Ассалому алайкум кормандони ҳафтаномаи "Миллат"
Дар шумораи №13 (395) аз 27.03.2013 мақолае зери сарлавҳаи "Ҳалол"-у "ҳа-ром"-ро Тоҷикистон акнун ҷудо мекунад" чоп шуда буд. Аз ин ки мақомоти Тоҷикистон меъёрҳои расмии маҳсулоти ҳалолро таҳия намудааст, бисёр кори хуб ва писандида мебошад, зеро ба ин восита пеши роҳи маҳсулоти ҳароме, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мегарданд гирифта, мешавад.
Бо ин мақсад ман рамзҳоеро ба ин мақомот пешниҳод менамоям ва хоҳиш менамоям, ки мақомоти мазкур сари ин рамзҳо таҳқиқот гузаронида, натиҷаи онро тавассути матбуот ба мардум бифаҳмонанд. То ҷое, ки медонам дар таркиби кадом маҳсулоти истеъмолӣ, иловагиҳо (индигрент) таҳти ин рамзҳо бошанд, истеъмоли он маҳсулот барои мусалмонон ва дар умум барои башарият эҳтимолияти хатар дорад. Чун ин рамзҳо ба доштани равғани хук ва дигар ашёи зиёновар ва ё таъсироташон барои инсоният номаълум дар таркиби маҳсулоти содиршуда далолат мекунад.
Инак рамзҳоро барои баррасӣ ва тадқиқу таҳлил пешниҳод менамоям:
Е. 142, Е. 152, Е.153, Е.210, Е. 213, Е. 214, Е. 226, Е.234, Е. 252, Е. 270, Е.280, Е.325, Е.326, Е.327, Е.335, Е.336, Е.337, Е.420, Е.431, Е.432, Е.433, Е.435, Е.436, Е.442, Е.470, Е.471, Е.472, Е.473, Е.474, Е.476, Е.477, Е.489, Е.491, Е.492, Е.493, Е.494, Е.495, Е.542, Е.550, Е.570, Е.572, Е. 591, Е.631, Е.632, Е.633, Е.635, Е.904.
Мақомоти муҳтарам, он чи дар зиммаи ман буд, анҷом додам, таҳ-қиқу таҳлил ва баррасии рамзҳои мазкур дар зиммаи шумост. Худованд шуморо дар ин коратон муваффақ гардонад.
Бо камоли эҳтиром
Инъомуддин Шодизода н. Қубодиён