Интихобот

Илм ва фановарӣ 14.11.2014 14:45

 

Akademy 01Албатта чун даргаҳи илм аст, мардум ба ин мавзӯъ таваҷҷуҳи бештаре медиҳанд, андешаронӣ мекунанд. Баъзеҳо бим доранд, ки "интихобот"-бозиҳои зишти феврали соли 2008  боз такрор мешаваду илму маърифат бовариву муқаддасотро пурра аз даст медиҳад. Он замон ба гуфтаи бархе аз арбобони илм раёсати Академия баҳона пеш оварда буд, ки "интихобот" гӯё тибқи дастури боло сурат гирифта бошад. Дар асл як навъ бозиҳои нописанди "академикӣ" буд, ки яқин обрӯ, эътибор ва некномии аъзои Академияи илмҳо-овоздиҳандагонро зери шубҳа гузошт. Баъзеҳои дигар дар ақидае ҳастанд, ки дар кишвари ҳуқуқбунёди демократӣ "тарроҳӣ", фармонравоӣ ва фармонбарӣ дар илм ҷой надорад. Сониян умед аст, ки аъзои Академияи илмҳо ба иштибоҳ роҳ нахоҳанд дод ва аз адолату инсоф ҷонибдорӣ хоҳанд карду ба номзади сазовор овоз хоҳанд дод.

 

Боз кӣ медонад ?

 

P.S.: Кӣ лоиқи академикист?

 

 Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, ки мутобиқи банди 17-и Оинномаи АИ ҶТ ҷиҳати иштирок дар интихоботи аъзои пайваста (академикҳо)-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабони зерин ба қайд гирифта шудаанд:

 

 - Дар бахши Физика - Исмоилов Исроил бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти физика ва техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ ва Фарҳод Раҳимӣ бо пешниҳоди Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шӯрои олимони Институти физика ва техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ;

 

 - дар бахши Химия - Сафиев Ҳайдар бо пешниҳоди Шӯрои олимони  муассисаи давлатии "Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии  металлургия"-и КВД "ШАТ" ва Академикҳо: Ӯ. Мирсаидов, Д. Н. Почоҷонов, Ҷ. Х. Холиқов;

 

 - дар бахши Ботаника - Ҳисориев Ҳикмат бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ;

 

 - дар бахши Физиология ва биохимияи растанӣ - Абдуллоев Ҳамидҷон бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ; - Алиев Қурбон бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ ва Фелалиев Акрамшо Саидшоевич бо пешниҳоди Шӯрои олимони  Институти биологии Помир ба номи Х. Ю. Юсуфбекови  АИ ҶТ;

 

 -дар бахши Маданиятшиносӣ - Додихудоев Хаёлбек бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ; - Муллоаҳмад Мирзо бо пешниҳоди Шӯрои олимони Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ ва Турсунов Акбар бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ;

 

 - дар бахши Фалсафа - Муҳаммадхо-ҷаев Аҳмадҷон бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ; - Олимов Кароматулло бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ ва Шоисматуллоев Шоназар бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ;

 

 - дар бахши Филология - Имомов Маҳмаисуф Сайдалиевич бо пешниҳоди Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Назриев Ҷӯрабек бо пешниҳоди Шӯрои олимони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ.

 

"Миллат"

 

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97