Шӯравӣ - "қишлоқи тиллои"-и мо
Субҳи 24 - уми декабри соли гузашта тариқи телевизиони "Сафина" як намоишномаи мазҳакавии хурдеро ба номи "Хестед, ки хобед" намоиш доданд, ки хело ҳам барои муқоисаи зиндагонии имрӯза ва пешин нишонрас буд. На танҳо нишонрас буд, балки барои насли калонсолтар ёде буд аз замони серию пурии солҳои 70 - 80 асри гузашта. Дар намоишнома саҳнаи бозор ба назар мерасид, ки дар он нархи як кило картоша ба 20 дирам, пиёз 10 дирам, сабзӣ 20 дирам, гӯшт 1 суму 80 дирам баробар буд. Ин гӯё афсонае буд, мисли "Қишлоқи тиллоӣ" - Мирсаид Миршакар, ки гуфтанду рафтанд.
Расонаҳои ҳукуматӣ: "Ҳама гулай"!
Аммо ин афсонаҳо имрӯз ҳам дар аксар барномаҳои садо ва симо ва рӯзномаҳои ҳукуматӣ аз забони ровиҳо ва шахсони хело ҳам бовариноку ҷонфидо давом дорад.
Моро мехоҳанд ба хондани ин афсонаҳо моро ба бовар биоваранд, ки гӯё зиндагии мардум хело ҳам хуб аст, ҳукумат ҷумҳуриро тайи беш аз 20 соли соҳибистиқлолӣ аз бумбастҳои коммуникатсионӣ бароварда, ба пешравиҳое ноил гардидааст. Дар аксари барномаҳои телевизионӣ солҳои 70 - 80 не, балки аз солҳои пурмоҷарои 92 - 95 ёд меоваранд, ки мардум ба як бурида нон муҳтоҷ буд, нооромӣ буд, "Калашников" ҳукмронӣ мекард.
Аммо аксари мардум чӣ мехоҳад?!
Вале аз назари аксари мардум нодорӣ он нест, ки гуруснагиҳои солҳои 30, 41 - 45, ё 93- 94-и асри гузашта бошад, онҳо имрӯз зиндагии худро дар доштани автомобилҳои фарсудаву телевизионҳои моҳвораӣ не, дар доштани телефонҳои мобилию дипломҳои бо пул харида не, балки зиндагии худро бо зиндагии ҷамъияте, ки дар кишварҳои пешрафта доранд, муқоиса менамоянд.
Онҳо ҳам мехоҳанд фарзандонашон дар мактабҳое бихонанд, ки онҷо муаллимони соҳибкасб бо маъоши хуб таъмин, дарс бидиҳанд ва чун вақти хидмати ҳарбӣ даррасид ба қатори фарзандони ҳокимон ба сафи артиши миллӣ бо либосҳои зебову шинам ва таъмин аз дигар лавозимот рафта, хидмати шарафмандона бикунанд, (на ба зӯри "облава") бо ҷуръату дилпурӣ ба табобатгоҳ ба назди духтур бираванд ва дар баробари кори хуби анҷомдода маъоши арзанда бигиранд ва онҳо ҳам мехоҳанд дар назди падару модар, зану фарзанд, хешу табор, хулоса дар диёри худ, дар Ватани худ кору фаъолият намоянд, агар чанде баъзеҳо онҳоро "… лицемерно не надо жалеть" мехонанд. Дар муқобили он "баъзеҳо" баъзеҳои дигаре аст, ки мехоҳанд онҳо, яъне он 1.5 млн. нафар на ҳамчун гастербайтер, балки ҳамчун сайёҳ, донишҷӯ, олим, сиёсатмадор, мутахассис сафар намуда, на 3 млд. ба қувваи бозу, балки даҳҳо ва садҳо 3 млд. -ҳоро бо илму ақли сар ворид созанд.
