КОР НАКАРДАНИ "ТОҶИК АЗОТ" БА МАНФИАТИ КИСТ ё ки Эмомалӣ Раҳмонро "ҳалуки" иқтисодӣ меандозанд?!

Иқтисод 08.12.2009 14:35

Шабакаҳои телевизионии кишвар баъзан вақти тамошои бинандаро бо маросимҳои ба кор таъминкунии се чор нафар шаҳрванд ё худ "лента"-буриҳои ягон дукони навташкил ҳам сарф мекунанд. Аммо аз бекор мондани беш аз 600 нафар коргарони корхонаи "Тоҷик Азот"-и шаҳри Сарбанд расонаҳои ҳукуматӣ, бахусус телевизион хомӯширо авло донистаанд. Чаро? Акнун мардум ҳам аз фаъолияти расонаҳои ҳукуматӣ норозигӣ баён мекунанд, ки чаро мавзӯъҳои доғи ҷомеаро камтар мегӯянд, дар нисбат ба он ки бештар ба тараннуми ҳукуматдорон машғуланд?

Муҳокимаи расонаҳои ҳукуматиро, ки аз ҳисоби кисаи мардум ташкилу фаъолият дошта ва имрӯз бештар ба манфиати киҳо хидмат мекунанд, мо ба вақти дигар мегузорем. Ҳоло сухан аз бемасъулиятии ашхоси дар боло нишаста меравад, ки чаро аз супориши Президенти кишвар оид ба таъмини "Тоҷик Азот"-и шаҳри Сарбанд бо гази табиӣ саркашӣ кардаанд?

"ТОҶИК АЗОТ" БО "ТАШАББУСИ"

КӢ АЗ КОР МОНД?

Оғози соли ҷорӣ дар як ҷаласаи ҷумҳуриявӣ роҳбари давлат супориши қатъӣ дода буд, ки дар сурати фаврӣ калонтарин корхонаи кишвар "Тоҷик Азот" бо гази табиӣ таъмин ва ба кор дароварда шавад. Аммо шурӯъ аз моҳи январи соли ҷорӣ то 1октябр аз тамоми меъёри гази воридотӣ ягон кубаметр гази табиӣ барои ба кор даровардани "Тоҷик Азот" дода нашудааст. Ин дар ҳоле буд, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ ба кишвар ба миқдори дар ҳар соат 40 059 куб газ ворид шудааст. Дар ҳоле ки барои кор кардани "Тоҷик Азот" моҳе 13 ҳазор куб газ дар як соат лозим аст. Баъдан аз моҳҳои феврал то октябр моҳе ба миқдори аз 8333 то 27311 куб метр газ дар як соат ба Тоҷикистон гази табиӣ ворид шудааст. Чун аз таърихчаи қатъ намудани интиқоли гази табиии воридотии Узбакистон пурсон шудем, масъулини "Тоҷик Азот" иброз доштанд, ки онҳо дар соли гузашта маблағи истифодаи гази табииро сари вақт пардохт карда буданд. Ва сабабгори қатъ шудани воридоти газ барои корхона ва умуман кишвар онҳо нашудаанд.

Аз рӯи маълумотҳои ба дастомада соли ҷорӣ бештари гази табиии воридотӣ барои фаъолияти Корхонаи алюминий "ТАЛКО" ва Корхонаи сементбарории шаҳри Душанбе равона шуда буд, ки ин коргоҳҳо низ аз зумраи фишангҳои муҳими иқтисодии кишвар ба ҳисоб мераванд. Аммо дар дастрасӣ ба гази воридотӣ чаро маҳз "Тоҷик Азот" дар мадди аввал гузошта нашуд, барои онҳое, ки аз бозори саноати Тоҷикистон бохабаранд, ҷавоби суол рӯшан аст.

