Forbes: Аз талошҳои Тоҷикистон барои бунёди Роғун пуштибонӣ кунед

Иқтисод 18.08.2013 14:37

rogun 58Ду ҳафта қабл аз баргузории конфаронси байналмилалии об дар Душанбе "Forbes", маҷаллаи амрикоӣ дар мақолае бар зарурати бунёди садди "Роғун" дар Тоҷикистон ва таъсири ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар ҳалли баҳсҳои марбут ба ин тарҳ таъкид кардааст. Муаллифи ин мақола иддаъо карда, ки ҳуқуқи байналмиллалии об дар Осиёи Миёна дар миёни муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва муҳитзистӣ гир кардааст.

"Forbes" дар мақолаи мавсум ба "Зарфияти пурбаҳои нируи об дар Осиёи Миёна" навишта, талошҳои Тоҷикистон барои таҳти контрол даровардани ҷараёни об ба манзури раҳоии минтақа аз вобастагӣ ба маводди сухти фусил ва камбуди мунтазами барқ, вазъи мавҷудро ба чолиш кашидааст.Ҳамзамон маҷалла бо истинод ба раиси Иттилоъоти Миллии Амрико менависад, ки ин минтақа "тавоноии кофӣ барои таъмини субот ва таскини танишҳои сиёсӣ бар сари мавзӯъи обро надорад".Муаллифи гузориш исрор карда, ки Тоҷикистон мехоҳад бо азсар гирифтани сохтмони садди "Роғун" тавони тавлиди барқи обиро чандин маротиба афзоиш дода ва "рустоҳо дар фосилаи садҳо километр то Покистонро равшан созад".

                                              Ҳусну қубҳи тарҳи "Роғун"

Муаллиф аз танишҳои миёни Тоҷикистон ва кишвари воқеъ дар поёноби дарёи Ому бар сари тарҳи ниругоҳи "Роғун" ишора карда ва афзун бар пуштибонӣ аз мавзеъи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин рӯёрӯӣ, аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват мекунад, ки аз талошҳои Эмомалӣ Раҳмон дар ин росто пуштибонӣ кунанд.

Узбакистон, аз мухолифони сарсахти тарҳи ниругоҳи "Роғун" муддаъӣ аст, ки бунёди ин ниругоҳ бо садди 335 метр дар муҳити зисти Осиёи Марказӣ асароти номатлуб гузошта ва дастрасии кишварҳои минтақа ба манобеъи обро маҳдуд хоҳад кард. Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро рад кардааст.

Аммо маҷаллаи "Forbes" мегӯяд: "Тоҷикистон алоқаманд аст, барои пайдо кардани роҳҳали дарозмуддат ба ин ихтилофот мусолеҳа кунад. Масалан, пешниҳод кардааст, ки барои ворид нашудани ихлол ба умури кишоварзии Узбакистони поёноб обанбори Роғунро дар тӯли 8-10 сол на, балки дар замони тӯлонитаре пур кунад."

Маҷалла аз қавли коршиносон менависад, ки пур кардани обанбори Роғун вобаста ба замоне, ки барои ин кор дар назар гирифта хоҳад шуд, танҳо аз 1 то 1,7 дарсади оби дарёро кам карда ва "ҳеҷ таъсири қобили таваҷҷуҳе ба умури кишоварзии поёноб нахоҳад дошт".

Гузориш афзуда, ки Тоҷикистон таъаҳҳуд кардааст, як қатра бештар аз саҳмияи худ барои обро ба ниёзҳои кишвараш истифода нахоҳад бурд.

Муаллифи гузориши "Forbes" менависад, натиҷаи деринтизори бозрасии фаннӣ, иқтисодӣ ва муҳитзистии тарҳи Роғун, ки бо ҳимояти молии Бонки Ҷаҳонӣ ва аз сӯйи муттахасисони мустақили байналмилалӣ анҷом шуда, пас аз ҳамоиши байналмилаллии об дар Душанбе, ки қарор аст 20-уми август баргузор шавад, ҳусну қубҳи тарҳи ҷанҷолиро ошкор хоҳад кард.

                                      "Обёрии ғайримуассири" кишварҳои поёноб

Муаллифи ин мақола дар идома аз истифодаи ғайримуассир аз об дар кишварҳои поёноб аз ҷумла Узабкистон навишта ва мегӯяд, 60 дарсади обе, ки барои умури кишоварзӣ дар кишварҳои поёноб равона мешавад, талаф меёбад.

Масалан роҳандозии системи ҷадиди обёрии қатраӣ барои арозии панба дар ?забкистон иҷоза хоҳад дод, 35 то 40 дарсади обе ки ҳоло ба ин арозӣ равона мешавад дубора ҷараёни худро ба Дарёчаи Орол идома бидиҳад ва аз хатари нобудии ин дарёча ҷилавгирӣ шавад.

Дар мақола мехонем: "Кишварҳои мавриди назар ба ҷойи истифода аз мавзӯъи тавлидоти панбаи дар ҳоли завол ба унвони абзори монеъшаванда барои тавсеъаи энержии минтақа, бояд нерӯи худро барои рафъи бекифоятии худ дар умури кишоварзӣ равона кунанд."

"Бо коҳиши истифодаи об дар кишоварзӣ, умури кишоварзии Осиёи Миёна бамаротиб муъассиртар хоҳад шуд, хушкшавии Дарёчаи Орол ҷилавгирӣ хоҳад шуд ва минтақа бидуни бим хоҳад тавонист зарфияти нерӯи обии худро таҳти кунтрул бигирад."

Ба бовари муаллифи ин гузориши "Forbes" давлати Амрико бояд барои ба мизи музокира нишондани кишварҳои минтақа барои ҳалли ихтилофот дар сари ин мавзӯъ таъсир бигзорад, зеро "кумаки гумроҳкунандае" дар ин раванд метавонад субот дар минтақаро ба ҳам занад.

Маҷалла ҳамоиши Ҳамкориҳои об дар Тоҷикистонро, ки пас аз ду ҳафта дар чандкилуметрии садди нотамоми "Роғун" дар ин кишвар сурат мегирад, фурсати муносибе дар роҳи расидан ба ин ҳадаф медонад.

Маҷаллаи "Forbes" дар моҳи марти соли ҷорӣ низ дар мақолае таҳти унвони "Аҳаммияти садди "Роғун" барои ҷанг бо террор" навишта буд, ки тарҳи ниругоҳи "Роғун" метавонад барои тавсеъаи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кулли минтақа аҳаммияти калидӣ дошта бошад ва ин амр барои манофеъи амниятии Амрико ва НАТО низ ҳаётист.

                                                                                                                                                                            Аз бойгони

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97