Қирғизистон дар соли 2014 ба саршумории палангҳои барфӣ шурӯъ мекунад

Иқтисод 04.09.2013 14:35

bao  011Хабаргузории Кир таг. Дар соли оянда маракаи васеъи  назорати  шумораи палангҳои барфӣ дар Қирғизистон оғоз мегардад.Ҳамон тавре ки аз дафтари Стротежи миллӣ барои ҳифозат ва афзоиши палангони барфӣ иттилоъ доданд дар соли 2017 "ба рӯихатгирӣ" ба анҷом расонида мешавад ва  Қирғизистон имкон пайдо мекунад,ки  аниқу дақиқ бидонад; дар кӯҳсори кишвар чӣ миқдор палангони барфӣ зиндагӣ мекунанд.

"Саршумори"- и палангҳои барфӣ  бо истифода аз талаҳои дурбин ,ки дар маконҳои зисти эҳтимолии ин ҳайвонот гузошта мешаванд сурат мегирад. Будҷаи ин барнома аз 8 миллон 741 ҳазор соми қирғизӣ иборат аст.

7 миллону  95 ҳазор сом  дар  солҳои  2015-2017 барои мутоъилоти фаъолиятҳои рӯзона ва пайгирии муҳоҷирати палангон ба василаи "гарданбандҳои моҳворавӣ" таъсис дода шудааст.Ин имкон медиҳад ки коридорҳои калидии муҳоҷиратии ин даррандаи кӯҳиро вобаста  бо афзоиши он  муайян карда шавад.

Ёдовар мешавем,ки   моҳи октябри соли ҷорӣ дар Бишкек ҳамоиши байналмиллалии муҳофизати  паланги барфӣ  баргузор хоҳад шуд.

Паланги  барфӣ дар асри гузашта ба китоби сурхи байналмиллалӣ ҳамчун  ҳайвоноти дар марзи хатар  қарор гирифта ва нобуд шудаистода ворид гардид. Соли 2013 дар сар то сари  зистгоҳи паланги  барфӣ шикори он мамнуъ эълом карда шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба додаҳои тахминӣ  теъдоди  ин гуна палангон дар  тамоми ҷаҳон аз 3500 то 7500  сар ҳазор боқӣ мондааст. Мувофиқи додаҳои ғайри мушахас ҷамъияти палангони барфии дар қаламрави Қирғизистон зиндагӣ дошта  мумкин аст  аз 150 то 500 сарро дар бар гирад.Дар Қазоқистон  аз 180 то 200 сар, дар Тоҷикистон   220 сар дар Ӯзбекистон 20-50 сар аз ин навъи нодири  дарандагон зиндагӣ мекунанд.

Офарин бар шумо бод, бародарони қирғиз! Таи чанд сол аст,ки шумо дар ғами наҷоти ин  ҳайвони нодир заҳмат мекашедэ. Аз зиёд будани масъалаҳои инсонӣ дар кишвар  дасти мо тоҷикон ба праблемаҳои ҳайвоноти нодир ҳеҷ намерасад. Бародарони ӯзбек ва қазоқро чи шудааст,ки дар ин масъала саҳлангорӣ мекунанд. Ба андешаи мо муҳофизати табиат  ба вижа наҷоти паланги барфӣ низ кори дастаҷамъии ҳамаи кишварҳои минтақа аст. Зеро ки барои ин ҳайвони бечора марз ҳеҷ вуҷуд надорад.Он гоҳо дар кӯҳҳои Қирғизистон  ва гоҳе дар кӯҳҳои дигар кишварҳои ҳаммарз сайру гашт ва зиндагӣ мекунанд.

Аз силсилаи Дўст гўяд табарвор...

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97