашт.

Вобаста ба рушди ҳаёти деҳот, беҳбудии вазъи фароғату истироҳат, варзишу сайёҳӣ ва инчунин чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ дар шумораҳои 51 (381) аз 19-12-2012,  №11 (393)аз 13-03-2013 ва №02 (384) аз 09-01-2013 ҳафтаномаи "Миллат" матолибе зери сарлавҳаҳои "Сафедорак" муфидтар аз "Талко", " Дар ҷустуҷӯи "антивирус", "Сафедорак" кай "Талко" мешавад? " Пойтахти зебою деҳоти Аморати Бухоро" ба табъ расонида будам.

Гар чанде ки дар сарлавҳаи мақола "Ба диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шуда буд, баъди интизориҳои зиёд фақат бо имзои раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Маликшо Неъматов номае бо рақами-7/1 - 534-с аз 21-06-2013 ба суроғаи банда ва нусхааш  ба вакили мардумӣ дар Маҷлиси намояндагони МО ҶТ Давлаталӣ Давлатзода ирсол гардид, ки мувофиқи матни нома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чанде аз вазорату кумитаҳои дахлдор омодаанд, ки бо дастрас намудани 14 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2014 ба таҷдиди базаи лижаронии "Сафедорак" ва роҳи мошингарди стандарти байнанмилалии аз гардиши Пуғуз то базаи лижаронии "Сафедорак" оғоз намоянд.

Моҳҳои аввали соли нави мелодӣ даргузаранду мавсими нави лижаронӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҳам бо ҳама мушкилоти дар солҳои пешин доштааш идома дорад.

Ҳамоно мисли солҳои гузашта ҳар шахси хоҳишманде, ки бо дили пур аз орзую умедҳои наҷиб ба ин ҷо ташриф меорад, хоҳиши бори дигар ба ин мавзеъ омаданро аз даст медиҳад. Роҳҳои ноҳамвору бартанг, хонаҳои сарду бидуни қувваи барқ, набудани шароити хобу шустушӯ ва фароғату маишат сайёҳонро дилсарду озурдахотир мегардонад.

Бо чанде аз ронандагони мошинҳои шахсӣ, ки ба ибораи худашон дар мавсими лижаронӣ "таксӣ" кор мекунанд, суҳбат доштам. Хурсандона иброз медоштанд, ки дар як рӯз маблағи якҳафтаинаи дигар рӯзҳои кори муқаррариашонро аз ҳисоби сайёҳон дастрас мекунанду мутаассифона бисёре аз меҳмонону сайёҳон хоҳиши бори дигар ба ин ҷо омаданро надоранд.

Бояд гуфт, ки дар қатори сайёҳони ватанӣ кам ҳам ҳаст, аммо сайёҳони хориҷӣ низ ба ин ягона маркази фароғатии зимистона ташриф меоранду аз ҳисоби сафари як рӯзаи онҳо меҳмонхонаю ошхонаҳо, нуктаҳои таъмири мошинҳои хидматрасонии маишӣ низ манфиатдор мешаванд.

Дар ҷаҳони имрӯз бисёре аз малакатҳои чаҳон, тавонмандии иқтисодиёт ва буҷаи давлати худро аз ҳисоби нафт, газ ва дигар сарватҳои табийӣ ба даст меоваранд, қисмате аз кишварҳои дигар некуаҳволии мардум ва иқтидори иқтисодии худро аз ҳисоби дар доираи низоми муайян, аз ҷумла ҷалби сайёҳони хориҷӣ дарёфтаанд.

Alisher QudratovМисоли равшани ин гуфтаҳо пешрафту шуҳрати рӯзафзуни шаҳри овозадори Дубайи Аморати муттаҳидаи Араб ва чанде аз кишварҳои Аврупою Осиё низ мебошанд.

Дар ҳолати ҳарчи зудтар азнавсозии "Сафедорак" ин ягона маркази зимистонаи фароғатии кишвар, манбаъи ҷойи кори шаҳрвандон ва даромади буҷаи давлат гардида аз ҳама муҳимаш сарчашмаи ифтихору номбардории миллат хоҳад шуд.

Дар ин рӯзҳо чашму гӯши ҳамаи мардуми дунё ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия нигаронида шудааст. Дар ин шаҳр бозиҳои зимистонаи олимпиадаи навбатӣи гузаронида мешаваду аз ҷумҳурии мо низ як нафар варзишгар, дастпарвари мактаби лижаронии "Сафедорак" Алишер Қудратов зери ливои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Бояд гуфт, ки дар ҳолати пурра обод будани ин мавзеъ ва фароҳам будани шароити ҷавобгӯйи меъёрҳои байналхалқӣ, ҳайати варзишгарони мо бештар мешуду аз байни онҳо байрақбардорони шарафу номуси миллат бештар мешуд.

Бо шукрона метавон гуфт, ки имрӯз дар кишвари мо соҳибкорону сарватмандони зиёде кору зиндагӣ мекунанд, ки ҳар кадоме ҷудогона ва ё чанде дастаҷамъона метавонанд сармояи худро баҳри ободонии ин мавзеъи афсонавӣ сарф намоянд ва дар муддати кутоҳ аз ҳисоби даромади он сармояи худро чанд маротиба бештар афзоиш бидиҳанд.

Имрӯз дар кишварамон шаҳри Душанбе соҳибкорони зиёде бо мақсади фурӯш бунёди хонаҳои истиқоматии баландошёнаро вусъат бахшида ҳусни кӯчаю гулгашт ва хиёбону маҳалаҳоро шукуҳу шаҳомати нав мебахшанд. Дар навбати  аввал ин иқдоми хуб буда, бо мақсади хоҳишмандонро ба ҷойи зист таъмин сохтан аст. Вале мутаассифона бинобар сабаби баланд будани нарх на ҳамаи хоҳишмандон инчунин манзилҳоро харидорӣ мекунанд, ки дар натиҷа аксарияти онҳо холӣ монда, гардиши маблағи соҳибкорон ба кундию душвориҳо рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Агар соҳибкорону сарватмандони муҳтарами мо дороии худро барои сохтмони заводу корхонаҳои хурд ва ё мавзеъю иншооти барои ҳаёти имрӯзӣ зарур  буда, ба мисли "Сафедорак" сарф мекарданд, боварии комил дорам, ки аз натиҷаи чунин кирдори наҷибонаашон ҳам худашон барзиёд қаноатманд мешуданду ҳам мояи ифтихори халқу Ватан гардида, аз кори хайру номи некашон мардум ҷовидонӣ дуогӯ хоҳанд буд.

Имомали Табарӣ,

вакили мардум дар Маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Деҳмалик, ноҳияи Варзоб

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97