МУЗОЯДА: «ТАЛКО»-РО ФУРӮШЕМ Ё НАФУРӮШЕМ?!

Иқтисод 19.02.2009 20:00

Муҳаммадсалом Махшулов,

ҷомеашинос:

Аз даст додани корхонаи бузурги Арзизи Точикистон барои иқтисоди кишвар ва мутаносибан равнақи худшиносии миллии тоҷикон фоҷиъаи воқеӣ хоҳад буд. Чаро? Зеро таърихи кишварҳои гуногун гувоҳ аст, ки аз даст додани истиқлоли иқтисодӣ воқеиятҳоеро аз қабили аз даст додани истиқлолияти миллӣ ба бор дорад.

Масалан, ба эътиқоди росихи инҷониб яке аз иллатҳои бурузи маҳалгароӣ дар байни тоҷикон дар даврони шӯравӣ ҳамин адами иқтисоди мутамарказ буд. Чун Тоҷикистон ба се минтақаи маъмурию иқтисодӣ – шимолӣ, марказӣ ва ҷанубӣ ҷудо шуда ҳар кадоме ба таври мустақим тобеъи Маскав буд. Дар ҳоле ки тамоми мутахассисини ҷомеъашинос бар он ақидаанд, ки барои ташаккули худшиносии як миллат вуҷуди иқтисоди мустақил, мунсаҷим ва якпорча аз заруритарини омилҳост.

Он афроде, ки ҷонибдори ба Русия ва ё кишвари дигаре вогузоштани Корхонаи Арзизи Тоҷикистон ҳастанд, бояд ҳадди ақал ҳаминро дар хотир дошта бошанд, ки ин корхона бузургтарин, асоситарин ва ҳассостарин воҳиди иқтисодии ҷумҳурӣ буда, аз даст додани он (ба чи хотире, ки набошад) маънои то ҳадди зиёде аз даст рафтани истиқлоли миллии кишварро дорад. Эҳсос мешавад, ки ин гуна афрод мехоҳанд худро дар чашми Русия ба истилоҳи тоҷикон «ширин созанд». Яъне ҳадафҳои номубораки сиёсӣ доранд. Барои чоплусӣ дар назди кишвари бегона манофеъи иқтисодӣ ва миллии Тоҷикистонро дар зери хатар гузоштан аз рӯи ҷавонмардӣ нест.

Тавлидоти ин корхона сирфан стратежӣ маҳсуб мешавад, кишварҳои зиёде ба он ниёз доранд ва ихтиёрдории ингуна тавлидотро бояд Тоҷикистон ба ҳеч ваҷҳ аз даст надиҳад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров,

иқтисодшинос:

Барои ин ки мо ба хулосае аниқ биёем, ки барои мо фурӯхтан ё нафурӯхтани ТАЛКО хуб аст ё бад, пеш аз ҳама ҳисобу китоб кардан даркор аст, ки ТАЛКО ҳоло ба буҷаи давлатӣ чӣ тавр суд медиҳад. ТАЛКО барои рушди шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои гирду атрофи Тоҷикистон чӣ медиҳад ва дар сурати фурӯхта шудан онҳо чӣ медиҳанд ва ба буҷаи давлат дар сурати нафурӯхтан чӣ суд аст ва дар сурати фурӯхтан чӣ фоида, ки ин як масъала аст. Чизи дигар ин аст, ки агар мо ТАЛКО-ро ба хориҷиён фурӯшем, онгоҳ имконияти дар атрофи ТАЛКО ба вуҷуд овардани корхонаҳои доир ба коркарди алюминиюми хом аз байн меравад, зеро соҳиби корхона хоҳад агар дар он кор мекунад, нахоҳад агар ҳамчун алюминиюми хом ба хориҷи кишвар онро мебарорад. Проблемаи асосӣ ҳамин аст. Агар ТАЛКО дар дасти давлат бошад ва агар аз тарафи давлат хуб идора карда шавад, дуздӣ, фасод набошад, онгоҳ албатта дар атрофи ТАЛКО корхонаҳоро сохтан хеле осон мешавад. Ин дар сурате ки агар ТАЛКО моли давлат бошад, агар моли давлат набошад, моли хориҷиён ё моли ҳатто ягон нафар шахсияти тоҷик бошад, ин корро хоҳад мекунад, нахоҳад намекунад. Хеле хуб мешуд агар ҳукумат аз хориҷи кишвар тавассути шартнома менеҷерҳои хеле варзидаро, ки доир ба техника ва иқтисодиёт дониши мукаммал доранд, даъват мекард ва сатҳи идоракунии корхонаро ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ месохт. Боз ҳам, корхона агар дар дасти давлат бошад ва сатҳи баланди илмии идоракунӣ дошта бошад, онгоҳ бунёди квастери азнавкоркунии маҳсулоти алюминий хеле осон мегардад. Дар ин ҳол чунин квастер дар ноҳияҳои Турсунзодаву Шаҳринав ва Ҳисор доман паҳн мекард ва боиси даҳҳо маротиба зиёд шудани арзиши умумии маҳсулоти аз арзиз тайёршуда мегардид. Дар ин маврид аз таҷрибаи туркҳо метавон пурсамар истифода кард.


©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97