Тақозои Бонки ҷаҳонӣ муҳим аст ё хостаҳои мардуми тоҷик?

Иқтисод 19.03.2012 13:21

Кӣ чӣ қадар пардохт мекунад?

Barqi_11_diramaДавлати Тоҷикистон ахиран нархномаи нави қимати истифода аз нируи барқро тасвиб кардааст. Тибқи ин санад аз якуми апрели соли ҷорӣ сокинони Тоҷикистон барои истифода аз як кВт/соат нируи барқ 11 дирам пардохт хоҳанд кард, то ҳоли ҳозир баҳои истифода аз ин миқдор нируи барқ баробари 9 дирам аст. Ҳамчунин аз моҳи оянда корхонаҳо ва ширкатҳои хусусӣ барои истифода аз як кВт/с нируи барқ бояд 25,63 дирам пардохт кунанд. Дар ҳоли ҳозир ин рақам баробари 21,3 дирам аст. Барои муассисоте, ки аз будҷаи кишвар сармоягузорӣ мешаванд, барои нақлиёти мусофирбарии барқӣ ва варзишгоҳҳо баҳои як кВт/соат нируи барқ 10,63 дирам муқаррар шудааст. Қаблан ин муассисот барои сарфи як кВт/соат нируи барқ 8,5 дирам пардохт мекарданд. Барои истифода аз насосҳои барқӣ барои обёрии киштзорҳо баҳои як кВт/соат нируи барқ 1,88 дирам муқаррар шудааст. Дар ҳоле ки то ҳол барои ин бахши иқтисод арзиши барқ баробар ба 0,57 дирам буд. Истифода аз як кВт/соат нируи барқ барои шабакаҳои гармидиҳии  давлатӣ 19,5 дирам ва истифодаи нируи барқ бо ҳамин мақсад дар бахши хусусӣ 65,88 дирам арзиш хоҳад дошт.

Пули "Талко"-ро мардум супорад?

Бино ба иттилои торнамои Би-би-сӣ, манобеъи вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар бораи арзиши нируи барқ барои ширкати "Талко", тавлидкунандаи алюминиюм дар Тоҷикистон, худдорӣ кардааст.

Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, то ҳоли ҳозир ин ширкат барои истифода аз як киловат/соат барқ 8,2 дирам, яъне камтар аз сокинони кишвар пардохт мекардааст. Ҳарчанд, ин ширкати саноатӣ ҳамасола фоидаи зиёде ба даст меоварад ва дар ин маврид дағдағаҳое ҳам дорад.

Зимнан, дар шуруъи соли ҷорӣ масъулони ширкати "Талко" бо пахши баёнияе аз давлати Тоҷикистон хоста буданд, ки барои ин ширкат қимати нируи барқро афзоиш надиҳад. Ин дар ҳолест, ки "Талко" сӣ дарсади нируи барқи тавлиди кишварро масраф мекунад. Суоле, ки ин ҷо матраҳ мешавад, ин аст, ки пас ҷуброни масрафи 30 дарсад нируи барқеро, ки "Талко" арзон истифода мекунад, бо тақозои пайдарпайи созмонҳои байналмилалӣ аз давлати Тоҷикистон, бояд мардуми камбизоат бипардозанд?

Қимат ҷаҳонӣ, хидматрасонӣ "колхозӣ"

Тасмими боло бурдани қимати барқ дар ҳоле гирифта шудааст, ки Гул Шералӣ, вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар авоили соли ҷорӣ дар як нишасти матбуотӣ изҳор дошта буд, ки афзоиши қимати нируи барқ дар кишвар дар назар нест. Шояд вазири муҳтарами мо зимни гуфтани ин ҳарфҳо замони маҳдудеро дар назар доштааст, ки ҳанӯз се моҳе аз гуфтаҳои ишон нагузашта, шумхабари "ногаҳони"-и болоравии қимати барқ дар сархати ахбори расонаҳои дохилу хориҷи кишвар қарор гирифт. Маъзарат, шояд масъалаи боло бурдани қимати нируи барқ дар компетенсияи вазорати энергетика ва саноат набошад ва ё барномаи дурнамои ин вазорат танҳо як ду ҳафтаи ояндаро мавриди назар медошта бошад. Ба ҳар сурат, ин зидду нақизии гуфтаҳои вазири муҳтарам бо сиёсати энергетикии кишвар моро ба иштибоҳ андохтааст, то чунин хулоса бикунем.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи огоҳ изҳор медоштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ин мавзӯъро ба баррасӣ гирифтааст ва ба унвони мисол, ширкати "Барқи тоҷик" хостааст, ки қимати истифода аз нируи барқ барои сокинон баробари 12 дирам барои як кВт/соат муқаррар шавад.

