"Масовизм" дар Институти таърихи Академияи улум

Илм ва фановарӣ 19.01.2013 08:44

Нақди иҷмолӣ бар бахше аз китоби ҷадиди: "История таджикского народа. Т. IV. Позднее средневековье и новое время. (XVI - 1917 г.). Под общей редакцией академика АН РТ Р.М. Масова. - Душанбе, 2010, 1124 с.)

MasovБузургон инсофро ҳифзи ҳаққи мардум гуфтаанд. Мурод аз риояти инсоф ин аст, ки ҳар фард дар афкор ва аъмолаш ба ҳеч офарида тазъйиқи ҳаққ накунад. Эҳтироми бандагони Худо аз муҳимтарин вазоифи ҳар мусалмон аст. Дар ҳадисе омадааст, ки ҳар кас ба назаре мардумро мебинад, ки мардумон низ ба он чашм ӯро менигаранд. Ба касоне, ки машғули илм ҳастанд, риояти шарти инсоф мисли шароити хӯрокифурӯшон аст. Барои олимон низ бадтарин сифоти беинсофӣ, ҳамоно тазъйиқ дар ҳаққи дигаре аст. Инсоф бояд дар ҳамаи соҳаи зиндагӣ риъоят гардад. Беинсофон бояд бидонанд, ки онон аз ҳама чиз маҳрум хоҳанд шуд.

Бахши аввал: Олим ҳам инсофро бояд риъоят фармояд!

Соли 2010 ҷилди чаҳоруми китоби "Таърихи мардуми тоҷик" зери назари академик Р. М. Масов ба забони русӣ ба теъдоди 1000 нусха ба табъ расид. Дар пешгуфтори ин асари ҷомеъ таъкиди махсусе бар арзиши вежаи илмии он шуда. Воқеъият ин аст, ки аҳамияти ҳамаи бахшҳои он яксон нест. Бе шакк, нақду баррасиҳои комилан илмии ин асари бузургҳаҷм ҳанӯз дар пеш аст. Ва аммо ин навиштор, нигоҳи интиқодии иҷмолиест бар матолиби баъзе аз бахшҳои китоби ёдшуда, вале асосан бар муҳтавои фаслҳои аввал ва дувуми он аст.

Аз унвони китоб ошкор аст, ки он таърихи мардуми тоҷикро аз садаи 16 то соли 1917 дарбар дорад. Тафовути куллӣ ва ҷузъии чопи ин китоби таърихи халқи тоҷик аз чопҳои қаблӣ, чӣ аз назари фаслбандӣ ва чӣ аз назари муҳтавои илмӣ қобили мушоҳида аст. Дар ҷиҳати беҳтар ва илмитар шудани муҳтавои китоби мавриди назар заҳамоти қобили таваҷҷуҳе ба харҷ рафтааст.

Аммо барои ба даст овардани натиҷаи бокайфияти илмӣ, беҳтар мебуд муҳтавои китоби мавриди назарро дар ду ҷилди аз ҳам ҷудо ироа шавад. Муҳтавои чаҳор фасли аввал, аз назари тақсимбандии мароҳили таърих, худ мавзуъи ҷудо ва дар муқоиса бо мароҳили баъдӣ аз вежагиҳое бархӯрдор аст. Ба сухани дигар, таърихи асри XVI - нимаи аввали қарни XIX марҳилаи хосест дар таърихи сиёсӣ ва иҷтимоъии Осиёи Марказӣ.

