2 миллиард доллари Занҷонӣ аз Душанбе ба Теҳрон нарасид. Чаро?

Иқтисод 18.01.2014 16:49

Bobak Zanjoni  2Саид Ҳайдарӣ, вакили Маҷлиси Шӯрои исломӣ аз Кирмоншоҳ дар суҳбат бо хабаргузории нимарасмии Форс асноди ироакардаи Бобаки Занҷонӣ дар мавриди пардохти  2 миллиард доллар ба вазорати нафти Иронро қалбакӣ номид. Ба гуфтаи Ҳайдарӣ,  санаде, ки ба порлумон ироа шуд, аз номи Бонки миллии Тоҷикистон буд.

Дар ҳафтаи гузашта  вакили дигари парлумони Ирон Мустафо Афзалифард гуфта буд, ки Бобаки Занҷонӣ  ҳамаи 2 миллиарду 60 миллион доллар қарзаш ба вазорати нафти Иронро пардохт кардааст. Бонки марказии Ирон низ тасдиқ кард, ки ин ҳама маблағ алакай ба суратҳисоби вазорати нафт дохил шудааст.

Дар моҳи сентябр вазири нафти Ирон Бежан Номдор Зангина гуфта буд, Занҷонӣ иддао дорад, ки Амрико ҳисобҳои бонкии ӯро масдуд кардааст ва ба ин далел наметавонад ба давлати Ирон пул таҳвил диҳад. Занҷонӣ он замон гуфта буд, пулҳо дар ҳисоби бонкии як ширкати дар Ҳонгконг таъсисёфта ва марбут ба ширкати миллии нафти Ирон аст ва таҳвили пул ба Ирон дигар кори ӯ нест. Аз он пеш дар моҳи август, Занҷонӣ ба хабаргузории ИСНО гуфта буд, ки ӯ дар маҷмӯъ ба таҳвили 17,5 миллиард евро сармояи бонкҳои Ирон пул аз хориҷ ба дохили кишвар кумак кардааст ва он ҳам бо ҳақулзаҳмаи ночизи 0,007 фоиз.

Дар пасманзари буҳрони ахири сиёсии Туркия, ки боиси ба истеъфо рафтани дастикам 10 узви кобинаи сарвазир Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо иттиҳоми фасод ва бурузи мавҷи нави эътирозҳо бо талаби истеъфои худи ӯ шуд, исми Занҷонӣ низ дар радифи Ризо Зарроб дигарбора дар забони расонаҳо афтод.

Аммо худи Занҷонӣ ҳар навъ даст доштанаш дар моҷарои фасод дар Туркияро рад карда, дар сомонаи ширкати расмиаш  Sorinet  -  гуфтааст, тамоми тиҷоратҳои ӯ дар Туркия қонунист. Ӯ ҳамчунин гуфта, ки бо Ризо Зарроб, як тоҷири иронии муқими Туркия, ҳамагӣ боре чанд мулоқот доштааст ва дар бораи фаъолиятҳои ӯ чизе намедонам.Мо ягон тиҷорати муштаракеро пеш намебурдем. Ба ин далел, афзудааст, Бобаки Занҷонӣ, агар Зарроб ягон тиҷорати ғайриқонуние дошта бошад, ман масъулаш нестам.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи рӯзномаи туркии Haberturk, Ризо Зарроб баъди боздошташ Занҷониро раҳбари худ номидааст. Ин рӯзнома пораҳое  аз мукотибаи ин ду нафарро нашр кардааст, ки тибқи он, ҳар ду қарор гузошта буданд, то дар ин ҳафта дар меҳмонсаройи пуршукӯҳе дар Анталияи Туркия мулоқот кунанд. Ба навиштаи ин рӯзнома Занҷонӣ дар бозори тилои Туркия фаъолияти бавижае дошт. Худи Занҷонӣ низ харидани 1,5 тонна тило аз кишвари африқоии Ғанаро эътироф карда гуфтааст, қасд дошт, то ним тоннаи онро дар Туркия ва 1 тоннаи дигарашро дар Дубай бифурӯшад.

Haberturk менависад, ки гӯё ин тилоро дар роҳ ба сӯи Дубай дар фурудгоҳи Истамбул мусодира кардаанд ва гӯё маҳз ҳамин қазия боис шуда, ки Занҷонӣ ба таҳлука афтода, тавассути эмейл аз Зарроб  барои наҷоти бораш кумак бихоҳад. Аммо Занҷонӣ гуфтааст, ки дар воқеъ бори ӯро дар фурудгоҳи Истамбул тафтиш карданд, вале касе ин тилоро мусодира накардааст, балки баъди маълум кардани дурустии аснод ба ин ҳавопаймо иҷозаи парвоз доданд. Занҷонӣ гуфтааст, ки 64 ширкат бо 6-7 миллиард евро даромади солона зери назари ӯ кор мекунанд ва ӯ ниёзе ба пеш бурдани чунин тиҷоратҳои кӯчак надорад.