Муносибат бо замин бо тарзи феодалӣ
Аммо муносибатҳои нави заминдорӣ (заминдор шудани шахсони тасодуфӣ) ва ҳаннотию ҳарисӣ ва тамаъҷӯйи як гуруҳи хело ҳам хурд, ки баъд аз истиқлол ривоҷ ва равнақ ёфт, ба бекор мондани ҳазорон гектар замин сабаб гашт, ки ин боиси паст рафтани ҳосилнокии замин ва дар натиҷа сабаби гаронии қимати ҳосили он дар бозорҳои кишвар гашт ва монеъи тараққиёти минбаъдаи кишоварзӣ ва тиҷорати маҳсулоти он ба хориҷа гардид. Чуноне ки аз таърих маълум аст дар асрҳои миёна ҳосилнокии ками заминҳо, фармонравоии нодурусти ҳокимон, андозҳои баланд бо хушксолиҳо ва камобиҳо ба зиндагии аксари мардуми одӣ таҳдид мекард, ба замми ин заминдорони калон ба муздурони худ (батракҳо), ҳаққи меҳнати ночиз медоданд, ки ҳамаи ин нишонаи низомҳои асри миёнагии ҷамъияти феодалӣ мебошад.
Ҳосили пахтаи ҷамъовардаи заҳматкашони деҳоти Тоҷикистон, ки яке аз ашёи хоми стратегии давлатро ташкил медиҳад, солҳо боз истеҳсоли он аз 50% - и солҳои шӯравӣ боло нарафтааст. Истеҳсоли дигар навъҳои зироат ва боғу полезӣ низ нисбат ба соли 1991 аз 50% ҳам камтар аст.
Азоби беш аз 1 млн. муҳоҷир ва афзоиши сафи бекорӣ
Аҳолии Тоҷикистон, ки зиёдтар аз 7.5 млн. нафар мебошад, зиёда аз 1.5 млн нафари он имрӯз берун аз Ватан ба дарбадарию бечораҳолӣ гирифтор буда, бо азобу машаққат 4 - 5 милллион аҳолиро мехӯронанд, ҳамчунин андозу дигар хидматрасониҳои давлатиро пардохт менамоянд. Илова бар ин сафи гуруҳи бекоронро дар дохили кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор хатмкунандагони мактабҳои олӣ ва миёна пур мекунанд.
Ҷараёни вобаста шудан ба хориҷиҳо
Ҳамаи ин пастравиҳои иқтисодӣ боиси сол то сол ба сармояи хориҷӣ тобеъ шудани иқтисоди кишвар мешавад, ки мо имрӯз шоҳиди зиёда ба 30% - и буҷа баробар шудани қарзи беруниро мебинем ва ба болои ин қарз, боз баъзе аз корхонаҳо ва иншооти муҳим аз қабили НБО - и Сангтӯда - 1, Корхонаи тиллоистеҳсолкунии Зарафшон, Тоҷиказот, фабрикаи дӯзандагии Гулистон, роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ ва ғайраҳо бо фоизҳои зиёди саҳмияҳояшон дар дасти хориҷиҳо мондаанд.
Куҷост он корхонаҳое, ки доштем?
Албатта сохтмони иншоотҳои бузурге ба монанди НБО - и Роғун, НБО- ҳои хурду миёна дар дарёҳои Зарафшон ва Сурхоб, нақбҳои нақлиётӣ, роҳҳо ва корхонаҳои хурди саноъатӣ ба инкишоф ва рушду пешравии кишвар мусоидат менамоянд, аммо аз кор мондани садҳо корхонаҳои бузурге ба монанди фабрикаҳои "Тоҷикатлас", трикотажи Душанбе ва Истаравшан, ҷуроббарорӣ, нассоҷии пахтагӣ, заводҳои арматурии Душанбе, "Текстилмаш", трансформаторбарорӣ, гидроагрегат ва ғайра дар пойтахт ва шаҳрҳои шимолу ҷануби кишвар ва ба давлатҳои дуру наздик овора шудани садҳо ҳазор ҳамватанони мо барои ёфтани қути лоямут худ гувоҳи он аст, ки мо тай 20 соли истиқлол аз уҳдаи бисёр корҳо набаромадаем.
Фарқи дастовардҳои даврони ғуломдорӣ ва истиқлол
Вақтҳои ахир аз тарафи аксар роҳбарони зинаҳои гуногун ва мухбирону ашхоси алоҳидаи давлатӣ, худнамоӣ ва маддоҳию лофҳои бардурӯғ бисёр шунида мешаванд, ки мо фалон қадар корхона, роҳу нақб ва боғу токзорҳо бунёд намудаем, ки аз замони шӯравӣ хело ҳам зиёд мебошад.
