Узбакистон газро қатъ мекунад, Талко зарар мебинад, ё мардум?

Иқтисод 30.03.2012 09:57

GAZ_UzbakistanУзбакистон бо ирсоли як номаи расмӣ ба унвонии ҳукумати Тоҷикистон хабар додаст, ки сар аз 1 - уми апрели соли ҷорӣ интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ хоҳад намуд. Бино ба иттилоъи маркази матбуотии Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ҷониби Узбакистон иллати қатъи интиқоли газро аз нокифоягии захираҳои гази ин кишвар маънидод кардааст. Вале масъулини Вазорати энергетика ва саноат иброз доштаанд, ки ҳаҷми истихроҷи як шабонарӯзии газ дар Узбакистон зиёда аз 200 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад, ки чунин миқдор баробар ба ҳаҷми интиқоли гази Узбакистон дар давоми соли 2012 ба Тоҷикистон мебошад. Назархоҳии ин ҳафтаинаи нашрияи "Миллат" ба ин мавзуъ ихтисос дорад. Аз коршиносону соҳибназарон пурсидем, ки "Агар Узбакистон интиқоли газро ба Тоҷикистон қатъ кунад, чӣ хоҳад шуд?"

Shodi_ShabdolovШодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, вакили парлумон:

Аввалтар аз ҳама ҳар як давлат манфиъат дорад. Ҳар як давлат, ҳар як миллат на фақат манфиъати молиявӣ, балки манфиъати сиёсӣ низ дорад. Вақте ки чунин мавзуъро матраҳ месозед, бояд бифаҳмед, ки Узбакистон чаро ин корро мекунад? Чаро?

