"Оё мактуби №1-1263 мухолифи принсипи сиёсати давлат нест"?

Иқтисод 25.12.2013 21:07

 

Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию

 

коммуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи

 

амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Агентии зидди инҳисории назди

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 

Сардори Хадамоти алоқаи назди

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Муҳтарам Бег Сабурович,

Atoev va Beg ZuhurovАссотсиатсияи дастраскунандагони Интернет бо арзи сипос аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд ёрии худро дар шарҳи муроҷиате, ки Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2013 таҳти №1-1263 (минбаъд мактуби 1-1263) ба литзензиатҳо, аъзои ташкилоти мо кардааст дареғ намедоштед. Муроҷиати мазкур бо мазмуни худ ва чораи дарбар гирифтааш боиси нигаронии ҷиддии Ассотсиатсия, ҳамчун узви Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (минбаъд ТИК)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гардидааст.

Муроҷиати номбурда бо ишора ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №550 (минбаъд қарори 550) аз 2 ноябри соли 2011 вогузор кардани "таъмини тамоми хизматрасонии Интернет, WIMAX, WIFI ба корхонаҳо, муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ"-ро ба зиммаи ҶСК "Тоҷиктелеком" муайян карда, аз литсензиатҳо ва ё худ дастраскунандагони Интернет қатъ кардани таъмини чунин хидматрасониҳоро пешниҳод намудааст.

Муроҷиат ба қарори 550, ки бо мақсади амалӣ намудани Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, вазифаҳои Хадамотро дар андешидани чораҳои амалӣ "ҷиҳати таъмину хизматрасонии воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва пайваст намудани мақомоти давлатӣ ба шабакаи Интернет" муайян намуда бошад ҳам, ишорае ба нақши хосаи ҶСК "Тоҷиктелеком" накардааст.

Пӯшида нест, ки Хадамот танзимгари бозори алоқаи ватанӣ мебошад, ки дар баробари ҶСК "Тоҷиктелеком" дар он литсензиатҳои сершумораш рақобат меварзанд. Корхонаҳо, муассисаҳо ва идораҳои давлатӣ вазифадоранд аз хидматрасониҳои боэътимод ва баландсифати ин бозор истифода баранд. Аз нигоҳи воқеияти иқтисоди бозорӣ, ки иқтисодиёти ватанӣ кайҳост дар асоси он фаъолият дорад, чунин хусусиятҳои хидматрасониҳоро танҳо рақобат муайян карда метавонад. Чорасозиҳои ҳамсанги мактуби 1-1263 на танҳо муассисаҳои марбутаро аз баҳра бурдан аз ин рақобат маҳрум мегардонаду боиси сарфи иловагии буҷа мегардад, балки раванди табиъии рушди бозорро халалдор мекунад.

Гузашта аз ин, мактуби мазкур мухолифи талаботҳои моддаҳои 4, 6 ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол" мебошад. Тавре ки моддаи 4 қонуни мазкур муқаррар кардааст: "Амали (беамалии) субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё шахсони воқеӣ гаштаанд ё мегарданд, манъ аст, аз ҷумла чунин амал (беамалӣ): -мамониат кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми дохил шудан ба бозор (баромадан аз бозор); -фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ)" ва ё ин ки тибқи моддаи 6 ин қонун, ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозад, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, агар ин санад ва ё амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гарданд, манъ аст. Аз ҷумла: - тақсим кардани бозор аз рӯи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯи молҳои фурӯш ё аз рӯи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон); - маҳдуд сохтани дастрасии бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор."

Рақобатпазирии бозори ало-қаи ватанӣ, ки аз сиёсати хирадмандонаи ҳукумати кишвар сарчашма мегирад, омили муҳими дарёфт ва мустаҳкам кардани мавқеи иқтисодии кишвар дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Ин омил бо дастоварди бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки узвият дар Созмони ҷаҳонии савдо (минбаъд СҶС) мебошад, моҳияти боз ҳам баланд пайдо кардааст. Бинобар ин ҳама гуна дахолат ба рақобатпазирии бозори ватанӣ таҳдид ба мавқеи кишвар дар бозори ҷаҳонӣ буда, ба иҷроиши уҳдадориҳои Тоҷикистони узви СҶС халал мерасонаду нуфузи онро ҳамчун шарики имконпазир заиф мегардонад.