Набояд фаромӯш кард, ки дар асрҳои тору танги ғуломдорӣ ва феодалӣ ҳам иншоотҳои азиме чун; аҳроми бузурги Миср, қасри Тоҷмаҳал, манораи Эйфел, девори бузурги Чин, тахти Ҷамшед дар Эрон ва садҳо қалъаҳо бо шаҳрҳову кушкҳои азими дигар дар манотиқи гуногуни олам сохта шуданд.
Агар Фиръавнҳои Миср дар асри худ дорои техникаи ҳозира ва нақшаи НБО - и Асуанро медоштанд, онро русҳою мисриҳо не, балки Фиръавнҳо даҳҳо чунин Асуанҳоро месохтанд.
Имрӯз, ки замони техника ва илмҳои дақиқ аст, дар беш аз 20 соли баъди истиқлол бо чунин дастовардҳо ва зиндагии фақиронаи мардум наметавонем фахр кард ва воқеъаҳои солҳои 90 - умро низ набояд баҳона кард.
Антенаи "параболический" ихтироъ ва дастоварди тоҷик нест
Ду сол пеш дар ҷамъомаде номзадеро аз ҳХДТ барои курсии депутатии шаҳрӣ тарғиб менамуданд, иштирок доштам.
Баъд аз таърифу таҳсини ҳизби ҳоким вақти саволу ҷавоб расид. Аҳли нишаст, ки иборат аз 10 - 12 нафар иборат буд ва аксаран занҳои хонанишин буданду аз проблемаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ огоҳ набуданд, саволе ҳам ба миён наёмад. Ва банда бо иҷоза ва муаррифӣ намудани ному насаб ва ҷои истиқомат саволеро ба таври зайл ба номзад ва намояндаи вай додам: «-Шумо гуфтед, ки дар муддати солҳои гузашта ҳизби мо дар ҳамаи интихоботҳо аксари раъйи мардумро ба даст овардааст ва ба ин васила корҳои зиёдеро барои тараққиёти ҷамъият ба сомон расонидааст. Ва агар дар ин овоздиҳӣ ҳам ба намояндаи мо овоз диҳед фалону беҳмадон корҳоро иҷро хоҳем кард. Ин бисёр хуб, агар ваъдаҳо иҷро шаванд, - гуфтам ман, - аммо марҳамат карда бигӯед, ки ба ҳамин зайл "пешравӣ" - ҳое, ки Шумо мегӯед, мо кай ба сатҳи дараҷаи зиндагии солҳои 90 - 91 мерасем?» Сухангӯ боз 2 - 3 дақиқа мисолҳо меоварду мехост пешравиҳои ҳокимони ҳамҳизбашро бо таври конкретӣ бифаҳмонад. Дар ҳамин ҳолат маддоҳҳокиме, ки ҷамъ овардани ороъи мардум бар зиммаи ӯ буд ва шояд ҳозир шудани маро онҷо намехост, аз ҷой бархосту "пешравӣ" - ҳоро номбар кардан гирифт, ки асоси суханони он маддоҳ чунин буд; "Чӣ шаф - шаф гуфта шафтолуи гапа намеген, як болои чердакои шаҳра бинен пури антеннаи параболический шидай, кӯчаҳои шаҳр пури мошинои иномарка, любой маркаша мебинӣ, ӣъ худуш пешравӣ нестай, бо чиай? Солҳои 90 - 91 кӣ ай спутник телевизор тамошо мекард, ҳеч кас, мо ай соли 90 - 91 гузашта рафтагӣ" - гуфта сафсата мефурухт. Ин аст тафаккури аксари ҳокиму ҳокимчаҳои даврони истиқлол, ки бо кадом воситае ба сари мансаб расидаанд ва аз мансабу роҳбарии ин афрод ба ҷамъият суде ҳам набуду намешавад.
Бо "пешрафт" пур кардан дар коғаз мо пеш намеравем
Аммо мақсад ин аст, ки бо муқоиса бо дигар давлатҳо мо даҳсолаҳо ақиб монда истодаем. Чунон ки омори иқтисоди ҷаҳонӣ нишон медиҳад, давлати Чили баъд аз сарнагун шудани сотсиалистҳо бо роҳбарии Салвадор Аленди ва ба сари қудрат омадани Пиночет дар соли 1973 баъд аз 10 соли ҳукмронии ӯ пешравии иқтисодӣ 100%, яъне ду маротиба афзуд. Соли 1924 дар Туркия баъди ба сари қудрат омадани Отатурк дар 10 сол пешравии иқтисодӣ 400%, яъне чор маротиба афзуд.
