Оё боздошти соҳибкорон сармоягузоронро мегурезонад?

Иқтисод 11.06.2013 11:18

Qahramon Baqozoda 1Қаҳрамон Бақозода, раиси маркази тадқиқотии "Зеркало":

- Асосан не. Сармоягузороне, ки дар айни ҳол дар Тоҷикистон фаъолият доранд, аз вазъи фазои соҳибкорӣ, муносибатҳои ҷойдошта нисбат ба тиҷорат ва тоҷирон, хатарҳои имконпазир барои тиҷораташон хуб огоҳ ҳастанд. Албатта то як дараҷа эҳтиёткориро зиёд мекунанд, шояд як-ду нафар фаъолияташро барҳам диҳад. Лекин қисми зиёд не.

Gulnora Amirshoeva 1Гулнора Амршоева, сардабири "Вечёрка":

- Боздошти соҳибкорони варзида вақтҳои ахир дар Тоҷикистон, ҳокӣ аз тафаккур ва андешаҳои манфӣ дар ҷомеъа аст. Дар навбати аввал намояндагони маҳфилҳои тиҷорӣ, ба оянда ва рушди тиҷорати худ ба шубҳа менигаранд ва хавф аз он мебаранд, ки оё тиҷорати худро аз ин баъд дар ҳолати амну осоиш давом дода метавонанд? Дуввум ин бисёр таъсири манфӣ ва латмае хоҳад буд, ҷиҳати ҷалб кардани сармояи хориҷӣ ба кишвар. Имрӯз касоне аз хориҷ хабарҳоро дар бораи Тоҷикистон мехонанд ва баъид аст, ки онҳо бихоҳанд, дар кишваре сармоягузорӣ кунанд, ки он ҷо таъқибу шикори соҳибкорон роҳандозӣ шудааст.

Abdufattoh01Абдуфатоҳ Воҳидов, шореҳи иқтисодӣ:

Зикр кардан бамаврид аст, ки ҳаргуна иқдоми ҳукумат, ки ба манфиати инсон нест, навобаста аз соҳибкор будан ё набудан, ӯро албатта водор месозад, ки барои ҳимояи худ ягон тадбир андешад. Дар мавриди соҳибкорон бояд зикр шавад, ки онҳо ҳам инсон ҳастанд ва эҳсоси зотии худмуҳофизатӣ доранд ва дар рӯ ба рӯи худ ҳолатҳои ба ҳабс гирифтани соҳибкорони дигарро дида, албатта андеша хоҳанд кард. Илова бар ин, саркӯб кардани соҳибкорони муваффақ боиси он мегардад, ки соҳибкорони дигар пеш аз оғози фаъолияти худ дар мамлакати мо тамоми паҳлуҳои фаъолияти ояндаашонро андеша кунанд. Фарз кардем, агар ягон соҳибкори дигар аз кишвари бегона нияти ба Тоҷикистон омадан дошт, акнун дар бораи арзиш доштани омадан ё наомадани худ фикр мекунад. Албатта, саркӯб кардани соҳибкор ба рушди он дар мамлакат мусоидат намекунад.

Bakhtiyr Amini 1Бахтиёр Аминӣ, журналист:

- Албатта мегурезонад. Сармоягузорон чӣ хориҷиву чӣ дохилӣ, як қишри аз ҳама ҳушёру зираки ҷомеа мебошанд. Онҳо пеш аз сармоягузорӣ кардан, вазъияти сиёсӣ ва иқтисодиро хуб меомӯзанд. Агар манзуратон боздошти Зайд Саидов аст, ба фикри ман, шояд ба манфиати чанд нафаре бошад, аммо ба манфиати давлати Тоҷикистон нест. Ин хелеҳоро ноумед сохт дар дохили кишварамон ва шояд онҳо аллакай дар фикри баровардани пули худ ҳастанд. Дар бораи сармоягузорони хориҷӣ ҳоҷати гап ҳам нест...

 

Abdufattoh SHafirevАбдулфаттоҳ Шафиев, рӯзноманигор:

Ба андешаи ман, қазияи ахире ки бо соҳибкори муваффақ Зайд Саидов рух дод, на танҳо соҳибкоронро, балки дигар қишрҳои ҷомеаро низ дилсард ва гурезон мекунад, чун мардум дигар ба волоияти қонун дар кишвар эътимоди худро аз даст медиҳанд.

 

 

Suraj01Сураҷ Назаров, соҳиби маълумоти олӣ, бекор:

- Боздошти соҳибкорони муваффақ сармоягузоронро ҳатман аз Тоҷикистон мегурезонад. Ҳар як сармоягузор пеш аз сармоягузориаш таҳлили амиқи сиёсӣ - иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвареро, ки он ҷо сармоягузорӣ хоҳад кард, мегузаронад ва он гоҳ сармояро ба он кишвар меоварад. Ва баъд аз ин унсурҳо боз аз ҳама муҳиммаш барои сармоягузор кафолати давлате, ки он ҷо сармоягузорӣ сурат мегирад, лозим аст. Чуноне ки аз ҳодисаҳои охир бардошт кардем, дар Тоҷикистон умуман кафолат  нест. Ва аз ҳамин лиҳоз солҳои охир дар Тоҷикистон сармоягузорон хеле камчинанд. Ин бошад сафи бекориро афзун мекунад. 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97