Сармоядороне, чун Бобаки Занҷонӣ ва Ризо Зарробро, ки исмаш дар буҳрони ахири Туркия расонаӣ шуд, ҳал-қаҳои шабакаи моливу тиҷорие медонанд, ки Ҷумҳурии исломӣ ба хотири сабуктар кардани бори гарони таҳримҳои байналмилалӣ ба майдон овардаанд. Аммо акнун аъзои ин шабакаро дар Ирон ва хориҷ ба фасод айбдор мекунанд. Аммо Занҷонӣ иттиҳомоти бархоста дар бораи гӯё арзон фурӯхтани нафти Иронро рад мекунад ва мегӯяд, масъулияти фурӯши нафт бар ӯҳдаи ҳамон ширкати ҳонгконгист ва азбаски ягон бонк таҳвили пулашро ба ӯҳда нагирифт, ин ширкат аз ӯ кумак хостааст, то пулҳояшро тавассути як бонки воқеъ дар Малайзия ба Ирон интиқол диҳад.

Аммо ин ки дар ин миён исми Бонки миллии Тоҷикистон ва гувоҳиномаи гӯё ба Занҷонӣ додаи ин бонк дар мавриди таҳвили беш аз 2 миллиард доллар ба ҳисоби бонкии вазорати нафти Ирон аз куҷо омад, пушти пардаи розҳо боқӣ мемонад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳанӯз ба ин иддао дар бораи мушорикаташ дар муомилоти пулии ширкатҳои Занҷонӣ посух надодааст. Ин ниҳод дар моҳи октябр дар пайи бурузи моҷарои Конт Инвестмент Бонк, як ниҳоди молии марбут ба Занҷонӣ, ки дар Тоҷикистон  таъсис додааст, гуфта буд, ҳанӯз қабл аз таҳримоти аз 1 май эълонкардаи Амрико алайҳи ин бонк, Душанбе ҳанӯз дар моҳи март фаъолиятҳои Контбонкро маҳдуд карда буд. Бонки Миллии Тоҷикистон аз ҷумла "Kont Investment bank"-ро ҳамчунин аз боз кардани филиал ё шӯъба маҳрум кард ва аз бонкҳои дигар хост, ки бо ин бонк ҳамкорӣ накунанд.

Моҷарои нав бар сари тиҷоратҳои марбут ба Бобаки Занҷонӣ дар ҳолест, ки ахиран 12 вакили Маҷлиси Ирон дар як нома аз қувваи қазоияи Ҷумҳурии исломӣ хостанд, то алайҳи ин миллиардер парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Дар соли 2013 дар чаҳорчӯби таҳримҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Ирон дастрасӣ ба дороиҳои Бобаки Занҷонӣ низ дар кишварҳои ғарбӣ масдуд шуда буд. Ба дунболи он ширкатҳои муштараки Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла "Kont group Tajikistan ва "Asian Express Airline" эътироф карданд, ки ин таҳримҳо ба фаъолияти онҳо низ бетаъсир набудааст. Масалан, "Asian Express Airline" гуфт, ки наметавонад ҳавопаймоҳои ҷадиди "Airbus"-ро вориди Тоҷикистон кунад ва парвозҳои байналмилалиро анҷом диҳад. Ҳоло ин ширкатҳо умедворанд, ки бо ҳал шудани мушкилоти барномаҳои ҳастаии Ирон бо шаш қудрати ҷаҳонӣ, таҳримҳои зидди Ирон коҳиш хоҳад ёфт ва дороиҳои Занҷонӣ дар Ғарб низ аз таҳримҳо берун хоҳанд омад.

Бобаки Занҷонӣ дар ҳоли ҳозир яке аз сармоягузорони аслии хусусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Дар моҳи марти соли 2013 дар расми гушоиши терминали нави автобусҳои Душанбе, ки ширкати "Asian Express"-и ӯ таъмини молӣ карда буд, дар канори Занҷонӣ мақомоти олии Тоҷикистон ширкат доштанд. Ин ширкат бо ворид кардани 40 автобус ва беш аз 200 таксӣ талош дошт, то нақши пештоз дар бозори мусофиркашонии Тоҷикистонро ба даст биорад ва аз парлумони Тоҷикистон дар роҳи воридоти васоили нақлия ва таҷҳизоти дигар имтиёзҳои фаровонеро ҳам соҳиб шудааст.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97