Ва ҳамин тавр дар Япония аз соли 1945 то соли 1955 пешравӣ 1000%, яъне 10 маротиба, дар Германия (ФРГ) аз соли 1945 то соли 1955, 600%, 6 маротиба, Кореяи Ҷанубӣ аз соли 1953 то соли 1963, 800%, яъне ҳашт маротиба ба пешравиҳои иқтисодӣ ноил гаштаанд.
Инчунин тай ду - се даҳсолаи ахир дар давлатҳои Осиё: Малайзия, Филиппин, Сингапур, Тайланд ва Индонезия низ дар як муддати кӯтоҳ ба ҷаҳишҳои иқтисодӣ ноил гаштаанд, ки ба таври дигар дар байни иқтисоддонҳо бо номи "Азиатские тигры" маълум мебошанд.
Мувофиқи таҳлили баъзе иқтисодшиносони давлатӣ, се - чор соли ахир гӯё Тоҷикистон ба пешравиҳои чашмрасе ноил гаштааст ва ҳатто соли 2009 - ро, ки соли буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ба ҳисоб мерафт ва бо вуҷуди поён рафтани нархи ду намуд ашёи хоми стратегӣ (пахта ва алюмниюм) дар бозори ҷаҳонӣ соли 2009 - 2010 иқтисодиёти ватанӣ на он қадар зарар дида бошад. Албатта ин фикр мутлақо нодуруст аст. Чунки иқтисодиёт ва хоҷагии деҳоти Точикистон солҳо инҷониб дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад ва аксари аҳолии кишвар низ дар зери хатти фақр ба сар мебаранд ва чунон ки дар боло гуфтем, зиёда аз 70% - и аҳолӣ ба ёрдами бародарону фарзандони муҳоҷири "ноновар" - ашон муҳтоҷанд.
Фаровониҳои "тӯтиёни сухангӯ" ва заминҳои беҳосил
Соле пештар вақте ки дар корхонаи "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба ҳайси механики вагонҳои яхдондор кор мекардам, вазифаи мо роҳиоҳанчиён аз он иборат буд, ки маҳсулотҳои хоҷагиҳои деҳқониро сари вақт ва бо сифати аъло ба ёрии содиркунандаҳо ба хориҷи кишвар бирасонем. Дар вақти аз марзи давлати кишвари ҳамсояи Узбакистон гузаштан шоҳиди он мешудем, ки сари вақт тадбир ҷустан ва масъулиятро ба дӯш гирифтани роҳбарони сектори хоҷагии деҳоти давлати ҳамсоя боиси фаровонҳосилии заминҳо гашта ва ба давлатҳои ҳамсоя ҳар рӯз садҳо вагон (ҳазорҳо тонна) маҳсулоти тару тоза содир менамуданд. Мо роҳиоҳанчиёни тоҷик дар як моҳ 5 - 10 вагон маҳсулот мебурдем ё не, аммо аз тариқи садо ва симо фахрфурӯшӣ ва ёвагӯийи мухбирон ва ашхоси лофзану маддоҳро мешунидем, ки бо суханҳои хушку холӣ "Боғу роғҳои пур аз меваҳои ширину шаҳдбор, майдонҳои пур аз сабзавотҳои тару тоза, обҳои саршору заминҳои зархез ва ғайраҳо" мардумро гӯл мезаданд, вале бозорҳоямон аз меваҳо ва сабзавотҳои "шаҳдбор" - и чинӣ, покистонӣ, эронӣ ва ғайра, ки бо нархҳои гарон ворид мешаванд, пуранд.
Агар омор рост бошад, ҳосил ку?
Мувофиқи ҳисоботи омории кишвар дар ду - се соли гузашта солона зиёда аз як миллион тонна ғалла истеҳсол мешавад ва ин албатта хуб аст, агар ин ҳисоб рост бошад. Ин сухан борҳо аз тариқи матбуъоти даврӣ ва садову симо такрор ёфтааст, аммо боре ҳам чи тавр ба даст овардани ин миқдор ҳосил аз тарафи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ва иқтисоддонҳо қайд карда намешавад.