Фасли аввали китоб, ки бар пояи рисолаи дуктурӣ ва таҳқиқи тахассусии д-р Ҳамза Камол тадвин шудааст. Мавзуъоте чун; ҳамалоти қабоили турку муғул ба Мовароуннаҳр ва таъсиси ҳукумати Шайбониён (баҳсҳои тасарруфи Самарқанд, қиёми зидди шайбониён дар Самарқанд, юриши Шайбонихон ба Хуросон, забти Ҳирот, юриши Шайбонихон ба Дашти Қипҷоқ, зиддиятҳо миёни Муҳаммад Шайбонихон ва Исмоили Сафавӣ барои Хуросон, иттиҳоди Мирзо Бобур бо шоҳ Исмоили Сафавӣ барои тасарруфи Мовароуннаҳр ва ғ. С. 30 - 54); таърихи сиёсӣ ва низомии Мовароуннаҳр пас аз марги Муҳаммад Шайбонихон (с. 54 - 64), бар пояи ҷадидтарин иттилооти манобеъи дасти аввал матраҳ шудаанд. Дар маҷмуъ, баҳсҳоеро, ки муаллифи ин фасл аз китоб ироа кардааст, метавон яке аз муваффақтарин бахши китоби мавориди назар маҳсуб кард. Ҳамчунин, вазъи ҳукуматҳои маҳаллии Бухорои Шарқӣ ва Помир (Ҳисор, Помир, Дарвоз, Шуғнон, Рӯшон, Вахон ва ғ. ) низ дар муқоиса бо чопҳои қаблӣ беҳтар ва то ба ҳадде аз диди ҷадид матраҳ шудаанд.

Аммо арзиши илмии баррасиҳое, чун; сохтори идории давлати Шайбониён; авзоъи иҷтимоъӣ ва иқтисодии Мовароуннаҳр (иқтисод, кишоварзӣ, анвоъи заминдорӣ, молиёт ва маҷбуриятҳои феодалӣ, пешаварӣ ва ғ.) дар сатҳи ситоиш наметавонад бошад. Тафсири мавзуъоти фавқ, асосан, бо иттилооти илмии солҳои 40 - 60 қарни гузашта маҳдуд шуда ва муаллифи ин бахш аз истифодаи ҷадидтарин дастовардҳои макотиби шарқшиносии урупоӣ ва иттилооти илмӣ-пажуҳишии кишварҳои собиқ шӯравӣ комилан бебаҳра аст. Кофӣ аст, аз ин назар фақат ва фақат як маврид зикр шавад. Чунончӣ, дар ироаи масоили марбут ба сохтори идории давлат Шайбониён, бахусус дар шарҳи авзоъи иқтисодӣ (муносиботи арзӣ, сиёсати молиётӣ ва ғ.), силсилаи таҳқиқоти тахассусии мутахассиси дараҷаи аввали собиқ шӯравӣ проф. М. А. Абдураҳимов ба дурустӣ истифода нашуда ва муаллиф ҳозир нест, ҳадди ақал назароти ин муҳаққиқро дар заминаи фавқ мавриди нақд ва баррасӣ қарор бидиҳад. Гузашта аз ин, ахиран, таҳқиқоти муҳим ва арзандаи илмӣ дар робита бо масоили таърихи иҷтимоъӣ ва иқтисодии Осиёи Марказии қуруни миёна аз тарафи муҳаққиқин ва мусташриқин ироа шудаанд. Иттифоқан, нақду баррасии ин навъ аз таҳқиқот худ метавонад (аз диди историографӣ ва татбиқӣ) мавзуъи ҷудогонаи илмӣ-пажуҳишӣ бошад.

Мушкилоти аслии муаррихини тоҷик, аз ҷумла, коршиносоне, ки машғули таҳқиқи таърихи асрҳои миёнаанд, ба маънии аслӣ мутахассис бар масоили таърих нестанд ва ғолибан онон мутахассис бар пояи бар адабиёт шудаанд. Надонистани "забонҳои илмӣ" ва адами огоҳӣ аз масъалаи таърихнигории (историографияи) мавзуъ) мушкилоти дигари муаррихини имрӯз аст. Бад-ин сабаб аст, ки ташреҳоти ироашудаи мутахассисини "академикӣ" камрангу заифтар аз тафсироти муаррихини даҳаи 70 -и қарни гузашта ба назар мерасанд. Интиқоли иттилооти таърихӣ, ба ҳеч ваҷҳ таҳлили илмӣ нест. Дар илми таърих тафсир муҳим аст, на баёни ҳаводис! Ин дар ҳоле аст, ки дар фасли мазбури ин китоб баёни ҳаводис беш аз натоиҷи таҳлилаш аст.

