Раиси «Шоҳмансур» ҳам бекор монд, аммо нарх арзон намешавад

Иқтисод 30.07.2013 08:50

BozorЗеро бозорро мардум хуб бояд тазмин кунад

Бозор низ фарҳанги худро дорад

Одатан  нарху навои бозор ва обу ҳаво ҳамеша мавзуъи суҳбати мардум аст. Болоравии доимии нархҳо ба хусус дар арафаи идҳо ва моҳи мубораки Рамазон сокинони пойтахти кишварро хеле нороҳат мегардонад ва онҳо бештар сари ин мавзуъ бо шикояту гилаи зиёде аз фурӯшандагони бозор байни худ гуфтугӯ мекунанд. Дар мақомоти шаҳрдорӣ аз вазъи бозорҳо огаҳии хуб доранд ва барои поён бурдани нархҳо сайъу талошҳо низ анҷом дода мешавад, вале натиҷаи онҳо лаҳзавӣ буда, баробари аз бозор баромада рафтани нозирон нархҳо ҳамоно, боз мисли пештара гарон боқӣ мемонанд. Ахиран ҳатто раиси бозори "Шоҳмансур" яке аз бузургтарин бозорҳои ғизоии пойтахт Асомуддин Ризоев бар асари риоят нашудани низоми нархҳо аз сӯи фурӯшандаҳои ин бозор аз вазифа сабукдӯш гардида ба сафи бекорон пайваст. Аммо оё бо бекор мондани боз як раиси собиқи бозор мушкили болоравии қимматҳо ҳал хоҳад шуд? Фикр накунам, ки чунин шавад. Зеро бозор низ фарҳанги худро дорад ва танҳо риоят шудани фарҳанги бозордорӣ мушкилро ҳал хоҳад кард, ки дар ин бора пойинтар хоҳам гуфт.

Барои чокари шумо роҳи бозор низ бегона нест, ӯ низ баҳри бароварда гардонидани талаботи рӯзгори худ мисли шумо ба ин ҷо меояд. Барои сабук гардонидани бор ва машаққати бозорӣ дар ин фасли гармо мехоҳад, мушоҳидаву мулоҳизаҳои худро аз  бозор бароятон дар ин рӯзҳои нархҳои гарон арзонӣ дорад.

Дар бозори шаҳри Хуҷанд

Шаҳри Хуҷанд на дар қораи дигар ва на дар кишвари дигар ҷой гирифтааст, ҳамагӣ чанд соата роҳ онро аз Душанбе ҷудо мекунад. Дар Хуҷанд кори хариду фурӯш ва бозор тамоман дигар аст ва нархҳои баъзе аз молҳо дар ин ҷо то ҳаде арзонанд, ки гӯё ин шаҳр берун аз марзи мо буда, моли кишвари дигар аст. Дар арзонии нарху наво ин шаҳри бостонии тоҷик дар Осиёи Миёна беназир аст.

Вақте ки шумо харидори хуҷандиро дар бозор мебинед, дар мади аввал ваҷоҳати ҷиддӣ ва чеҳраи пур аз сабру тамкини ӯ ба назаратон мерасад. Гӯё ӯ аз паси анҷоми як кори ниҳоят ҷиддие бошад, тамоми диққату фикрашро дар як ҷо ҷамъ карда, бо сабру таҳаммул аз назди фурӯшандагон мегузарад, ба анвои барои фурӯш дар назди худ гузоштаи онҳо менигарад ва аз чанде фурӯшандагон нархи чизи ба фурӯш гузоштаашонро мепурсад. Баъди гардиши андаке дар назди фурӯшандае, ки моли ӯ ба назараш мақбул менамояд, боз меистад ва бо як нармӣ ва табассуми ширин аз фурӯшанда нарх ва вазъи онро мепурсад. Баъди гирифтани ҷавоб нархи барояш муносибро ба фурӯшанда эълом мекунад. Фурӯшанда низ барои бо нархи хуб ба савдо рафтани бори худ чанд далел пеш меоварад ва сайъ мекунад, ки онро ба нархи муносиб бифурӯшад. Харидор дар ин миён низ паст намеояд, нархи пешниҳод кардаи худро бо чанд далел ҳимоят намуда, дар мавқеи худ истодагарӣ мекунад. Ниҳоят, пас аз раду бадал намудани чанд калимоти дигар тарафҳо ба тавоффуқ меоянд ва миёни онҳо амале ба анҷом мерасад, ки онро дар Шарқ савдо мегӯянд.

Дар бозори шаҳри Душанбе

Харидори душанбегӣ, бо як чеҳраи гирифта ва норозӣ аз ҳама чиз вориди бозор мешавад. Тахтаву рафи фурӯшандагонро бо як нигоҳи сарсарӣ паси сар карда, дар ҷои барояш зарурӣ қарор мегирад ва азбаски фикру хаёлаш ба дигар чиз банд аст, аз фурӯшандаи картошка бо як лаҳни тунду тез чунин суол мекунад:

- Чӣ дорӣ бача?!

- Картошка, ака.

- Килош чанд пул аст?

- 2 сомон ака.

- Арзон намешавад?

- Не, ака.

- Гир, баркаш 5 кило. Ҳой ароба!...