"Барқи тоҷик" дарди сари тоҷик

Торнамои Би-би-сӣ аз қавли соҳибназарон менависад, ки мудирияти ғайримуассир ва фасод дар сохторҳои "Барқи тоҷик" боиси вазъи бади молии ин ширкат шудааст. Ба унвони мисол, менависад ин торнамо: "Барқи тоҷик" аз нирӯгоҳи "Сангтӯда-1", ки саҳҳоми аслии он моли давлати Русия аст, беш аз 40 миллион доллар қарздор шудааст.

Як манбаъ аз ширкати "Барқи тоҷик" гуфтааст, ки кормандони ин ниҳод низ аз афзоиши қимати нируи барқ дар кишвар чандон хушҳол нестанд. Зеро ба гуфтаи ин манбаъ, дар пайи афзоиши арзиши нируи барқ мизони ҷамъоварии пардохтҳо коҳиш меёбад. Аз қавли манобеъи ин ширкат гуфта шудааст, ки ҳоло онҳо ба ҷамъоварии то 80 дарсади қимати барқи истифодашуда муваффақ мешаванд. Баъд аз болоравии арзиши барқ ин рақам пойин хоҳад рафт.

Гаравгони Бонки ҷаҳонӣ

Қаблан гузориш шуда буд, ки тибқи тавофуқоти миёни давлати Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, "Барқи тоҷик" муваззаф шуда буд, ки то соли 2012 арзиши истифода аз нируи барқ барои сокинонро то ду сенти амрикоӣ боло бубарад. Коршиносони байналмилалӣ гуфтаанд, ки танҳо дар ин сурат имкони сармоягузории хориҷӣ ба бахши энергетикии Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд.

Аммо Ҳоҷимуҳаммад Умаров, олими иқтисод мегӯяд, дар ҳоле ки ҳудуди 50 дарсади мардуми Тоҷикистон зери хатти фақр зиндагӣ доранд, боло бурдани арзиши нируи барқи истеҳсоли ватанӣ вазъи иқтисодии хонаводаҳои фақирро боз ҳам вазнинтар мекунад. Ин олими иқтисод мегӯяд, дар ҳоли ҳозир ҳар як хонаводаи миёнаҳол дар Тоҷикистон дар моҳ беш аз сад сомонӣ барои истифода аз нируи барқ пардохт мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҳуқуқи ҳадди ақал дар кишвар 80 сомонӣ муқаррар шудааст.

Яқин аст, дар кишваре, ки истеҳсолот фаъол нест, кор нест, аксарияти мардуми бекор дар ҳолати фақру дастнигарӣ зиндагӣ мекунанд ва тавони пардохти қимматҳои ҳангуфти барқу обро нахоҳанд дошт. Модоме давлат дар дарозмуддат барномаи роҳбурдии дурусти иқтисодиро рӯйи кор наовардааст ва натавонистааст, ки мардумашро бо кор ва маош таъмин кунад, ҳаққи худ дар мавриди амал кардан бо хостаҳои созмонҳои байналмилалии молиро барои боло бурдани қимматҳо бо меъёрҳои ҷаҳонӣ аз даст додааст. Ин созмон хоҳ Бонки ҷаҳонии молӣ бошад, хоҳ сандуқи байналмилалии дигаре. Зеро мардум дар бисоти худ пул надорад ва аз ин рӯ талабидани пул аз ҷайби холӣ як амали бемаъност ва ин мардуми камбизоат тавони пур кардани кисаҳои бетаги ин созмонҳои судхӯри молии ҷаҳониро ба ҳеч ваҷҳе нахоҳад дошт. Аз ин рӯ давлатро зарур аст, то муҳлати ба роҳандозии иқтисоди судовар ва истеҳсолот дар кишвар, аз боло бурдани қиматҳо, ҳадди ақал он чи аз манобеъи дохилӣ сарчашма мегирад, аз қабили обу барқ худдорӣ биварзад. 