Барои боз ҳам таъкид кардани бузургии дастоварди мазкур танҳо қайд намудани моҳияти ин узвият ҳамчун афзалияти нодири рақобатпазирӣ (конкурентное преимущества)-и Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани мавқеи иқтисодиву геосиёсии худ дар ҳудуди минтақаи Осиёи Марказӣ басанда аст. Тоҷикистон акнун имконият дорад, ки рақобатпазирии бозори алоқаи ватаниро дар ҳудуди глобалӣ муаррифӣ намуда, бо такя ба он сармоягузории ватаниву хориҷиро ба саросари соҳаҳои иқтисод тақвият бахшад. Дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа, Тоҷикистони имрӯза бо меъёрҳову стандартҳои сатҳи бозори ҷаҳонӣ амал карда, ташаббусҳои фаромиллиеро пиёда сохта, хидматҳои анъанавию наву навтаринро дар сатҳи минтақа расонад. Тоҷикистон ҳамчун узви ин созмони бонуфуз акнун қодир аст, ки дар сатҳи берун аз минтақа андешаронӣ кунад. Ҳамагуна андешаҳову талошҳои иқтисодӣ, алалхусус аз муассисаҳои давлатӣ, ки маҳдуд дар сатҳи манфиати як ширкат ва ҳатто як соҳа таҳияву татбиқ мешаванд ин афзалияти нодирро заиф мегардонаду расидан ба ҳадафҳои стратегии давлатро амри маҳол.

Акнун, назар меафканем ба ҳадафи тадбири мактуби 1-1263, ки амалӣ намудани супориши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Азбаски қарори 550 бо мақсади амалӣ намудани Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Консепсия) қабул гардидааст, қайд намудани ҳадафи онро зарур мешуморем. Аз муроҷиат ба ин санади муҳим бармеояд, ки; Ҳадафи стратегии дарозмуддати сиёсати иттилоотӣ бунёди ҷомеаи демократии иттилоотӣ ва воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотии ҷаҳонӣ мебошад.

Унсури калидии ҷомеаи иттилоотии ҷаҳониро иқтисоди иттилоотӣ ташкил медиҳад, ки ба маводи иттилооту донишбунёд асос ёфтааст. Чун ҳамеша дар он кишварҳо ба истеҳсолкунандаи ин мавод ва истеъмолкунандаи онҳо ҷудо мешаванд. Лекин, дар фарқ аз ҷомеаи саноатӣ (асри ХХ), ки дар он Тоҷикистон мавқеи мустаҳками истеъмолкунандаро дошт, дар ҷомеаи кунунӣ Тоҷикистон имкони нодиреро дорост, ки ба сатҳи истеҳсолкунандаи маводи донишбунёд расаду мавқеи иқтисодиву сиёсии худро мустаҳкам созад. Такрор шавад ҳам афзалияти рақобатпазирии ба дасто вардаи давлат, яъне узви СҶС, чи далели воқеият доштани ин андеша ва чи далели доштани чунин имкони нодир буда метавонад.

Нақши Хадамот, ҳамчун танзимгари соҳаи мунтазам рушдёбандаи алоқа, дар ин раванд басо муҳим буда, тадбирҳои якмасрафаи сабук манфиатбор шуда наметавонанд. Ҳатто агар ба манфиати соҳа ҳам бошанд, ба манфиати сиёсати давлатии иттилоотӣ буда наметавонанд, ки Консепсия, онро чунин муайян кардааст; "маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва ташкилии давлат аст, ки ҳадафи он таъмини ҳуқуқи конститутсионии дастёбии шаҳрвандон ба иттилоот мебошад. Он манфиатҳои шаҳрвандон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ ва сохторҳои тиҷоратиро инъикос менамояд ва ба инобат мегирад."

Яъне, сиёсати давлатии иттилоотӣ ба таъмини ҳуқуқи шаҳрванд ба дастрасӣ ба иттилоот, бо назардошти манфиатҳои тамоми субъектҳои ҷомеа бо шумули сохторҳои тиҷоратӣ, равона гардидааст. Барои Тоҷикистони дорои узвияти СҶС, тамоми субъектҳои ҷомеа, алалхусус сохторҳои тиҷоратӣ, ниҳодҳое мебошанд, ки на танҳо сармоягузорони хориҷиро ҷалб карда метавонанд, балки бозори ватаниро дар дигар кишварҳо муаррифӣ намуда, аз ҳисоби шаҳрвандони онҳо андозсупорандагони буҷаи давлатиро зиёд карда метавонанд. Агар расидан ба чунин ҳадаф дар сатҳи ҷаҳонӣ тавонмандии бештарро талабад ҳам, иқрор шавед, ки дар сатҳи минтақаи Осиёи Марказӣ тавонмандии бозори ватанӣ кайҳост омодаву татбиқи он аз иродаи роҳбарияти Хадамот вобаста аст. Иродаи сиёсии давлат ҳатто пеш аз расидан ба узвияти СҶС имконпазирии чунин ҳадафро таъкид карда буд. Тавре ки ба Шумо, ҳамчун узви Шӯро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум аст, яке аз ҳадафҳои технологии давлат ин ба кишвари пешқадами транзити электронӣ табдил додани Тоҷикистон мебошад. Маҳз бо Қарори ҷаласаи 1-уми Шӯро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2011 ин ҳадаф ба расмият даромад. Дар банди 6-уми ин санад чунин омадааст:

