Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Тоҷикистон ба се шарт метавонад пешрафт кунад…

Иқтисод 28.04.2013 19:16

Ё натиҷаи дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Ҳудуди ягонаи иқтисодӣ

tamozhennyy soyuz TadzhikistanМаркази пажуҳишҳои ҳамгироии Бонки рушди Авруосиё (БРАО), дар гузориши худ таҳти унвони "Санҷиши натиҷаи иқтисодии дохил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Ҳудуди ягонаи иқтисодӣ", бо назардошти ҷанбаҳои гуногуни рушди иқтисод ва дурнамои он ба хулоса омаданд, ки пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Ҳудуди ягонаи иқтисодӣ, ба иқтисоди кишвар самараи мусбат медиҳад. Аммо набояд интизор шуд, ки бо пайвастан ба ин иттиҳод рушди иқтисод бевосита ба даст меояд. Пайвастан танҳо имкониятҳои хуберо фароҳам меорад, ки бо истифодаи дурусти ин имкониятҳо рушди иқтисод ба даст меояд.

Таҳлилгарони ин ниҳод мегӯянд, ки бо пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ, дар аввал Тоҷикистон манфиати иқтисодии камранге мегирад, аммо агар имкониятҳои пешомада дуруст истифода шаванд, суди иқтисодии он ба маротиб зиёд мешавад. Се роҳи асосии гирифтани суди иқтисодии бештар аз пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ барои кишвар фароҳам меояд; ҷалби сармоя аз кишварҳои узви ин иттиҳод, болоравии истеҳсолот ва омили муҳоҷирати меҳнатӣ. Ин имкониятҳои пешомада метавонанд дар ояндаи наздик ММД (Маҷмуи маҳсулоти дохили)-и Тоҷикистонро солона 3.5% зиёд кунанд. Аз ҷумла аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷӣ 1.6%, аз ҳисоби болоравии истеҳсолот 0.5%, аз ҳисоби зиёдшавии муҳоҷирон ва кам шудани бекорон 0.4% ва аз ҳисоби интиқоли пул 1%, имконияти зиёдшавии ММД дар як сол вуҷуд дорад. Болоравии ММД ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ҳам мушкилоти иҷтимоӣ- иқтисодии худро ҳал кунад ва ҳам рушди мунтазами иқтисодӣ дошта бошад.

Аз назари таҳлилгарон дар ду даҳсолаи охир, Тоҷикистон аз имкониятҳои худ барои ҷалби сармоя ба хотири рушди иқтисодӣ хеле кам истифода кардааст. Тоҷикистон имконият дорад то 2.5 миллиард доллар дар як сол ба иқтисоди худ сармоя ворид кунад. Пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад омили хубе бошад барои ҷалби сармояи ҳам хориҷӣ ва ҳам дохилӣ ба соҳаҳои гидроэнергетика, коркарди маъданҳои куҳӣ, саноати сабук, соҳаи бонкдорӣ ва комплекси агросаноатии Тоҷикистон.

Дар ин таҳқиқот омадааст, ки аз сабаби наздик будани тарифҳои гумрукии Тоҷикистон ба тарифҳои ягонаи гумрукии Иттиҳоди гумрукӣ, ҳангоми пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ тағйиротҳои зиёд намешавад ва ин муҳлати пайвастшавиро кам мекунад. Тоҷикистонро зарур аст, ки барои зиёд кардани ҳиссаи содироти худ истеҳсолоти нав ва коркарди ниҳоии маҳсулотро ба роҳ монад.

Дохил шудан ба бозори ягонаи меҳнатии Ҳудуди ягонаи иқтисодӣ, яке аз бартариятҳои асосии дохилшавии Тоҷикистон ба ин иттиҳод аст. Ҳамаи шартномаҳо дар доираи Ҳудуди ягонаи иқтисодӣ ба муттаҳидсозии захираҳои меҳнатии кишварҳои узв равона карда шуда, ташкил ва фаъолияти босамари бозори ягонаи меҳнатро дар бар мегиранд. Дар маҷмуъ пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ сатҳи муҳоҷиратро 10-15% зиёд мекунад. Музди меҳнати муҳоҷирон 9-28% зиёд гардида, ҳаҷми интиқоли пул ба кишвар 15-25% зиёд шуда метавонад.