Тоҳири Абдуҷаббор, олими саршиноси иқтисоди сиёсӣ, дар як суҳбати худ дар чанд соли пеш бо изҳори нигаронӣ аз тарҳҳои Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон гуфта буд, ки аз ҳамкорӣ бо ин Бонк кишварҳои боиззат канораҷӯӣ мекунанд. Бонки ҷаҳонӣ аждаҳои судхӯрест, ки кишварҳои кучаке ҳамчун Тоҷикистонро дар кутоҳмуддат фурӯ мебарад. Бори дигар ба пешгӯйиҳои ин абармарди илму сиёсати тоҷик иқрор бояд шуд, ки парда аз чеҳраи судхӯронаи Бонки ҷаҳонӣ ҳанӯз дар чанд соли қабл бардошта буд.

Мутаассифона, чашмони наздикбини мушовирони муҳтарами иқтисодии мо ҳанӯз ҳам кушода нашудаанд. Аммо фурсатеро дар ихтиёр доранд ва ҳанӯз он рӯз фаро нарасидааст, ки аъмоли онҳо дар тарозуи ин миллат баркашида бишавад ва миллат посухи ин амалкардҳоро аз онҳо бихоҳад. Фурсат барои ислоҳи вазъ ҳанӯз аз даст нарафтааст. Монеъ шавед, ки дар ботлоқи қарзу фасоду судхӯрҳо фурӯтар наравем. 

ҲНИТ дар тарафи мардуми камбағал

Бархе аз аҳзоби мухолиф тасмими ҳукумати Тоҷикистонро барои боло бурдани арзиши нируи барқ дар кишвар дар моҳи оянда сахт интиқод кардаанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) бо пахши баёнияе, рӯзи 12 марти соли ҷорӣ изҳор доштааст, ки ин амр боиси вазнинтар шудани вазъи иқтисодии хонаводаҳо мешавад. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки дар шароити феълӣ боло бурдани арзиши барқ бо вазъи иқтисодии сокинони Тоҷикистон созгор нест. ҲНИТ дар ин баёнияи худ овардааст: "Афзоиши бистдарсадии қимати нируи барқ вазъи иқтисодии сокинонро душвортар хоҳад сохт. Дуруст аст, ки барои таҷдиди сохтор ва ислоҳи системи энержӣ боло бурдани арзиши барқ ногузир аст. Вале мақомоти давлатӣ бояд нархҳоро мутобиқ бо вазъи зиндагии мардум муқаррар созанд."

Ин баёния иддаъои давлати Тоҷикистонро, ки афзоиши баҳои нируи барқ бо тақозои созмонҳои молии байналмилалӣ сурат гирифтааст, зери суол бурдааст. Дар баёния омадааст; дар ҳоле ки мақомот аз пешниҳодҳои созмонҳои байналмилалӣ барои анҷоми ислоҳоти сиёсӣ ва баргузории интихоботи шаффоф ва одилона сарфи назар мекунад, таъкиди давлат ба тақозои созмонҳои молии байналмилалӣ дар заминаи боло бурдани нархи барқ ғайримантиқӣ ба назар мерасад.

ҲНИТ аз давлат хостааст, ки тасмими худ дар бораи боло бурдани баҳои нируи барқро лағв созад ва қимати барқро дар сатҳи пешин ҳифз кунад.

Коммунистҳо чун ҳамеша тарафдори халқ

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), низ рӯзи сешанбеи 13 март бо баргузории нишасти матбуотие аз тасмими давлат ба афзоиши арзиши нируи барқ шадидан интиқод кард.

Раҳбари коммунистони Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоле ки ширкати "Барқи тоҷик" бидуни далоиле баҳои нируи барқро боло мебарад, Агентии зидди инҳисории Тоҷикистон хомӯширо ихтиёр кардааст.

