Балх ободу омода ба ҳамкорист

Иқтисод 29.11.2012 18:53

Afgoniston va Tojikiston14-15 -уми ноябри соли равон дар шаҳри Мазори Шариф Конфронси байналмилалии "Таҳкими робитаҳои иқтисодии байни Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ" баргузор шуд. Ҳадафи ин нишаст густариши ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон, хоса манотиқи ҳамммарз бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Конфронси байналмилалии "Таҳкими робитаҳои иқтисодии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ" таҳти сарпарастии Камисияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ оид ба Осиёи Марказӣ ва Уқёнусия бо номи ЭСКАТО, бо ҳамкории Маркази мутолеъоти Афғонистон ва минтақа, (ба раҳбарии Афғонистоншиноси маъруф Қосимшо Искандаров) ва бо мусоидати бевоситаи Ато Муҳаммади Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон баргузор шуд.

Мақсади аслии ин нишаст ба гуфтаи баргузоркунандагони он ҷустуҷӯи роҳҳои таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳои ҳамҷавор ва муайян намудани ниёзмандиҳо ё зарурати аввалия барои бозсозии зерсохторҳои иқтисодии Афғонистон ва таъмини мардум ба ҷои кор аст. Ҳадафи дигари ин ҳамоиш омӯзиши пешниҳодҳои аҳли тиҷорат ва соҳибкории Афғонистон дар самти ташкил ва бунёди корхонаҳои хурд ва миёна бо кумаки соҳибкорони Осиёи Марказӣ ва барномаҳои вобастаи СММ аст.

Дар конфронси мазкур намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла соҳибкорони тоҷик ва Русия низ ширкат доштанд. Конфронс бо сухани ифтитоҳии Ато Муҳаммади Нур оғоз шуд ва баъдан Акбаршо Искандаров, собиқ сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон, Иван Сафранчук, ҳамоҳангсози лоиҳаи "Таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя" суханронӣ намуданд. Аз ҷумла Худобердӣ Холиқназар, муовини аввали мудири МТС назди Президенти Тоҷикистон дар мавриди дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон баъди соли 2014 суханронӣ намуд.

Ҳамчунин соҳибкорон ва коршиносон аз кишварҳои Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон Б. Баҳодуров, директори ширкати "ТаҷЭкоКонсалтинг", Д. Неъматов, раиси ширкати "Борбад-2004", Г. Қандаков, раиси "МГ- Компания", А. Ҳакимов, раиси ширкати "Хадича" (Қазоқистон), Бахтиёр Эргашев, директори маркази таҳқиқоти иқтисодии Узбакистон роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳои минтақа пешниҳодоти худро иброз намуданд. Соҳибкори тоҷик, Д. Неъматов аз ҷумла гуфт, ҳоло Афғонистон барои сохтмон аслан аз хориҷ, умдатан аз Тоҷикистон ва Узбакистон арматура ворид мекунад. Ва дар сурати мувофиқат, соҳибкорони тоҷик имкон доранд, корхонаҳои тавлиди арматура дар шимоли Афғонистонро ба роҳ монанд.

Бояд гуфт, Балх оромтарин ва пешрафтатарин вилоят дар тамоми Афғонистон аст, ки бозсозии маркази он шаҳри Мазори Шариф ба шиддати тамом идома дорад. Ин вилоят яке аз чанд минтақаест, ки гуруҳҳои иртиҷоии Толибон то кунун натавонистаанд нуфуз кунанд ва сади роҳи бозсозӣ ва рушди иқтисоди он гарданд. Аммо бояд гуфт, ки вилоятҳои шимолии дигари атрофи он, аз ҷумла Бағлон, Қундуз, Форёб ба маҳалли таҷаммуъи нируҳои Толибон табдил шуда ва ҳаррӯза куштор ва бедодӣ идома дорад.