Шумо бубинед, ки мо чаро газ надорем?! Мо газ дорем, дар умқ ё чуқурии то 6 - 6,5 ё 7 км газ дорем, нафт дорем, ҳама чиз дорем. Онҳо инро хуб медонанд, ҳар кас агар илми ҷуғрофиёро омӯхта бошад, медонад, ки Узбакистон дашт аст, канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ аз тарафи мо боло боло меравад, то кӯҳҳои сарбаланди Помир, кӯҳҳои Пики коммунизм, ҳозир Исмоили Сомонӣ (ки на хараш ва на аспаш он ҷо наафтидааст, акнун Исмоили Сомонӣ шуд -Ш.Ш.). Барои ин мо бояд қабл аз ҳама муайян кунем; газ дорем, як, нафт дорем, ду. Захираҳои бисёри ангишт дорем, он рӯи замин аст. Камина яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни соҳаи ангишту нафту газ ҳастам, мо қонунро пешниҳод кардем, ҳамроҳи рафиқони худ, на фақат рафиқони коммунист. Он ҷо овардем, ки мо бояд худамонро на танҳо аз лиҳози энержии барқароршавандаи об, ки гидроэнергетика таъмин кунем, балки аз энержии барқарорнашаванда, яъне нафту газу ангишт таъмин кунем, ки мо бояд муҳтоҷи ҳеч касе набошем.  Мо дар хамин соҳа кор кардем, то як андоза лоиҳа дар бораи энергетика ва нафту газро пешниҳод намудем. Яке аз муаллифон банда аст, аз намояндагони ҳизби халқӣ- демократӣ низ ҳастанд, аз ҳизби иқтисодӣ низ ҳастанд. Мо ҳаминро пешниҳод кардем, агар қабул шавад, пешравӣ мешавад, агар қабул нашавад ҳам, ихтиёр доранд. Лекин як нуктаро бояд таъкид кард, ки дар тамоми дунё таҷриба шудааст, агар таносуби энергияи барқароршаванда ва барқарорнашаванда, яъне таносуби энергияи ангишту нафту газ бо таносуби энергияи гидроэнергетикӣ, яъне об таъмин нашавад, ҳеч вақт таъмини пурраи бартарияти энергетикии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ нахоҳад шуд. Барои ҳамин мо ин лоиҳаро пешниҳод намудем. Ду лоиҳаи дигарро низ,  якум лоиҳаи ангиштро. Ангишт дар мо бисёр фаровон аст. 5 миллиард тонна ангишт мавҷуд аст. Ангиштсанги коксшаванда аст ва дигар намуди ангиштсангҳо мавҷуданд. Ғайр аз ин мо нафту газ дорем, аммо дар умқи поёнтар. Мо бояд "тепловой электростансия" созем. Тетсҳо ду намуданд; яъне истгоҳҳои барқӣ, ки ҳам гармӣ медиҳанду ҳам энергия медиҳанд ва истгоҳҳое, ки фақат гармӣ медиҳанд. Агар ҳаминҳоро ҷорӣ кунем, он вақт эҳтиёҷоти мардуми мо нисбат ба энергия пурра таъмин мешавад. Он вақт мо метавонем сарфи назар аз он ки 40 ё 50 дараҷа хунук шавад ҳам, энергетикаи Тоҷикистон барҳам намехӯрад. Ин якум масъала. Дуюм масъала, ҳамин тарифи нарху наво. Мо лоиҳа пешниҳод намудем, лекин ин лоиҳаро ҳукумат қабул накард, ки нарху наворо худи ҳукумат таъин мекунад, худи вазоратҳо муайян мекунанд, вазорати энергетика бо пешниҳоди "Барқи тоҷик", лекин ин дуруст нест. Комиссиюни ғайридавлатӣ бояд  муайян кунад, нархи таърифи нафту газу гармирасонию ин чизҳоро. Ин комиссия бояд аз тарафи президент таъсис ёбад ва таъруфаҳоро барои аҳолӣ муайян созад. Дар тамоми дунё ин система вуҷуд дорад, аммо дар мо мутаассифона вуҷуд надорад. Дар Ҳиндустон, дар Хорватия, дар Арманистон ва дигар давлатҳо ин дар амал татбиқ шудааст, лекин дар Тоҷикистон мегӯянд, шароит нест. Чи гуна шароит нест? Ягон шароити дигар зарурат надорад, фақат ҳамин таҷрибаи давлатҳои ғарбро амалӣ намудан даркор. Вале ҳамин кор аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ наёфт. Лоиҳаи қонуни энергетика дастгирӣ наёфт. Дигар лоиҳаҳоро умедворем, ки дастгирӣ намоянд. Агар дастгирӣ накунанд, онро ҳам дар паҳлӯи лоиҳаи қонуни энергетика мемонем, меистад. Ана ҳамин хел мо кор мекунем ин ҷо.

Вақте мегӯянд, парламент бе салоҳият аст, ман ба ин розӣ нестам. Дар парлумон шахсони фозилу оқилу кордон бисёранд. Фақат ин ки имконият додан даркор, ки ин одамон имконияташонро истифода намоянд. Мо дар ҳамин мавқеъ ҳастем. Бар касе маъкул аст, бисёр ташаккур. Ба қасе маъқул нест, ихтиёр ба дасти Бахтиёр. Бо касе даъво надорем, лекин ба касе лозим бошад, марҳамат, дар матбуот, дар телевизон баҳс мекунем, мумкин халқ мавқеъи онҳоро дуруст арзёбӣ кунад, ё мавқеъи моро дуруст арзёбӣ намояд. Ин на фақат мавқеъи иқтисодию иҷтимоъӣ, балки мавқеъи сиёсии мо ҳаст.

