Бозорбандӣ дар ноҳияи "ошнои президент"

Иқтисод 29.03.2012 12:23

Монополияи бозорҳо дар Восеъ?

Bozorbandi_dar_VoseБо шурӯъи сохтмони бузургтарин маркази савдо дар ноҳияи Восеъ ба таври ногаҳонӣ фаъолияти аксари бозорҳо дар ин ноҳия баста шуд. Ин бозорҳое буданд, ки на танҳо дар онҳо сокинони Восеъ, балки тамоми сокинони минтақаи Кӯлоб хариду фурӯш анҷом медоданд. Гузашта аз ин, мавқеи ҷуғрофии ноҳияи мазкур, ки дар шоҳроҳ қарор дорад, аз лиҳози рафтуомад барои ҳама сокинони ин навоҳӣ мувофиқ аст. Муҳиммияти ин бозорҳо дар он буд, ки ҳар кадоме дар як рӯзи муайяни ҳафта ва дар ҳудудҳои ҷамоатҳои алоҳидаи ноҳия баргузор мешуд, ки барои харидорону фурӯшандагон хуб буд. Аммо сохтмони Маркази савдо аз ҷониби Аваз Кабиров ва баста шудани бозорҳо сару садои зиёдеро дар минтақа ба вуҷуд овард. Аз ҷумла, сокинону коршиносон бар ин назар буданд, ки бо бастани бозорҳо нафаре мехоҳад, тамоми фурӯшандагону харидоронро ба як макон ҷамъ оварад ва фоидаи бештар бубинад.

Аммо Султон Валиев, раиси ноҳияи Восеъ ин сару садоҳоро рад карда, дар охирин нишасти матбуотиаш гуфт, ки бархе аз ин бозорҳо, ки даҳсолаҳо боз фаъолият доранд, ягон ҳуҷҷати расмӣ надошта, илова бар ин дар рӯзҳои корӣ толибилмону дигар коргарони идоротро ба бозор ҷалб мекарданд. Мушкили дигар, ба гуфтаи раиси ноҳия риоя накардани қоидаҳои тозагӣ будааст. Ӯ ин гуфтаҳояшро чунин шарҳ дод: "Ман барои чӣ бозорҳоро бастам? Барои он ки аз соати 5-6-и саҳар хоҳари ману оилаи ман ё аз шумо дега гирифта, барои отала кардан меравад. Ҳеч вақт ку, хоҳари ману шумо намеравад, лекин боз ҳамон бечораи камбағал меравад. Меравад, ҷои дастшӯйӣ надорад, ба ягон талабот ҷавоб намегӯяд, чи хел он бояд фаъолият кунад".

Аммо чаро раиси ноҳия ин мушкили ба гуфтаи худ "даҳсолаҳо ҷой доштаро"  имсол дид, муаммо аст. Ин ҳам барои мо номаълум аст, ки пас аз чанде баста шудан бозори шанбебозор дар ҳудуди ҷамоати Тутгаракро боз кард, вале ба фаъолияти дигар бозорҳо ҳанӯз ҳам иҷозат намедиҳад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳангоми боздид аз ин бозор мушкилиҳое, ки раиси ноҳия зикр кард, ҳанӯз ислоҳ нашудаанд.

"Бозорро бе ягон ҳуҷҷат бастаанд"

Аксари бозордорон дар ин маврид хомӯширо ихтиёр кардаанд ва аз сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд, онҳо мегӯянд, барояшон иҷозаи фаъолият дар рӯзи якшанбе дода шудааст, ки ин ба манфиати касе нест. Аммо масъулини бозори "Ҳулбук" -и Восеъ розӣ шуданд, ки бо мо сӯҳбат намоянд. Ин бозор аз калонтарин бозор дар ноҳияи мазкур бо номи "Ҷумъабозор" маъруф аст ва то баста шуданаш дар рӯзҳои ҷумъа он ҷо беш аз 700 нафар тоҷирон ба савдо машғул буданд. Абдукарим Мӯъминов, раиси ин бозор аз баста шудани бозораш ҳайрон аст ва мегӯяд, аз болои ин амал ҳоло ба додгоҳи иқтисодӣ шикоят бурдааст, зеро бе ягон асоси воқеӣ бозорро бастаанд.