Мардум суботу амният ва рушди иқтисодии вилояти Балхро дар чанд омил, аз ҷумла доштани бандари тиҷоратӣ бо хориҷ, Узбакистон ва роҳи оҳан ва аз ҳама муҳим дар азму иродаи раҳбари ин вилоят, Ато Муҳаммади Нур мебинанд. Аммо зоҳиран ба назар мерасад, ки агар иродаи мубориза бо Толибон дар ҳамаи дигар вилоёт боло нагирад, субот ва рушди Балхи бостонӣ низ шикананда хоҳад буд. Дар назар аст, аксарияти соҳибкорон ва сиёсатмадрони Афғонистон, ки дар конфронси мазкур суханронӣ мекарданд, рӯи суханашон субот ва амният дар қадами аввал буд. Зеро бидуни субот ва амният намешавад ба иҷрои тарҳҳои иқтисодӣ пардохт.

Гузориши Худойбердӣ Холиқназар, муовни аввали раиси МТС -и назди Президенти Тоҷикистон дар ин конфронс манзур мегардад:  

 

Дурнамои ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистон бо Афғонистон баъд аз соли 2014

 

(Гузориш дар Конфронси байналмилалии «Таҳкими робитаҳои иқтисодӣ миёни Афғонистон ва Осиёи Марказӣ 14-15 ноябри соли 2012 Мазори Шариф)

 

Худобердӣ Холиқназар, муовини аввали Раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша алоқаманд будани худро ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва таҷдиду эҳёи бахшҳои мухталифи ҳаёти иқтисодии он иброз медошт. Мо мисли ҳамешагӣ сидқан ҷонибдори боэътимоди сулҳи комилу пойдор ва ваҳдати ҷомеа дар ин кишвари дӯсту бародар ва ҳамзабону ҳамфарҳанг буда, муътақидем, ки истиқрору субот дар Осиёи Марказӣ бо вазъи Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.

Мардуми Тоҷикистон кумакҳои роҳбарони вақти Афғонистон устоди шаҳид Бурҳониддини  Раббонӣ  ва қаҳрамони Афғонистон шаҳид Аҳмадшоҳи Масъудро дар раванди истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон ҳеч вақт фаромуш нахоҳанд кард.

Равобити дӯстона ва бародаронаи сатҳи олӣ байни Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Ҷалолатмаоб Ҳомид Карзай, Раисҷумҳури Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба мардумони ин ду кишвари дӯст илҳоми тоза дар истеҳкоми ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мухталифи иқтисод дода, дар онҳо итминони хотир ва умед ба ояндаро тақвият медиҳад.

Тоҷикистон татбиқи стратегияи фарогири байналмилалӣ ҷиҳати таъмини эътидол ва барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, бар он назар аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷанбаҳои иқтисодию иҷтимоии он таваҷҷуҳи бештар зоҳир намояд.

Бояд зикр намуд, ки калиди ҳалли мушкилоти Афғонистон, пеш аз ҳама, дар дасти худи мардуми афғон ва ҳукумати кишвар чун намояндаи қонунии он аст. Дар ин росто, Тоҷикистон аз иқдомот ва ташаббусҳои ҳукумати кунунии Афғонистон дар мавриди комёб шудан ба мусолиҳа ва таъмини сулҳу суботи устувор дар кишвар ҷонибдорӣ намуда, омода аст, дар бахшҳои мухталифи зерин бо Афғонистон ҳамкориҳои мухталифи иқтисодиро ба роҳ монад:

1. Ҳамкориҳо  дар масоили  амниятӣ, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккил, парвариш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир.

Тоҷикистон омода аст, ки имкониятҳои марказҳои таълимии худро барои тайёр намудани марзбонон, низомиён ва ҳайати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон, ки ҳоло ҳам истифода мешаванд, васеътар пешниҳод намояд.

Мо ҳамчунин  дар садад  ҳастем, барои амалӣ намудани барномаи муборизаи муштарак бар зидди парвариш ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳамёрони байналмилалӣ мебошад, ҳамаҷониба кумак ва мусоидат намоем. Зимни ин амалия масъалаи ҷалб намудани кишоварзони афғон ба ин раванд бояд дар мадди аввали ин барнома қарор дода шавад.

Дар ин маврид на танҳо иваз намудани кишти зироатҳои нашъадор бо дигар намудҳои зироатҳои кишоварзӣ, балки ба таври қотеъ пешгирӣ намудани вуруди прекурсорҳо (маводҳои кимиёӣ, ки тавассути онҳо ҳероин омода мешавад) ба Афғонистон аҳамияти ҳалкунанда дорад.

Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоем, ки дар ин бахш аз имкониятҳои Тоҷикистон истифодаи васеътар ба амал биёварад. Чунон, ки дар боло зикр гардид, Тоҷикистон аз муддатҳост, ки ҳамкориҳоро ҷиҳати омода намудани парсунали низомиву марзӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Афғонистонро ба роҳ мондааст. Таҷрибаи дар ин соҳа ҳосилшуда собит месозад, ки умумият ва муштаракоти фарҳангиву забонӣ ба самаранокии ин раванд мусоидат менамоянд.

2. Ҳамкориҳо  дар соҳаи  кишоварзӣ.

Тоҷикистон метавонад барои барқарорсозии системаи обёрикунии Афғонистон ва обёрӣ намудани заминҳои кишт ҳамаҷониба мусоидат намояд. Бунёди шабакаи ниругоҳҳои барқи обӣ ва обанборҳо дар Тоҷикистон ва Афғонистон ҳамчун манбаи захираҳои обӣ ва энергияи арзон барои азхудкунии заминҳои бекорхобидаи Афғонистон ва эҳёи бахши кишоварзӣ аз омилҳои муҳимтарин хоҳад буд.

Истифодаи хуби имкониятҳои кишоварзии Афғонистон ҷиҳати таъмин намудани талаботи дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани содироти он ба бозорҳои минтақавӣ дар маҷмуъ ба эҳёи соҳаи мазкур ва қисман ҳал намудани масъалаи бекорӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

3. Ҳамкориҳо дар бахши тарбияи коршиносон.

Раванди барқарорсозии сулҳу субот дар Афғонистон дар марҳилаи кунунӣ ба рушди омили инсонӣ ниёзи хосса дорад. Бино бар ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои минтақавӣ ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои гуногуни иқтисоди миллии Афғонистон бо мутахассисони зарурӣ бояд ба ҳайси яке аз самтҳои калидии фаъолияти ҳамёрони байналмилалӣ пазируфта шавад. Аз ин лиҳоз, мо аз ҳамёрони байналмилалӣ даъват менамоем, ки барои таҳкими ин таҷриба, истифодаи васеи имкониятҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ҷиҳати омодасозии мутахассисон барои бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии Афғонистон мусоидати фаъол намоянд. Таҳти сарпарастии созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон таъсис додани Маркази таълимии бисёрсоҳавии касбию техникӣ метавонад дар ин самт амал ва гоми воқеӣ ва муассир бошад.

4. Ҳамкориҳо  дар бахши  ҳамгироии минтақавӣ.

Тавсеа бахшидани иштироки Афғонистон ба раванди ҳамгироии минтақавӣ тавассути таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя, яке аз омилҳои муҳими таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвари ба мо дӯст мебошад. Дар ҳоли ҳозир масъалаи таҳияи ташаббусҳои ҳамгироии минтақавӣ, инчунин эҳёи масирҳои таърихии бозаргонӣ ва таҳкими робитаҳои тиҷоратӣ барои кишварҳои минтақа таваҷҷуҳи хосаро тақозо дорад. Роҳандозии чунин ташаббусҳо барои ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон ва таҳкими ҳамкориҳо ва ҳамбастагиҳои минтақавӣ шароиту имкониятҳои нав фароҳам хоҳад овард. Аз ҷумла, эъмори роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон ва қисматҳои дигари он, ки муддатҳост аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ мутолеа шудааст, қобили зикр аст. Дар оянда масири мазкур бо Қирғизистон ва Хитой пайваст карда шуда, метавонад ба ҳайси хатти транзитии минтақа аз ҳисоби бамаротиб зиёд шудани гардиши мол байни кишварҳо ҳамасола даромади зиёдеро ба буҷаи Афғонистон ворид созад.

Лоиҳаи КАСА-1000 метавонад масъалаи камбуди  барқро дар Афғонистон ва Покистон тавассути интиқоли барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба таври назаррас ҳаллу фасл намояд.

