Илоҷи дарди таҳримҳои Узбакистон

Иқтисод 19.03.2013 22:16

Таҳрим: Ғарази сиёсӣ ё манфиъати иқтисодӣ?!

Islom KarimovУзбакистон бо таҳримҳои худ дар баробари Тоҷикистон, бо як тир ду нишонро мезанад.

Тӯли солҳои охир давлати Узбакистон, ки роҳи оҳан ва дигар роҳҳои асосии ҳамлу нақли молҳои ниёзи мардуми Тоҷикистон аз қаламрави он мегузаранд, сиёсати дурушти роҳбандиро бо ҳар баҳона пеш мебарад. Узбакистон мегӯяд, ки сабаби ҳамаи ин роҳбандиҳо мушкилоти техникӣ ва ҳодисаҳои табиӣ аст, аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи инро "ғаразҳои сиёсӣ" медонад. Аммо зери ин коса нимкосае ҳаст ва ҳиссаи он хеле назаррас аст. Пушти ин роҳбандиҳо манфиъатҳои иқтисодӣ меистад. Агар дар асоси қоидаҳои иқтисоди бозаргонӣ ба ҷараёни истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот аҳамият бидиҳем, маълум мешавад, ки кишвари ҳамсоя бо таҳримҳои худ, бо як тир ду нишон мезанад. Яъне аз як тараф бо роҳбандии худ ба ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон фишор оварда, аз Тоҷикистон манфиъатҳои сиёсии худро ба даст овардан мехоҳад ва аз тарафи дигар бозори истеъмолии сол то сол рушдёбанда аз ҳисоби муҳоҷирони моро, аз молҳои Русия ва Туркия холӣ карда маҳсулоти пастсифати худро вориди бозори мо сохта мефурӯшад. Яъне ин таҳрим на танҳо аллайҳи Тоҷикистон, балки дигар кишварҳое ҳам хоҳад буд, ки ба Тоҷикистон молҳои саноатӣ ворид мекунанд. Аз ҷумла аз Русия, Қазоқистон, Туркманистон, Ирон, Туркия, Чин ва соири кишварҳои дигар, ки ба Тоҷикистон мол содир мекунанд.

Аммо дар баробари ин амалкардҳои ғайридӯстонаи кишвари ҳамсоя, ки солиёни зиёдест идома дорад, ҳеч яке аз ин кишварҳо, ба ҷуз Ирон садо баланд накардаанд.

Узбакистон чаро чунин мекунад?

Баъд аз истиқлоли худ кишвари Узбакистон, сиёсати маҳдудкунандаи воридоти маҳсулоти хориҷиро пеша карда, шароитро барои истеҳсолкунандаҳои дохилӣ муҳайё кард. Кишваре бо 30 миллион аҳолӣ ва бозори калони истеъмолӣ имконият дорад, маҳсулоти зиёдеро, ки корхонаҳо истеҳсол мекунанд дар дохили худ фурӯшад ва бадин тартиб истеҳсолотро ба роҳ монад. Кишварҳои дигар ҳам бо назардошти бозори калони истеъмолии дохилӣ ва маҳдудияти воридот, бо Узбакистон корхонаҳои муштарак сохтанд. Аз истеҳсоли автомобилҳои "Даеву"  то ҷӯробу ришта корхонаҳои муштараки зиёде сохта шуда ба истеҳсоли маҳсулот ва фурӯши он пардохтанд. Дар солҳои 2000-ум иқтисоди Узбакистон пай дар пай рушд мекард. Ин аз як тараф ба болоравии нархи нафту газ дар бозори ҷаҳонӣ вобаста бошад, аз тарафи дигар маблағгузории зиёди давлатӣ ва хориҷӣ дар соҳаи истеҳсолот мебошад. Аз соли 2005 сар карда Узбакистон барномаи модернизатсионии тамоми корхонаҳои истеҳсолиро рӯи даст гирифтааст. Ба ин мақсад дар соли 2006 Фонди рушд ва азнавсозии Узбакистон (ФРАУ) ташкил карда шуд, ки дар ихтиёраш соли 2008-ум, 3, 2 миллиард доллар буд. Корхонаҳое, ки таҷҳизоти худро нав кардан мехостанд аз бисёр андозҳо ва боҷҳо озод карда мешуданд. Ба ғайр аз ин рушди корхонаҳои истеҳсолиро сиёсати маҳдудкунандаи савдои хориҷии давлат таъмин мекард. Дар бозори дохилӣ маҳсулоти хориҷӣ кам буд ва харидорони маҳсулоти дохилӣ интихоби васеъ ҳам надоранд. Бозорёбӣ, ки вазифаи асосии ҳар як истеҳсолкунанда аст, барои корхонаҳои истеҳсолӣ осон буд.