Мавзуъоте ҳам ҳаст, ки дар ин асари ҷомеъи академикӣ ба кулл матраҳ нашудаанд. Танҳо бар асоси матолиби фасли аввал метавон гуфт, ки таърихи иҷтимоъии мардуми тоҷик дар сафаҳоти ҳамин китоб бисёр мазлум қарор гирифтааст. Чунончӣ, маълум аст, нақши ақвоми мазлуми таърих дар шӯришҳои зидди ҳукуматӣ беҳтару бештар ошкор мешавад. Аз ин назар, ҷойгоҳи мардуми тоҷик дар шӯришҳои зидди ҳукуматӣ ва равишҳои муборизоти қишрҳои иҷтимоъии он рӯзгор алайҳи ҳукуматҳои Темуриён ва Шайбониён бисёр тира аст. Дигар, аз мавзуъоте, ки бояд ба шоистагӣ мавриди таваҷҷуҳи муаррихин қарор мегирифт, масоили марбут ба авзоъи динӣ ва мазҳабии Мовароуннаҳр ва Хуросон аст. Агарчӣ, дар ин китоб бахши кӯчаке ба масоили адён (динҳо) ихтисос дода шудааст, вале дар маҷмуъ онро посухгӯи ниёзҳои мутахассисин ва алоқамандони таърихи миллӣ наметавон гуфт, чаро ки тафсир ва ё беҳтар бигӯем баёни ин бахш аз маҳдудаи таърихнигории замони шӯравӣ фаротар нарафтааст.

Бахшҳои марбут ба улум, маориф, меъморӣ, адабиёт, мусиқӣ (С.112 - 157), дар навъи худ ҷамъбасти навиштаҳои мутахассисон ва коршиносони қаблӣ аст. Вале бо ин вуҷуд, дар ин қисмат низ муҳимтарин дастовардҳои илмии муосир мавриди таваҷҷуҳи муаллифон қарор нагирифтааст. Чунончӣ, зикри номи мунаҷҷим, риёзидон ва фақеҳи маъруф Абдулалии Бирҷандӣ худ нишонаи адами таваҷҷуҳи муаллифон бар масоили таърихи улуми он рӯзгор метавонад бошад. Ҳамчунин кӯтоҳӣ дар бахшҳои дигари улум ва адабиёт қобили мушоҳида аст. Аммо дар ниҳоят, ин бахш, аз назари муҳтавои илмӣ, беҳтар аз бахшҳои дигари фасли мазбур аст.

Фасли дувуми китоб "Мардуми тоҷик дар асри XVII - нимаи аввали асри XVIII" ном дорад ва дар он масоиле, чун; авзоъи сиёсӣ дар Бухорои асри XVII, ислоҳоти пулии соли 1708, суқути ҳукумати Ҷониён, сохтори идории хонии Бухоро, авзоъи иҷтимоъӣ ва иқтисодии кишвар дар асрҳои XVII ва нимаи аввали XVIII (обёрӣ, кишоварзӣ, анвоъи заминдорӣ, молиёт ва маҷбуриятҳои феодалӣ ) ва ғ. мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Аммо арзиши ин фасл аз бахшҳои қаблӣ мутафовит аст. Чунончӣ, дар бахше, ки "Анвоъи заминдории феодалӣ. Молиёт ва маҷбуриятҳо" ном дорад (С. 212 - 223), матолиби муфассали ба зоҳир ҷадиди илмӣ ироа шудааст, ки дар маҷмуъ, онро наметавон натоиҷи таҳқиқи шахсии муаллиф баршумурд. Бидуни ирҷоъ калима ба калима овардани навиштаҳои муҳаққиқини собиқ шӯравӣ аз вежагиҳои номатлуби ин бахш маҳсуб мешавад. Барои тақвияти сухан, фақат ду мавридро ба унвони мисол меоварем. Чунончӣ, профессор И. П. Петрушевский дар китоби маъруфаш ним қарн пеш роҷеъ ба вежагиҳои арозии девонӣ ва нақши давлат дар таъйини сиёсати арзӣ навишта буд:

"Государственная собственность на землю араз-йи дивани соединилась с общинным и мельким частным, т. е. крестьянским парцеллярным, землепользованием. Государство на подобных землях выступало в качестве непосредственного эклсплуататора крестьян, как входивших в состав сельских общин, так и выделившихся из них, и эсплуатировало их при посредстве государственного аппарата - чиновников финансового ведомства." (Петрушевский И. П. Петрушевский И. П. Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII - XIV вв. - М., 1960, - С. 235 - 236).