Шодӣ Шабдолов, ки худ мутахассиси соҳаи энергетика аст мегӯяд:

- Барои ҳалли ин масъала мо лоиҳаи наву мукаммали қонун "Дар бораи энергетика"-ро ба ҳукумат пешниҳод кардем. "Тазмини нарху наво дар соҳаи барқ" аз мавзӯъҳои аслии лоиҳае буд, ки мо ба ҳукумат пешниҳод кардем. Мо таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи Ғарбро рафта омӯхтем. Ин кишварҳои пешрафта комиссияи мустақили махсус доранд, ки онро президент таъин мекунад. Ин комиссияи мустақил аз мутахассисони варзидаи соҳаи энергетика, ки дар ҳеч яке аз ниҳодҳои вазорати энергетика фаъолият надоранд, иборат аст. Комиссияи махсус ба гурӯҳи корие, ки барои баррасии нарху наво вобаста аст, такя мекунад. Ин комиссия қабл аз муайян кардани нарх арзиши аслии энергияро ҳисоб мекунад, ки чӣ қадар аст. Аммо дар Тоҷикистон ин гуна нест, ҳарчӣ хостанд, ҳамонро менависанд. Бо пешниҳоди лоиҳа мо таъсиси ҳамчунин комиссияи босалоҳияту мустақилро тақозо кардем, то арзиши аслии нируи барқамонро муайян кунанд, аммо чӣ чора, ки пешниҳодамон пазируфта нашуд.

Ба гуфтаи раҳбари коммунистони Тоҷикистон мудирият дар ин соҳа нокоромад аст.  На ҳар масрафкунандаи барқ, ба хусус на ҳама корхонаҳое, ки барқро истифода мебаранд, маблағ месупоранд. Ба таъкиди Шодӣ Шабдолов, бахусус корхонаҳои муайяни саноатӣ пули барқро пурра намедиҳанд ва масъулини барқрасон роҳи халосиро дар боло бурдани баҳои барқ мебинанд. Ин дар ҳолест, ки ҷаноби Шабдолов мегӯяд, роҳи ҳалли мушкилот вуҷуд дорад, ки дар ҳамон лоиҳа пешниҳод шудааст. Ӯ мегӯяд:

 -Мо дар Ассосиатсияи энергетикҳои Тоҷикистон рӯйи ин лоиҳа 1,5 сол кор карда, онро бо имзои се вакил ба Ҳукумат пешниҳод намудему онро қабул накарда, пас гардониданд. Мутаассифона, ҳукумати мо барои пазируфтани ин гуна лоиҳа тайёр нест, аммо бояд омода бошад. Ҳар мол дар бозор нарх дорад ва намешавад, ки яке онро ройгон бигирад ва каси дигар 11 дирам бихарад. Модоме дар кишвари мо мардуми қамбағал зиёд аст, барои онҳо бояд имтиёз қоил шуд. Ва барои амалӣ кардани ин дар соҳа мудирияти коромад лозим аст.

Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ бехабар мондааст

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон(ҲИИТ) дар посух ба суоли "Миллат", ки мавзеъгириии ҳизби зери роҳбарии ишон ба болоравии қиммати нируи барқ сар аз моҳи апрел дар кишвар чӣ гуна аст, гуфт:

- Ростӣ, ман дар ин масаъала ҳанӯз таҳлил нагузарондаам, чун ин хабар нав паҳн шуд, ман ҳам ҳозир хабар шудам. Акнун аз рӯйи ҳамон маълумотҳои оморӣ таҳқиқ карда истодаем. Чун аз рӯйи оморҳо сатҳи маош мумкин, ки ба дараҷаи кофӣ баланд нест, аз ин рӯ ман ҳоло  рақамҳои аниқро гуфта наметавонам. Каме таҳлил гузарониданам даркор, ҳоло маълумотҳоро дар даст дорам, бояд таҳлил кунем. Вақте ки сухан дар бораи нарху наво меравад, он албатта вобаста ба болоравии сатҳи маоши миёна бояд дар мувозинат бошад. Ман фикр мекунам, ки дар вақти асоснок кардан ин чиз бояд ба назар гирифта шуда бошад. Мушаххасан то чанд боло бурданашро гуфта наметавонам, вале фикр мекунам, пешниҳодҳо бояд аз лиҳози сатҳи болоравии маош мувофиқа карда шавад. Аслан ин ҷо баъзе омилҳо ба болоравии нархҳо таъсир карданаш мумкин, вобаста ба хароҷотҳое, ки барои таъмиру барои нигаҳдории дигар чизҳо аст, аз ин лиҳоз бошад мумкин. Мо инҳоро таҳлил кардаем, дар ин робита баёнияи мо то фардо бояд пахш шавад.

Аммо "Барқи тоҷик" чӣ мегӯяд?