Аз пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон ҳам метавонанд суди назаррасе дошта бошанд. Мисол танҳо аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқеъӣ, Федератсияи Русия дар як сол метавонад аз ҳисоби муҳоҷирон ба буҷаи худ то 40 миллиард рубл ворид намояд.

Дар асоси тадқиқотҳои гузарондаи худ пажуҳишгарони БРАО тавсиянома тартиб дода роҳҳои дуруст ва босамари пайвастшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукиро пешкаш кардаанд. Ин тавсияҳо тиҷорати хориҷӣ, сармоягузорӣ, дастгирии буҷаи давлатӣ ва танзими муҳоҷирати меҳнатиро дар бар мегиранд.

Албатта пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ метавонад натиҷаи судоваре барои кишвар дошта бошад ва хулосаи таҳлилгарони БРАО то дараҷае дуруст аст. Аммо дар аввал барои буҷаи давлатии Тоҷикистон хеле мушкил хоҳад буд. Чунки даромаде, ки аз боҷҳо ва дигар пардохтҳои гумрукӣ ба буҷа меояд, аз даст меравад ё хеле кам мешавад. Ин норасоиро мешавад аз ҳисоби рушди иқтисод, ки дар шароити нав бо истифода аз имкониятҳои пешомада ба даст меояд, ҷуброн кард. Барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва бунёди корхонаҳои нав, ки истеҳсолотро зиёд карда метавонанд, ҳоло шароити мувофиқи коммуникатсионӣ ва низоми дурусти андозбандӣ дар кишвари мо вуҷуд надорад. Бинобарин ҳангоми пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ, кишвари мо наметавонад бо иқтисоди бо барқу газ таъмин ва андозҳои нисбатан пасти Русия ва Қазоқистон рақобат кунад. Дар натиҷа мо наметавонем аз ду имконияти худ, яъне ҷалби сармоя ва рушди истеҳсолот ба хубӣ истифода бикунем. Бо назардошти ин воқеъият ҳоло Тоҷикистонро зарур аст, ки ҳарчи зудтар "Роғун"-ро бисозад ва фоизи андозҳоро то сатҳи кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ поён бубарад, то шароити соҳибкорӣ дар кишвар бо шароити кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ баробар бошад. Вагарна ба мо танҳо истифодаи имконияти сеюм - яъне омили муҳоҷирати меҳнатӣ боқӣ мемонаду халос. Дар ин ҳолат шумораи муҳоҷирати оилавӣ зиёд шуда, фирори мағзҳо ва норасоии кадрҳо дар кишвар ба маротиб зиёд мегардад. Агар зиёдшавии ММД бо пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ ба даст биёяд ҳам, ин аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирон ва истеъмоли аҳолӣ хоҳад буд ва ин наметавонад рушди мунтазами иқтисоди кишварро дар оянда таъмин кунад. Ҳоло дар Тоҷикистон гуруҳи корӣ, муташаккил аз намояндагони сохторҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷиҳати баррасии узвияти кишвар дар Иттиҳоди гумрукӣ ташкил шудааст. Умедворем ин гуруҳи корӣ ҳама суду зиёни пайвастан ба Иттиҳоди гумрукиро баррасӣ карда, тавсияҳои судмандеро ҷиҳати ҳали мушкилоти ҷойдошта дар иқтисоди кишвар ба ҳукумат пешниҳод мекунад ва ҳукумат дар навбати худ шароити соҳибкорӣ ва бунёди корхонаҳои истеҳсолиро ба шароити дигар кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ баробар хоҳад кард. Дар натиҷа бо пайвастан ба Иттиҳоди гумрукӣ кишвари мо аз ҳамаи имкониятҳои худ истифода мекунад ва воқеъан ҳам пайвастани мо ба ин иттиҳод судманд хоҳад буд.

Маврид ба зикр аст, ки пайвастани Тоҷикистон ба ин иттиҳод танҳо баъди пайвастани Қирғизистон ба он, ки дар назар аст то соли 2015 сурат бигирад, имконпазир мегардад. Чунки танҳо баъд аз ин Тоҷикистон бо Иттиҳоди гумрукӣ марзи муштарак пайдо мекунад.

Меҳр Собириён, шореҳи иқтисодии "Миллат"

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97