Ҳамин матлаб, бидуни ин ки аз тарафи муҳаққиқ ва мутахассиси таърихи Академия улуми Тоҷикистон афзуда ва ё такмил шавад, дар китоби "Таърихи мардуми тоҷик" (С. 213) омадааст. Чунончӣ, муқоиса шавад:

"Государственная собственность на землю араз-йи дивани соединилась с общинным и мельким частным, т. е. крестьянским парцеллярным, землепользованием. Государство на подобных землях выступало в качестве непосредственного эклсплуататора крестьян, как входивших в состав сельских общин, так и выделившихся из них, и эсплуатировало их при посредстве государственного аппарата - чиновников финансового ведомства."

Аммо дар сафаҳоти китоби "Таърихи мардуми тоҷик" ҷонкоҳтарин осеб бар ҷону руҳу андешаҳои муҳаққиқ ва шарқшиноси узбакистонӣ доктори илмҳои таърих М. А. Абдураҳимов фурӯ омадааст. Муаллифи фасли дувуми китоби нави "Таърихи мардуми тоҷик", бидуни ин ки ҳатто як бор ҳам ба таҳқиқи арзишманди ин муаррих ва шарқшиноси жарфнигар ирҷоъ, бидиҳад, ҳамаро ба наҳви ношоиста моли худ карда ва бо камоли итминон мушоҳидоти илмии А. М. Абдураҳимовро ба унвони натоиҷи ковишҳои "илмӣ"-и хеш матраҳ кардааст. Дар ҷиҳати тақвияти ин иддаъо намунае аз навиштаҳои ҳар ду муаллиф ироа мешавад. Чунончӣ, равишҳои тавсеъаи заминҳои обёрӣ дар вилоёти Мовароуннаҳри асрҳои миёна дар китоби профессор М. А. Абдураҳимов ба ин навъ ташреҳ шудааст:

"Расширение площади орошаемых земель производилось исключительно путем поднятия уровня воды в реке или протоке с помощью дамб, которые издревле сооружались различными способами, в зависимости от характера течения, от возможности заготовки устойчивого строительного материала. На мельководных горных реках незаменимым материалом служили скатившиеся вниз камни, из которых с помощью редких рядов деревянных устоев воздвигали плотины. " (Т. 1, С. 274 - 275).

Муаллифи ин бахш дар китоби "Таърихи халқи тоҷик" бо иваз кардани як калима менависад:

"Распределение площадей орошаемых земель производилось путем поднятия уровня воды в реке или протоке с помощью дамб, которые сооружались различными способами, в зависимости от характера течения, от возможности заготовки устойчивого строительного материала. На мельководных горных реках незаменимым материалом служили скатившиеся вниз камни, из которых с помощью редких рядов деревянных устоев воздвигали плотины." (С. 207). Иншоаллоҳ, баҳси муфассали ин мавзуъ дар нақди комилан илмӣ дар яке аз нашрияҳои илмии русӣ хоҳад омад, вале он чӣ, бояд дар ин навиштор тазаккур шавад, ин аст, ки иқтибосҳои бидуни ирҷоъ дар "муҳимтарин" китоби таърихи миллӣ фаровон ба чашм мехӯранд, ки ба ҳеч ваҷҳ дар хӯри эътибори Академия нахоҳад буд!

Бахши дувум: Қазияи ҳимояти илм ва "равиши ҷадиди илмӣ"

