Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

ПАЁМАДИ БӮҲРОНИ МОЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН: БЕКОРӢ, БЕПУЛӢ ВА ГУРУСНАГӢ

Иқтисод 26.12.2008 13:09

Андешаҳо атрофи сар задани бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва таъсири он ба иқтисоди Тоҷикистон гуногунанд. Қисме аз коршиносони мустақил бар онанд, ки бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон наметавонад таъсири назаррасе дошта бошад ва аксари дигар бошанд, андешаи мухолиф ба хулосаи авваларо доранд.

Ҳарчанд борҳост, ки раиси ҳукумати Тоҷикистон дар ҷаласаю вохӯриҳои расмию ғайрирасмӣ аз пешомад ва хатари бӯҳрони молиявӣ бар сари иқтисоди ҷумҳурӣ ҳарф занад ҳам, вале сохторҳои марбутаи расмӣ то ҳол маводеро роҷеъ ба пешгирии он расман эълон надоштаанд. Манзур ин аст, ки агар хатари сар задани бӯҳрони авҷгирифта бар сари иқтисоди Тоҷикистон пеш биёяд, он гоҳ кадом унсурҳои дифоъ аз онро бояд истифода бурд?!

Аслан сарчашмаи бӯҳрони молиявии сарзада ҳар хел шарҳ дода мешавад, вале як чиз муайян аст, ки дефитсит гардидани қоғази арзии ИМА- доллар дар худи Иёлоти Муттаҳида асосгузори он гардид. Яъне, доллар ҳам дар шакли кӯмак ва ҳам дар шакли қарз аз меъёри муайяншуда зиёд масраф шуд, вале суръати баргашташ хеле суст гардид. Ҳамин шуд, ки дефитсити доллар дар ИМА сар зад. Баъд аз ин, ИМА маҷбур шуд, ки ба муштариёнаш барои бозпас гардонидани маблағҳои додааш муроҷиат намояд.

Дар айни ҳол муштариён (масалан, бонкҳо ва марказҳои молиявӣ), маблағи гирифтаашонро ҳамчун қарз барои таъсиси корхона ва ё мушкилоти дигар (масалан, роҳандозии тиҷорат, сохтмон ва ғайра) равона сохтаанд ва онҳо имрӯз имкони баргардонидани қарзи гирифтаашонро надоранд, ба қавле, пули озоди аз гардиш фориғро надоранд. Вале чун манбаъҳои молиявии ИМА худ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор гирифтаанд, дар бозпас гирифтани маблағҳояшон наметавонанд дер интизорӣ бикашанд.

Амали мазкур маҷбур сохт, ки муштарӣ пули қарз гирифтаи дар гардиш будаашро бигирад. Ва ин ҳолат бонкҳо ва корхонаҳои бузурги истеҳсолиро ҳам баъди аз гардиш гирифтани маблағи зарурӣ дар ҳолати муфлисшавӣ қарор дод. Масалан, корхонаҳои истеҳсолӣ барои баргардонидани маблағи қарзгирифтаашон маҷбуранд, ки маҳсулоташонро ҳатто бар зарар фӯрушанду пардохти қарз намоянд. Аз тарафи дигар, бозор низ наметавонад фурӯши ҳама гуна маҳсулотро бардошт намояд; либоси тобистонаро дар замистон ва ё либоси замистонаро дар тобистон фӯрухтан хоси бозор нест ва ғайра.

Аслан дучори чунин бӯҳрони молиявӣ, пеш аз ҳама иқтисоди давлатҳое гардиданд, ки дорои корхонаҳои бузургу иқтисоди устуворанд. Ҳодисаи мазкур нишон дод, ки дар чунин ҳолат ҳам иқтисод дучори бӯҳрон мегардидааст. Дуруст аст, ки давлатҳои дигари ҳанӯз аз назари иқтисод рушднаёфта наметавонанд ба зудӣ бӯҳрони мавҷударо эҳсос намоянд (бахусус, давлатҳое, ки иқтисодашон хусусияти истеҳсолиро надоранд). Масалан, агар ҷараёни бӯҳрон ҳамин хел идома ёбад, иқтисоди Тоҷикистон метавонад онро дар ибтидои соли 2009 ба пуррагӣ дучор гардад. Алакай аксари бонкҳои маҳаллӣ аз додани қарз ба муштариёнаш ё худдорӣ намудаанд ва ё фоизи баргардонидани қарзҳоро хеле боло бардоштаанд. Ҳатто баъзе бонкҳо имрӯзҳо маблағи пардохти пули нақдиро ба муштариёнаш маҳдуд сохтаанд.

Омили асосии дигари муайянкунандаи вазъи бӯҳронӣ метавонад паст шудани суръати маблағгузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ гардад. Яъне, маблағгузорон наметавонанд маблағи зарурии пешбининамудаашонро саривақт пешкаш намоянд, чун худ маблағ надоранд. Омили навбатӣ, шумораи муҳоҷирони меҳнатии маҷбурӣ низ дар солҳои оянда метавонад хеле коҳиш ёбад. Чунки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ соҳибкасб нестанд ва ҷои кориро барои онҳо ширкатҳои бузурги сохтмонӣ барои иҷрои "корҳои сиёҳ" таъмин мекарданд. Вале, тавре зикр шуд, ширкатҳои сохтмонӣ имрӯз муфлисанд. Дар ин ҳолат шумораи эҳтиёҷмандон барои дарёфи ҷои корӣ дар бозори меҳнати дохила меафзояд. Табиист, ки ҷараёни ихтисори ҷои корӣ низ, дар корхонаҳои калону миёна дар дохили ҷумҳурӣ шурӯъ мегардад.

Ва ин раванд наметавонад масъулинро ором гузорад. Аз тарафи дигар, дар соҳаи кишоварзӣ- пахтакорӣ, ки гӯё имрӯз дастгири деҳқон гаштааст, дар ояндаи наздик метавонад на ба дарди соҳа ва на ба дарди пахтакор расад. Чунки корхонаҳои бузурги истеҳсоли маводи пахта фаъолияташонро қатъ менамоянд ва содироти ҳосили пахта ғайриимкон хоҳад шуд.

Дар ин ҳолат, корхонаҳои дохилии коркарди пахта ҳам метавонанд аз фаъолият бозмонанд, ки ин ҳам сабаби дигари афзудани шумораи бекорон дар бозори меҳнат мегардад. Ҳарчанд ҳолати мазкурро наметавон хушбин шуд, вале сар задани он ногузир аст…

Пас саволи маъмул пеш меояд: Чӣ бояд кард? Ҳолати ба вуқӯъ омада кишоварзро маҷбур месозад, ки ба шакли фаъолияти дигари соҳа- пурра ба кишти ғалла рӯ биёрад. Хуб мешавад, агар масъулини бахши иқтисод ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор бидиҳанд.

Набудани ҷои кор (бекорӣ) ҳолати бепулии аҳолиро тавлид мекунад, ки он метавонад дар навбати худ гуруснагиро дар ҷумҳурӣ эҷод намояд. Маҳз, ба роҳ мондани кишти ғалла дар заминҳои барои кишти пахта ҷудошуда яке аз роҳҳои раҳоӣ аз гуруснагӣ ва таъмини ҷои корӣ мешавад. Яъне, ин ҷараён метавонад тӯлонӣ нашавад, вале як-ду сол идома хоҳад ёфт.


Масъуд СОБИРОВ,
раиси ҲДТ
©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97