"ТАЛОҚ" Ё ҶУДОӢ АЗ ТАЛКО на шонси авлавият, балки шонси бартар барои Тоҷикистон аст

Иқтисод 06.03.2009 14:39

Қазияи ТАЛКО гиреҳи мураккаби омилҳои айнӣ (объективӣ) ва беш аз ин гиреҳи омилҳои зеҳнӣ (субъективӣ) мебошад, ки нисбат ба он характер (чигунагӣ)-и бисёрҷониба доранд. Воқеияти вазъияти имрӯзаи пешомада дар Тоҷикистон, баёнгари он аст, ки "ҷудоӣ" аз ТАЛКО на шонси авлавият, балки шонси бартар барои Тоҷикистон мебошад.

Мунтаҳо ҳама суол такя бар ин дорад, ки бояд дақиқан мушаххас кард то ин "ҷудоӣ" "ЧӢ ГУНА, БА КӢ ва БА КАДОМ ШАРТҲО " ба амал оварда шавад.

Ман ин суолро "ғайриавлавият" мегӯям, зеро ҷудоӣ аз ҳар гуна дороӣ (моликият), ба хусус чунин моликияти стратегӣ, наметавонад дар авлавият қарор дошта бошад. Дар сурати мавҷуд будани шароити муайян (рушди иқтисодӣ, таъминоти молии кишвар, таъсирбахшии идораи давлатӣ ва риштаи вижаи саноат, ҳирфаӣ будани мутахассисон ва беасар кардани муносибатҳои фасод (ришвахорӣ) дар бахши мавриди назар ва ғайра) - ин бахш метавонад яке аз бахшҳои авлавиятнок ва воқеан судовар (даромаднок)-и иқтисодиёти кишвар бошад.

Бо дар назар гирифтани ҳолати воқеии истеҳсолот дар ТАЛКО, масрафи воқеии барқ ва захираҳо, имтиёзоти эҷодшаванда барои ТАЛКО, бештар маснӯъӣ (сохтакорона) будани нишондиҳандаҳои он ва ғаразҳои воқеӣ, ки баландмақомтарин маъмурини олирутбаи кишвар, бахшҳо ва ҳатто шарикони хориҷӣ барои давлат ва шаҳрвандони кишвар доранд, ҷудоӣ аз ТАЛКО ба дастони салоҳиятдор ва қобили эътимод шонси бартар мебошад.

Худи калимаи "ҷудоӣ" (отчуждение) мутазаммини ҳатман фурӯхтани он нест ва ин калима метавонад ба мазмунҳои гуногун фаҳмида шавад; бомуҳлат ё бемуҳлат, и?ораи дарозмуддат, дар асоси саҳмҳо ё бидуни он ва ғайра, ки музокирот ва қайду шартро дар шароити муайян тақозо мекунад.

Дар назар гирифтани омилҳо зарурати "ҷудоӣ" аз ТАЛКО-ро қоил аст. Дар ин кор "ҷанбаҳои мусбат" кам нестанд: а) амволи ғайриманқул (недвижимость) ашёи хом нест, онро ҳеч кас аз кишвар бардошта намебарад; б) "молик (соҳиб)"-и нав идора, зерсохтор (махсусан зерсохтори иҷтимоӣ) барои аҳолӣ, ҷойҳои кор ва мутобиқи пардохти меҳнат; в) танҳо даромади фурӯши нируи барқ ба "молик"-и нав аз рӯйи нархҳои бозаргонӣ ба ҳадди зиёд аз даромадҳои имрӯзаи ин муассиса ба буҷаи давлат афзун хоҳад буд; г) барои "молик"-и нав масъулиятҳои худаш хоҳад буд ва барои Тоҷикистон авлавиятҳои худӣ дар муносиботи маҳсулоти истеҳсолшаванда бо мутобиқат ба ҳуқуқҳои байналмилалӣ, ба вижа ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ; д) бо маблағҳои ворида мешавад кишварро, аз қабили бахши энержӣ обод кард, аз ҷумла Роғунро ва дар баробари ин ҳокимият(суверенитет)-и саноати энержӣ ва ғайра ҳифз мешавад.

Масъалаи боаҳаммият - ба кӣ "ҷудо кардан ё додан"? Ба назари ман, он наметавонад бошад: а) шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар ҳолати (вуҷуд доштани) сатҳи баланди ришвахорӣ ва ба хонаводае нисбат доштани ҳокимият - ин "ҷудоӣ" барои кишвар ҳалокатбор аст; б) кишвар дорои манофеи бевоситаи этносиёсӣ (нажодӣ-сиёсӣ) ва (ё) геосиёсист; кӣ бояд "харидор"-и муносибтарин дониста шавад? Он (харидор) бояд аз лиҳози молӣ тавонову бо ҳайсияту обрӯи баланди дурусткорӣ ва аз ҳама асоситар бетаассуб ва аз лиҳози сиёсӣ бетараф бошад. Ин ҳалли душвор, вале лозимии масъала ҳаст!


Раҳматилло Зойиров,
раиси ҲСДТ
©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97