Бисёр хуб аст, ки ҳаминҳо ин таҳримҳоро гузоштанд. Газро бубанданд, роҳи оҳанро бубанданд, шояд, ки  мо як бор бедор бишавем, ки мо ҳамин чизҳоро дорем, ё не. Мо гази фаровон дорем, аммо хоб. Тӯли 20 соли истиқлол дар хоб ҳастем, ки кай Узбакистон барои мо дари ҷаннатро боз месозад. Офарини ҳамон Узбакистон, ки газро бастааст. Бисёр хуб кардааст, ки бастааст, то охирин одаме дар Тоҷикистон аст, бифаҳмад, ки ин давлати шӯравӣ нест, ин давлати сотсиалистӣ нест. Ин давлате ҳаст, ки ҳар кас роҳи худашро ҷустуҷӯ дорад, даромад дошта бошӣ, бифармо, надошта бошӣ, гузар он тараф. Ман ҳайрон, наход, ки баъди бист сол ҳаминро ҳам нафаҳмидем. Ҳатто ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ инро дарк накардаанд, доим ба умеди касе ҳастанд. Ба умеди кӣ мешавед дигар. Дар замони иқтисоди бозаргонӣ ва капиталистӣ ба умеди касе набояд буд. Шароити худро ҷустуҷӯ бикун, хуб бикун, наёфтӣ, пачақ мекунанд, ё тамоман ба хок ҳамворат месозанд. Ба касе боварӣ ҳам нест, фақат ба кумаку ҳиммати хеш бояд такя кард.

ZulfiqoRRRRЗулфиқори Исмоилиён, шореҳи иқтисодӣ:

Узбакистон агар ба Тоҷикистон газ надиҳад, корхонаи "Талко" ва корхонаи "Семент" - и шаҳри Душанбе бояд аз кор бимонанд. Чунки мо газро барои аҳолӣ намехарем, мо онро фақат барои корхонаҳо мехарем ва он сехҳои масалан, корхонаи алюминий, ки алюмений мегудозанд, бояд ҳамеша бо газ кор бикунанд. Агар газ қатъ шавад, инҳо аз кор мемонанд, барои дубора ба кор даровардан дастгоҳҳояшонро аз нав кардан лозим меояд, ки чандин миллион доллар лозим мешавад, то онҳоро аз нав кунанд. Зарари қатъи интиқоли гази ҳамсоякишвар ҳамин қадар аст. Он барои мардум аслан зарар надорад, чунки мо аз газ қариб, ки истифода намекунем, он газе, ки Тоҷикистон мехарад, фақат барои корхонаҳои саноатианд, барои "Талко" ва дигар корхонаҳо.

Аммо боло бурдани боҷи гумрукии сӯзишворӣ аз ҷониби Русия бештар зарар дорад, вақте ки нархро боло мебаранд, нархҳо дар бозор қимат мешаванд, чунки мо кишваре ҳастем, ки бештар аз транспорти автомобилӣ истифода мекунем, хулоса, ҳама нархҳо боло мераванд. Ва ин албатта ба ҷайби якояки мардуми Тоҷикистон зарар ворид мекунад.

Дилбар Самадова, муовини раиси ҲУСДТ:

Тоҷик намемурад. Ин қадар фишорҳо буд сари Тоҷикистон, ҳамаи фишорҳоро мардум паси сар кард. Оддитарин чиз, барқи худамонро надорему тоқат мекунем, пас бе газ ҳам метавонем зиндагӣ кунем. Тоҷик ҳама чизро метавонад паси сар кунад. Албатта бар зарари ҷомеъа аст. Масалан, он мошинҳое, ки дар Хуҷанд ба воситаи газ роҳ мераванд, ба халқ албатта зарар медиҳад. Гумон мекунед, болоравии нархи барқ зарар нест, болоравии нархи об зарар нест? Ҳама рӯза тоҷик зарар мебинад, лекин ба ҳама чиз одат кардааст, тоҷик ҳама чизро паси сар карда метавонад. Вақте ки барқи худамонро барои мардуми худамон арзонӣ намедорем, чи ҷойи гила аз давлати Узбакистон?! Аслан инро зарараш ба аҳолӣ камтар аст, зеро алюминий ба кисаи кадом нафарҳо меравад, кадом халқ?! Мардум аз ин алюминий чи фоида мебинад? Аз он шахсиятҳои алоҳида манфиъат мебаранд. Албатта ба мардум ҳам зарар мерасад, ба хотире ки баъзе нуқтаҳои фурӯши газ мавҷуданд. Лекин ман ба шумо мегӯям, ки ин мушкилиҳо мушкилӣ нест, зеро газ аз ҷониби Узбакистон аст, он давлат метавонад фишор орад. Лекин бубахшед, дар шаҳри Хуҷанд, ки ваъда доданд, 24 соат барқ мешавад, ҳамагӣ 2 соат барқ медиҳанд, пас чи ҷой гила аз мардуми дигар. Албатта боло бурдани боҷи гумрукии сӯзишворӣ аз Русия низ боиси нигаронист. Албатта аз чунин боло бурдани нархҳо интизори хуберо чашмдошт набояд буд. Вақте ман фикр мекунам, бештар ба риққат меоям, ки мо ҳар рӯз Наврӯз мекунем, 20 солаги истиқлолиятро як соли дароз ҷашн мегирем, лекин мардумро чи мушкилиҳое дар пеш аст. Мебахшед, аз ҳисоби он муҳоҷироне, ки пул интиқол медиҳанду мурдаҳояшонро меоранд, мо аз ҳисоби онҳо тӯй мекунем. Воқеан ин аламовар аст.

husayni-1Сайидумар Ҳусайнӣ муовини раиси ҲНИТ

Аслан имрӯз касе эҳсос намекунад, газе, ки дорем, аз Узбакистон аст, ё аз ҷойи дигар. Аслан дар маркази Тоҷикистон, ки ҳамин шаҳри Душанбе аст, як вақтҳо дар як мақола навиштанд ҳам, ки танҳо як ҳазору сад оила аз газ истифода мекунад. Бинобар ҳамин фикр мекунам, ки агар газро қатъ намоянд, ҳеч чиз намешавад. Мардум ҳам хабар намешаванд, ки газ қатъ шуд, ё қатъ нашуд. Дигар ҳамин газ, намедонам барои кадом корхонае, ё дигар муассисае ягон таъсире бигузорад, ё не. Зеро рости гап, ин чизро мо ҳам намедонем, чунки кишвари мо намегӯяд, ки гази Узбакистон ба чи мақсад истифода мешавад ва барои кадом ҳадафе истифода мешавад, ин чизро ба мардум намегӯянд. То имрӯз мардум хабар надоранд. Масалан, мардум хаёл мекунанд, ки солҳои сол аст, ки Узбакистон интиқоли газро пурра манъ кардааст. Ҳоло агар бигӯӣ ҳам, ки мо аз Узбакистон газ мегирем, бовар ҳам намекунанд. Таъсираш ҳамчунин аст, дигар хабар намеёбанд, ки газ қатъ шуд, газ сар дода мешавад, ё намешавад. Имрӯз дигар Тоҷикистон ҳарчанд, ки ман наметавонам бигӯям, ки чи миқдор фоидаи "Талко" ба кишвар ва мардум мерасад, вале ба ҳар сурат дар сатҳи байналмиллалӣ як завод дорем, ҳамин заводи алюминий. Агар фаъолияти ҳамин қатъ шаваду аз кор монад, Тоҷикистон дигар ҳеч чиз надорад. Ин танҳо барои фахр карданамон, барои сарбаландиамон дар миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки бигӯем, корхонаи алюминий дорем. Ҳарчанд, ки намедонам фоидааш ба халқ чи миқдор мерасад, ё не. Эҳсос намешавад, вале ба ҳар сурат барои номи миллат ҳамин қадар чиз доштем, агар инаш ҳам аз кор монад, дигар ҳеч чизе боқӣ намемонад бароямон, лоақал барои фахр кардан.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97