Чор тракторчаи "Белорус" -ро қатор монда ба навор мегиранду тобистони дароз зери офтоби сӯзон занон ва кӯдакон доси бобоӣ дар даст ба дарави ғалладона машғулро мояи ифтихор медонанд. Бо барзагов ҷуфт рондану бо хару хингала хирман карданро фахр дониста, расму русуми бобоии замони асри миёнагиро асоси баромаду ифтихор медонанд.
"Одина"-и бесаводи Айнӣ ва одинаҳои дипломдори саргардон
"Одина" -и Арбоб Камол дар асари Айнӣ як шахси бесавод ва кам ҳуқуқтарин фард дар замони феодалӣ нишон дода шуда бошад ҳам ним серу ним гурусна ва ним урён солҳо хидмати хонаводаи Арбоб Камолро адо намуда, зиндагии пурмашаққаташро давом дод.
Агар одинаҳои соҳибмаълумоти (маълумоти 9 - 11 сола ва дипломдорҳо) - и даврони истиқлол ба умеди чор дарзаи ғӯзапояҳои заминҳои арбобҳои нави тоҷик мешуданд, ба гуфтаи халқ баландии сабзаи хокашон чанд ваҷаб мешуд.
Ва фарзандону падару шавҳарҳои сарзамини он табақаҳои бенаво, ки намехоҳанд муздуриро дар майдонҳои кишти "Арбоб" - ҳои нави тоҷик давом диҳанд, рӯ ба кишварҳои дуру наздик барои мардикорӣ ниҳоданд.
Агарчанде ҳукуматдорон аз ноуҳдабароии худ ин раванди муҳоҷиратро раванди хоси давлатдории муъосир медонанд ва ҳарфи миллион аҳолии кишварро баробар ба давлатҳои аз ҷиҳати нуфус садҳо маротиба аз мо зиёд баробар нишон медиҳанд ва фахрфурӯшӣ намуда, гӯё барои муҳоҷирин хадамоти кор дар хориҷа ва фалон корҳоро низ барои дифоъи ҳуқуқҳои муҳоҷирин дар хориҷа ташкил намудаанд, бо вуҷуди ин ба гуфтаи Сафвати Бурҳон он дарбадарию гастрабайтериро ба идеяи миллӣ низ табдил додаанд ва тарғиб низ мекунанд.
Ба ҷои ташкил намудани ҷойҳои нави кори сердаромад, сохтмони фабрика ва корхонаҳои саноъатӣ, ё барқарор намудани корхонаҳои замони шӯравӣ дар байни бойбобоҳои тоҷикони нав мусобиқаи сохтмонҳои меҳмонхонаҳо, ресторан, нуқтаҳои сӯзишворию қасру кушкҳои зиёди камаҳамият сол то сол давом дорад. Ҷойи нави корӣ пайдо намудаи роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ ин ташкили бозорча ва дӯкону мағозаҳо мебошад ва аз тариқи телевизион "хабар" додан ба боло ва халқ, ки имрӯз аксари ин бозорчаҳо камфаъолиятанд ё маҳсулотҳои бесифати чиниро бо нархи дандоншикан савдо менамоянд.
Суқути шаҳрҳои саноатӣ ва нест шудани синфи коргар
Агар ҳар як шахси солимақл вақте ки вориди корхонаи саноъатӣ мешавад, аз гудохтану рехтагарӣ шудани оҳан ё чӯян то ба воситаи дастгоҳҳои харротӣ ва суфтагарӣ ва ғайра шакл гирифтани онро мебинад ё иштироки бевосита дар он кор менамояд, дар ӯ фаҳмиши воқеъияти илмӣ нисбат ба хурофотҳо ва сафсатаҳои ҳаётӣ пайдо мешавад. Хулоса сарчашмаи пайдоиши синфи коргар дар ҷамъият мешавад. Зиёд шудани синфи коргар ин пешравӣ, тараққиёт ва эҳёи ҷамъият мебошад ва мусаллам аст, ки синфи коргар ин ҳама вақт дар шаҳрҳо зиёд мешавад ва шаҳр ин маркази илм, фарҳанг, саноъат, умуман тараққиёт мебошад, ки мавзуи алоҳида аст.