Бо истифода аз ин чораҳо ва бо сабаби он ки содироти асосии кишвар маҳсулоти нисбатан серталабот (нафт, газ, пахта, ...) аст, Узбакистон ҳатто дар замони буҳрони ҷаҳонӣ ҳам аз рушд намонд. Дар натиҷаи амалигардонии барномаҳои инвеститсионӣ дар кишвар 423 корхонаи истеҳсолӣ ба кор даромад. Ин дар пеши истеҳсолкунандагон ва давлат (дар кишварҳои диктаторӣ аксарияти корхонаҳо бавосита ё бевосита ба масъулони давлатӣ тааллуқ доранд) вазифаи кашфи бозорҳои навро пеш гузошт.

Тоҷикистон бозори партовпартоии Узбакистон

poezdМаҳсулоте, ки дар Узбакистон истеҳсол мешавад, сифати паст дорад ва ба рақобат дар бозорҳои нисбатан озоди хориҷӣ тоб намеоранд. Ба замми ин вақте кишваре барои воридшавии маҳсулот аз хориҷа маҳдудият эҷод мекунад, маҳсулоти дохилии худро ҳам ба осонӣ ба он кишварҳо бароварда наметавонад ва агар барорад ҳам нархашон гарон мешавад ва ба рақобат тоб намеоранд. Аз ин сабаб бозорҳои кишварҳои дигар барои маҳсулоти пастсифати Узбакистон дастрас нестанд ва онҳо ба бозорҳои кишварҳои ҳамсоя ва дар бумбаст қарордоштаи Тоҷикистон ва Афғонистон рӯй оварданд.

Узбакистон аз маҳрумиятҳои Тоҷикистон баҳра меҷӯяд

Асосан то оғози буҳрони ҷаҳонии соли 2008 бо баланд шудани иқтидори истеъмолии аҳолӣ доираи харидорон дар дохил зиёд шуда, рушди корхонаҳоро таъмин мекард ва бо таҳримҳои энергетикии худ, кам ва қиммат кардани газ ва иҷозаи транзити барқро надодан ва ба ин тартиб роҳи сармояи хориҷиро бастан ба рӯи Тоҷикистон, Узбакистон манфиъатҳояшро таъминшуда медид. Маълум аст, ки ҳеч сармоягузоре ба кишваре бе барқ сармоя намегузорад ва ба ин тариқ Узбакистон имконияти худро барои дастрасии сармояи хориҷӣ бештар мекард. Аммо бо расидани буҳрони ҷаҳонӣ ва кунд шудани қобилияти харидории аҳолии худ масъалаи ёфтани бозорҳои нав барои фурӯши маҳсулот пеш омад.

Тоҷикистон бозори бидуни рақобат барои Узбакистон

Баъди сар задани ин ду мушкил, яъне зиёд шудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва паст шудани қобилияти харидории истеъмолкунандаҳои дохилӣ дар замони буҳрони ҷаҳонӣ, ва зарурати дарёфтани бозорҳои нав, роҳбандиҳои дарозмуддат сар шуд. Ҳарчанд ин роҳбандиҳо ба оғози маъракаи муҳимми саҳмияфурӯшӣ ва ҷиддан аз сар гирифтани сохтмони НБО- и "Роғун" рост омад ва ҳама инро ба мухолифати Узбакистон ба сохтмони НБО-и "Роғун" медонист, аммо дар ин муддате, ки роҳҳо баста буду маҳсулоти дигар кишварҳо, аз ҷумла либосвориҳои Туркия, ба кишвар намеомад, бозор пур аз либос ва маҳсулоти нассоҷии истеҳсоли Узбакистон шуда буд ва онҳо аз ин рақобати носолим ва холигии бозор истифода бурда, молҳои худро ба осонӣ фурухтанд ва маблағи зиёде фоида диданд. Ин ҳолат то соли 2011 давом дошт ва маҳсулоти Узбакистон бо ҳар роҳ, қонунию ғайриқонунӣ ба бозори дохилии Тоҷикистон сарозер мешуд.