"Народный контроль" дар Хуҷанд

Ҳамин тариқ харидори мо аз як растаи бозор ба растаи дигар гашта чизҳои барояш заруриро харидорӣ карда, аз нарху навои гарон нороҳат зери лаб ғур- ғур карда аз бозор берун меравад. Ӯ дигар дар сар ҳеҷ на парвои одаму олам дорад…

Боз ба Хуҷанд бар мегрдем. Дар бозорҳои ин шаҳр Худо накарда шахсе қиматфурӯшӣ кунад. Ӯ ҳамоно ошкор шуда гирифтори таънаю маломат ва сарзаниши ҳамагон мегардад. Борҳо худ шоҳиди чунин саҳнаҳо будам. Деҳотие моли худро ба бозор меовард, тасодуфан аз рӯи надонистани нарх ё боло рафтани ҳирс як нархи гаронеро барои молаш мегӯяд. Баъди шунидани нарх хардор ба таҳаюр меафтад ё ки худро чун таҳаюрафтода вонамуд карда, ин фурӯшандаро бо овози андаке баланд ба инсофу диёнат даъват мекунад. Аз рӯи инстинкти шаҳрдорӣ ҳамоно дар атрофбудагон болои сари ин шахс ҷамъ мешаванд ва суханони аввалиро тақвият дода, ба сарзаниши қиматфурӯш шуруъ мекунанд. "Ҳой бародар ин шаҳра дарвозаш ҳаст. Инсоф ҳам ҷизи хуб аст, аз он барака меёбед"- гуфта, ӯро сарзаниш мекунанд. Ниҳоят шахси қиматфурӯш маҷбур мешавад, аз раъйи худ баргашта нархи молашро арзон бикунад, ё нархи гузоштаи харидоронро қабул кунад. Ингуна саҳнаро чанд соли зиндагӣ дар шаҳри Душанбе ҳеч гоҳ надидаам ва Худо накарда касе фурӯшандагонро дар ин шаҳр холисона ба арзонфурӯшӣ даъват кунад, дар балои қаллобони дигар мемонад.

Барои пирамардони нуронии хуҷандӣ кам иттифоқ меафтад, ки ноништаро дар хона анҷом бидиҳанд. Онҳо одатан чойи саҳарро дар чойхона нӯши ҷон мекунанд. Аз рӯи таомул пагоҳӣ баъди намоз аввал як бозорро чарх мезананд. Барои худашон ҳар кадоме каме хурдание мегиранд, аз ин ё он фурӯшандае нархи молҳоро пурсон мешаванд, бо гуфту лутфи гуворо бар фурӯшандагон барори кор хоста, сипас ба чойхона омада давра нишаста ноништа мекунанд ва қариб тамоми рӯз он ҷо монда ҳамаи  ахбори шаҳр ва ғайраро миёни худ баррасӣ мекунанд.

Ҳоҷӣ бобое тахмин ба ҳамин монанд, қиссаеро аз дидаи худ нақл мекунад: "Ҳамин пагоҳӣ аз растаи кабобфурӯшон мегузаштам як дилам қимакабоб хост, як сих кабоб гирифта ҳамон ҷо бо як бурда нон хурдам. Кабобаш бомазза буд, вале андаке аз кабоби дигар кабобфурӯшон қиммат. Пурсидам, ки писарҷон, бачаи кӣ мешавӣ? Гуфт, ки бачаи Холиқбои Себзорангӣ.

Ба дерияш худи ҳамон бегоҳ ин қиссаи ҳаётии Ҳоҷӣ бобо ба гӯши Холиқбой мерасад ва ӯ барои вайрон кардани нархи бозор фарзандашро дурустакак гушмол медаиҳад аз падар таънаю маломат ва сарзаниш хоҳад шунид.

Харидори бозорҳои шаҳри Хуҷанд ҳамин тавр як  масрафкунандаи одӣ нест. Пеш аз он ки ӯ вориди бозор шавад, дар баробари пул бо худ ҳисси масъулияти баланди шаҳрнишинию шаҳрвандиро низ мегирад. Ӯ ҳаргиз намехоҳад, ки шаҳраш бо қимматию гаронии нархҳо дар миёни шаҳрҳои атроф ва минтақа ном барорад. Вақте ки ӯ вориди бозор мешавад, ӯ хуб дарк мекунад, ки ба ғайр аз ӯ дар ин шаҳр беваю бечорагон ва ашхоси аёлманду бепарастор низ ҳастанд ва эҳтиёҷ бар ин бозор доранд.    

Бозорҳои шаҳри Хуҷанд боз як хусусияти худро доранд, дар онҳо ҷалоббон кам дида мешаванд. Аксари фурӯшандагон барзгарону кишоварзони рустоҳои атрофи шаҳр ва сокинони  ноҳияҳои вилоят мебошанд. Дар Душанбе мо акси онро мебинем. Дар бозорҳои ин шаҳр қариб кишоварзон дида намешаванд.  Бинобар набудани ҷои кори доимӣ ва маоши хуб бисёрии мардум ба кори ҷаллобӣ даст мезананд. Онҳо маҳсулоти деҳқононро бо нархи гоҳо як баробар арзон харидорӣ карда онро дар бозор бо нархи дилхоҳашон мефурӯшанд.

Ба гумонам аз ин мушоҳидаҳои мо хаста шудаед, ҳамин қадар кифоя аст. Танҳо ин чизро бароятон таъкид мекунем: Бозор дар баробари қонунҳои худ фарҳанги худро низ дорад. Бидуни аз худ кардани он наметавон интизори арзонии он буд. 

                                                                                                                                                                   Неъмат Неъматзода

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97