ЧЕРКИЗБОЗОРИ МАСКАВ БАСТА МЕШАВАД ё коҳиши "скинхедбозӣ" ва ба бозӣ даромадани қартаи ҳукумати Русия

Иқтисод 05.07.2009 15:55

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки бо сабаби ҳолати бади санитарӣ (беҳдоштӣ) ва вазъи иморатҳояш бозори Черкизово, ки миёни тоҷикон ҳамчун "Черкизбозор" маъруф аст, дар Маскав баста хоҳад шуд. Хабари баста шудани ин бозор дар расонаҳои русӣ хабарсоз маълум мешавад, аммо дар баробари ин расонаҳое, ки барои Тоҷикистон хабар пахш мекунанд, низ ин хабарро дар сархати ахбор ҷой додаанд. Дар матолибе, ки дар ин рӯзҳо дар расонаҳои Русия мунташир шудаанд, гуфта мешавад, ки раёсати умумии кумитаи расидагии додситонӣ ба шаҳрдории Маскав пешниҳод кардааст, ки ин бозор баста шавад.

Владимир Малишов, раиси бахши бозори истеъмолии шаҳрдории Маскав бо дарёфти ин пешниҳод гуфтааст, ки бозори Черкизово муваққатан то поёни сол баста мешавад. Вале боз ҳам назарҳое дар ин расонаҳо ба чашм мехӯранд, ки имкон дорад, пас аз соли нав бозор комилан баста шавад, зеро касе масъулияти таъмини вазъи санитариро бар дӯш нахоҳад гирифт ва тоҷирони хориҷии бозор низ иҷозаи расмӣ ба даст нахоҳанд овард.

Аз ин рӯ то поёни сол муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва дигар тоҷирони хориҷӣ имкон доранд барои худ ҷои кори нав пайдо кунанд.

Александр Бастрикин, сардори кумитаи бозҷӯии додситонии кулли Русия, бозори Черкизоворо "кишваре андаруни кишвар" хонда гуфтааст, ки додситонӣ ситоде аз намояндагони ҳама ниҳодҳои интизомӣ таъсис дода ва дар наздиктарин замон ин "морхона"-ро хоҳад баст.

Бозори Черкизово, дар шарқи Маскав, дар масоҳати 200 гектар ҷой дорад, ки онро Донишгоҳи варзишу ҷаҳонгардӣ ба иҷора додааст.

Ниҳодҳои додгустарии Русия, аз ҷумла додгоҳи доварии Маскав, то кунун се бор дастури бастани ин бозорро додаанд, аммо бозори Черкизово ҳанӯз ҳам фаъолият дошт. Ин бор бозрасон дар анборҳои бозор молҳоеро ба арзиши 2 миллиард доллар пайдо кардаанд, ки гуфта мешавад, ҷавобгӯи меъёрҳои амниятӣ ва санитарӣ набудаанд ва додситонии Русия барои баррасии ин қазия парванда кушодааст. Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Маскав низ ки 20 дарсад аз 72 гектар замини бозорро дар ихтиёр дорад, хостори бастани бозор шудааст.

Ба назар мерасад, ки талошҳои бастани ин бозор ё ба хотири ҷилваи сиёсӣ аст ё дасти зӯре дар доираҳои ҳукумати Русия аз фаъолияти ин бозор суд мебаранд. Зеро ҳар гоҳе ки манфиати Русия ба кишварҳои аз лиҳози таъмини муҳоҷирони меҳнатиашон ба кор вобаста ба ин кишвар печида мешавад, масъалаи баста шудани ин бозор пеш меояд ва ё ин қарта ба бозӣ медарояд. Ва боз созгор шудани манфиатҳои ин кишварҳо бо Русия "Черкизбозор"-ро аз дарбастан наҷот медиҳад.