Аммо афсӯс дар солҳои гузаштаи начандон дур, ки шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Конибодом ва ғайра ҳамчун марказҳои саноъатӣ шинохта мешуданд ва аз корхонаҳои ин шаҳрҳо ҳар рӯз садҳо контейнеру вагонҳо бору колоҳои истеҳсолшуда ба давлатҳои хориҷа фиристода мешуд, имрӯз аз он заводу фабрикаҳо ғайр аз ном дигар чизе боқӣ намондааст. Зеро дар натиҷаи "прихватизатсия" - и солҳои 90 - 2000 ин корхонаҳо ба дасти шахсони бемасъулияту ноқобил афтода, бо баҳонаҳои ашё нест, барқ нест, мутахассис нест ва ғайра тамоми таҷҳизот ва дастгоҳҳои пурқимат ба қимати ночизе ҳамчун оҳанпора ба афғонҳо ва чиниҳо фурӯхта ва ба Покистону Чин фиристода шуданд. Ҳол он ки аксари маҳсулоти заводи "Талко" - ро ба кор медароварда аз хориҷа ворид карда мешавад ва имрӯз ин корхона ҳамчун калонтарин корхона дар ҷумҳурӣ ва Осиё фаъолияташро давом дода истода, метавонад ҳамчун муште бар даҳони бефаровези баҳонаҷӯён бошад.
Заминҳои бекорхобида ва забти бозорҳо аз сӯи чиниён
Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун давлати аграрӣ шинохта шудааст, масъалаи тақсими замин ноодилона ҳал гардидааст ва тамоми ҷумҳурӣ ба ҷанҷолу хархаша ва баҳсҳои судию авлодӣ, маҳаллӣ ва байни деҳавӣ табдил ёфтааст.
Як гектар замини обӣ, ки андози давлатиаш 170 сомониро ташкил медиҳад, ба деҳқони асилу кордида ба 1500 - 3000 сомонӣ дар як сол ба иҷора дода мешавад.
Зиёда аз он чор сол боз ин ҷониб Ҳоҷӣ Абдулғанӣ Азизов сарвари хоҷагии "Кооперативи истеҳсолии ба номи Абдулазиз" дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳаққи заҳмати 21 тонна нахи пахтаи истеҳсолнамудаашро гирифта наметавонад. Ба ин монанд чандин нафарони дигар низ ҳаққи ҳалоли худро аз ин корхона наметавонанд дарёфт намоянд. На суд ва на прокуратура наметавонанд ба доди онҳо расанд, - мегӯяд деҳқони асил бобои Ҳоҷӣ Абдулазиз.
Инчунин мувофиқи навиштаҳои рӯзноманигор Аслиддин Достиев тамоми минтақаи Кӯлоб аз дотатсияи давлат истифода мебаранд, бозорҳои ноҳияҳои минтақаро сабзавоту меваҷоти воридотии Қурғонтеппа, Ҳисор, Суғд ва Покистону Чин ишғол намудааст.
Маҳсулоти Покистону Чин на танҳо бозорҳои минтақаи Кӯлоб, балки дар тамоми бозорҳои кишвар ҷои маҳсулоти худиро танг карда гирифтааст.
Намоишҳои ғайримантиқии телевизион
Солҳои ахир баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои кишт ва ду - се ҳосил гирифтани деҳқонон дар як сол, аз тарафи президенти кишвар даъват ба соҳибкорону заминдорон шуда буд ва тавассути шабакаҳои телевизион ва радио вохӯрии раиси ҷумҳур бо деҳқонони соҳибтаҷрибаи ноҳияҳо намоиш дода мешуд, ки ин боиси сарфарозист ва сабаби ривоҷу равнақи таҷрибаи онҳо дар дигар манотиқи ҷумҳурӣ мегардад. Аммо таърифҳои беасос ва намоишҳои сохтакорона аксар вақт боиси шармандагии барномаҳои телевизионӣ низ мегардад. Се - чор сол пеш баъди сафари президент ба ноҳияи Турсунзода барномаеро бо андешаи баъзе заминдорон ва деҳқонони ноҳия нишон медоданд, ки ин аллакай охири моҳи июл буд. Деҳқонон аз ҳосили дуюму сеюм мегуфтанду мухбир таърифи хоҷагон мекард. Аммо дар бозор нархи як кило помидор то се сомонӣ дакка мехӯрду дар паси мухбиру деҳқон киштзорони нодаравидаи гандуми муҳлаташ аз набудани техника кайҳо гузашта, хӯшаҳои дар офтоби сӯзон сар ба замин резону мунтазир ба доси бобои деҳқон дар маърази тамошо.
