Об ҷойгузин надорад,

Иқтисод 28.08.2013 09:01

пас барои чӣ арзиш надошта бошад?

Nurek dam julyСолҳои донишҷӯӣ барои хабаргирии амакам ба яке аз деҳаҳои қисми куҳистонии ноҳияи Ғончӣ рафта будам. Деҳае, ки амак зиндагӣ мекунад, дар канори рӯдхонаи Оқсу ҷой гирифта аст ва аҳли деҳа обро барои сарфи рӯзгори худ аз ин рӯдхона ба воситаҳои мухта-лифи барояшон даст-рас мекашониданд.

Рӯзи дигар моро амакамон барои тамошо ба саҳро, ки канори он ба деҳа  пайваст буд, оварданд. Амак баъди нишон додани заминҳои тоза кишт шуда гуфтанд: "Пайи қадаматон нек будааст, имсол мо ҷӯйи обро аз  канори деҳаи Дахкат то ба заминҳои худ овардем. Ин заминҳо то овардани об чарогоҳи мардуми деҳа ва бекорхобида буданд. Мана, Худоё шукр имсол об омад, баъди чанд соли дигар мо ҳам соҳиби боғу роғ мешавем".

Вақте ки мо ҳамроҳи амак ба сари замини нав киштгардида мерафтем, диққати моро пеш аз ҳама ҷо-ҷо ҷариҳо, ҷӯйҳои кандаи валангор, обҳои ба шакли қулмак ҷое ҷамъшуда ба худ мекашид, ки далели дар риштаи барзгарӣ навкор будани мардуми деҳа буданд. Агар аз рӯи ҳақиқат доварӣ кунем, мардуми деҳаро барои ин сарзаниш кардан начандон аз рӯи адолат аст, зеро ки онҳо худ бехабар аз як тарзи зист ба тарзи дигар гузаштанд. Ин роҳи зиндагиро дар аксар маврид халқҳои бисёр дар тӯли садсолаҳо паси сар мекунанд. Манзури мо гузаштан аз тарзи зиндагии чорподорӣ ба тарзи зисти кишоварзист, ки дар тӯли таърихи инсоният як зинаи муҳимми расидан ба тамаддун дониста мешавад. Беҳуда калимаи "культура" дар забони муқтадири русӣ ҳам ифодагари фарҳанг ва ҳам зироат нест.

Он солҳо надоштану нарасдани об мушкили деҳаи амаки ман буд ва ҳамон замон ҳали худро низ ёфта буд.

Аммо дар ин рӯзҳо масъалаи об танҳо масъалаи як деҳаи амаки ман набуда, алакай масъалаи минтақавӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ гардидааст.

Мисле ки замоне ба нафту газ касе эҳтиёҷ надошт, чанд даҳсола пеш аз ин ба об ҳам эҳтиёҷи зиёд набуд ва он ба ҳама мерасид. Имрӯз мисли газу нафт об ҳам қадру қимати худро касб мекунад ва он бояд арзиш ва қиммати худро вобаста бо талаботи замон дошта бошад. Дар сурати арзиши мушаххас доштан об қадру қиммат пайдо мекунад ва беҳуда исроф кардани он аз байн меравад.

Оби тоза имрӯз яке аз проблемаҳои ҷаҳони муосир аст. Дар миқёси ҷаҳон аз 4 нафар беморе, ки дар як утоқи бемористон бистари ҳастанд, сабаб ва маъбдаи асосии бемории 3 нафари онҳо оби ифлос ва ғайри нӯшиданист.

Нафту газ имрӯз ҷойгузини худро доранд, инсон метавонад ба ҷои онҳо аз маводи дигари сӯхт истифода кунад, аммо об маводе аст, ки ҷойгузин надорад. Пас барои чӣ он қиммату арзиши худро дар бозори ҷаҳонӣ надошта бошад? Созмонҳои байналмиллалии молиявӣ, ба вижа Созмони байналмиллалии савдоро зарур аст, ки сари ин масъала низ андеша кунад ва барои истифодабарандагони он бояд нархи мушаххасеро вобаста ба талабот бар он пешниҳод намояд.

Ҳамойиши байналмилалии об, ки ахиран дар Душанбе баргузор шудааст, бори дигар нишон дод, ки кишвари мо бо вуҷуди дар ихтиёри худ доштани захираи бузурги об дар масъалаи ҳамкорӣ барои истифодаи оқилона ва пурсамари ин неъмати бебаҳои табиат барои инсон ҳамеша омодааст ва аз ҷомеъаи байналмиллалӣ интизори пешниҳоди одилона ва судманд аст.

Агар ҷомеаи байналмиллалиро дар ҳақиқат масъалаи аз ҷониби кадом кишвари минтақа, об беҳуда сарф карда мешавад, нигарон карда бошад, пас хуб мешуд, ки он ба таърих ва тарзи зисти мардуми ин минтақа бори дигар аз назари илмӣ ва коршиносӣ дида андӯзад. Нақли дар боло овардаи мо аз боздиди деҳи амак низ беҳуда нест.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97