Лаптоп ё рӯзону мефурӯшам!

Илм ва фановарӣ 11.11.2011 10:25

Princess_Farinaz_3Лаптопи Сони Вайо рӯи зонуҳоям эълон мекунам: Ҳамин лаптопамро (аз имрӯз ва ба баъд - рузону) мефурӯшам. Ҷиддӣ мегӯям. Ҳард драйваш 320 гигабайт аст, хотирааш 4 ГБ. Протсессораш Интел Кор Ай Се мебошад. Веб-кам табиист, ки дорад. Виндовз 7-и он расмӣ ва муҷаввиздор аст, ҳамчуноне ки Офис-2010-и он.

Рӯзонуи ман беҳтарин аст!

Чаро рӯи исми рӯзонуям (лаптопам) таъкид кардам? Чунки дар олами рӯзонуҳо (лаптопҳо) брэнди рақами аввал аст. Ҳар боре ҳам ҳар ҷойе ҳам ба ҳар фурӯшгоҳи роёнаҳо ворид шавам, ба рафи рузонуҳои (лаптопҳои) ҳамин ширкат меравам. Чаро рӯи расмият ва муҷаввиздории барномаҳояш таъкид кардам? Чунки бозори роёнаҳои Тоҷистон пур аз барномаҳои қалбакист. Чаро бозори роёнаҳои Тоҷикистон пур аз барномаҳои қалбакист? Чунки арзиши барномаҳои муҷаввиздор ба андозае гаронанд, ки дар баъзе ҳолат то ба 20-30 дарсади нархи роёна ҳам баробаранд. Ҳамон Виндовз 7-ро, ки дар ҳоли ҳозир охирин маҳсули ақлу ранҷи садҳо барномасози зердасти Билл Гейтс аст, фурӯшгоҳи маъруфи амрикоии БестБай 199 доллару 99 сент (қимати бидуни андоз) мефурӯшад. Ҳамон фурӯшгоҳ бастаи барномаҳои Майкрософт Офис-2010-ро аз 150 доллар арзонтар намекунад. Ана ҳамин хел.

Бозори тундрави роёна

Ана ҳамин хел, бозори роёнаву барномаҳои роёнаӣ бо чунон суръате пеш меравад, ки гӯӣ, барномасозони ширкатҳо на шаб хоб мераванду на рӯз ва 25 соат дар шабонарӯз ба ихтироъи навгониҳо машғуланд.

Нахустин растаи ин бозор ҳанӯз дар соли... тасаввур мекунед, дар соли 1642 аз ҷониби як ҷавонаки 19-солаи фаронсавӣ бо номи Паскал гузошта шуд. Албатта, он чизе, ки месйе Паскал ихтироъ карда буд, аз он чизе, ки ҳоло рӯи зонуҳои ман қарор дорад, садҳо ҳазор фарсаху садҳо ҳазор километр дур аст, аммо ҷадди нахустинаш ҳамонро мешуморанд, ки ҳамонро. Он ҷавонаки фаронсавӣ таҷҳизоти ҳисоббарории худро сохту фурӯхт, беҳтар карду фурӯхт, ва чанд садсолаи дигар ба кундӣ нафаре пайдо мешуду мошинаи дигареро месохту ба бозор мебаровард.

Ин ҳама карру фарри роёнаҳо танҳо дар сад соли ахир пайдо шуданд - аз ҳаҷми як хона то ба андозаи киса хурд шуданд, ҳазорҳо барномаи гуногун сохтаву рехта шуданд, ба андозае "боақл" шуданд, ки аксари корро дар аксари соҳаҳои фаъолияти инсон бар дӯши худ гирифтанд - дигар танҳо як нафар кофист, ки тугмаҳоро пахш кунад - коре, ки онро низ дар чанд даҳсолаи баъд инсон аз даст хоҳад дод.

Мушак, мушак...

opticheskaya-mishkaМушак, ки бидуни он шахсан ман ба душворӣ кор мекунам, дар соли 1963 ихтироъ шуд. Панҷ соли баъдаш ширкати Интел таъсис гардид, ки ҳамин протсессори рузонуи (лаптопи) манро сохтааст. Соли 1975 як нафаре бо номи Билл ширкати Майкрософтро таъсис дод ва он замон шояд ҳатто тасаввур намекард, ки ин ширкат чӣ ганҷи қоруние барояш меорад. Ҳамон Майкрософте, ки Виндовз ҳафти ман ва Офис-2010-и ман ҳам аз ӯст. Як соли баъдаш як дӯстдори себ бо номи Стив ибни Абдулфаттоҳ (ҳамоне, ки чанд рӯз қабл даргузашт ва бо ман ҳеҷ пайвандие надорад, балки писари як шомист-муаллиф) ширкати маъруфи Аплро таъсис дод - ҳамонеро, ки ба ҷузъ роёнаҳояш ҳама маҳсулоти дигарашро хеле дӯст ҳам медорам. Сӣ соли пеш нахустин си-диро ихтироъ карданд, се соли баъдаш аввалан барномаи матннависӣ - Вордро навиштанд. Нахустин Виндовз соли 1985 пайдо шуд. Ҳафтумин ва дар ҳоли ҳозир навтарин Виндовз дар соли 2009. Дар соли 2012 Виндовз ваъдаи Виндовз ҳаштро додаанд. Бар иловаи низоми роёнаии Виндовз албатта боз дигарҳо ҳам ҳастанд, дигарҳое, ки ҷузъ акаи Мак кам харидоре доранд.