Ҳамзамон бояд дар назар дошт, ки дар радифи ин тарҳҳои бузург ва тавассути минбаъд амалӣ гаштани онҳо даҳҳо лоиҳаҳои иқтисодии дигар татбиқ шуда, ҳазорҳо одамон на танҳо дар Афғонистон, балки дар тамоми минтақа бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Аз ин лиҳоз Тоҷикистон  омода аст дигар лоиҳаҳоро низ, ки ба тавсеаи шабакаи нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ва ҳамчунин ба транзити коло иртибот дорад, пуштибонӣ намояд.

Мо итминон дорем, ки ташаббусҳои мазкур дар маҷмӯъ ба равандҳои ҳамгироӣ ва ҳадафи умумии ҳамаи мо - таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисоди дар Афғонистон ва минтақа ҷавобгӯ мебошанд.

5. Ҳамкориҳо  дар бахши  энержи  ва эъмори ниругоҳҳои  барқӣ.

Сохтмони се ниругоҳи обии бузург дар Тоҷикистон, ба монанди Роғун, Шӯроб ва Даштиҷум бо сармоягузорӣ дар ҳудуди шаш миллиард доллар имкон медиҳад, то беш аз 32 миллиард киловатт соат барқ дар як сол тавлид гардад. Тибқи мусоҳибот, таъйид шудааст, ки масорифи эъмори онҳо дар муддати кӯтоҳ бароварда хоҳад шуд.

Татбиқи ин лоиҳаҳо имконият медиҳад, ки талаботи рӯзафзуни кишварҳои минтақа ва қисмати шимолии Осиёи Ҷанубӣ ба қувваи барқи аз лиҳози экологӣ  пок  ва арзон таъмин гардида, заминаи мустаҳками рушди босуръати бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва сохтори онҳо таҳия гардад.

Дар лоиҳаҳои эъмори хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, аз ҷумла CASA-1000 бошад, ба ҳам пайвастани иқтидорҳои тавлидии Тоҷикистон ва Қирғизистон бо масрафкунандагони нируи барқ дар Афғонистон ва Покистон мадди назар аст.

Барномаи дигари дорои аҳамияти стратегӣ - сохтмони хаттҳои баландшиддати интиқоли барқи Роғун - Мазори Шариф - Ҳирот - Машҳад мебошад. Қобили зикр аст, ки эъмори ниругоҳҳои барқии обӣ иловатан имконият медиҳад, ки тақрибан ду миллион гектар замин дар қаламрави Афғонистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ обёрӣ  шавад.

6. Ҳамкориҳо дар бахши роҳсозӣ ва сараксозӣ.

Самти дигари муҳим ин таҷдид ва сохтмони роҳҳо, пулҳо, лӯлаҳо ва шабакаҳои об, нафт ва газ мебошад. Дар ин самт сохтмони роҳи оҳани Тоҷикистон - Афғонистон - Эрон, ки ҳамкории васеъ ва созандаро тақозо дорад, қобили зикр аст. Татбиқи ин лоиҳа тавассути дар оянда пайваст намудани он бо шабакаи роҳҳои оҳани Покистон имкон медиҳад, ки чор кишвар суди бузурги иқтисодӣ ба даст оранд. Ба таври мисол, Тоҷикистон солона беш аз 400 ҳазор тонна алюминий содирот дорад ва ҳудуди 800 ҳазор тонна хока ворид месозад, ки масорифи он дар ҳудуди якуним миллиард доллар мебошад.

Дар мавриди татбиқи лоиҳаи номбаршуда имконияти транзити ин маҳсулот тавассути қаламрави Афғонистон, Эрон ва Покистон пайдо мешавад, ки ба маротиб арзонтар хоҳад буд.

Дар хулоса мехостам хидмати ҳузори муҳтарам арз кунам, ки Тоҷикистон, ҳамчун кишвари дӯст ва ҳамсояи наздики Афғонистон омода аст, ки тамоми имконоти хешро ҷиҳати таъмини ҳарчи зудтари сулҳу субот дар ин кишвар, истифода намуда, барои рушди босуботи иқтисодии Афғонистон ҳамаҷониба  мусоидат намояд.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97