Яке аз муҳимтарин масъулиятҳои донишмандон ҳифзи арзишҳои ахлоқӣ ва эътибори илми миллӣ аст. Афкор ва андешаҳои олим ойинаи шахсияташ аст. Бояд бипазирам, ки иллати таҳвили навиштаи интиқодӣ ба номи академик Р. Масов низ ба хотири ҷулӯгирӣ аз равишҳои номатлуб дар илм ва ҳифзи шаъни таълифоти ба истилоҳ "ҷомеъ" ва "миллӣ" буд. Аммо ҳомӣ ва муҳаррири аслии китоби ҷомеъи "Таърихи халқи тоҷик" донишманди маъруфи мо академик Р. Масов дар номаи хеш (аз таърихи 04. 12. соли 2012, зери № 34003/ 23 - 204), ки ба номи директори Институти иқтисодиёт ва демографии АИ ҶТ оқои д-р О. Бобоев ирсол намудааш, ҳозир нашудааст интиқоди мунсифонаи маро бипазирад. Шигифтовар аз ҳама, эшон сирқати (дуздии) матни илмиро як амали маъмулӣ пиндошта ва сареҳан ба илмӣ будани ин навъ равиш таъкид мефармояд: Чунончӣ, дар навиштаи академик омадааст:

"Дар бораи иқтибос наовардан аз М. Абдураимов бояд гуфт, ки Х. 25 маврид аз иқтибосро аз Петрушевский И. П., А. А. Семенов, О. Д. Чехович ва дигарон, ки қаблан аз М. А. Абдураимов ин мавзӯъро баррасӣ кардаанд, ба тариқи иқтибоси озод (!) номи муаллифони мезкурро ишора намудааст. Инчунин муаллиф дар баъзе мавридҳо ба санадҳои ҳуқуқии марбут ба қозиёт (?) ва маъхазҳои хаттӣ такя карда (?) иқтибос овардааст. Ин далел (!) бар он аст, ки дар иқтибосҳои Х. оварда на танҳо нишоне (!) аз плагиат вуҷуд надорад (!), балки муаллифи боби мазбур ба муаллифони асарҳои илмии таълифшуда пеш аз асари М. А. Абдураҳимов арҷгузорӣ(?!) намудааст. Бояд гуфт, ки М. А. Абдураимов дар таълифи китоби худ ба ин олимон такя (!) кардааст. Аз ин рӯ, Х. услуби услуби нигориши илмиро (!) риоя карда, маҳз аз муаллифони пешин иқтибос кардааст. Дар ду мавриди дигар (!) низ ҳамин услуб (!) риоят шудааст. Аз ин гуфтаҳо (!) ба чунин хулоса меоем (!), ки Х. дар навиштани ин боб тамоми талаботи илмиро риоят намудааст."

Нахуст. "Иқтибоси озод"-и муаллифи бахши мазбур аз таълифи М. А. Абдураҳимов, на 25 маврид, балки беш аз 60 маврид, он ҳам фақат ва фақат дар бахши масоили муносиботи арзӣ аст! Ин дар ҳолест, ки бахшҳои дигари фасли мазбури китоб ва низ рисолаи дуктурӣ ва таҳқиқи монографии муаллифи мазбур аз назари интиқодӣ ва татбиқӣ ҳанӯз мавриди баррасӣ қарор нагирифтаанд(!)

Дувум, агар гуфтаҳои ҳомии таҳқиқро бо ин чӣ, ки дар кори татбиқии ин ҷониб омадааст, муқоиса кунем, хоҳем дид, ки донишманди барҷастаи миллии мо, на танҳо амдан инкори усули маърифат мекунад, балки дифоъ аз равиши номуносиби илмӣ менамояд. Ин муаллими бонуфузи муаррихони ҷумҳурӣ фаромӯш карда, ки "инсоф дар нафс монанди адл дар амр аст." Ба назари ин раис, муҳаққиқоне, ки тамоми матолиб ва андешаи илмии нафареро ҳарф ба ҳарф ва бидуни ин ки ирҷоъот ба номи худ кунад дузд (плагиат) нестанд, балки онон "иқтибоси озод" мекунанд(!).

Аҷаб равиши "муҳиму ҷадид" барои муаррихони миллӣ аз тарафи академики улуми таърих ироа шуда! Ин "диди олимона"-ро академик Р. Масов фақат дар номаи шахсаш (аз идора ба идора, аз раис ба раис, он ҳам дар маҳдудаи Академия) метавонад бинависад, вале ҷуръати эъломи дурустии ҳамчунин "равиш"-ро бо таълифоти хеш дар нашрияҳои илмии дохил ва хориҷ аз кишвар ба ҳеч ваҷҳ надорад! Ҳамакнун, собит кардани ин ки Хуршед дар гирди Замин мечархад камоли беақлист!

