САҲМИ БОСТОНШИНОСОНИ ТОҶИК ДАР ОМӮЗИШИ ОСОРИ МИСИ АЙНАК

Иқтисод 12.11.2012 13:57

YkubshoМиси Айнак яке аз ёдгориҳои муҳимми таърихи Афғонистон ва мардуми ориёитабор, аз ҷумла Кушониён мебошад. Кони Миси Айнак дар масофаи 45 км дар ҷануби шаҳри Кобул дар ҳудуди вилояти Лугар ҷойгир аст. Захираи кони Миси Айнак дар замони шуравӣ аз ҷониби геологҳои шуравӣ хуб омӯхта ва захоири он ба ҳайси бузургтарин маъдани мис дар ҷаҳон тасбит шуда аст. Ҳоло коркарди онро чиниён ба уҳда гирифта, хароҷоти ҳафриёти бостоншиносии онро Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мекунад.

Ёдгориҳои Миси Айнак бори аввал соли 1963 аз ҷониби бостоншинос Г.Фусман ба қайд гирифта шудааст. Соли 1976 бостоншинос Л.Берре омӯзиши онро арзишманд мешуморад. Соли 1977 як гуруҳи бостоншиносони Фаронса бо сардории профессор Ҷ.К.Гарден аз он дидан карда, замони онро ба Кушониён нисбат додаанд.

Аз соли 2009 бостоншиносони Осорхонаи миллӣ ва Институти миллии бостоншиносии Афғонистон ба омӯзиши ёдгориҳои гирду атрофи Миси Айнак шуруъ намуданд. Ёдгориҳо дар масоҳати 1500 х 1500 м ҷойгиранд. Бахши азими он дар шимолу шарқ ва ҷануби куҳи Миси Айнак ҷойгир буда, шаҳри бузургеро бо маҳаллаҳо ташкил менамояд.

Солҳои 2009-2010 бостоншиносони Афғонистон ду маъбади буддоиро;бо номи Қалъаи Гулаҳмад ва Кофирият тепа ҳафриёт намуданд. Ин ёдгориҳо соли 2004 аз ҷониби қочоқчиёни афғон пинҳонӣ кофта шуда, зиёни ҷиддӣ дидаанд. Қочоқчиён сарҳои Буддо ва бодисадваҳоро канда бурдаанд,аммо бахше аз ин бозёфтҳо ба Осорхонаи миллии Афғонистон баргардонида шудаанд, лекин муайян намудани ин ки кадом саре ба кадом ҳайкал марбут аст, корест ғайри имкон. Бо вуҷуди харобкориҳои қочоқчиён, бостоншиносони афғон дар харобаи Қалъаи Гулаҳмад ва махсусан Кофирияттепа ҳайкалҳои зиёди буддоӣ рост истода, нишаста, бодисадваҳои гуногунҳаҷми аз якчанд сантиметр то се чор метрро пайдо намуданд. Яке аз бозёфтҳои нодири Кофирияттепа ин тасвири Буддои нирван, яъне вафоти он ва дар гирдаш 8 нафар пайравони содиқи ӯ рост истода мебошад. Мутаассифона сарҳои онҳоро қочоқчиён бурдаанд. Дар ҳавлӣ, дар марказ ступаи калон ба ёдбуди Буддо ва 8 ступаи хурд ба ёдбуди шогирдон-бодисадваҳо сохтаанд. Ступаҳо бо тамоми сунатҳои динӣ ва меъморӣ сохта шуда, метавон онҳоро шоҳасари тасвирӣ ва меъморӣ номид. Ғайр аз ин дар инҷо сиккаҳои зарин, нуқрагин ва мисини замони Кушониён ва Сосониёну Ҳайтолиён ёфт шуданд. Ҷойи таассуф аст, ки ҳайкалони зиёди Буддо ва бодисадваҳо аз соли 2009 интизори тармимгарон (реставраторон) мебошанд. Бино ба гуфтаи сарварони ҳафриёт тармимгарон  аз Фаронса ваъдаи омадан кардаанд, аммо 2 сол аст, ки интизори омадани онҳо мебошанд. Азбаски ҳайкалон аз гили хоманд, онҳо рӯз ба рӯз хароб мешаванду умеди нигоҳ доштани онҳо камтар мешавад. Ғайр аз ин аз соли 2009 то имрӯз боз даҳҳо ҳайкалҳои хурду калон ёфт шудаанд, ки муҳтоҷи тармимгарон мебошанд.

sang02Аз соли 2010 инҷониб бостоншиносони афғон бо бостоншиносони кишварҳои ғарбӣ кору фаолият мекунанд. Ҳафриёт дар бахшҳои боло, шарқӣ, шимолӣ ва ҷанубии куҳи Айнак амал дорад ва кори зиёд ҳам анҷом дода шудааст. Дар яке аз маҳалҳо бори аввал Буддои бо андозаи 20 см аз чӯб сохта ёфт шуд. (New excavanions in Afganistan Mes Aynak. P.2-60).

Бостоншиносони тоҷик бо ташаббуси сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Афғонистон ва бо даъвати ҷониби афғонӣ барои иштирок дар Экспедитсияи бостоншиносии байналмилалии Миси Айнак сафарбар шуданд. Гуруҳ дар ду бахш; бахши аввал иборат аз панҷ нафар дар моҳи май ва бахши дуввум иборат аз се нафар дар охири моҳи июл ба Афғонистон сафар намуд.