- Ба мо то ҳол ягон қарору санад дар бораи баста шудани бозорро расман надодаанд. Танҳо даҳонӣ гуфтанд, ки дар асоси пешниҳоди идораи санитарӣ ва маориф бозори шуморо бастаем. Ба мо ягон ҳуҷҷат надоданд ва гуфтанд, ки дар рӯзи ҷумъа фаъолият накунед ва рӯзи бозор фаъолият кунед, ки ин барои мо зараровар аст. Мо ба идораи маорифу санитарӣ муроҷиат кардем, вале онҳо хаттӣ ҷавоб доданд, ки мо ҳеч пешниҳоде барои бастани бозорҳо накардаем. Ҳоло дар рӯзи бозор -якшанбе савдогарони кам ба бозор мебароянд, ки ин ба зарари буҷаи давлату  ба кисаи мардум аст. Аксари савдогарон савдо нест гуфта, дигар андоз намесупоранд. Чанд нафари дигар ҳам аз нони хӯрдан мондаанд,-изҳор дошт, раиси бозори "Ҳулбук".

Султон Валиев президентро хандонду…

Hulbuk_bozorБарои мушоҳидаи воқеият мо рӯзи якшанбе ба бозори "Ҳулбук" рафтем. Воқеан, бозор сарду холӣ ба назар мерасид. Савдогарони каме ба бозор баромадаанд ва тақрибан харидоре ҳам он ҷо ҳузур надошт. Садаф, як зани савдогар гуфт: "Дар рӯзи бозор (якшанбе) дар ҳама ҷо бозор аст, барои ҳамин мардум дигар намеоянд. Харидорон одат карда буданд, ки дар ҳамин рӯз бозор биёянд. Мо савдогарон ҳам рӯзи чоршанбе ба Саричашмаи Шӯрообод мерафтем, рӯзи ҷумъа дар ин ҷо ва рӯзи шанбе дар шанбебозор савдо мекардем. Ҳоло ки қариб фаъолияти ҳамаи бозорҳоро дар як рӯз мондаанд, савдо нест".

Зани дигари савдогар, ки нахост номашро сабт кунем, гуфт, пас аз баста шудани бозор зиндагиаш мушкил шудааст:

-Мо дар ҳамин ҷамоати Гулистон зиндагӣ мекунем. Панҷ фарзанд дорам. Бо майдафурӯшӣ рӯз мегузарондам, ҳоло азоб дорем, ки савдо нест. Ба ин раиси мо (Султон Валиев) зӯри касе намерасад. Ҳар чӣ хоҳад мекунад. Фақат дуо мекунем, ки Худо инсофаш диҳад. Дар ҳамон шабу рӯзи офатҳо Ҷаноби олӣ аз ҳамаи ноҳияҳо ғамгин хабар гирифт. Дар телевизион дидем, ки раиси мо президентро чизе гуфту дар он ғамгинӣ хандонд. Баъди он ҳама мегӯяд, ки "ошнои президент" аст. Худо инсофаш диҳад!

Шуғли аҳолӣ бозорбандиро маҳкум мекунад

Ба гуфтаи масъулин бо баста шудани чанд бозор садҳо сокини оддӣ бекор мондааст. Сайдаҳмад Пириев, сардори Раёсати агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, мо аз  бастани бозорҳо ва дигар кардани рӯзи фаъолияташон нигарон ҳастем:

-Мо хостем, ки бо раиси ноҳияи Восеъ дар ин бора сӯҳбат кунем, аммо моро қабул накард. Дар ҳоле ки мо барои пайдо кардани ҷои кор ярмаркаҳо мегузаронем ва кушиш мекунем, ки ба сокинон ҷои кор пайдо кунем, бастани бозорҳо хилофи кори мо ҳаст. Мо кушиш бояд кунем, ки ҷойҳои кор бештар шавад ва сатҳи зиндагии мардум хуб шавад. Мо ҳам тарафдорем, ки ҳолати тозагии бозорҳо хуб шавад, аммо набояд онҳоро бандем.

Ҳоло ба назар мерасад, ки гӯиё ин бозорҳо ҳолати тозагиашонро хуб кардаанд ва иҷозат доранд, дар рӯзи бозор фаъолият кунанд. Аммо дар рӯзҳои дигаре, ки пештар фаъолият мекарданд, иҷозат надоранд.

Далели  масъулини ҳукумати ноҳияи Восеъ, аниқатараш Султон Валиев, ин аст, ки дар рӯзҳои корӣ мактаббачагон ва кормандон аз кор бозмемонанд. Аммо дар ин ҷо ҳам он қадар мантиқ дида намешавад, зеро барои аз дарс берун мондани мактаббачагон на бозор, балки идораи маориф ва мактабу муаллимон бояд ҷавоб гӯянд. Ё ба гуфтаи он зани фурӯшанда ин ҳама аз инсофи Султон Валиев вобаста аст.

Абдулмӯъмини Шерхонд, махсус барои "Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97