"Футболка"-ҳои Узбакистон бозори "футболка" - ҳои Чинро зад

Ҳатто соли 2011 дар фурӯши "футболка"-ҳо Узбакистон Чинро гузашт. Гап сари он буд, ки футболкаҳои Узбакистон тобистони соли 2011 ба ҳаҷми зиёд, намуди зоҳиррии нағз ва нархи арзонтар нисбат ба моли Чин ба бозор дохил шуд ва маҳсулоти чинӣ дигар ба савдо нарафт. Он замон сифати маҳсулоти чинӣ нисбатан хубтар буд ва аз ин ҳисоб нархаш баландтар буд ва ба рақобат тоб намеовард. Аммо баъдтар истеҳсолкунандаҳои чинӣ маҷбур шуданд, ки сифати маҳсулоти худро пасттар карда, нархи онро дар бозори мо рақобатпазир намоянд. Аммо дар натиҷа зарар ба истеъмолкунандаи тоҷик шуд. Чунки пул дода молҳои пастсифаттар мехариданд. Хушбахтона аз оғози соли 2012, назорат дар сарҳад пурзур шуд ва молҳои пастсифати Узбакистон дигар дар бозор ба маротиб кам шуданд. Ҳоло аксарияти соҳибкороне, ки ба фурӯши маҳсулоти узбакистонӣ машғул буданд, ба фурӯши молҳои чинӣ гузаштанд.

Чин беҳтар аз Узбакистон

Албатта ин молҳоро беҳтар буд дар дохил истеҳсол намоем, аммо ҳоло ки шароити хубе барои роҳандозии истеҳсолот надорем, аз Чин ворид кардан хубтар аст, то аз Узбакистон. Чунки яқин аст, ки агар пурра ба роҳи қонунӣ аз Узбакистон мол дохил шавад, бо он пардохтҳои баланди гумрукие, ки миёни ду кишвар (ба гуноҳи Узбакистон) ҳаст, нархашон баланд ва ба рақобат тобовар намешавад. Аммо молҳои чинӣ бо роҳи қонунӣ меоянд ва ҳамаи боҷҳоро месупоранд. Ба замми ин дар Чин ҳама намуди мол ҳаст ва агар мақомоти стандартизатсионии давлат дуруст кор кунад, танҳо молҳои босифатро мешавад дохил кард ва ба ин роҳ ҳуқуқи истеъмолкунандагонро ҳифз кард.

Узбакистон ба пули муҳоҷирони тоҷик "чашм ало" кардааст

Аз замони пайдо шудани низоми сармоядорӣ ва индустриалӣ шудани кишварҳои ғарб, миёни онҳо мубориза барои бозорҳои фурӯши маҳсулот оғоз шуда буд. Воридшавии Русияи подшоҳӣ ҳам ба Осиёи Миёна бо ҳамин мақсад буд. Узбакистон ҳам баъди баланд шудани иқтидори харидории истеъмолкунандагони Тоҷикистон, аз ҳисоби муҳоҷирони корӣ, муборизаро барои бозори дохилии Тоҷикистон сар кард. Агар ҳам барои ин роҳбандиҳо мақсадҳои сиёсие дошта бошад, мақсадҳои иқтисодӣ - дастрасӣ ба бозори дохилии Тоҷикистон, ки аз ин бозор фоидаи нақд мегирад аҳамияти кам надорад. Бинобар ин кишвари мо бояд назорати сарҳадро пурзур нигаҳ дорад, то ки маҳсулоти саноатии Узбакистон ғайриқонунӣ ба бозори дохилии мо ворид нашавад. Дар ҳолати қонунӣ, бо пардохти ҳама андозу боҷҳои давлатӣ, молҳои пастсифати Узбакистон рақобатпазир нахоҳанд буд. Шояд баъди аз даст додани бозори дохилии Тоҷикистон, ки бешубҳа яке аз сабабҳои асосии роҳбандии Узбакистон аст, аҳамияти ин роҳбандиҳо камтар мешавад ва дигар аз роҳбандиҳо даст мекашанд.

Меҳр Собириён

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97