Мақомоти ширкати "Барқи тоҷик" иддаъо доранд, ки афзоиши қимати нируи барқ барои сокинони камбизоатро давлати Тоҷикистон ҷуброн хоҳад кард. Вале мизони ҷуброн ва наҳваи пардохти он рӯшан нест. Дар баёнияи ширкати "Барқи тоҷик", ки хабаргузории "Ховар" онро нашр кардааст, омадааст:

-Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарифҳои энергияи барқ ва гармӣ" барои коршоям нигоҳ доштани системаи энергетикии Тоҷикистон, инчунин вобаста ба талаботи рӯзафзун ба нируи барқ ва гармӣ таъмин намудани хоҷагии халқ ва аҳолии кишвар тадбири муҳим ва ногузир буд. Гап сари он аст, ки танҳо дар мавриди муҳайё намудани имкониятҳои истеҳсоли дубораи қувваи барқ, ба истифода додани иқтидорҳои нави тавлиди барқ ва такмили иқтидорҳои мавҷуда ба таъминоти пурраи эҳтиёҷоти соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии кишвар бо қувваи барқ ноил шудан мумкин аст.

Бо ишора ба пойбандиҳои бахши эренгетикии кишвар бо Бонки ҷаҳонӣ дар идомаи ин баёния гуфта шудааст?

- Бо назардошти ин, зимни омӯзиши ҳамаҷониба ва хулосаҳои мутахассисони институтҳои молиявии байналмиллалӣ соли 2006 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ меморандум ба имзо расида, ки дар он бо тавсиаи Бонки ҷаҳонӣ бояд ҳар сол дар Тоҷикистон нархи барқ ба қадри то 40 фоиз баланд бардошта мешуд. Ин ба хотири ноил шудан ба даромаднокии соҳаи энергетика ва ҷалби бештари маблағгузории дохилӣ ва хориҷӣ ба сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои энергетикист. Яъне, бо чунин нархи барқе, ки то он вақт амал менамуд, соҳаро дар мизони муайян нигоҳ доштан, онро такмил додан ва маблағҳои дохиливу хориҷиро барои бунёди иншооти нави энергетикӣ ҷалб намудан ғайриимкон буд. Ва ибтидо аз соли 2007, соле ду маротиба нархи барқ баланд бардошта мешуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, тӯли ду соли охир дар ҷумҳурии мо нархи барқ бетағйир буд.  

"Барқи тоҷик" бо ишора ба он ки оби фаровон маънии ройгон ба даст омадани нируи барқро надорад, дар баёнияаш меафзояд:

- Бисёриҳо ақида доранд, ки барои истеҳсоли энергияи барқ дар ниругоҳҳои Тоҷикистон, ки онҳо ниругоҳҳои барқии обиянд ва манбаъи истеҳсоли он оби бепул мебошад, хароҷот қариб, ки вуҷуд надорад. Дар асл баробари дигар хароҷот барои об ҳам пул сарф мегардад; дар асоси муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол Ширкати "Барқи Тоҷик" аз ҳисоби истифодаи об барои истеҳсоли энергияи барқ дар НБО-ҳо аз 32 то 35 млн.сомонӣ ба тариқи роялтӣ андозбандӣ карда мешавад. Илова бар ин, имрӯзҳо дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсолии НБО-ҳо, ки аз 30 то 70 сол фаъолият намудаанд, аксаран дар ҳолати фарсудашавӣ қарор доранд ва ин вазъият иқтидорҳои кории онҳоро нисбат ба иқтидорҳои лоиҳавиашон то андозае кам менамояд. Ширкати "Барқи Тоҷик" аз ҳисоби маблағҳои худӣ 5 соли охир таҷдиди НБО-ҳо, алалхусус НБО-и Норакро амалӣ намуда истодааст, ки маблағи солонаи барои ин корҳо равонашуда 40-50 млн.сомониро ташкил медиҳад.

