"Диёри Душанбе" диёри кӣ хоҳад буд?

Иқтисод 10.07.2013 19:39

Diyr dushanbeШиркати қатарии Diar Real Estate Inve-stment рӯзи 2 июл намунаи хонаҳоеро, ки дар канори кӯли Ҷавонон (Комсомоли собиқ)-и собиқи Душанбе месозад, муаррифӣ кард.

Дар расми муаррифии маҷмаъаи «Диёри Душанбе» Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷии Тоҷикистон, Давлаталӣ Саидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ ва намояндагони расона-ҳои хабарӣ ширкат доштанд.

Гуфта мешавад, ки биноҳои ин муҷтамаъ ба заминҷумбӣ тобовар буда, аз сохтори  пешрафтаи ҷилавгирӣ аз оташсӯзӣ, низоми амният, тарзи ҷамъоварии муосири партовҳо ва обтозакунӣ, кӯдакистон, фурушгоҳ ва майдончаи яхбозӣ бархурдор аст. Дар баёнияе, ки ин ширкати қатарӣ паҳн кардааст, гуфта мешавад, ки «лоиҳаи мазкур барои соҳиби моликият шудан ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Тоҷикистон шароит фароҳам меорад”.

Ин дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон доштани амволи ғайриманқулро барои шаҳрвандони хориҷӣ мамнуъ кардааст ва ширкати қатарӣ танҳо дар ҳоле метавонад ба хориҷиҳо хона бифурӯшад, ки агар мақомот ба таври истисно ба ширкат ин иҷозатро дода бошад.

Дар гузашта низ як мавриди доштани замину манзили шахсии шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон рӯи об баромада буд. Тобистони соли гузашта матбуоти Русия навишта буд, ки Рамазон Абдулатипов, собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон дар ин кишвар 3127 метри мураббаъ замин ва 122, 20 метри мураббаъ манзили зист доштааст.

Намояндагони ширкати қатарӣ аз  посух ба саволҳои хабарнигорон дар мавриди ҳазинаи ин тарҳ ва қиммати манзилҳо худдорӣ карданд ва гуфтанд, ки ин маълумот фардо дар нишасти матбуотӣ ошкор хоҳад шуд.

Аммо як масъули ширкати Diar Real Estate Invest-ment, ки нахостааст номаш бурда шавад, ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки нархи ҳар манзил дар "Диёри Душанбе" миёни муштарӣ ва ширкат ба таври инфиродӣ мушаххас мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ арзонтарин нарх барои ҳар метри мукааби манзил дар ин муҷтамаъ аз 2 ҳазор доллари амрикоӣ шуруъ мешавад. Кулли дохили манзилҳои "Диёри Душанбе" аз ҷониби ширкат таъмиру пардоз мешаванд ва муштариён танҳо мебел ё ҷиҳози хонаро харидорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи масъули ширкати қатарӣ, нархи манзилҳо дар ин ҷо ба фарқ аз хонаҳои навсохти ширкатҳои дигар дар Душанбе каме гаронтар аст.

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, нархи манзилҳои  муҷтамаъи "Диёри Душанбе" ва дигар манзилҳои навсохт дар пойтахт ба мардуми одӣ дастрас нест. Барои мисол, маоши миёнаи як коргар дар Тоҷикистон ҳоло 621 сомонӣ аст, вале арзонтарин манзили якҳуҷрагии иҷтимоӣ, ки Ҳукумати Душанбе нияти сохтани онро дорад, 18 ҳазор доллар нарх дорад. Бо чунин маоши ночиз, як шаҳрванди Тоҷикистон бояд 12 сол бидуни таваққуф кор кунад, ҳеч чизе нахӯрад ва на бипӯшад, тамоми маошашро пасандоз кунад, то соҳиби хонаи якҳуҷрагӣ бишавад.   

