Рӯбоҳи қутбӣ бо паймудани 3500 км дар 76 рӯз донишмандонро дар ҳайрат гузошт

Илм ва фановарӣ 12.07.2019 11:27

Як рӯбоҳи қутбии мода бо тайи масире ба тӯли беш аз 3500 километр аз Норвегия то шимоли Канада дар арзи 76 рӯз донишмандонро ба ҳайрат гузоштааст.

Муҳаққиқони Маркази қутбии Норвегия, ки рӯбоҳро ба як радёбии моҳвораӣ муҷаҳҳаз карда буданд, мегӯянд, масире, ки ӯ аз зодгоҳаш то зистгоҳи нав паймудааст, яке аз тӯлонитарин масирҳои муҳоҷиратӣ аст, ки то кунун миёни гунаҳои ҷонварӣ сабт шудааст.

Мутобиқи маълумотҳо, ин рӯбоҳи қутбӣ дар рӯзи 26 марти 2018 ҷазираи Спитсберген дар шимоли Норвегияро тарк кардааст ва бо убур аз рӯйи яхҳои шиноварии Уқёнуси яхбастаи шимолӣ дувуним моҳ баъд ба Канада расидааст.

Euronews дар ин бора хабар дода, аз қавли яке аз муҳаққиқони ин муассиса овардааст, ки тими таҳқиқотӣ он чиро ба чашм медидаанд, бовар намекарданд.

Натиҷаҳои баррасии ҳаракати ин рӯбоҳ ба тозагӣ дар нашрияи «Таҳқиқоти қутбӣ» ба чоп расидааст.

Мутобиқи иттилооти расида аз радёбии моҳвораӣ, ин рӯбоҳ ба таври мутавассит рӯзе 46.3 километр роҳ рафтааст ва ончи аз ҳама тааҷҷуббарангезтар аст рекорди ин рӯбоҳ дар паймудани 155 километр танҳо дар як рӯз аст. Бо сабти ин мизон ҷо ба ҷоӣ, рекорди тӯлонитарин масири тайшуда тавассути ин гуна ҷонваре дар як рӯз шикаста шуд.

Оҳанги ҳаракати ин рӯбоҳи қутбӣ низ зудтарин оҳанги ҳаракатӣ аст, ки тавассути ин гуна ҷонваре сабт шудааст. 1,4 баробар бештар аз рекорди қаблӣ, ки тавассути як рӯбоҳи қутбии нар дар Аляска сабт шуда буд.

Аз он ҷое, ки дастгоҳи радёбии ин рӯбоҳи қутбӣ дар 6 феврал 2019 аз кор афтодааст, муҳаққиқон аз макони феълии ӯ бехабаранд.

Донишмандон мегӯянд, муҳоҷирати ин рӯбоҳи мода эҳтимолан бар асари тағйироти иқлимӣ ва бурузи камбуди манобеъ дар зистгоҳи пешин будааст. Омиле, ки боис шудааст то ин ҳайвон ба ҷустуҷӯи зистгоҳи нав рӯ оварад.

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97