МОНЕАҲОИ БЕРУНӢ

Аз замони ба кор даровардани корхонаи нуриҳои минералии "Тоҷик Азот"- и шаҳри Сарбанд то ду се соли гузашта касе тасаввур намекард, ки рӯзе ин корхонаи пуриқтидор дар бозори минтақа мавқеи худро аз даст медиҳад. Аммо боз ҳам омилҳои дохилию хориҷӣ боиси коста гаштани иқтидори ин корхона гардиданд, ки акнун заминдорони сарбандӣ ҳам нурии минералии Узбакистону Покистонро истифода мебаранд. Дар ҳоле ки бо вуҷуди он ки нархи газро ҳамсояҳо боло мебардоранд, агар дар дохили кишвар масъулини мақоми болоӣ бихоҳанд, ин корхона бо иқтидори пешинааш кор карда метавонад. Бубинед, Узбакистон барои "блокада"-и иқтисодии корхонаҳои рақиби худ чӣ кор кард: Барои се корхонаи хурди истеҳсоли нуриҳои минериалии худ ҳар ҳазор куб метр гази табииро бо нархи 51 долларӣ, аммо барои мо 240 $ нарх гузошт. Ин дар ҳоле буд, ки дигар кишварҳо аз қабили Русияи қиматфурӯш ҳам, нархи гази табииро барои корхонаҳои рақобатпазир ҳамагӣ 84 $ нарх гузоштаанд.

САДҲОИ ДОХИЛӢ

Дар баробари боло рафтани арзиши гази хориҷӣ масъулини "Тоҷик газ" низ ҳаққи хидматрасонии қубурҳои транзитии гази табииро барои "Тоҷик Азот" баланд бардоштанд. Бубинед дар вақте, ки ин корхона ва хатҳои транзитиро месохтанд аз "Тоҷикгаз" ному нишон набуд, аммо имрӯз ин ниҳод ба гуфтае гардани "Тоҷик Азот"-ро соҳибӣ карда, барои гузаштани ҳар ҳазор куб метр газ 45 $ "доля" мегирад. Ҳол он ки дар дигар кишварҳо ба хусус Русия барои "транзит"-и ҳар 1000 кубметр газ дар 100 км ҳамагӣ 2 $ нарх гузошта шудааст.

Умуман дар соли гузашта ҳам, вақте ки аз ҷумҳуриҳои ҳамсоя нурии минералӣ ба дохили кишвар ворид мегардид, ниҳодҳои марбута барои нигоҳ доштани мавқеи "Тоҷик Азот" дар бозори минтақа ягон кӯшише накарданд. Ҳозир то як коргари одии корхонаи "Тоҷик Азот" ҳам роҳи ҳали рақобатпазириро дар бозори дохилӣ ин маҳдуд намудани воридоти нурии минералӣ ба кишвар арзёбӣ мекунад. Яъне мо ҳам ҳақ доштем, ки мисли дигар кишварҳои соҳибистиқлол андози воридоти нурии минериалиро ба маротиб боло бардорем. То ин ки ҳам истеҳсолкунандагони дохилиро ҳимоят кунем ва ҳам буҷаи давлатро аз ҳисоби андози ин маҳсулоти воридоти ғанӣ гардонем.

Чаро дар кишвари мо аз ин амал кор нагирифтанд? Ё ҳукуматдорони мо дар сатҳи як иқтисоддони мустақил фаҳмиш надоранд? Ё ки аз воридоти маҳсулоти хориҷӣ ба кишвар дар сатҳи вазоратҳои мо нафароне манфиатдоранд? Ё Шумо масъулини соҳаи саноат ва рушди иқтисод сабабҳои дигарро пеш меоред? Ба ҳар ҳол Шумо ҳуқуқи маънавии сукут ихтиёр карданро надоред. Зеро вазъияти корхонаи азиме ба мисли "Тоҷик Азот"-и шаҳри Сарбанд маҳз дар вақте ба чунин аҳвол афтодааст, ки Шумо масъулиятро ба дӯш доред. Дар хусуси муносибат бо "Тоҷик Азот" хамин андешаи саноатчиён қобили таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз кори пешвоёни соҳаи саноат ва "блок"-и рушди иқтисодии кишвар дар баъзе ҳолатҳо ба нафъи иқтисодӣ ва дастгирии истеҳсолкунандагони он кишварҳое шуда истодааст, ки аз тараққиёту пешрафти кишвари мо хушбин нестанд.

