Идомаи гуфтушунидҳои Тоҷикистону Ирон оид ба анҷоми сохтмони нақби «Истиқлол»

Иқтисод 06.09.2013 19:07

istiqlolАхири ҳафтаи гузашта дар Вазорати нақлиёт, мулоқоти навбатии намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои вазъи кунунии нақби Истиқлол, интиқоли маблағҳои саҳми  ҷониби эронӣ ба суратҳисоби муштарак, мушкилиҳо ва таъхирёбии иҷроиши корҳо дар нақб, таҳияи нақшаи корӣ ва мушаххас намудани фаъолияти минбаъда дар ин самт доир гардид.

Муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ "Азия-Плюс" дар ин робита изҳор намуд, ки сарфи назар аз камбудиҳои мавҷуда дар нақби "Истиқлол", вазифаи асосии он замон - пармакунии нақб ва таъмини равуоро набояд фаромӯш сохт.

"Шояд ин як хатогие буд, вале раҳбарияти соҳаи нақлиёти ҳамон замон тасмим гирифтанд, ки муҳимтар аз ҳама таъмини равуо тавассути нақб буда, дигар корҳо минбаъд анҷом дода мешаванд ва вазифа ба иҷро расида, нақб парма шуд, - гуфт ӯ. - Дар мавриди ҷудо нагардидани маблағ аз ҷониби Эрон бобати анҷоми сохтмони нақб баҳсҳои зиёде мавҷуданд, вале ба бародарони эронӣ мебояд боз як имкони дигар дод. Ташвиши шаҳрвандонро мефаҳмам, чунуки нақбе мавҷуд аст, ки бидуни ҳарос онро муддати чанд дақиқа тай мекунӣ ва ҳам нақбе мавҷуд аст, ки вазъаш хеле ташвиошовар аст".

Ганҷалов аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба бастани нақб ба муддати чанд моҳ барои анҷоми марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ  дар нақб бо ҳисси дарку масъулият рафтор кунанд. "Ин кор имсол шояд ба вуқӯъ напайвандад. Тоҷикистон маблағи худ барои ин корҳоро ба суратҳисоби махсус гузаронида, интизори маблағҳои ҷониби Эрон аст", - иброз дошт ӯ.

Сохтмони нақби "Истиқлол" моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот пурра ба итмом нарасидаанд. Марҳилаи ниҳоии корҳои сохтмонӣ бетонрезии нақб аст.

Тибқи мувофиқаи ҳосилшудаи қаблӣ, ҷиҳати иҷрои корҳои боқимондаи лоиҳавӣ Тоҷикистон 3 млн. доллари ИМА ва Эрон низ 3 млн. доллари ИМА маблағи бурсӣ ҷудо мекунанд.

Ҷаноби муҳтарами Шералӣ Ганҷалов. Аслан мусофирони  шоҳроҳи Душанбе - Ҷаноқ  аз шарҳу эзоҳи вазорати шумо ба ҷое расида, дигар тобу тоқати хондану шунидани онҳоро надоранд. Барои онҳо нақби асфалпуш ё бетонрезикардашудаи обод зарур аст на достони бо айби кӣ сохтмони он  ба тахир афтодааст. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97