Тибқи омори ғайрирасмӣ беш аз 15 ҳазор нафар муҳоҷирони тоҷик, ки дар ин бозор фаъолият мекунанд, имкон дорад, ки аз пайдо кардани луқмаи нон маҳрум шаванд. Онҳо ногузир ё ба ватан бояд баргарданд ё дар бунёди сохтмонҳои нав, ки пас аз бӯҳрони ҷаҳонии молӣ дар Русия аз сар гирифта шудааст, барои худ кор пайдо кунанд. Аммо маълум аст, ки кори сохтмон аз кори бозор ба куллӣ фарқ дорад ва ба маротиб сангинтар аст ва на ҳама бозориён аз ӯҳдаи иҷрои кор дар сохтмон мебароянд.

Тибқи иттилои расонаҳо, аксарияти тоҷикон дар ин бозор ба корҳои сиёҳ, аз ҷумла ҳаммолӣ (боркашонӣ), аробакашӣ ва роҳ¬рӯбӣ, ки аксарият иҷрои онро дар ватан ор медонанд, машғул ҳастанд. Аммо гуфта мешавад, шумори тоҷирони муваффақ, аз ҷумлаи тоҷикон низ дар ин бозор кам нест. Солҳои охир на танҳо тӯдаи азими ҷавонони бекор озими Русия шудаанд, балки нируҳои зеҳнӣ ё ба истилоҳ "мағзҳо" низ дар ҷустуҷӯйи маоши муносибтаре ба қасди Русия ватанро тарк кардаанд. Аммо бештари афроди маълумотдори тоҷик низ дар Русия ба корҳои сиёҳ машғуланд ва танҳо қисмати каме аз онҳо тавонистаанд бо ихтисоси худ дар Русия кор пайдо кунанд.

Барои мисол, Маҳмуди Шодӣ як гузоришгари радиои "Озодӣ" хабар медиҳад, ки "як олими физики тоҷик дар бозори Черкизи Маскав барои муҳоҷирин ош мепухтааст". Ҳамин гузоришгар меоварад: "Расулҷон Қандов, ки солҳои 80-ум Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст, мегӯяд, бисёр воқеъ шудааст, ки муҳандисону корфармоёни рус аз донишу маълумоти мутахассисони мо ангушти ҳайрат газидаанд. Вай аз як коре ёдовар шуд, ки давоми ду ҳафта барои пайдо кардани симҳои пайвасти хати барқ зери замин бо корфармоён заҳмат кашидаанд ва танҳо як мардикори тоҷик тавассути формулаи физикӣ сарбанди онро аз зери як гаражи мошин, ки нафаре он ҷо пайвастшавии ноқилҳоро гумон надошт, пайдо кард."

Ба ҳар сурат баста шудани Черкизбозор ва баргаштани муҳоҷирон он қадар фоҷиаи бузурге нест, ки расонаҳои хориҷӣ ва мухолифи давлати Тоҷикистон менигоранд, балки шояд сабаби бозгашти "мағзҳо" низ ба ватан хоҳад шуд. Ба хусус барои мардикорони солҳо овораву заҳматкашу аз оғӯши ватан дури тоҷик. Бо сарфи ниме аз он меҳнати сангину нангини сарзамини бегона дар ватан ними нону роҳати ҷон пайдо хоҳад шуд. Танҳо масъулини давлатӣ ва мансабдорони мӯҳтарами моро мебояд, як каме майна об кунанд ва ғами бо кор таъмин кардани ин мардони корҷӯро дар кишвари захираҳои обу биҳиштии Тоҷикистон биандешанд ва пайдо кунанд. Ин ҷо мерасем, ки мухаммасе бар оҳанги гурӯҳи "Ғарибшоҳ компании" дар зеҳн меояд:

Ҳамватанони азиз, соли наватон муборак!

Аробакашони "Черкиз", соли наватон муборак!

МУХАММАС:

Ҳамватанони азиз, хуш омадед ба Ватан!

"Аробакашони" "Черкиз", хуш омадед ба Ватан!


Д. УМАР
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97