ПУРСИШҲО ПОСУХ

МЕТАЛАБАНД

Баъзе аз иқтисоддонҳо иброз медоранд, ки рақибони бозор мехоҳанд, ки бо ҳар роҳ "Тоҷик Азот"-ро муфлис созанд. Зеро агар ин корхона бо иқтидори пуррааш кор кунад, нуриҳои минералии дар кишварҳои ҳамсоя истеҳсолшуда дигар харидор намеёбанд. Дар як соли охире, ки ин корхона аз истеҳсол боз монд, бозори дохилиро нуриҳои минериалии истеҳсоли Покистону Узбакистон соҳиб шуд. Аммо сифати ин маҳсулотро, ки аз хориҷа ба миқдори қариб 47 ҳазор тонна ворид шуда буд, хоҷагидорон танқид карданд. Аз он ки нуриҳои минериалии воридшуда таъсири кам доранду хоҷагидорони мо аз истифодаи он фоида не, балки зарар дидаанд, шояд ҳамагон огоҳем? Оё дар 40 соли охир боре шунида будед, ки деҳқконе аз сифати нуриҳои минериалӣ шикоят карда бошад? Аммо дар соли ҷорӣ даҳҳо хоҷагиҳои деҳконии вилояти Хатлон аз сифати пасти нуриҳои аз хориҷа воридшуда шикоят карданд. Имсол ҳам хуб буд, ки баъзе аз соҳибкорон нуриҳои захира кардаашонро бо нархи дучанд фурӯхтанду қисме аз деҳқонон дар заминҳои худ онро истифода бурданд, аммо агар муносибати масъулин ба "Тоҷик Азот" чунин бимонад, соли дигар сатҳи ҳосилнокии заминҳои мо чӣ мешуда бошад?

ЧӢ ГУНА АЗ "БЛОКАДА"-И ИҚТИСОДӢ

БОЯД РАҲОӢ ЁФТ?

Роҳи ягонаи баровардани корхонаи "Тоҷик Азот" аз муфлисшавӣ ин кашфи конҳои гази маҳаллӣ мебошад, ки барои амалӣ намудани ин лоиҳа мутахассисони мо дар якҷоягӣ бо коршиносони Русия кор бурда истодаанд. Аммо ба фикри инҷониб мӯҳлати эҳтимолии рекордӣ, ки шояд конҳои газ пайдо ва ба истифода дода шаванд, на кам аз як сол аст. Роҳи дигари ташкили кор дар "Тоҷик Азот" ин бо ҳамон нархҳои ҳангуфт харидорӣ намудани гази табиӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани андоз аз воридоти нуриҳои минералӣ мебошад. Бале, ин омил бар зарари "клан"-ҳое мебошанд, ки аз воридоти нурии минералӣ ба Тоҷикисон манфиат доранд.

ХОБИ НОЗИ МАСЪУЛОН

Акнун то кадом андоза ҳукумати вақт иродаи дифоъ аз манфиатҳои истеҳсолкунандагони ватаниро дорад, метавонад порлумону вазирону дабиронаш қудрати худро боз як бори дигар бисанҷанд. Мабодо агар Узбакистон интиқоли гази худро пурра қатъ кунад, боз ҳам Тоҷикистон дар интизори кашфи конҳои гази худ бечора мемонад.

Алъон вазъият чунин аст, ки 600 нафар шаҳрвандон аз ҷойҳои кори доимӣ монда, танҳо дар 9 моҳи аввали соли ҷорӣ бинобар кор накардани ин корхонаи азим ба буҷаи вилоят ҳудуди 15 млн сомонӣ андоз ворид нашуда, то охири сол ин рақам қариб ба 20 млн сомонӣ хоҳад расид. Соҳибназарон мегӯянд, ки аз вақте "Тоҷик Азот" аз кор монд, муносибатҳои пулии корхона бо дигар сохторҳо аз байн рафт ва 600 нафар коргарони корхона дигар амалиётҳои хариду фурӯш надоранд, таъсири ин ҳама дар гардиши мол дар бозорҳо низ мушоҳида шудааст. Ҳамзамон агар иддаои хоҷагидорон оид ба бесифат будани нуриҳои минералии воридотӣ ҳам асос дошта бошад, пас аз кор мондани "Тоҷик Азот" як омили бо зону шинонидани иқтисодиёти давлати мо нест?

Ин зарба бояд курсиҳои масъулинро меларзонд, аммо боз ҳам агар баъзе аз вазифадорон дар болои курсӣ мисли даруни гаҳвора ғанаб рафта бошанд, чӣ?


Ҷамолиддини УСМОНИЁН
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97