6. Ба Роҳбарони вазоратҳо, сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва ширкатҳои хусусие, ки дар соҳаи татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ фаъолият доранд, ҳамкориро дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъсиси ҳукумати электронӣ ҳамаҷониба ривоҷ дода, таҷрибаи давлатҳои дар ин соҳа пешрафтаро омӯхта, дар тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар, тадриҷан аз байн бурдани низоми бюрократӣ ва тафаккури бюрократӣ ва таъмини шаффофияти муносибатҳои давлату шаҳрванд ва табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи транзитии коммуникатсионӣ дар минтақа саҳмгузор бошанд.

Бояд тазаккур дод, ки ин амалҳо барои расидан ба ҳадафҳои дигар санади муҳими давлатӣ, Стратегияи давлатии "технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" (минбаъд Стратегияи давлатӣ), андешида шудаанд. Консепсияи мазкур бошад бо такя ба Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Стратегияи давлатӣ принсипҳои калидиеро ба мисли "шаффофият, баробарии манфиатҳо, системанокӣ, самтгирии иҷтимоӣ ва дастгирии давлатӣ" эътироф карда, "эҷод, дастгирӣ ва такмили нуфузи иттилоотии Тоҷикистон бо роҳи истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ"-ро яке аз 5 самти стратегии сиёсати давлатии иттилоотӣ шинохтааст.

Шумо, ҳамчун коршиноси соҳаи ТИК, хуб огаҳ ҳастед, ки олимони соҳа чанде аз омилҳои чунин истифодаи босамари технологияҳоро дар ҳамкории бисёрҷониба, ҷалби фаъолонаи сохтори хусусӣ, дастгирии рақобати одилона ва танзими холисонаи бозор дарёфтаанд. Бинобар ин Консепсия низ нуфузи давлатии "иборат аз фаъолияти мураттаб ва муназзам"-ро ҳамчун кафили мавҷудияти ин омилҳои муҳимми барор дар татбиқи ТИК барои рушд, алалхусус ҳукумати электронӣ, қайд намудааст. Танҳо нуфузи давлат, тавре ки Консепсия муайян намудааст, ҳидоятдиҳанда ва муттаҳидсозандаи "талошу нируи мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, васоити ахбори омма, ҷомеаи илмӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ, доираҳои сиёсӣ ва тиҷоратӣ" буда метавонад.

Худ қазоват кунед, ки қатъ кардани хидматрасонӣ ба корхонаҳои давлатӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ, ки аъзои ин "доираҳои тиҷоратӣ" ҳастанд, мутобиқи мактуби 1-1263-и Хадамот, магар мухолифи принсипҳои Консепсия, ҳамзамон сиёсати иттилоотии давлатӣ, Сиёсати амнияти иттилоотӣ ва Стратегияи давлатӣ нест? Оё чунин чорасозӣ таҳдид ба нуфузи давлат ва талошҳову саҳмгузории чандинсолаи мақомоти давлатӣ ва сохтори хусусӣ нестанд? Магар он таҳкимбахши ҳамкории ҷонибҳо баҳри "тадриҷан аз байн бурдани низоми бюрократӣ ва тафаккури бюрократӣ ва таъмини шаффофияти муносибатҳои давлату шаҳрванд ва табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи транзитии коммуникатсионӣ дар минтақа" буда метавонад?

Илова бар ин мутобиқи қарори ҷаласаи дуюми Шӯро оид ба ТИК-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи "технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ" Хадамоти алоқа (банди 4 ҳамин санад) барои "ҳарчӣ бештар сармоягузорони ватаниву хориҷиро барои давра ба давра ҳал намудани масъалаи мазкур" ҷалб намудан вазифадор гардидааст.

Аз ин бармеояд, ки муносибати шаффоф ба сармоягузори ватанӣ, масалан дастраскунандагони Интернет, роҳи осони ҷалби сармоягузорони хориҷӣ буда метавонад.