Майкрософт

Дар бораи онҳое, ки як бурида нони акаи Биллро аз даҳонаш кашида мегиранд, дар шумораҳои баъдӣ сӯҳбат хоҳем кард, вале ин ҷо пас аз муқаддимаи тӯлонӣ доир ба ширкате, ки маҳсулоташ дар оғози замонаи роёнаҳо бозоргиртарин буд, ҳарф мезанем. Майкрософт. Гуфтем, ки соли 1975 таъсис шуд, замоне ки донишҷӯи Донишгоҳи Ҳарвард Билл Гейст бо дӯсти ҳамсабақаш мақолаеро оид ба як роёнае дар як маҷаллае хонданду барои ҳамон роёна як барномаҳаке навиштанд.

Аз он рӯз то имрӯз олами фанновариҳо то ба авҷи Сурайё ҷаҳид. Майкрософт низ. Имрӯз ширкат сарфи назар, ки аз ҳар тараф аз гулӯяш медоранд, ҷойи аввал дар феҳрасҳои гуногунро аз даст доданӣ нест. Навад ҳазор корманд дорад. Дар соли 2010 қариб 63 миллиард гардиш доштааст. Маъруфтарин маҳсулоташ ҳам низоми роёнаии Виндовз, бастаи барномаҳои Офис ва браузери Эксплорер мебошад. Боз бозиҳои ИксБокс мебарорад, соли 1997 ширкати маъруфи пайғомнавис - Ҳотмайлро хариду барномаи пайғомҳои сареъ - Мессенҷерро роҳандозӣ намуд. Ҳамин чанде пеш маъруфтарин ширкати гуфтугуҳои телефонии интернетӣ - Скайпро низ ба коми худ кашид.

Низоми роёнаии Виндовзаш, ки асосан бо протсессорҳои Интел кор мекунад, ҳанӯзам рақами аввал аст. Нахустинашро, ки хеле сода буд, соли 1985 роҳ андохт. Виндовзи саввумаш, ки соли 1992 рӯи кор омад, аллакай аксҳоро нишон медод. Баъдан, Виндовзи 95 пайдо шуд. Соли 1998 ин рақам каме афзуд - Виндовзи 98 гардид, ки ҳанӯзам (!) корбурд дорад. Дар ҳамон шабу рӯзҳо Майкрософт барои телефонҳои ҳармоҳ низ барномаҳо месохт. Нахустинаш ҳам Ҳандҳелд буд. Дар оғози садаи нав барои мобилҳо Покет ПС 2000 ва Покет ПС 2002-ро бароварду, барои роёнаҳо Виндовз 2000-ро. То ҳанӯзам дар корхонаҳои азиме, аз ҷумла, дар Ғарб (!) Виндовз 2000 сари кор аст, чунки харидории барномаҳои нав маблағҳои ҳангуфтеро талаб мекунад. Чун чандин иштибоҳу камбудиҳои ин барнома ошкор шуд, аллакай як соли баъдаш Виндовз ИксПи (тахфиф аз вожаи инглисии икспириенс, яъне таҷриба-муаллиф) рӯи кор омад. Навгониҳояш ҳам хеле зиёданд, вале агар Шумо ҳанӯзам ҳамин низомро доред ва чун ба мушкиле гирифтор шудед, бидонед, ки хидматрасонии ин низомро ширкат сар аз соли 2014 пурра қатъ хоҳад кард.

Насли баъдӣ Виста буд, ки бо бастаи Офис-2007 таваллуд гардид, аммо ин тифлак ҳанӯзам роҳгардон нашуда, фавтид. Бисёриҳо дӯсташ надоштанд, бозоргир нагардид ва ҷойи худро ба Виндовз ҳафт дод. Инаш ҳамагӣ ду сол дорад, вале аллакай чил дарсади бозорро дар қабзаҳояш нигаҳ медорад. Виндовзи ҳафт ҳамроҳ бо худ ба бозор бастаи Офис-2010-ро низ даровард, ки оҳ, чӣ бастаи олист!