Ин манзараи риққатбор буд, вақте ки тариқи телевизион дар истгоҳи "Регар" дар дохили вагон тамошо мекардаму масофаи чанд метр дуртар аз ману киштзори деҳқони Турсунзодагӣ даҳҳо вагон "Опел", "Мерседес", "Некси" ва дигар навъҳои гуногуни техникаҳои фарсудаи Аврупо ва Осиё мунтазири харидорони худ буданд.
Ва риққатовартарин манзараҳо ин нишон додани ду - се хоҷагии деҳқонӣ ё фермае, ки чорвояшро аз дигар ҷойҳо оварда ба президент нишон медиҳанду тариқи телевизион такрор ба такрор , ҳафтаҳо маддоҳона нишон медиҳанд. Вақте ки ин сатрҳоро менавиштам тавассути ТВ.1 рӯзи 16 - уми январи соли равон барномаеро оиди корхонаи "Барқи тоҷик" дар ш. Кӯлоб нишон медоданд. Дар ин намоиш нисбати НБО - и хурди 200 кв. соат- а, ки соли 2007 ба истифода дода шуда буд, баъди буридани лентаи рамзӣ то ба имрӯз ягон соъат ҳам кор накардааст, сухан мерафт, ҳол он ки ин НБО - и хурд ба маблағи 850 ҳазор сомонӣ аз кисаи мо андозсупорандагон сохта шудааст. Ровии барнома ҳам мегуфт, ки ба қавли мардум барои нишон додани кори ниругоҳ ба роҳбарон аз дигар ҷой хати барқ кашида рӯшан шудани чароғро нишон доданду баъд аз рафтани меҳмонон кори ниругоҳ то ба имрӯз қатъ гардидааст.
Ба сабаби надонистани омилҳои объективии манфӣ дар соҳаи кишоварзии кишвар ва нодуруст тақсим шудани замин ва ё таракаи замин аз тарафи лаганбардорону роҳбарони бемасъулият ва фишор овардан ба соҳибкорони таҷрибадору ташаббускори болаёқат чӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва чӣ дар соҳаи саноъат дар муддати зиёда аз 20 соли истиқлол ҳамчун давлати қашшоқ боқӣ мондаем.
Таҷрибаомӯзӣ: Ислоҳоти 250 соли пешиРусияи дворянӣ
Воқеъаҳои 250 сол пеш ба вуқуъ пайвастаи Русияи дворянӣ нишон медиҳад, ки бо вуҷуд доштани проблемаҳои дохилӣ ва бепулӣ (Русия он солҳо бо Пруссия, Австрия ва Туркия доимо дар ҳолати ҷанг буд) Екатеринаи 2 на вобаста аз зиддиятҳои дохилии кишвараш бо маслиҳати Никита Панин ва Максим Орлов барин мансабдорони содиқи Русияи феодалӣ дар фикри барҳам додани сохти крепостнойчигӣ ва беҳбуд бахшидани аҳволи деҳқонони Русия буданд. Инчунин Емелян Пугачёв барин деҳқонони баору номус, ки ҳатто навиштану хондан наметавонистанд, доимо дар талоши беҳбуд бахшидани шароити иҷтимоии деҳқонон буданд. Шояд умед бар он бандем, ки Одинаҳои соҳибмаълумоти ҷамъияти ҳуқуқбунёд ва он гастрабайтерҳои мо рӯзе даъвои ҳаққу ҳуқуқҳои худ намуда, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии худ талошҳо намоянд ва шахсони бахши иқтисодии кишвар низ чун Орлову Никита Панини рус барои пешравии соҳаи кишоварзӣ кӯшишҳо намоянд, то аз ин вартаи беномусии кумакпурсиҳо раҳоӣ ёфта, ба гуфтаи Солженетсин (ходими намоёни рус) ба "шикамбаи зиёдатӣ…" табдил наёбем.
Абдухолиқ Икромӣ, сокини ш. Душанбе