ё номаи боз ба профессор Додихудо Саймуддинов
Устоди гиромӣ, мо дар ин мақола фикру андешаҳои худро доир ба имлои аломати сакта (ъ) гуфтан мехоҳем. Доир ба ин мавзӯъ баъзе муаллимони ҷумҳурӣ дар ҳафтаномаи "Омӯзгор" мақолае ҳам навишта буданд. Ҳамсадои ҳалқӣ ("ъ") аломат нест, ин фикри илмӣ аст.
Ман мехостам, ки Шумо ин мавзӯъро равшантар кунед. Дар забони қадими русӣ аломати "ъ" дар охири исм меомад, чунончи Петербургъ, Маскавъ, Псковъ, Тошкентъ ва ғайра. Ин ҳарфро чӣ аз байн ва чӣ аз охири калима ихроҷ карданд, чунки ин ҳарф аломат аст ва он дар калима роли ҳиссачаи маҳдудро мебозид. Агар он аз калима партофта шавад, ба мазмуни калима халал намерасад, танҳо дар калимаҳои байналмилалӣ; объект, субъект, объявление нигоҳ дошта мешавад.
Соли 1953- и асри гузашта имлои нави забони тоҷикӣ дар асоси имлои забони русӣ аз чоп баромад ва он то имрӯз дар шакли ғалат идома дорад. Чунончӣ доир ба имлои сакта "ъ" гуфта шудааст; аломати сакта "ъ" ду вазифа дорад. 1) ҳамсадои ҳалқиро (ъ) дар хат инъикос мекунад, аъло раъд, маъруф, шамъ, нафъ ва ғайра.
Устоди мӯҳтарам, модоме ки аломати сакта (ъ) овоз надошта бошад чӣ гуна дар хат роли ҳамсадои ҳалқиро ифода мекунад, ё ба ибораи дигар як аломат чӣ хел метавонад дар ифодаи фикр нақши ҳарфро ифода намояд? Аломат маънои нишона ё рамзро дорад. Дар имлои забони тоҷикӣ гуфта шудааст, ки дар баъзе калимаҳо аломати сакта (ъ) барои ҷудо кардани ҳиҷоҳо хидмат мекунад. Санъ-ат, машъ-ал, баръ-акс ва ғайра. Ин тарзи ҳиҷогузаронӣ асоси илмӣ надорад, чунки ҳиҷоҳо дар калима ҳиссагузорӣ нашудааст. Мувофиқи талаффузи забони форсӣ- тоҷикӣ овози ҳамсадоҳои ҳалқӣ "ъ" дар ҳиҷои ҳиссаи дуюми калима меояд сан-ъат, маш-ъал, бар-ъкс, мас-ъул ва амсоли инҳо.
Устоди арҷаманд! Чаро дар байни ду садонок "аломати сакта"-ъ меафтад, магар талаффузи ин ҳарф барои тоҷикон душворӣ дорад? Мавзӯъ - мавзӯи дарс, бадеъӣ- бадеӣ, таъом-таом, соъат-соат, фаъол-фаол ва ғайра. Устод Айнӣ гуфта буданд: "Агар ихтирои калимасозӣ дар дасти ман мебуд, зоғи сиёҳро мурғи барфин меномидам". Бубинед, устод Айнӣ нисбати забони модарӣ чӣ гуна ҳусну таваҷҷӯҳи зиёде доштанд. Ин як ишораест, ба он касоне, ки калимаҳои таърихиро мувофиқи табъи дилашон чаппаву рост карда, номи олимиро гирифтаанд. Забон ду қонун дорад, яке қонуни фонетикӣ, дигаре қонуни таърихӣ. Қонуни таърихӣ талаб мекунад, ки калима чӣ тавре пайдо шудааст, бояд ҳамон тавр талаффуз ва навишта шавад. Қонуни фонетикӣ бошад, ба қонуни таърихӣ зид аст, яъне фонемае, ки дар забони мо набошад, онро мувофиқи талаффузи забони худ мегардонад, Дар забони форсӣ- тоҷикӣ фонемаи "ц" ва "щ" набуд, чӣ хеле ки бародарони рус ин ҳарфҳоро талаффуз мекарданд, мо ҳамон тавр талаффуз мекардем ва менавиштем. Принсипи таърихӣ бошад, устувории худро гум карда, ба принсипи фонетикӣ тобеъ мегардад. Принсипи таърихӣ дар он ҳолат боз ноустувор аст, ки аз дигар забонҳо ба забони мо калимаҳое ворид мешаванд, ки дар талаффузи мо мӯҷиби ханда аст, аз ҷумла, Корбобоев, Харкорман ва ғайра. Принсипи фонетикӣ чунин номҳоро мувофиқи нормаи забони модарӣ бармегардонад. Карбобоев, Харкирман. Аз ин лиҳоз калимаҳое, ки бо ҳарфи "ц" ва "щ" навишта мешуданд, мисли цемент, ящик сад шукри истиқлол, ки ҳоло семент ва яшик навишта мешаванд, аммо дар калимаҳои зерин: муъаллим, маъориф, фаъол, соъат, таъом, бадеъӣ, мавзӯъи, тулӯъи, шурӯъи ва ғайра принсипи таърихӣ устувор аст. Ва ба касе иҷозат намедиҳад, ки ин калимаҳоро тағйир бидиҳад. Устоди меҳрубон, забони мо форсӣ-тоҷикӣ аст ва тоҷикон дар 27 давлати ҷаҳон зиндагӣ доранд. Онҳо калимаҳои дар боло ишоратшударо мехонанд, талаффуз мекунанд, танҳо мо тоҷикони Тоҷикистон талаффуз карда наметавонем? Дар алифбои мо 32 ҳарфи овозӣ барқарор гардид, аммо дар бораи ҳарфи "ъ" тағйироте нашуд. Ин ҳарф бетағйир монд. Донишмандони бузурги форсу тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, ал-Хуҷандӣ, Носири Хусрав, Умари Хайём, Абдураҳмони Ҷомӣ ва зиёда аз 21 ҳазор адиб аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Аттор, Анварӣ, Бедил, Аҳмади Дониш, Айнӣ ва дигарҳо осори худро бо хатти форсӣ- тоҷикӣ навиштаанд, вале ҳамсадои "ъ"-ро аз навиштаҳои хеш ихроҷ накардаанд.
Ҳамсадои ҳалқии "ъ" дар навишти имлои хатти арабӣ якчанд хусусият дорад: Якум, ин ҳарф шакл ва овоз дорад, ъе талаффуз меёбад. Шаклаш аз се қисм иборат аст Ъ2/3 таркиби овозаш дар ҳаракат "ъ, ин хусусият аломат надорад. Хусусияти дуюмаш он аст, ки дар аввал, мобайн ва охири калима навишта мешавад. Хусусияти сеюмаш он аст,ки ба ҳиссаҳои баробар ҷудо мешавад. Сан-ъат, ва-сеъ, ъодил. Хусусияти чорумаш он аст,ки дар имлои форсӣ ба ҷойи чор ҳарфи садонок; а, и, у, о меояд: ъаср, оъдил, ъУмар. Хусусияти панҷумаш он аст, ки дар калима ташдид мегирад. Агар дар имло ба ҷойи аломати сакта "ъ" ҳамасадои ҳалқии "ъ" айн ҳам бигӯем, хато нахоҳем кард. Хосияти илм ҳамин аст, ки баҳсу мунозираро меписандад. Беҳуда нест, ки гуфтаанд:
Илме, ки бе мубоҳиса бошад,
Ақлу хирадро натавонад кушод.
Он илм агарчӣ нафъи башар аст,
Зи назари ҳушманд бояд гузарад.
Сайфиддин Муҳиддинов, омӯзгор, Аълочии маорифи Тоҷикистон, ноҳияи Шаҳритӯс