"Барқи тоҷик ба хароҷотҳои зиёде барои харидорӣ ва фурӯши барқ дар баёния таъкид кардааст:

- Барои баланд бардоштани эътимоднокии барқтаъминкунии муштариён, Ширкати "Барқи Тоҷик" дар НБО-ҳо, МБГ-ҳо, шабакаҳои барқӣ, хатҳои интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, трансформаторҳои қудратӣ ва ғайра корҳои зиёди таъмири ҷорӣ ва асосиро анҷом медиҳад, ки хароҷоти умумии истеҳсолии Ширкат бо назардошти хариди сӯзишворӣ (мазут ва гази табиӣ) барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, хариди энергияи барқ аз НБО-ҳои "Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2", хариди қисмҳои эҳтиётӣ, пардохти музди меҳнати кормандон, пардохти андозҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ, хароҷотҳои хусусияти истеҳсолидошта, ки аз тарафи корхонаҳои пудратӣ иҷро карда мешаванд, масолеҳи ёрирасон ва дигар хароҷотҳои истеҳсолӣ соле 850-900 млн.сомониро ташкил медиҳад ва ҳамаи ин хароҷот ба арзиши аслии истеҳсоли энергияи барқ ва мутаносибан ба тарифи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда таъсири худро мерасонанд.

"Сангтӯда-1" мушкили №1 -и "Барқи тоҷик"

"Барқи тоҷик" дар се қисмат мушкилоти хароҷоташро шарҳ дода, аз ҷумла таъкид кардааст, ки; "ШСХК "Барқи Тоҷик" тибқи уҳдадориҳои худ дар асоси қарордоди ба имзо расида, аз ҶСК "Сангтӯда-1" энергияи барқро бо тарифи баланд харидорӣ намуда, барқи фоиданокро ба истифодабарандагони дохили ҷумҳурӣ бо тарифи миёнасолонаи нисбатан паст ба фурӯш мебарорад. Зарари молиявии Ширкат аз ин ҳисоб дар давраи солҳои 2008-2011 маблағи 148,0 млн.сомониро ташкил додааст, ки ин яке аз омилҳои асосии ба вазъи душвори молиявӣ овардани Ширкат маҳсуб меёбад. Имрӯз аз ҳисоби саривақт ва пурра пардохт нашудани маблағи барқи истифодашуда аз ҷониби муштариён, Ширкати "Барқи Тоҷик" имконияти пурра пардохт намудани маблағи барқи "Сангтӯда-1"-ро надорад ва айни замон қарзи Ширкат дар назди ҶСК "НБО-и Сангтӯда-1" ба 218 млн.сомонӣ баробар шудааст.

Бояд қайд намуд, ки соли 2012 ШСХК "Барқи Тоҷик"аз НБО-и Сангтӯда-2 энергияи барқро бо тарифи боз ҳам баландтар харидорӣ менамояд, ки ба хотири бо барқ беҳтар таъмин намудани кишвар, вале бар зарари молиявии Ширкат мебошад.

МБГ ш.Душанбе мушкили №2-и "Барқи тоҷик"

Дар қисмати дуввуми шарҳи мушкилоти "Барқи тоҷик" дар ҳамин баёния омадааст: -Дар давоми мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар МБГ ш. Душанбе истеҳсоли энергияи барқ 38,6 млн.кВт/соат ва энергияи гармӣ 85,6 ҳазор Гкал-ро ташкил дод. Мувофиқи таҳлилҳо, хароҷоти умумии молиявии МБГ ш.Душанбе ба 45,4 млн.сомонӣ баробар шуда, ҳаҷми маҳсулоти молӣ 3,8 млн.сомониро ташкил додааст. Дар натиҷа зарари молиявӣ аз ҳисоби фаъолияти МБГ ш.Душанбе ба 41,6 млн.сомонӣ баробар шуд. Бояд қайд намуд, зарари молиявии мазкур танҳо дар ҳолати бо иқтидори 30 МВт фаъолият намудани МБГ ба вуҷуд омадааст. Солҳои қаблӣ, ки МБГ-и ш. Душанбе бо иқтидори зиёда аз 100 МВт фаъолият дошт, зарари молиявии корхона зиёда аз 140 млн.сомониро ташкил медод. Бо вуҷуди ин зарар ба хотири дар фасли зимистон бо барқ таъмин будани сокинони пойтахт ширкати "Барқи Тоҷик" наметавонад аз истифодаи МБГ ш. Душанбе сарфи назар намояд.