Баҳром Шарипов, як иқтисоддони тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон тадриҷан як синфи миёнае ба вуҷуд меояд, ки имкони харидории чунин манзилро дорад: “Вақте чунин манзилҳо сохта мешаванд, ҳатман он харидор дорад. Чунки пеш аз сохтмон сармоягузорон ҳатман имкони харидории бозори Тоҷикистонро ба назар мегиранд. Масалан дар Тоҷикистон тоҷирон, бархе соҳибкорон имконияти харидории чунин манзилҳоро доранд. Ҳамчунин вақтҳои охир мушоҳида мешавад, ки тоҷикони муваффақи хориҷ ҳам барои харидории чунин манзилҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд”.

Дар ҳоле ки хеле аз мардум аз он нигаронанд, ки Тоҷикистон як сарзамини камзамин аст ва иҷоза барои харидории манзил барои хориҷиён тоҷикро бемакон мекунад, Мирзои Салимпур, таҳлилгари бахши иқтисод ин амалро як меъёри бозори озод медонад ва мегӯяд: «Харидуфурӯши моликият яке аз меъёрҳои асосии иқтисоди озоди бозаргонист. Иқтисоди бозорӣ ё ҳаст, ё нест, ним ва нимкола буда наметавонад. Тамоми манзилеро, ки ин ширкат месозад, ҳамагӣ чанд гектар аст, ки аз сарзамини камзамини мо ҷойи зиёдеро кам намекунад. Бубинед, бархе ҳамватанҳои мо дар айни масоҳат фақат барои худ қаср сохтаанд. Ба ҳар сурат, вуруди ширкатҳои бузурги ғарбӣ ба бозори Тоҷикистон тамоюли баде нест, монополияи чанд хонаводаро, ки ҳоло вуҷуд дорад, кам-кам аз байн мебарад ва рақобат ба вуҷуд меояд. Рақобати солим як омили муҳимми иқтисоди бозорист, ки дар ниҳоят ба пойин рафтани нархҳо хоҳад овард. Аз он ки хонасозӣ дар Тоҷикистон дар дасти чанд хонавода ё гуруҳи маҳдуд монополия шуда буд, мо дидем, ки нархҳо ҳич поён нарафтанд, балки баръакс.»

ҳоло хеле аз сармоядорон ва ширкатҳои сохтмонӣ барои хонасозӣ дар тоҷикистон сахт камар бубастаанд. Вале на ҳама ба сифати хуби ин хонаҳо эътимод доранд. Ин аст, ки бо вуҷуди қомат рост кардани хонаҳои зиёди навсохт дар пойтахт ҳамоно нархи хонаҳои биноҳои дар замони шӯравӣ сохта шуда хеле болост. Аммо ширкати қатарӣ ба сифати беҳтари хонаҳои сохтаи худ таъкид мекунад.

Бояд гуфт, ки моҳи августи соли 2011 Qatari Diar ва ҳуқумати Тоҷикистон тафоҳумномаеро имзо намуданд, ки ба иҷрои ин лоиҳа оғоз гузошт.

Масоҳати умумии муҷтамаъи "Диёри Душанбе" 68 ҳазор метри мураббаъ буда, дар ҳоли ҳозир, 30 дарсади марҳилаи аввали сохтмон дар ин тарҳи иборат аз 67 манзил, бо шумули бинои маъмурӣ ва майдони марказӣ ба анҷом расидааст. Аммо бо ин вуҷуд, ба гуфтаи як манбаъ дар бахши Маркетинги «Диёри Душанбе»,  50 дар сади хонаҳои нимсохт низ харидорӣ шудаанд. Аммо ин ки кӣ қудрати харидории ин хонаҳоро дорад, ҳанӯз муаммост? Шояд эълони ҷоиза барои ошкор кардани соҳибмансабоне, ки дар «Диёри Душанбе» соҳибхона хоҳанд шуд, зарурат надорад. Аз ду сар Душанбе чандон бузург нест, ин хабар ҳатман дар «пресс-релиз»-и «занакҳои лаби об» дарҷ хоҳад шуд ва аз сӯи дигар онро ҳеч мақоми расмӣ тасдиқ карда нахоҳад тавонист, зеро он хона ҳатман ба номи касоне дигар сабти ном хоҳад шуд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97