Назарсанҷӣ

Шумо ба шаффофияти имтиҳоноти кадом яке аз ин марказҳо боварӣ доред?

Маркази миллии тестӣ - 51.8%
Маркази “Дурахшандагон” - 3.7%
“Россотрудничество” - 4.3%
Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (УЦА) - 22%
Филиали Донишгоҳи давлатии Москва (МГУ) - 4.9%
Дигар - 13.4%

Донишманди қурбони издивоҷ

Илм ва фановарӣ 02.05.2019 15:14

104 сол пеш дар ин рӯз Клара Иммервар (Gemeinfrei) дар Берлин даргузашт.

 Ҳар сол дар Олмон ду ҷоиза ба ёду номи ӯ ба пажӯҳишгарони кимиё эъто мешавад. Аз яҳудитборони олмонизбоне буд, ки дар мулки падарӣ дар наздикии Брислов дар ҷануб ғарби Полшаи кунунӣ зода шуд.

 Падараш коршиноси кимиё буд ва перомуни тавлиди коди кимиёӣ пажӯҳиш мекард ва ҳарчи дар тавон дошт барои омӯзиши олии духтараш дар риштаи кимиё анҷом дод.

 Огоҳии каме, ки аз рӯйи номаҳои ӯ аз зиндагии хусусиаш дар даст аст, ӯро дар оғоз инсони пуршӯр, шӯхтабъ, худогоҳ ва душмани сарсахти ҳаргуна ҷангу ситез нишон медиҳад.

 Ба дӯсте менависад:

 "Савганд мехӯрам, ки ҳаргиз чизе нагӯям ва нанависм, ки хилофи боварҳоям бошад ва ҳамеша бикушам дониш дар хидмати ҳақ ва ҳақиқат бошад ва инчунин каромати илмро нишон диҳам".

 30 сола буд, ки ба унвони нахустин зан дар императории Олмон зери назари устоди роҳнамояш Ричард Обиг дар риштаи кимиё бо рисолаи "Чигунагии ҳали маводи кимиёӣ дар филизот", ба унвони доктор мушарраф шуд. Кашфҳои ӯ имрӯз дар сохти бахшҳое аз моторҳои электрикӣ ба кор мераванд.

 Раиси донишгоҳи Брислов дар маросими дифоъи ӯ аз рисолааш гуфт:  «Умедворам ин кор боиси авҷгирии вуруди занон ба донишгоҳ нашавад, балки онҳо дар конуни гарми хонавода боқӣ бимонанд».

31 сола буд, ки ба ҳавои кор ва дарс дар Олмон бо устоди кимиё Фритз Ҳобир издивоҷ кард, вале ҳамсараш танҳо ба ӯ иҷоза дод, дар мактабҳо дар риштаи саноеъи ғизоӣ суханронӣ кунад ва дарс бидиҳад ва амалан ӯро хонанишин кард, то он ҷо, ки се бор ба иллати афсурдагӣ таҳти дармон қарор гирифт.

44 сола буд, ки миёни ӯ ва ҳамсараш нотифоқӣ авҷ гирифт: Фритз Ҳобир бо оғози ҷанги ҷаҳонии аввал, нахустин бомбаҳои кимиёиро барои олмониҳо сохт ва худ дар партоби онҳо дар ҷабҳаи ғарб ширкат кард ва ба хотири тавфиқ дар майдони корзор, дар хонаи худ ҷашн гирифт.

Ҳамсараш дар ҳузури меҳмонон бо ӯ бо дуруштӣ сухан гуфт ва фаъолияти илмии ӯро "ба ганд кашидани илм" хонд. Ў ҳамон шаб бо туфанг шавҳари худро аз пой дар овард.

Нависандаи олмонӣ Зобина Фредриш зиндагии ӯро ба сурати романе навиштааст  ва дар чанд шаҳри Олмон хиёбонҳое ба ёди ин зани донишманд номгузорӣ шудаанд.

 Клара Иммервар дар синни 44 солагӣ дар пойтахти Олмон даргузашт.

©2008 - 2019 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97