Ба ҳар нафар ҷойи нави ҳафриёт ва бостоншиносони ҷавони афғонро вобаста карданд, ки ба онҳо усулҳои ҳафриёт ва навиштани натиҷаи корро ёд диҳанд. Миқдори коргарон бештар аз 500 нафаранд ва аз ҳамин лиҳоз дар баъзе бахшҳо аз 150 нафар зиёд машғули кор мебошанд. 

Ёдгории Миси Айнак бисёрдавра мебошад, яъне бо баъзе далелҳо гуфта метавонем, ки истеҳсоли мис аз замони энеолит то асрҳои XIV-XV-и милод давом кардааст, аммо бостоншиносони афғон ва Ғарб дар таъини замон ва фаолияти ин ёдгорӣ ба мушкилот рӯ ба рӯ шуданд ва ба кумаки мо зарурат доранд. Аз 20 нафар бостоншиносони Ғарб ягон нафарашон на унвони илмӣ ва на таҷрибаи кофӣ барои ҳафриёт дар чунин ёдгории бисёрқабата доранд. Агар кор чунин давом кунад, ин осори муҳимми таърих бе бозгашт нест мешавад ва хиёнат ба таърихи башарият хоҳад шуд. Шаҳр дар болои куҳи мис ҷойгир аст ва дар оянда канда мешаванд. Бостоншиносони хориҷӣ панҷ баробар аз мо маоши зиёд мегиранд ва мақсадашон дилсӯзона омӯхтани ёдгорӣ нест, балки зудтар барои истеҳсоли мис супоридан аст. Ҳол он ки ёдгориҳои Миси Айнак метавонад ба бисёр саҳифаҳои торики таърихи Кушониён равшанӣ андозад. Яке аз масъалаҳои баҳсноки ин давра паҳн шудани дини буддоӣ дар Ориёзамин мебошад. Бозёфти маъбадҳо дар вилоятҳои Кобул, Зобул, Каписо, Нангаҳор, Лугар ва ғайра ҷойҳои ин бахши Афғонистон далели онанд, ки дар вилоятҳои зикршуда то вуруди ислом дини буддоӣ нуфуз дошт. Танҳо дар ҷойҳои ҳафриёт шудаи Миси Айнак панҷ маъбади буддоӣ ва се ступа ёфт шуданд, ки аз мақоми он гувоҳӣ медиҳад.

Дар кашфи ду маъбади буддоӣ олимони тоҷик саҳм гузоранд. Дар соҳае, ки муаллифони ин сатрҳо кор мекунанд, бори аввал қабатҳои аввали асри оҳанро пайдо намуданд ва таърихи ин ёдгориро ба муддати 1000 сол қадим карданд. То ин бозёфт ёдгориро танҳо ба замони Кушоно -Сосониён мутааллиқ медонистанд.  Бостоншиносони тоҷик дар яке аз маъбадҳо бори аввал ҳайкали аз гили пухтаи Буддоро бо хазинаи сиккаҳои мисини Кушониён пайдо карданд, ки миқдори он зиёда аз 800 дона буда, калонтарин хазинаи то кунун ёфта шуда, мебошад. Соли 2010 дар харобаи Ҳалқаҷар маркази Кушониён дар Бохтар, яъне Лавкан,ноҳияи Хуросон 600 сиккаи мисин ёфт шуда буд.

sang02Бостоншиносони тоҷику афғон  ду косаи нуқрагинро бо симои шоҳ Шопури дуюм пайдо карданд ва дар яке аз онҳо шоҳ бо шерон меҷангад. Бостоншиносони тоҷик дар пок намудан ва муайян кардани сиккаҳои ёфтшуда ҳиссагузор мебошанд. Мо барои бостоншиносони Афғонистон дарсҳо дар бораи усулҳои ҳафриёт дар ёдгориҳои гуногуни бостонӣ, ҷустуҷу ва кашфи онҳо ташкил кардем. Мақолаҳо бо иштироки бостоншиносони афғон барои илмӣ навишта шуданд ва кор дар ин бахш идома дорад.

Ин дастовардҳои бостоншиносони тоҷик ва ёрии бевосита ба бародарони афғон мавриди таваҷҷуҳи мақомоти расмӣ ва илмии афғон қарор гирифта, бостоншиносони ғарбӣ ба иллати надоштани донишу таҷрибаи кофӣ ва таҷоруби моро ҳамаҷониба мавриди истифодаи худ қарор додаанд.

Дар ҳудуди ҳафриёт муаллифони ин мақола дар регсанге осори пойи динозаврро кашф намуданд,ки зиёда аз 60 миллион сол беш таърих дошта, баёнгари он аст, ки ин диёр таърихи тулонии олами фарҳанг, ҳайвонот, набототро дорост ва омӯзиши ҳамаҷонибаро талаб дорад. Ба фикри муаллифони ин гузориш шаҳри қадими Миси Айнак яке аз марказҳои муҳимми истихроҷи миси аълосифат дар Осиёи Марказӣ, Ҳиндустон ва Ирон буд. Бешубҳа истеҳсоли мис аз замони мису санг ва асри биринҷ то асрҳои 15 мелод давом доштааст. Аммо муҳимтаринаш ба замони Кушониён нисбат дорад ва аз ҳамин лиҳоз маводҳои он метавонанд ба бисёр паҳлуҳои Таърихи 400 солаи он равшанӣ андозанд.

Профессор Юсуфшо Яъқубов,

доктори илми таърих, узви вобастаи АИ ҶТ сардори гуруҳи тоҷикии

Экспедитсияи бостоншиносии байналмилалии Миси Айнаки Афғонистон,

                     Профессор Раҳматшо Маҳмадшоев, доктори илми таърих                                                                          

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97