Мушкили №3 бозгардонии қарзи сармоягузорон

Дар идомаи баёния гуфта шудааст, ки яке аз вазифаҳои имрӯзаи ШСХК "Барқи Тоҷик" ин саҳмгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика низ мебошад:

- Умуман, аз соли 2000 то ин ҷониб зиёда аз 19 лоиҳаҳои калони инвеститсионӣ дар соҳаи энергетика амалӣ шуда истодааст. Аз оғози амалишавии лоиҳаҳои инвеститсионӣ маблағгузории саҳми ШСХК "Барқи Тоҷик" дар ин лоиҳаҳо 54 млн.доллари ИМА-ро ташкил додааст, аз он ҷумла дар лоиҳаи сохтмони НБО-и "Сангтӯда-2" дар ҳаҷми 21 млн.доллари ИМА маблағгузорӣ шудааст. Дар доираи лоиҳаҳои инвеститсионӣ таи солҳои охир бо саҳмгузории ШСХК "Барқи Тоҷик" сохтмони иншоотҳои муҳими энергетикӣ, аз қабили хатҳои интиқоли барқи 500 кВ "Ҷануб-Шимол", 220 кВ "Лолазор-Хатлон", хатҳои интиқоли барқи кабелии 110 кВт тавассути нақби "Истиқлол", мӯтаъдилгардонии ҳолати ярчи НБО-и Бойғозӣ ва дигар лоиҳаҳои беҳдошт ва барқарорсозии соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расидаанд. Дар айни замон амалишавии лоиҳаҳои сохтмони НБО-и "Сангтӯда-2", хати интиқоли барқи 220 кВт "Хуҷанд-Айнӣ", дастгоҳҳои комплекси тақсимкунандаи элегазии 500 кВт ва 220 кВт дар НБО-и Норак, таҷдиди шабакаҳои барқии ш.Душанбе ва ғайра идома дорад. То ба анҷом расонидани лоиҳаҳои инвеститсионии номбурда, Ширкати "Барқи тоҷик" бояд боз 39 млн.доллари ИМА маблағҳои худиро равона намояд.

Инчунин бозгардонии маблағи қарзи сармоягузорони хориҷӣ ба уҳдаи ШСХК "Барқи Тоҷик" вогузор карда шудааст. Мувофиқи талаботи Созишномаи зерқарзие, ки байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ШСХК "Барқи Тоҷик" оид ба таъмини бозгашти маблағи сармоягузорон ба имзо расидааст, имрӯз Ширкат дар назди Вазорати молия қарздор аст, ки бо тарифҳои мавҷуда ва дар шароити имрӯзаи вазъи молиявӣ, Ширкати "Барқи Тоҷик" имконияти пардохти ин маблағҳоро надорад.

Напардохтани ҳаққи барқ мушкили дигар

Ширкати "Барқи тоҷик" дар баёнияаш овардааст: - Маблағгузории корҳои сохтмонии иншоотҳои нави энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар солҳои 2011-2012, мутаносибан 67,4 ва 56,6 млн.сомониро ташкил додааст.

Ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи монополияҳои табиӣ" ба номгӯи (реестр) субъектҳои монополияи табиъӣ шомил карда шудааст ва ба танзим намудани фаъолияти Ширкат дар масъалаи нархгузории энергияи барқ ва гармӣ ба салоҳияти Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст. Ширкати "Барқи тоҷик" ба Хадамоти мазкур сметаи хароҷот ва даромади Ширкатро барои соли 2012 барои омӯзиш пешниҳод намуда буд. Мувофиқи сметаи мазкур дар соли 2012 бо назардошти афзоиш ёфтани нархи маҳсулоти сӯзишворӣ (гази табиӣ ва мазут), қисмҳои эҳтиёти барои таҷҳизотҳои энергетикӣ, энергияи барқи харидоришаванда ва ғайра, хароҷотҳои Ширкат (бе назардошти маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионии бахши энергетика) дар ҳаҷми 995 млн.сомонӣ дар назар дошта шудааст. Маблағи энергияи барқи ба муштариён интиқолшаванда (аз ҳисоби интиқоли барқи фоиданок ба муштариён) дар ин давра бо назардошти тарифҳои амалкунанда 1099 млн.сомониро ташкил хоҳад дод, ки маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 104 млн.сомониро ташкил медиҳад (1099-995=104). Аз маблағи даромад аз фаъолияти Ширкат 15%, яъне 15,6 млн.сомонӣ андоз аз фоида бояд пардохт шавад, ки дар натиҷа фоидаи соф ба 88,6 млн.сомонӣ баробар хоҳад шуд (104-15,6=88,6). Бояд қайд намуд, ки фоидаи мазкур танҳо дар ҳолати пурра (100%) пардохт шудани маблағи барқи истифодашаванда аз ҷониби муштариён имконпазир мегардад, аммо дар мавриди ҳатто 90% пардохт шудан маблағи воқеии ҷамъовардашуда дар суратҳисоби Ширкат метавонад ба 989 млн.сомонӣ баробар шавад, ки ин хароҷотҳои истеҳсолии Ширкатро пӯшонида наметавонад.