Мақсади Стратегияи давлатии "ТИК барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз таҳияи тадбирҳое иборат аст, ки ба "ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ", "рушду азнавсозии соҳаҳои гуногуни фаъолият", "ташкили теъдоди зиёди ҷойҳои кории нав, баланд бардоштани самаранокии меҳнат" ва дигар дастовардҳои мусбат мусоидат менамоянд. Барои расидани ба мақсадҳои худ, санади мазкур "ҳамроҳшавӣ ба фазои иттилоотии ҷаҳонӣ", "бартараф намудани нобаробарии рақамӣ"-и чи дохилӣ ва чи бо кишварҳои дигар, "ташаккул ва рушди босуръати инфраструктураи давлатии иттилоотӣ", "баланд бардоштани самаранокии истифодабарии инфраструктураи телекоммуникатсионӣ ва дараҷаи ҷалби инвеститсия ба соҳа, фароҳамоварии шароит барои рақобати солим" ва дигар вазифаҳоро муҳим медонад.

Ҳадафу вазифаҳои Консепсия инчунин бо санади дигари муҳими давлатӣ Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Сиёсати амнияти иттилоотӣ) пайванд мебошанд. Алалхусус ҳангоме ки сухан сари манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот меравад, ки Сиёсати амнияти иттилоотӣ онҳоро ҳамчун "маҷмӯи манфиатҳои мутавозини шахсият, амният ва давлат" муайян намудааст. Санади мазкур истифодаи дастҷамъонаи ТИК-ро дар "ташкили саноати ватании иттилоот, аз ҷумла саноатикунонии воситаҳои иттилоотикунонии телекоммуникатсионӣ ва алоқа, таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти он, инчунин таъмини ҷамъшавӣ, бе осеб нигоҳ доштан ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ватанӣ" яке аз ташкилкунандагони манфиатҳои миллӣ донистааст. 

Се намуди таҳдид ба амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, тавре ки Сиёсати амнияти иттилоотӣ муайян намудааст, қобили қайд дар робита ба чораи мактуби 1- 1263 мебошад. Онҳо чунинанд: таҳдид ба ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи ҳаёти маънавӣ ва фаъолияти иттилоотӣ, шуурнокии фардӣ, гуруҳӣ ва ҷамъиятӣ, эҳёи маънавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

таҳдид ба ташкили саноати иттилоотии ватанӣ, аз ҷумла саноати воситаҳои иттилоотонӣ, телекоммуникатсионӣ ва алоқа, таъмини талаботи бозори дохилӣ, инчунин таъмини ҷамъоварӣ, бе осеб нигоҳ доштан ва истифодаи самараноки захираҳои иттилоотии ватанӣ;

таҳдид ба амнияти воситаҳо ва системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионии дар қаламрави ҷумҳурӣ ба кор андохташуда ва ҳам сохташаванда.

Санади мазкур ба ҳайси мисоли чунин таҳдидҳо банди зеринро низ муайян намудааст: ба вуҷуд овардани монополия барои ташаккул, гирифтан ва пахши иттилоот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо истифодаи системаҳои телекоммуникатсионӣ.

Инчунин он "монополиякунонии бозори иттилооти Тоҷикистон, бахшҳои алоҳидаи он аз ҷониби сохторҳои иттилоотии ватанӣ ва хориҷӣ"-ро ҳамчун таҳдид ба "таъмини иттилоот сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" донистааст.

Татбиқи чораҳое ба мисли мактуби 1-1263 тадриҷан ба монополияи як ширкат дар бозор оварда мерасонад. Боиси таассуф аст, ки чунин натиҷа на танҳо таҳдид ба амнияти иттилоотии кишвар мебошад, балки боиси вобастагии технологии кишвар гардида метавонад, масалан побанд кардани инфрасохтори ҳукумати электронӣ аз маводу таҷҳизоти технологии як ширкати истеҳсолкунандаи телекоммуникатсионии хориҷӣ. Илова бар ин, он бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи телекоммуникатсия ҳамчун узви СҶС мебошад.

Гузашта аз ин, таваҷҷуҳи зиёд ба як ширкати ватанӣ дар раванди татбиқи сиёсати ТИК ва бидуни рақобат вогузоштани лоиҳаҳои муҳимми ташаккулу рушди ҳукумати электронӣ ба зиммаи он, аз як ҷониб, хилофи ҳадафҳои ҳамин сиёсат бошад, аз ҷониби дигар, ба нокомии лоиҳаҳои гаронарзиши ҳукумати электронӣ ва осебпазирии ҷомеаи иттилоотии ватанӣ оварда расонида метавонад.

Боварӣ дорем, ки шарҳи Шумо оид ба чораҳои дар мактуби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2013 таҳти № 1-1263 дарҷ гардида рушанӣ андохта моҳияти ба мо ноаёни онро дар таҳкими сиёсати давлатӣ бо назардошти мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ мекушояд. Нусхаҳои мазмуни мактуби номбурда ва қарори 550 замима гардидаанд.

Ассотсиатсияи дастраскунандагони Интернет

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97