Воқеъан, агар ин усули ҷадиди "масовизм" дар илми таърихнигорӣ дуруст аст, пас биёед, аз ин ба баъд аз китобҳое, ки 50 - 70 сол қабл навишта шудаанд, бахш ба бахш рӯнавис кунем ва баъди чопаш онро кашфиёти комилан ҷадиди илмии хеш биномем ва ба ниёзмандони дониш бигӯем, ки навиштаҳои муаллифони аслӣ "куҳна" шуда ва мо онҳоро "нав" кардем, чун гузаштагон мисли мо нагуфтаанд! Оё бо равишҳои дурӯғин ҳарфҳои рост метавон офарид?

Севум, академики номвар Р. Масов бо хӯи "ҳақиқатгӯӣ"-и хеш таҳаммули шунидани ҳарфи ҳаққро аз дигарон надорад, вай бо камоли худхоҳӣ дифоъ аз ҷурм мекунад ва амали пешомадаро амдан "иқтибоси озод" меномад! Бо ҳидояти хеш ҳодии илми миллии имрӯз ҷурми "муаллифи худӣ"-ро бартар аз "ҳақиқатгӯии муаллифони бегона" медонад, вале фардои ин "ҳиммату дифоъро" намехоҳад бияндешад. Он гоҳ, ки ин сарвари илм дар гуфтаҳояш такя бар "санадҳои ҳуқуқии марбут ба қозиёт (?) ва маъхазҳои хаттӣ" менамояд, заррае бар сари андешаҳояш намеандешад, ки агар имрӯз ҷулӯи ҳар навъ равишҳои номуносиби илмӣ гирифта нашавад, шакк нест, фардо осор ва навиштаҳои худи Р. Масов мавриди "иқтибосҳои озод"-и муаллифини оянда қарор хоҳад гирифт.

Агар муҳаққиқини варзидаи Академия(!) ва гузашта аз ин, афроде аз масъулини ҷилди мазбури таърихномаи ҷомеъи миллӣ (!) муҳимтарин андешаҳои илмии дигаронро аз номи хеш ироа намоянд, пас дар рисолаҳои докторӣ ва таҳқиқоти монографии аз ин радиф муҳаққиқин ва муаррихини Академия, ки ғолибан бар пояи равобит ва завобитҳо сохта мешаванд, чӣ андешаҳое аз муаллифони собиқ ба "яғмо" рафта бошанд? Шакк нест, баҳси нақд ва баррасии рисолаҳои дуктурие, ки ахиран, дар Институти таърих аз назари интиқодӣ ва усули татбиқӣ худ мавзуъи ҷудову муфассалест, Аммо он чӣ, бояд гуфта шавад ин аст, ки вазъи пешомада нигаронии мутахассисинро бар "таҳқиқоти баландпоя"-и Институти таърихи Академияи Улум бештар хоҳад кард!

Он чӣ бояд гуфта шавад, ин аст, ки амри инкори адл тавассути "ҳомии улуми таърих", дақиқан, таҷаллии сиёсати худкомагии Институти таърихи Академия дар умури илм метавонад бошад. Чӣ гуна метавон бовар кард, ки корҳои нопухтаву сатҳӣ зери назари нухбагони илм ба унвони бахше аз "дастовардҳои илмӣ" ва "истикшофоти таърихӣ" ба чоп мерасанд? Ин дар ҳолест, ки мутахассисин ҳанӯз диди интқодӣ бар муҳтавои китоби мавриди назар изҳори назар накардаанд!

Қазовати бидуни инсоф чеҳраи дигари амри ғайри одилона аст. Илм ҳам дар шаъни худ бояд ахлоқӣ бошад! Бо андешаҳои хатои куҳна, наметавон кохи ҷадиди маънавиёт сохт. Чунин ба назар мерасад, ки Раёсати Институти таърих дигар тавони ҳидояти илмро дар ҷиҳати эҷод ва тақвияти тафаккури комилан илмии ҷомеаи тоҷикон надорад ва беҳтар он аст, ки фазои илмӣ дар ин сарои илм иваз гардад!

Луқмон Бойматов

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97