100% бипардозед ҳам, суд надорад, охир

Дар баёнияи ширкати "Барқи тоҷик" бо ишора ба ноилоҷӣ дар боло бурдани нарх таъкид шудааст:

- Дар сурати 100% пардохт шудани маблағи энергияи барқ аз ҷониби муштариён гарчанде, ки Ширкати "Барқи Тоҷик" хароҷоти истеҳсолии худро пӯшонад ҳам, аммо маблағгузории лоиҳаҳои инвеститсионӣ, сохтмони иншоотҳои нави энергетикӣ, пардохти қарзҳои Ширкат дар назди буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби андозҳо, дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Созишномаҳои зерқарзӣ, дар назди ҶСК "НБО-и Сангтӯда-1" ва "Сангтӯда-2" ғайриимкон мегардад.

Дар заминаи ҳамин таҳлил нархи барқ дар ҷумҳурӣ баланд бардошта шуд.

"Гуманизм"-и "Барқи тоҷик"

Дар поёни ин баёния таъкид аз сиёсати "хирадмандона" низ фаромӯш нашудааст:

- Бояд қайд намуд, ки новобаста ба ин афзоиши нарх қувваи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дигар давлатҳои ИДМ ва минтақаи Осиёи Марказӣ ҳанӯз ба маротиб арзон аст. Ҳамин тариқ, аз 1 апрели соли 2012 нархи барқ дар ҷумҳурӣ ба қадри 25 фоиз, барои аҳолӣ 22 фоиз баланд бардошта шуд. Муштариёни маишӣ (аҳолӣ), ки то ин дам барои ҳар кВт/соат 9 дирам маблағ медоданд, акнун 11 дирам маблағ месупоранд. Бояд қайд намуд, ки ин ба гурӯҳи камбизоати ҷомеа таъсир намерасонад, чунки маблағи онҳо аз тарафи давлат ҷуброн мегардад. Боз як сабукие, ки ин ҳам тадбири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, дар он аён мегардад, ки солҳои пеш нархи барқ одатан аз ибтидои сол, яъне 1 январ баланд бардошта мешуд. Ба хотири он, ки дар фасли зимистон талабот ба барқ хеле зиёд аст, ин маротиба баландшавии нархи барқ аз 1 апрел сурат гирифт.

Ба ҷойи таблиғ: Муроҷиати "Барқи тоҷик"

Муштариёни гиромӣ! Ба хотири пайдо нашудани нофаҳмиҳо дар ҳисобу пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз Шумо хоҳиш менамоем, ки то 1 апрел маблағи ҳаққи истифодаи барқро пурра пардохт намоед.

Хадамоти матбуоти ШСХК "Барқи тоҷик"

Беҳтар мебуд, ки таҷрубаи додани имтиёз ба бархе аз корхонаҳои саноатӣ барои истифода аз нируи барқ бознигарӣ шавад. Зеро феълан дар муқоиса бо сокинон ин корхонаҳо барои истифода аз нируи барқ маблағи камтар пардохт мекунанд.

Дигар ин ки бояд аз фасоди густарда дар ин ниҳод ҷилавгирӣ шавад. Назорат аз рӯи талафоти нируи барқ пурзӯр бояд шавад. Тамоми коргоҳҳои хурди барқдузд бо маблағҳои даҳчанд ҷарима шуда, нозири барқи ин минтақа низ ҷарима шуда, барои хунукназарӣ ба моликияти миллӣ равонаи зиндон шавад. Вагарна даст бурдан ба ҷайби бе ин ҳам тиҳии мардум, на мушкили "Барқи тоҷик"-ро ҳал хоҳад кард, на аз давлати тоҷикро.

"Миллат"

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97