Майкрасофти обистан

Ҳоло мегӯянд, Майкрософт обистани низоми роёнаии Виндовз ҳашт аст ва таваллуди он дар соли 2012 дар назар аст. Аз навгониҳои муҳимми инаш идораи садоӣ хоҳад буд, яъне, дигар дастатонро кам кор хоҳед фармуд - фармон медиҳед ва фармонатонро иҷро хоҳад кард. Виндовзи ҳашт сарфакор ҳам хоҳад буд ва доно ҳам - агар веб-камерааш чеҳраи истифодабарандаро рӯбарӯи роёна набинад, ба таври автоматӣ ба "хоб" хоҳад рафт, то беҳуда нирӯ сарф нашавад. Боз мегӯянд, ин низом ягона ҳам барои роёнаҳо ва ҳам барои мобилҳо хоҳад буд ва ниёз ба харидориву насби алоҳидаи барномаҳо барои роёна ва барои мобил нахоҳад монд.

Майкрософт Офис шоҳи барномаҳои роёнаӣ

Аз маҳсулоти бозоргири дигари он бастаи Офис мебошад, ҳамоне, ки ҳоло қариб дар ҳар роёна мавҷуд аст. То замоне, ки бастаҳои ройгон рӯи кор оянд (ва комёбие ҳам ба даст наовардаанд), бастаи Майкрософт Офис шоҳи бастаҳои барномаҳои роёнаӣ гардидааст. Иборат аст аз: Ворд, барномае, ки барои матнҳо истифода мешавад. Ворди 2010 имкониятҳои фаровоне барои таҳрири аз ҷумла аксҳо ҳам дорад. Эксел, ки асосан барои сохтани ҷадвалҳо истифода мешавад. Аутлук, бо он нома менависанд ва нома қабул мекунанд. ПауэрПойнт, ки презентатсияҳоро дар он омода мекунанд. Инҳо аз маъруфтарин барномаҳои ин баста мебошанд.

Браузери Эксплорери Майкрософт ҷузве аз низоми роёнаии Виндовзҳо мебошад, ки барои вуруд ба интернет лозим аст. Замоне (то се соли қабл) 99% (!)-и бозор дар дасташ буд! Аммо ҳоло дар симои Операву Мозилла ва Хроми дӯстдоштаи ман нисфи бозорро аз даст додааст. Нахустинаш соли 1995 истеҳсол шуда буд, навтаринаш бо исми ИЕ-10 дар ҳамин соли 2011 ва танҳо бо низоми роёнаии Виндовз ҳафту ҳашт кор хоҳад кард ва ҳатто Вистаро дигар назараш нахоҳад гирифт.

Майкрософти ҳамакора

Майкрософт хасису хабис нест ва ҳамаи даромадҳояшро барои қасру кӯшку санамҳои зебо сарф намекунад. Ширкат донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳои зиёдеро дар Амрико маблағгузорӣ менамояд, дар Русия барои созмонҳои ғайридавлатӣ низомҳои роёнаии ройгон медиҳад, дар Африқо бар зидди СПИД мубориза мебарад.

Умри вакилони дифоъи ширкат дар додгоҳҳои гуногун мегузарад. Дар Аврупо қариб як миллард евро ҷарима бастандаш ва фармудандаш, ки ба рақибонаш иттилооти барномасозиро бидиҳад, то онҳо тавонанд мувофиқ ба низоми роёнаӣ барномаҳои худро созанд. Браузери Опера даъво дорад, ки Майкрософт ё браузерҳои дигарро низ ба низоми роёнаияш ворид созад ва ё Эксплорерро аз ин низом ҳазф намояд, то харидорон худ баъдан тасмим бигиранд, ки чӣ браузеро мехоҳанд. Даъвои то андозае аблаҳона, чун ҳар харидор, агар хост, метавонад барузерашро ба содагӣ аз интернет бигирад ва иваз намояд. Вале ин даъворо ҳам дар Аврупо дуруст шумориданд.

Даъвои дигаре бо наҳанги дигари олами фанновариҳои навин - Гугл низ дошт, вале дар бораи ин даъво ва дар бораи ин ширкат дар шумораи баъдӣ. Агар харидори рузону (лаптоп)-и ман ҳастед, пас аз "Миллат" имейламро пурсон шавед, :anime_smiles2 чао!

Аbdulfattoh…

©2008 - 2024 "Миллат" - рӯзномаи ҷамъиятӣ сиёсии Тоҷикистон. All right reserved.

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони С. Шерозӣ 16 ошёнаи 2
E-mail: info@millat.tj, millat@inbox.ru Tel: (+992)37-88-111-97